Қонуни тиб

Лекин аксар вақт сабаби заъфи меъда он чизест, ки худовандони таҷриба надониста, оҳанги бартараф кардани он кунанд. Бинобар ин, андар бештари ҳол тадбири аз онҳо меросмонда суд бахшад. Зимодҳо ва чарбҳои ёдшуда ҳангоме ки бо онҳо муолаҷаи даҳони меъдаро мехоста бошанд, бояд сахт гарм карда шаванд, зеро нимгарми онҳо даҳони меъдаро ковок хоҳад кард.
Ҷолинус андар ин бобат гоҳе мумравғанеро ба кор мебурдааст, ки бар сифати зерин аст: ҳашт мисқол мум ва як уқия равғани нордини навъи олиро гирифта, ҳар дуро биомезанд ва сипас агар меъда чандоне сахт заиф бошад, ки таомро нигоҳ доштан натавонад, якуним мисқолӣ ва агар не, як мисқолӣ аз сабр ва мастако ва як мисқол фишурдаи ғӯраро гирифта, бо он ду биомезанд ва бар болои меъда биниҳанд. Низ Ҷолинус чунин гувоҳӣ додааст, ки ҳамаи иллатҳои меъдаи дорои ҳарорати қавӣ ва ё хушкии қавӣ набуда бо ёрии гувориши биҳигие беҳ шаванд, ки нусхааш чунин аст: ду ратл фишурдаи биҳӣ, як ратл сиркои тез ва аз ангубин ба қадри кифоят гирифта, онҳоро то ба ҳадди қивомашон ба қивоми ангубин монанд шудан биҷӯшонанд. Сипас бар вай аз яку сеяки як уқия то ду уқия занҷабил бипошанд ва ба кор баранд. Доруи дигаре ба ҳамин наздик: се ратл биҳии бирён ва се ратл ангубинро гирифта, ба ҳам омезанд ва се уқия мурч ва як уқия тухми карафси кӯҳӣ бар вай афкананд. Яке аз василаҳое, ки меъдаи заифро суд бахшад, ба кор бурдани дод задан ва ҳамаи он чизҳое бошад, ки сифоқро ба ҳаракат оваранд. Яке аз доруҳои аз барои меъдаи заифи сустшуда судманд итрифалҳо ва доруи форсҳост, ки бад-ин сифат бувад: (311) даҳ дирам ҳалилаи сиёҳи бо равғани зард бирён карда, панҷ дирам тухми сипандони бирён, се дирамӣ аз нонхоҳ ва саътари форсӣ ва даҳ дирам рими оҳанро гирифта, [дору созанд]. Як ошомидании он ду дирам ва бо шароби қавӣ бувад.
Нусхаи зимоде, ки барои заъфи меъда ва сахтии он судманд аст: ним уқия салиха, ҳашт карама савсан, шаш карама шукуфаи гӯргиё, ҳаждаҳ карама бурсғунда, сиву ду карама муқл, шонздаҳ уқия мум, чаҳор уқия сақизи хинҷақ якуним ратл ротинаҷи шусташуда, ҳаждаҳ драхмӣ ҳамомо, сиву ду карама уша, шаш уқия нордин, ҳашт уқия анисун, як уқия сабр, ду уқия равғани баласон ва як уқия қирфа. Шароби мӯрддона аз барои чунин [беморон] судманд ва хуб аст ва наъно манфаати намоёне дорад. Себи бӯстонӣ яке аз чизҳоест, ки андар таркиби зимодҳои меъдаи гарм ва сард бидарояд. Зифт яке аз зимодҳои меъдаи сарди заиф бувад.
Бидон, ки заъфи меъда ҳангоми заиф будани қувваи ронанда гоҳе мумкин аст сабабгори дер фуруд омадани таом бошад. Бинобар ин нони аз барои чунин [беморон] сохташуда бояд сермоя бошад. Гоҳе [заъфи меъда] мумкин аст ба сабаби тарии лағжонандаи меъда ва нотавонии қувваи нигоҳдорандаи он боиси зуд фурӯ рафтани таом бигардад. Андар ин ҳол бояд нони барои [чунин беморон] пухташуда бештар ба фатир наздик бошад.
Фасли севвум
андар нишонаҳои хом мондани ғизо
ва бекор шудани гувориш
Аз нишонаҳои ин варам кардани рӯй, тангии нафас, гаронии сар, дарди меъда, ҳукак, ланҷӣ, сустҳаракатӣ, зардии ранг, дамиши шикам, рӯдаҳо ва зери сари паҳлуҳо, оруғи туруш, ё тез ва дудноки бадбӯй, маниши гаштан, қай, кушодагии беандозаи табиат ва ё бастагии беандозаи он буванд Илоҷи хом мондани таом: Бояд гардонидан аз тариқи қай, нарм сохтани табиат аз тариқи исҳол, рӯза доштан, агар тоқат бошад, тарки таом кардан ва агар набошад, бар таоми кам кифоят кардан, варзишу гармоба кардан ва агар пурӣ набошад ва бими аз ҳаракати зиёд ба ҳаракат омадани [хилтҳо] ҷой надошта бошад, варзишу гармоба кардан ва арақ оварданро ба кор бибаранд. Вале агар аз ин бим бошад, оромӣ [160] ва хоби дароз рафтанро ба кор баранд. Сипас, баъд аз риоя намудани он миқдор [таоме], ки хуб гуворидан мумкин аст ва ба эътибор гирифтани нишонаҳои хубии гувориш, ки андар боби хоси он ёд шудаанд, ба тадриҷ ба истеъмоли таому гармоба бипардозанд. Гоҳе хомии таом аз сабаби серхобӣ ва осудагист, зеро хоб ҳар чанд аз ҷиҳати гувориш суд дорад, вале ҳаракат аз ҷиҳати рондани фазлаҳо судманд аст. Хоб аз он ҷиҳат зиён дорад, ки фазлаҳо эҳтиёҷ ба рондан дошта бошанд ва бедорӣ аз он ҷиҳат зиён дорад, ки модда ниёзманди гувориш бувад. Гоҳе хом мондани таом ва хӯрдани ғизо на ба ҳангоми гуруснагии ростинӣ боиси андар меъда падид омадани дарду сӯзиши тоқатнопазире бигарданд. Ин гуна одамонро мумкин аст илоҷҳои хоммондагӣ суд бахшанд ва аз маъҷуни сутиро беҳ шаванд ва ё мумкин аст эшон то чизи хӯрдаашонро нагардонанд, азоб бикашанд.
Фасли чаҳорум андар баёни бекор шудани иштиҳо ва нотавонии он
Гоҳе сабаби ин гармии сода ва ё гармии бо модда бувад, ки [худованди] он хоҳони чизи тари сард, яъне ошомиданӣ, бигардад, на хоҳони чизи гарми хушк ва ё чизи хушк, ки он таом бошад. [Гармие], ки бо модда аст, андар ин хусус бештар таъсир дошта, иштиҳоро бештар бибарад. Сардӣ бештар муносиби иштиҳост ва бад-ин сабаб ҳамебинем, ки аз бодҳо боди шимолӣ ва аз фаслҳо зимистон сахт иштиҳоангезанд ва ҳар кӣ ҳангоми барф сафар кунад, иштиҳояш ниҳоят шиддат ёбад. Сабаби ин он бошад, ки гармӣ ковоккунанда ва равонкунандаи моддаҳо буда, [меъдаро] бо онҳо пур созад ва сардӣ бар хилофи он бувад. Вале гоҳе мумкин аст сабаби зиёнрасонандаи иштиҳо бадмизоҷии беандоза сарде бошад, ки қувваҳои ҳиссӣ ва кашандаро ба ҳалокат расонида, иштиҳоро заиф сохтааст. Ин кам рӯй диҳад. Балки мумкин аст сабаби он ҳар гуна бадмизоҷии берун аз андозабуда бувад, зеро агар бадмизоҷӣ устувор бигардад, ҳамаи қувваҳоро заиф кунад.
Гоҳе иштиҳо ҳангоми табҳо ба сабаби бадмизоҷӣ, ғалабаи ташнагӣ ва ба сабаби пурии хилтҳои ба шӯромада биафтад. Аз ҳама сахттар иштиҳо ҳангоми табҳои вабоӣ биафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор