Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо илоҷи бадмизоҷии ду кайфияти мунфаил, ки меъдаро рӯй диҳад ва хусусан бадмизоҷии хушк мушкилтар аст, зеро бо ҳар як аз онҳо бо қувваи камтаъсир муқобала карда шавад.
Муддати гарм сохтани [мизоҷи] сард баробари муддати сард сохтани [мизоҷи] гарм аст, вале хатар ҳангоми сардсозӣ ва хусусан ба ҳоле, ки баъзе андомҳои ҳамсояи меъда ба бадмизоҷии сард гирифтор бошанд ва ё заиф бошанд, хатарнок аст. Хатарнокӣ ҳангоми тарсозию хушксозӣ яксон аст, вале муддати тарифизоӣ дарозтар бошад.
Бидон, ки бемориҳои меъда ҳар гоҳ аз модда бошанд ва сипас модда агар мушкилӣ оварад, ҳеҷ чиз аз барои ин судмандтар аз ёра нест, зеро ин аз барои дуруст кардани меъда ва анҷоми феълҳои хосси он аз ҳама бештар кумак бирасонад. Агар бадмизоҷӣ бе модда бошад, набояд ба [ёра] умед баст, зеро он [мизоҷи] гарму хушкро зиён дорад, вале ҳангоми [мизоҷи] сард доруи аз он қавитар метавон ёфт.
Ҳар гоҳ меъдаро аз хилте истифроғ созӣ, ки аз дигар андом ба сӯи он рехтааст, баъди он қавияш бисоз, то ки он хилтро напазирад. Бандпеч кардани дасту пойҳо ва гарм сохтани онҳо барои қатъ сохтани [моддаи] ба сӯи [меъда] резанда судманд аст. Шароби хашхош пеши рехтани моддаҳои гармро ба таври қавӣ бигирад. Агар хилт сард бошад, баъди [шароби хашхош] ба доруҳои қавигардонандае аз қабили мастако, қурсҳои хурди гул, наънои хушк, уди хом, мехак ва монанди онҳо эҳтиёҷ афтад. Агар хилт гарм бошад, онро бо руббҳо ва қурсҳои сарде муолаҷа кунанд, ки аз гул, табошир ва монанди онҳо сохта бошанд. Ҳар гоҳ андар миёни меъдаву ҷигар, чунонки ёд кардем, сахтӣ ва лоғарие дарёбанд, бояд ғизову доруи [чунин беморро] аз оби ҷав созанд ва ошомидани онро рӯз ба рӯз ба тадриҷ афзуда, андар тӯли рӯз аз даҳ то бист ва ҳатто сад [дирам оби ҷав] бидиҳанд ва бояд ба дараҷае бирасонанд, ки ин [миқдорро] ба як ва ё ду бор бидиҳанд. Зинҳор ягон доруи истифроғоваранда ва на раг заданро набояд ба кор бурд.
Қурсе, ки аз барои ин ғараз тавсиф шудааст: се дирамӣ аз мастако ва қурсҳои гул ва ду дирамӣ аз каҳрабо, наънои хушк, марвхуш ва уди хом гирифта, бо шароби куҳан ва ё бо майпухта ба [бемор] биошомонанд.
Ҳангоми пок сохтани меъда ва он чи ки андар фазои он фароҳам омадааст, ё часпида аст ва ё ҷабида шудааст, бояд доруҳоеро ба кор баранд, ки аз меъда ва ҷӯйчаҳои наздики меъда нагузаранд ва то рагҳои аз онҳо дур рафта нарасанд. Агар ин [доруҳо] як бор суд набахшанд, ба такрор бидеҳ, зеро ин кор беҳтар аз истифроғ оварданест, ки бад-он эҳтиёҷ набошад. Ҳангоми бемориҳои меъда бояд ҳолати бирозу пешоб ба назар гирифта шавад. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки онҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаанд, бидон, ки меъда рӯ ба беҳбудист. Ҳангоми муолаҷаҳои меъда, ҳатто аз барои гармии он бошад ҳам, ягон чизи ниҳоят сарде мисли оби сахт сард, хусусан ба беморе, ки одат накарда бошад, набояд дод. Чунонки медонӣ, доруҳои ҳалкунанда ба сабаби дорои фазлаҳо будан, набояд аз доруҳои қабзкунандаи нигоҳдорандаи қувват холӣ бошанд. (299)\

Фасли чаҳордаҳум
андар илоҷи
бадмизоҷии сарди тари меъда

Агар андар ин миён моддае бошад, онро ба тавре, ки андар «Қонун» нишон дода шудааст, бояд истифроғ кунанд, вале агар модда бисёр набошад, худовандони таҷрибаҳоро аз барои [истифроғи] он тариқаи машҳурест. Оид ба ғизодиҳӣ бояд гуфт, ки ҳангоми набудани модда беморро бо ғизоҳои дорои қабзкунандагию талхӣ ғизо диҳанд, то ин бо қабзкунандагияшон хушкӣ ва бо талхии хеш гармӣ оваранд. Аз ҳамин қабил шароби тунд ба шумор биравад. Аз доруҳои ошомиданӣ доруҳои афсинтинӣ, шароби афсинтин, худи афсинтин ва доруҳоеро [ба кор баранд], ки аз биҳӣ сохта шудаанд.
Аммо аз зимодҳо, андуданиҳо ва чарбҳо зимодҳоеро ба кор баранд, ки андар таркиби онҳо доруҳои қабзкунандаи хушбӯе аз қабили доруҳои андар таркиби худ дорои ҳамомо, наи бӯё, сунбул, созаҷ, лозан, муқл, бехи савсан, баласон ва равғану донаи он ва майъа бидароянд. Аз чарбҳо ва мумравғанҳо онҳоеро [ба кор баранд], ки аз равғани мастако, равғани зайтун, равғани нордин ва равғани биҳӣ сохта шудаанд. Агар ин андоза [доруҳо] суд набахшанд, доруҳои сурхсозанда ва доруи софсиёро ба кор баранд. Яке аз зимодҳои қавӣ чунин аст: аз заъфарон, сунбули суриягӣ, мастако ва равғани баласон як бахшӣ, аз ангубин се бахш, аз мурре, ки аз шаҳри Атруғилун оваранд, се бахш, аз сақизи хинҷак яку ним бахш ва аз уфурбиюн як бахш гирифта, аз ҳамаи инҳо зимод бисозанд. Агар аз ин андаке биошоманд, равост.
Низ чаҳор [бахш] майъа, се [бахш] мум, ду бахш мағзи гавазн, як бахш сақизи хинҷак, якуним бахш равғани баласон ва ду бахш равғани нордин, инчунин, ё се [бахш] майъа, се [бахш] мағзи гавазн, се бахш сабри сурх ва ду бахш мастако ва ё ин ки ҳашт бахшӣ аз майъа ва равғани нордин, се бахш равғани баласон ва панҷ бахш мумро гирифта, аз онҳо мумравған бисозанд.
Худовандони қиёс нахуст варзиши муътадил ва истеъмоли ғизои хубкимуси сабукгуворише фармоянд, ки миқдораш муътадил ва камтар аз андозаи қобилияти гуворандагии [меъда] бувад. Сипас эшон аз ин [тадбир] тадриҷан ба истеъмоли доруҳои ёдшуда ва гуворишҳои гарми хушбӯе гузаранд, ки ба равиши он доруҳост ва аз онҳо ба ҳасби тақозои муқовамати иллат ё ба қадри муътадил ва ё беш аз андозаи муътадил ба кор баранд, то ки мизоҷ муътадил бигардад. Яке аз ин гуворишот [гувориши] мурчӣ ва зирагист.
Як доруи хуб: аз бурсғунда (ҳаббу-л-арар), сақизи хинҷак ва мурч як бахшӣ, аз мурре, ки аз шаҳри Атруғилун оваранд (ба гумонам ин мумкин аст [154] майъа бошад) ва аз нордин ду бахшӣ ва аз фатросолиюн, яъне карафси кӯҳӣ ва кошим ним бахшӣ гирифта, бо миқдори лозимӣ аз ангубин маъҷун созанд. Агар сардии [меъда] аз ин доруҳо қавитар бошад, [ба бемор] амрусиё ва саҷазаниё бидиҳанд. Яке аз доруҳои аз барои ҳамаи бемориҳои моддии тари тарияшон ситабр хуб шароби пиёзи унсул аст. Сифати он чунин аст: се ман унсули мусаффои поккарда ва поракардаро гирифта, дар ҷогаҳи обгинагӣ афкананд ва сари онро баста, шаш моҳ нигоҳ доранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ