Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ исҳол ба ифрот ояд, иштиҳо низ беандоза шиддат ёбад. (312) Иштиҳо ҳангоми омосҳои меъда ва ҷигар ба шиддат биафтад. Агар аз беморӣ хестагон иштиҳо надошта бошанд ва иштиҳояшон биафтад, ин ба шарте далели канда шудани эшон аст, ки агар ба сабаби камхунӣ ва нотавонии тан набошад. Инро бояд ба эътибор бигирӣ.
Гоҳе сабаби он балғами часпаки зиёдест, ки андар меъда ҳосил шуда бошад ва бинобар он табъ ба ҷуз аз таомҳои тунду тез дигар аз ҳама нафрат кунад ва баъдтар аз тановули онҳо низ дамиш, азҳамкашидагӣ ва маниши гаштан падид омада, [бемор] ҷуз ба оруғ задан осудагӣ наёбад. Ё мумкин аст сабаби [афтидани иштиҳо] пайваста фуруд омадани назлаҳо аз сӯи сар ба сӯи меъда бошад. Гоҳе мумкин аст сабаби он пурии тан, камии ҳалшавӣ ва машғул будани табиат ба ислоҳ кардани хилти бад бувад, чунонки ҳангоми табҳое чунин бошад, ки муддати дароз бар тарки таом сабр карда шавад, зеро андар ин ҳол табиат ба рондан машғул буда, аз кашидан рӯй гардонида бошад ва он аз рагҳо ва рагҳо аз меъда [чизе] накашанд. Ин [низ] мисли он аст, ки хирс, хорпушт ва бисёре аз ҷонварон ҳангоми зимистон муддати зиёде бениёз аз ғизо хӯрдан бимонанд, зеро андар баданҳои онҳо як миқдор хилти хоме бошад, ки табиат ҳанӯз ба ислоҳи он, ба пазонидани он ва ба истеъмол намудани он ба ҷои чизи ба таҳлил рафта напардохта аст. Умуман, ҳоҷат ба ғизо ин яъне пур кардани ҷои чизи ба таҳлил рафта бувад. Ҳар гоҳ ҳалшавӣ набошад ва ё агар барои чизи ба таҳлилрафта бадал бошад, эҳтиёҷ ба гирифтани ғизо аз берун наафтад.
Гоҳе сабаби [афтидагии иштиҳо] он бошад, ки рагҳои андар гӯштҳо, мушакҳо ва дигар андомҳо бударо нотавонӣ ориз шуда бошад ва онҳо ғизо накашанд ва ғизокашӣ ба тариқи пайдарпай то ба даҳони меъда омада нарасад. Бинобар ин меъда тақозои ғизо накунад, чунонки ҳангоми бениёзӣ аз бадали чизи ба таҳлилрафта низ чунин бошад. Зеро ҳар гоҳ ҳалшавӣ набошад, ҳоҷат ба чизе наафтад, ки ҷои чизи ба таҳлилрафтаро бигирад ва дар натиҷа ғизокашии рагҳо то ба даҳони меъда омада нарасад.
Гоҳе сабаби [афтидагии иштиҳо] канда шудани савдое бувад, ки пайваста аз испурч ба даҳони меъда бирезад.
Бинобар он [савдо] на онро хор-хор карда, иштиҳо ангезад ва на онро дибоғат дода пок созад. Ҳар гоҳ бар сатҳи меъда ягон чизи бегонае, агарчи ба миқдори кам ҳам бошад, боқӣ бимонад, меъдаро чунин бишавад, ки аз модда бениёз гардида, майли рондан дошта бошад, на хоҳони он буда, майли кашидан кунад. Мумкин аст сабаби [афтидагии иштиҳо] бекор шудани қувваи эҳсоскунандаи даҳони меъда бувад ва он ҳангоми ғизо кашидани рагҳо аз ӯ ғизокаширо ҳис накунад.
Гоҳе ин ба сабаби хосе вобаста бошад, ки андар меъда ҷой дорад, гоҳе ба анбозии мағз ва гоҳе дигар ба анбозии танҳо асаби [ҷуфти] шашум ба амал ояд. Ё мумкин аст [камиштиҳоӣ] ба сабаби заъфи ҷигар бошад, ки боиси нотавонии қувваи шаҳвонӣ гардида бошад. Балки гузашта аз ин мумкин аст сабаби он мурдани қувваи шаҳвонӣ ва қувваи кашандаи тамоми тан бувад, чунонки баъд аз

хунравии бисёр ин гуна ҳолат ориз бигардад. Ин бад ва ба душворӣ муолаҷашаванда буда, [беморро] ба чунин ҳол гирифтор кунад, ки ҳар бор ба ӯ ғизоҳоро нишон бидиҳанд, чизе аз онҳоро бихоҳад ва ҳар гоҳ онро ба пешаш гузоранд, аз он безорӣ кунад. Аз ин ҳам бад-он аст, ки бемор ягон чиз нахоҳад. Қувваи шаҳвонӣ нафақат аз паси истифроғ нотавон бигардад, балки ҳангоми ҳар гуна бадмизоҷии берун аз андоза низ заиф бигардад.
Гоҳе сабаби [афтидагии иштиҳо] кирмҳо бувад, ки рӯдаҳоро ранҷ оваранд ва меъда низ бо онҳо анбозӣ кунад ва гоҳе мумкин аст, ки онҳо ба барсӯ баромада, меъдаро низ озор бидиҳанд. Мумкин аст афтидани иштиҳо ба сабаби савдои бисёре ба амал ояд, ки меъдаро озурда сохта, ба гардонидану рондан маҷбур кунад, на ба хӯрдану кашидан. Гоҳе иштиҳо ба сабаби обистан ва банд гардидани хуни ҳайз андар ибтидои обистан бекор шавад, вале бештар чизе, ки занони обистанро ориз бигардад, фасоди гувориш бувад. Ё мумкин аст сабаби [афтидагии иштиҳо] ба ифрот гарм ва ё сард будани ҳаво буда, ба сабаби гармии он қувват ба таҳлил биравад ва ё ба сабаби сардии он қувват карахт шавад ва ё ҳал шуданро боз дорад. Шиддат ёфтани гармии меъда бад-он сабаб бувад. Ҳамчунин касеро чунин ҳол рӯй диҳад, ки ба шароб ошомидан одат карда бошаду онро тарк кунад.
Гоҳе ҳолати иштиҳо ба сабаби бадии ҳолати хоб дигаргун бигардад ва иштиҳо заиф шавад. Ё мумкин аст афтидагии иштиҳо ба сабаби камхуние бошад, ки боиси нотавонии қувваҳо бигардад, чунонки касони аз беморӣ бархостаро баробари покии [тан] чунин ҳол падид ояд.
Ин гуна иштиҳо кам-кам бо ҷон гирифтани [бемор] ва барқарор шудани [миқдори] хун дубора боз ояд. Низ варзиш ва оби бисёр ошомидан иштиҳоро бигардонанд.
Мумкин аст сабаби [набудани иштиҳо] ғаму андӯҳ, хашм ва монанди инҳо бошад. Гоҳе мумкин аст иштиҳо афтида бошад, вале одам чун ба хӯрдан оғоз кунад, иштиҳо бедор шавад. Сабаби ин чунин аст, ки ё таом қувваи кашандаро бедор карда бошад ва ё кайфияти313 билфеъли андар он буда мизоҷи бекорсозандаи иштиҳоро гардонида бошад. Масалан, агар он мизоҷ гарм бошад ва таоми нисбат ба он мизоҷ билфеъл сард буда бидарояд, онро ором кунад. Ҳамчунин гоҳе чун ношито оби сард бихӯранд, иштиҳо бедор шавад. Каси ба таб гирифтор359 агар тариди андар оби сард таркарда бихӯрад, иштиҳояш боз ояд. Агар ошомидани шароб аз болои хилти ба шӯр омада махмурӣ оварад, иштиҳои хӯрдани шӯрбоҳо ба амал ояд. Агар бекорсозандаи иштиҳо сардӣ бошад, ҳар гоҳ таоми билфеъл гарм ва ё билфеъл аз он [сардӣ] гармтар [ба меъда] бидарояд, низ ҳамчунин кунад. Афтодани иштиҳо андар бемориҳои доманадор далели ниҳоят бад аст. Бидон, ки агар иштиҳо камтар ва ё заифтар бошад, айни сабабҳои бекор шудани иштиҳо низ сабабҳои заифии он буванд.
Нишонаҳо: Нишонаи он [афтидагии иштиҳое], ки ба сабаби мизоҷҳост, чизе бошад, ки онро донистӣ. Нишонаи оне, ки аз сабаби камии ҳалкунандагист, фишурдагии пӯст, ба фаровонӣ ғизо хӯрдан, чунонки ёд карда шуд, бисёрии бироз ва андаке бедор шудани иштиҳо баъди варзиш ва истифроғ мебошад. Нишонаи оне, ки аз сабаби нотавонии меъда аст, он чизе бошад, ки андар боби нотавонӣ ёд кардем ва яке аз онҳо истифроғҳои зиёд бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ