Қонуни тиб

[Табаҳ шудани таом] ё мумкин аст ба вақти хӯрдани он вобаста бошад. Яъне мумкин аст онро ё ҳангоме бихӯранд, ки меъда пур бошад ва ё ҳанӯз бақияи ғизои дигаре андар он боқӣ бошад ва ё мумкин аст пеш аз варзиши одатӣ ва баъд аз ронда, берун шудани таоми якум бихӯранд. Ё [табаҳ шудан] мумкин аст ба сабаби хатои тартиби ғизохӯрӣ бад-ин гуна ба амал ояд, ки ғизои зудгуворро аз болои дергувор бихӯранд ва зудгувор пеш аз дергувор гуворида гардида, андар сари меъда биистад ва худ табаҳ шавад ва ҳар чизи бо худ даромехтаро низ табаҳ кунад.
Андар тартиб воҷиб аст, ки ғизои сабук бар гарон ва нарм бар қабзкунанда муқаддам гузошта шаванд, ба шарте ки ягон зарурати ба беморӣ вобаста аз барои бастани табиат муҷиби пеш гузоштани чизи қабзкунанда нашуда бошад. Ё [табаҳ шудан] мумкин аст ба бисёрии намудҳои ғизо ва омехтани онҳо ба якдигар вобаста буда, дар натиҷа зудгувор бо дергувор биомезанд.
Аммо [сабаби] табоҳие, ки ба сабаби пазиранда ба амал ояд, ё андар гавҳари он ҷой дорад ва ё ба сабаби ғайри он, ба чизи онро иҳотакарда ва чизи андар он падидоянда вобаста аст. Оне, ки андар гавҳари [пазиранда] бошад, мисли ин аст, ки андар меъда бадмизоҷии бо модда ва ё бе модда ҷой дошта, дар натиҷа [меъда] аз гуворидан оҷиз ояд ва ё гуворишро аз ҳад бигузаронад ва чунонки медонӣ, ин ҳангоми бадмизоҷии гарм ва ё сард ҷой дорад.
Ё мумкин аст гавҳари меъда камторупуд ва чодарпиҳи он тунук буда, таомро фаро гирифтани он ғайри яксону нохуб бошад ва ё хуб буда, вале гаронияш барои меъда ранҷовар бошад ва вай ҳарчанд ки қароқуру дамише ҷой надошта бошад ҳам, вале хоҳони холӣ кардани чизи андарунаш буда бигардад. [Қароқуру дамиш] ҳар ду аз ҷумлаи сабабҳои заъфи гувориш ва низ бекоршавии он буванд. Оне, ки ба сабаби ғайри [гавҳари] пазиранда аст, мисли ин аст, ки андар меъда бодҳо ҷой дошта, меъдаро нагузоранд, то таомро хуб фаро бигирад. Агар гӯянд, ки бисёр оруғ задан яке аз сабабҳои фасоди таом аст, ин на аз он ҷиҳат бошад, ки оруғ аст, балки аз он ҷиҳат бошад, ки бодест падид омада, меъдаро аз ҳам бикашад ва таом бар сари меъда гардида, қаъри меъда онро хуб фаро гирифтан натавонад. Ҳар чи ки таомро бар сари меъда барорад, монеи гувориш бувад. Ё ин мисли он аст, ки аз сар, ё ҷигар, ё испурч ва ё дигар андомҳо ба сӯи меъда чизе бирезад, ки ба сабаби омезиши он таом табаҳ гардад (323) ва меъда тадбири он кардан натавонад. Бисёр вақт ин [модда] баъди гувориш ба [меъда] бирезад ва гоҳе пеш аз он. Ё масалан, он чи ки аз қабили ҷигар ва испурч гирди [меъда] гирифтаанд, сард ва ё бадмизоҷ бигарданд.
Аммо оне, ки ба сабабҳои таом ва пазирандаи онро ногаҳон рӯйдиҳанда вобаста аст, мисли ин аст, ки таом он миқдор хоби гуворандаи барояш зарурро наёбад, ё аз ҳаракат ба миқдори нолозимӣ дарёбад ва дар натиҷа ҷунбиш хӯрда, табаҳ бигардад, ё аз паси он беш аз зарурат ва ё камтар аз он ошомидан иттифоқ афтад, ё аз паси он ҷимоъ иттифоқ афтад, ё намудҳои гуногуни [таом] табиати гуворандаро ҳайрон бимононад, ё [баъд аз таом] гармоба кунанд ва ё ба ҳавои ниҳоят сард, ё ниҳоят гарм ва ё бадгавҳар бароянд. Бодҳои андар шикам банд гардида ба сабаби ғизоҳоро ҷунбонидан ва андар миёни онҳо ҳаракат кардан гуворишро боз доранд ва табаҳ созанд.
Таом андар меъда бад-ин гуна табаҳ шавад, ки он ё ганда шавад, ё бисӯзад, ё туруш шавад ва ё ягон кайфияти бегонаи ба ҳеҷ як аз кайфиятҳои одатшуда мансуб набударо ба худ бигирад. Ҳамаи ин аз он сабаб аст, ки ё таом худ ба худ ба чунин ҳол гардидааст ва ё хилте бар чунин сифат бо таом омехта, онро табаҳ гардонидааст. Гоҳе нишонаи ин гуна хилт зоҳир бошад ва гоҳе кам буда, андар зери меъда нишаста бошад ва паҳн нагардад ва то даҳони меъда омада нарасад. Вале ҳар гоҳ таом афзоиш ёбад, вай дамида зиёд шавад ва то даҳони меъда омада расида, бо ҳамаи таом биомезад. Гоҳе мумкин аст ин гуна хилт андар рагҳо бигузарад ва сипас баробари дучор омадан бо суддаҳое, ки андар даҳони гузаргоҳҳо ҷой дошта, ба сабаби онҳо аз гузаргоҳҳо гузаштан номумкин аст, якбора пас бигардад. Агар меъда бидуни модда ва ё бо моддаи сафровие гарм бошад, ки ба сабаби ба миқдори зиёд андар ҷигар падид омадан аз он ҷо ва ё аз тариқи ёд шудаи заҳра ба сӯи меъда омада бирезад, таомҳои сабук андар он табаҳ бигарданд ва таомҳои қавии ситабри мисли гӯшти гов гуворида шаванд. Испурч ҳам сабаби фасоди таом аст. Бидон, ки фасоди гувориш боиси бемориҳои зиёди палиде аз қабили саръ, молихулиёи мароққӣ ва монанди инҳо бигардад, балки гузашта аз ин вай модари бемориҳо ва сарчашмаи ранҷуриҳост. Ҳар гоҳ касони нав аз беморӣ бархостаро гувориш табаҳ бигардад, агарчи ин андаке гароидан ба сӯи турушӣ бошад ҳам, аз кандашавӣ огоҳӣ диҳад, зеро ин бими гандидан дорад. Бисёр вақт фасоди таом хориш ба амал оварад.
Фасли севвум андар баёни сабабҳои заъфи гувориш
Инҳо ҳамаи он сабабҳоеанд, ки андар боби фасоди гувориш мо баршумурдем ва нишонаҳояшон [166] низ ҳамон нишонаҳост. Вале рехтани сафро аз он ҷумла боиси заъфи гувориш намегардад, лекин онро табаҳ хоҳад кард.
Рехтани савдо ҳар ду ҳолатро дорост. Ҳамчунин аз ин ҷумла [мизоҷи] хушк ва тар низ ба танҳоӣ ба дараҷае намерасанд, ки гуворишро тамоман бекор кунанд, балки мумкин аст онро заиф кунанд. Пеш аз он, ки гуворишро бекор кунанд, тарӣ ба истисқо ва хушкӣ ба сӯи лоғарӣ бикашанд.
Яке аз сабабҳои табоҳии гувориш камторупудии мароқ ва камгӯштии он мебошад. Гоҳе сабаби заъфи гувориш зуд фурӯ хамидани таом аст. Ин ё ба сабабе вобаста аст, ки аз меъда [таомро] билағжонад ва он андар боби лағжонии меъда баён хоҳад шуд. Ин аз ҷумлаи сабабҳои табоҳии гувориш нест ва андар шумори онҳо намедарояд, балки андар шумори сабабҳои заъфи гувориш бидарояд. Агар қувваи ронанда бо ҳаракати худ зуд ба кор дарояд ва қавӣ бошад, гоҳе ин гуна фурӯдоии [таом] мумкин аст бо вуҷуди таомро хуб фарогиранда будани меъда ба амал ояд ва гоҳи дигар мумкин аст ин на бад-он сабаб, балки ба сустии қувваи нигоҳдоранда вобаста бошад ва он таомро нигоҳ надорад ва ба таври шоиста то пурра гуворида шудан фаро гирифтан натавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор