Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инчунин оби панир бо ҳалила ва андаке маҳмуда ва ё сабр барои касе [хуб аст], ки моддаи сафровиро истифроғ кардан бихоҳад.
Доруи Ҷолинус хуб буда, [ба тарзи зерин аст]:354 панҷ дирам афсинтини румӣ ва бист дирам гули сурхи дурустро гирифта, бо ду ратл об то ним ратл мондан биҷӯшонанд. Сипас онро, чунонки ҳаст ва ё бо шакари андак биошоманд. Сабр аз барои истифроғи меъда мувофиқ аст. Маҳмуда меъдаро ранҷур кунад ва зиён бирасонад.
Зинҳор ба истеъмоли он иқдом накун, магар ба ҳангоми зарурат.
Ҳангоми ин гуна моддаҳо агар пурӣ ҷой дошта бошад, гоҳе раг задан суд бахшад, зеро хилтҳо ба сӯи рагҳо ва дасту пойҳо бираванд ва (304) барои хилтҳои андар меъда буда роҳи баромадан падид ояд. Додани ёраро андар ҷӯшонидаи афсинтин санҷидаанд ва он ба ғоят хуб бошад. [Низ гувориши] биҳигиеро санҷидаанд, ки бад-ин сифат бувад: се уқия дилаи биҳии андаруни хамир бирён карда, якуним дирамӣ аз заъфарон ва афсинтин ва ҳашт драхмӣ равғани дарахти мастако ва ё равғани биҳиро гирифта, бо шароби райҳонӣ маъҷун созанд ва ба кор баранд. Ин дору бо ин гуна сифат меъдаро қавӣ созад ва онро нагузорад, ки хилтҳои гармро бипазирад.
Инчунин яке аз доруҳои санҷидашуда [доруи зерин] аст: даҳ дирам афсинтин, панҷ дирам дорчинӣ, се дирам шохаҳои баласон, се дирам сунбул, ду дирам барги гули тоза ва як дирам мастакоро гирифта, андар оби зиёд то кам шуда ба як ратл ва ё камтар аз он расидан биҷӯшонанд. Сипас биполанд ва андар он сабр тар кунанд.
Як ошомидании он ҳар рӯзе як уқия буда, то зоҳир шудани офият ба кор баранд.
Агар хилт рехташуда бошад, на часпак ва на ситабр, қай овардан бо оби турб, сикангубин, оби ангубин, оби ҷави омехта бо сикангубини гарм ва бо дигар қайоварандагони сабуки ба ҳамин равиш буда суд бахшад. Гоҳе мумкин аст як худи оби гарм, ё об бо равғани [мураккаб], ё равғани зайтуни гарми танҳо ва ё сикангубин бо оби гарми холӣ қайоваранд. Оби гарм бо андак ангубин моддаро бишӯяд ва гоҳе табъ онро аз тариқи қай бигардонад ва ё ба фурӯсӯ андозад. Гоҳе агар аз қай мурод ҳосил нашавад ва ё модда бештар ба қаъри меъда майл дошта бошад, ин гуна моддаро низ аз тариқи исҳол овардан бо он чи ки ёд кардем, муолаҷа кунанд. Агар ин гуна моддаро бо ёра исҳол овардан бихоҳӣ, як рӯз пеш аз ин баъди гармоба кардан [ба бемор] оби ҷав биошомон.
Гоҳе ин хилти сӯзишоваранда мумкин аст кам бошад ва ба кор бурдани писти ҷав бо оби анор ранҷи онро бибарад, зеро пист [хилтро] ҷабида хушк кунад ва оби анор даҳони меъдаро қавӣ созад ва он [дигар хилтҳоро] напазирад. Агар хилт ситабр бошад, беҳтар он аст, ки бо ошомиданиҳои буранда ва латифсозанда, бо доруҳои бурандаи аз қабили сикангубин, обкомаҳо, кабар, хардал ва зайтун ва бо зимодҳои латифсозанда онро бибуронанд ва латиф созанд. Сипас бо доруҳое онро исҳол оваранд, ки ин гуна хилтро берун кунанд. Агар нахуст қай, сипас исҳол ба кор баранд, беҳтар бувад. Агар хилт сахт фурӯрафта буда, канда нашавад, бояд онро бо чизи

қавитаре мисли ҷӯшонидаи гавзи қай, хардал ва мурч қай оваранд.
Доруе, ки балғамро қай оварад: мағзи хасакдонаро бо оби шибити кӯфта бигудозанд ва аз болои он равғани даҳмаст рехта, ба бемор бидиҳанд. Ё андар он парро оғушта, қай биангезанд. Ҳар гоҳ меъда пок шавад, чизеро ба кор бар, ки мизоҷро муътадил ва ба нармӣ гарм созад, то ки [модда] бори дигар падид наояд. Агар ин гуна моддаро исҳол овардан бихоҳӣ, як рӯз пеш баъд аз гармоба кардан [ба бемор] оби нахӯд бидеҳ. Инро бояд барои чунин беморон бисёр ба кор бурд. Гармоба кардан бо оби гармчашмаҳо, сафарҳо кардан ва ҳаракатҳои [гуногун] барои эшон судманданд. Бисёр касонро чунин одат бошад, ки андар меъдаашон балғами зиёд ҷамъ шавад. Андар ин ҳангом чун гандано бо чугундару хардал ба кор баранд, эшон беҳ шаванд, аз баҳри он ки ин чизҳо ҷирми хилтро бибуранд ва андар худованди он исҳол ба амал оваранд. Агар балғам туруш бошад, ёра бо сикангубин биошомонанд ва доруи аз пудина сохташударо ба кор баранд. Доруҳои исҳоловарандаи аз барои хилтҳои ситабр хуб бад-ин сифатанд: ҳабби аз дегафзорҳо сохташуда, ҳабби сабри бузург, ҳабби устумахиқун ва сабре, ки андар сикангубини аз тухмиҳои қавӣ ва ангубин сохташуда [афканда ба кор баранд].
Ёрае, ки аз барои хилтҳои ситабр бошад: шаш [бахш] тухми карафс, се бахшӣ аз сари шохаҳои афсинтин, анисун ва тухми бодиён, яку ним бахшӣ аз мурчи сафед, мурр ва асорун, ду бахшӣ аз қуст, сунбули румӣ ва кошим, ду бахшӣ аз мастако ва заъфарон ва ҳашт бахш аз сабр гирифта, аз онҳо қурс бисозанд ва ҳар рӯз як қурси ба қадри як мисқол буда биошоманд. Ин меъдаро ба нармӣ пок кунад. Гоҳе мумкин аст ба ёраҳои (305) бузург эҳтиёҷ афтад.
Яке аз чизҳое, ки чунин [беморонро] хусусан баъд аз поксозии пеш баамаломада нофеъ аст, ҳалилаи кобулии парварда, шароби афсинтин ва занҷабили парварда бувад ва созгортарини ғизоҳо барои эшон оби шӯрбои чаковак ва гунҷишк бувад, на [оби шӯрбои] мурғчӯҷа, зеро ҷирми мурғчӯҷа дер гуворида гардад ва дер андар меъда биистад. Бидон, ки моҳиоба меъдаро хушк кунад ва ҳамаи фазлаҳои тарро аз он бичинад. Оби оҳани маъданӣ ва ё обе, ки андар он якчанд бор оҳани тофтаро хомӯш карда бошанд, аз барои меъдаи тар судманданд. Сикангубини унсулӣ сахт нофеъ бувад. Гувориши биҳигии сода аз барои моддаҳои гарм ва оне, ки бо мурчу занҷабил аст, аз барои моддаҳои ситабри сард хуб аст. Нусхаи он чунин бувад: як бахш аз фишурдаи биҳӣ (бояд биҳӣ обноки камтар тунд бошад), аз барои [меъдаи] сардмизоҷ як бахш ангубин ва ё аз барои [меъдаи] гарммизоҷ як бахш шакар ва ним бахш сиркои хуби тез, яъне сиркои хамриро бигиранд ва ҳамаро бар оташи нарм ба қивом оварда, бардоранд. Агар бихоҳанд, ки барои [меъдаи] сардмизоҷ бештар қавӣ ва судманд бошад, андар он занҷабил ва мурч афкананд. Яке аз василаҳое, ки моддаҳои ситабри меъдаро ҳал кунад, бе парда ба оғӯш гирифтани бачаест, ки пурра ба балоғат нарасидааст, балки навболиғ бошад.
Гоҳе мумкин аст андар меъда ду хилти ба ҳам зидд ҷамъ оянд ва хилти андар он ҷабидашуда, масалан, тунуки заҳравӣ ва хилти андар тиҳигоҳ буда ситабр бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ