Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бояд сабаби инро аз боби қай ба тааммул дарёфт. Он чиро, ки истифроғаш лозим аст, бо таркардаи сабр ва монанди он истифроғ кунанд ва сипас қурсҳои «ситора»-ро ба кор баранд. Яке аз доруҳое, ки аз барои ин [дард] нофеъ аст, [доруи зерин бувад]: аз кундур, мастако, сиёҳдона, нонхоҳ, пӯстҳои пистаи сабз ва уди хом бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини омула сиришта, пеш аз таом аз он ба миқдори аз ду дирам то ду мисқол [ба бемор] бидиҳанд. Ӯро ба кор бурдани кашниз, шароби анор бо наъно ва дигар чизҳое суд доранд, ки андар боби қай ёд шудаанд.
Яке аз чизҳое, ки бо хосият дардҳои меъдаро нофеъ аст, ба шаҳодати Ҷолинус пӯстҳои дарунии сангдони мурғон мебошад. Бисёр касонро чун меъда ба сӯзиш дарояд, чизҳои сарде аз қабили оби дӯғ ва ғайра онро фурӯ нишонанд.
Фасли дуввум андар нотавонии меъда

«Нотавонии меъда» номи он ҳолати меъда аст, ки ҳангоми он меъда хуб гуворидан натавонад ва таом аз ғайри он ки ягон сабабе аз сабабҳои андар боби табоҳии гувориш ёдшуда андар он ҷой дошта бошад, барои меъда тосаи сахте ба амал оварад.
Бисёр вақт баробари ин андар иштиҳо халал ворид шуда, коҳиш ёбад. Лекин ин на ҳамеша бошад, балки гоҳе мумкин аст иштиҳо бузург ва гувориш андак бувад. Ин далели қавӣ будани меъда нест. Ҳар гоҳ сабаби [нотавонӣ] қувват гирад, хусусан аз паси таом қароқур, оруғи тағйирёбанда ва маниши гаштан ба амал омада, ба ҳадде бирасанд, ки [бемор] ҳар боре, ки таом бихӯрад, пайваста ҳаракат накунад ва ё таомро бигардонад ва [низ] андар миёни ду китф сӯзишу дард бархезад. Агар сабаб ниҳоят афзоиш ёбад, оруғ ба амал наояд ва бироз ба осонӣ берун наояд ва ё дер напояд, балки зуд берун шавад.
Худованди [чунин бемориро] [159] набз биафтад ва зуд беҳуш шуда, таом бихоҳад. Чун таомро ба наздаш оранд, аз он нафрат кунад ва ё чизи каме аз он бихӯрад. Ӯро бо андак сабабе таб гирад ва андар ӯ аразҳои молихулиёи мароққӣ падид оянд.
Бидон, ки заъфи меъда қариб сабаби ҳамаи бемориҳои тан аст. Ин заъф гоҳе андар бахшҳои барсӯвини меъда, гоҳе андар бахшҳои фурӯсӯви он ва гоҳе дигар андар ҳар ду бахш ба амал ояд. Агар андар бахшҳои барсӯвини меъда ҷой дошта бошад, озор дидан аз таом ба аввали хӯрдан ва ҳангоме, ки таом андар бахшҳои барсӯвини меъда аст, руй диҳад. Агар [заъф] андар бахшҳои фурӯсӯвини меъда ҷой дошта бошад, озор дидан баъд аз қарор гирифтани таом ба амал ояд ва осори он андар бироз зоҳир бигардад. Сабабҳои заъфи меъда бемориҳои андар он рӯйдиҳандаи ёдшуда ва пайдарпай хом мондани ғизо буванд ва гоҳе бисёр ба кор бурдани қай низ боиси он бигардад.
Худовандони таҷриба ҳангоми муолаҷаи он бар хушконидан ва хушкӣ афзудан ва бар тадбире кифоят кунанд, ки андар боби пешгирӣ кардани мизоҷи сарди тари меъдаро оризшаванда бад-он ишорат кардем. Вале ҳаққ ин аст, ки заъфи меъда натиҷаи ҳар гуна бадмизоҷист. Бинобар он боистӣ нахуст мизоҷро шинохт, сипас бо муолаҷа ба муқобили он кӯшид. Гоҳе мумкин аст заъф ба сабаби хушкии меъда ба амал ояд. Андар ин ҳол агар онро бо илоҷи ёдшудае муолаҷа кунанд, ки худовандони таҷриба танҳо ба он кифоят доранд, ин сабаби ҳалок хоҳад шуд.
Гоҳе (310) бо як бор ошомидани оби сард, ё дӯғи бо барф сардгардонидаи гов ва ё ба кор бурдани меваҳои сард онро шифо бахшанд.
Гоҳе заъфи меъдаро бо доруҳои гармифизоянда муолаҷа кунанд ва чунин беморро ташнагӣ ғолиб омада, бар хилофи фармудаи пизишкон чун ба серӣ оби сард биошомад, дарҳол шифо ёбад. Гоҳе агар андар [меъда] хилте бошад, ин хилти азобдиҳанда ба сабаби пурии [меъда] аз оби сард аз тариқи исҳол берун равад ва бемор аз чизи гирифторшудааш раҳо ёбад. Исҳол яке аз [омилҳоест], ки меъда заиф бигардад ва баробари он сардард падид ояд.
Бидон, ки қувваи пурраи меъда ин қавӣ будани ҳар чаҳор қувваи ӯст ва агар кадоме аз онҳо заиф шавад, меъда низ заиф бигардад, вале мардумро одат чунин бошад, ки инро бар қувваи гуворанда ҳавола кунанд. Ҳар кадом аз ин қувваҳо ба сабаби ҳар гуна бадмизоҷӣ заиф ҳамегардад, вале қувваи кашанда андар бештари ҳолатҳо ба сабаби сардӣ ва рутубат заиф бигардад. Бинобар ин, бояд онро бо доруҳои гарми хушк муҳофазат намуд, ба шарте ки заъфи он ба сабаби дигаре вобаста набошад.
Қувваи нигоҳдорандаро андар бештари ҳолатҳо бояд бо ёрии доруҳои хушк ва андаке моил ба сардӣ нигоҳдорӣ кард. Қувваи ронандаро бо ёрии доруҳои тар ва як андоза сард ва қувваи гуворандаро бо ёрии доруҳои гарм ва андаке тар [муҳофазат кунанд].
Бидон, ки бадтарин заъфи меъда он аст, ки аз сабаби камторупудии бофтаҳои лиф ба амал ояд ва туро бад-ин далел он бошад, ки андар ин ҳолат ягон нишонаи на бадмизоҷӣ ва на омос нахоҳӣ ёфт ва беҳ сохтани ғизоҳо суд набахшад. Пас, бидон, ки меъда ба балое гирифтор аст.
Офат бар қувваи нигоҳдоранда бад-ин гуна биафтад, ки ба сабаби он меъда таомро ё аслан фаро нагирад, ё андак фаро бигирад ва ё ба таври ё бади раъшаовар, ё хафақонӣ ва ё ташаннуҷӣ фаро бигирад. Бархе аз ин ҳолатҳоро, масалан, ташаннуҷ ва хафақонро бемор ба таври ошкоро ҳис кунад, вале раъшаро мумкин аст гоҳе баръало ҳис накунад, лекин онро метавон аз тариқи чунин ҳолатҳои ҳисшаванда муайян кард, ки меъда монда шуда бошад, хоҳиши тиҳӣ шудан аз таом дошта бошад ва ин аз ғайри он бошад, ки ягон қароқур, азҳамкашидагӣ ва дамише муҷиби он шуда бошад. Ҳар гоҳ раъша ба ифрот бирасад, ба ларзаи сахт табдил ёбад ва онро ҳис карда шавад, чунонки ларзиши дигар андомҳоро ҳис кунанд.
[Офат] бар қувваи кашанда бад-ин гуна биафтад, ки тамоман ғизо накашад ва инро гурӯҳе «истирхои меъда» хонанд, ё ба душворӣ ғизо кашад, чунонки ба оғози беморие чунин бошад, ки «истирхои меъда» ном дорад ва ё кашишаш ошуфта бошад, чунонки гӯӣ ба ташаннуҷ ва ё раъша гирифтор шудааст. Заъфи қувваи дигаргунсозанда358 боиси истисқои гӯштӣ бигардад.
Бидон, ки меъда ҳар гоҳ чунон заиф шавад, ки ғизоро ҳеч дигаргун сохтан натавонад ва сабаби он ба ғайр аз заифии меъда чизе набошад, таъвили ин ҳолат лағжонии рӯдаҳост.

пешина
аз 1215
навбатӣ