Қонуни тиб

Гоҳе мумкин аст ин ба сабаби омосҳои гарм, ё балғамӣ ва ё савдовӣ, решҳо ва ғайра ба амал ояд ва бад-он сабаб [ғизо] хуб фаро гирифта нашавад. Гоҳе хуб фаро нагирифтан мумкин аст ба сабаби худи таом вобаста буда, вай ё гарон, ё сӯзонандаи заҳравӣ ва ё тез бошад, ё меъдаро мизоҷи гарм буда, ба худованди он, ки дорои мизоҷи гарми боздорандаи хубгуворшист, чизи гарме биошомонанд ва гуворишро боз дорад, вале аксар вақт нафақат боз дорад, балки онро табаҳ кунад.
Ин гуна одамро, чунонки медонӣ, мумкин аст оби сард шифо бахшида, гуворишашро ба иътидол оварад. Ҳамчунин агар андар меъда хилтҳои бад ва хусусан сӯзонанда ҷой дошта бошанд, миёни ӯву ғизоҳо ҷудоӣ андохта, фаро гирифтану нигоҳ доштан хуб анҷом наёбанд ва шояд орзуи рондан қавитар бошад.
Он [заъфи гуворише], ки ба сабаби хубии фарогирист, бад-ин гуна аст: Агар таомро фаро гирифтани меъда пурраву беранҷ (324) ва гувориш сабук бошад, ё фарогирӣ пурра буда, вале гарониовар бошад ва меъда таомро мисли касе бидорад, ки аз бардоштани бори гарон ба ларза афтода, хоҳони аз он халос шудан аст, гувориш камтар хоҳад буд, вале оруғу қароқур ба амал наоянд. Ҳар гоҳ фарогирӣ набошад, сустии гувориш, қароқур ва оруғ ҷой хоҳанд дошг.
Гоҳе мумкин аст заъфи гувориш ва ба балғам табдил ёфтани ғизо боиси падид омадани фарошо, сард гардидани дасту пой ва бими хуруҷ кардани навбати таб бигарданд, вале набз на чун набзе бошад, ки андар оғози навбатҳои табҳо ба амал ояд. Гоҳе заъфи гувориш ба сабаби хом мондани ғизо ва пурии пешомада ба амал ояд. Андар «Китоби марги зуд фарорасанда» гуфта шудааст, ки ҳар киро хом мондани ғизо ва дер гуворидан ҷой дошта, бар болои чашмонаш табиши сиёҳе чун нахӯд зоҳир шавад ва ними [танаш] сурх ва ё кабуд бигардад ва агар андар ин ҳангом ошуфтагии ақл оғоз ёбад, рӯзи ҳафтдаҳум хоҳад мурд.
Яке аз сабабҳои заъфи гувориш ва ё бекор шудани он андӯҳ аст, чунонки яке аз сабабҳои хубгуворӣ шодӣ бувад361.
Фасли чаҳорум андар баёни далелҳои заъфи гувориш
Далели заъфи сабуки гувориш гаронӣ, камии азҳамкашидагӣ ва беш аз муддати ҳамешагӣ боқӣ мондани таом андар меъда бувад. Бар заъфи қавии гувориш оруғе, ки баъд аз чанде бӯи таом диҳад, қароқур, маниши гаштан, азҳамкашидагӣ ва нимгардон шудани нафс гувоҳӣ диҳанд. Ҳангоми ба ғоят заиф будани гувориш таом аслан ба дараҷаи қобили эътибор дигаргун нашавад, чунонки ҳар гоҳ сардии [меъда] аз ҳадд бигузарад, таом ҷуз ба оҳистагӣ гуворида нагардад ва агар ягон сабаби қувваи ронандаро ба ҳаракат оварандае аз қабили сӯзиш, ё гаронӣ ва ё кайфияти дигари мухолифе андар ин ҳангом ҷой надошта бошад, [таом] ҷуз ба ниҳоят оҳистагӣ фуруд нахоҳад омад.
Нишонаи [заъфи гувориши] ба сабаби мизоҷ буда, он чизҳоест, ки донистӣ. Ба таври ларзанда ва ғайри қавӣ фаро гирифтани ғизо, яъне хоҳони фурӯ рафтани таом будан, орзуи оруғ аз ғайри падид омадани он, қароқур, оруғи думодум, ҳукак ва дамиш [низ аз ҷумлаи нишонаҳои он буда], ё пеш аз он падид оянд ва ё баъди он.
Нишонаи он [заъфи гуворише], ки аз сабаби пеш аз вақт фуруд омадани [таом] ба амал ояд, нармии бироз, бадбӯии он ва кам пок будани ҷигару тан аз он мебошад.
(325) Гоҳе баробари он сӯзиш ва дамиш падид оянд. Он [заъфе], ки аз сабаби хилтҳои гарм аст, ташнагӣ, камиштиҳоӣ ва оруғи бадбӯи дудӣ аз он гувоҳӣ диҳанд. Бар заъфе, ки аз хилтҳои сард аст, ҳар чи ки аз ин хилтҳо бо қай берун ояд, турушӣ, афтодагии иштиҳо ва ба изофаи он нишонаҳои сардӣ ва модда, ки ҳар ду андар Мақолаи нахустин ёд шудаанд, далолат кунанд. Бар заъфе, ки аз сабаби омосҳо ва монанди онҳо ба амал ояд, нишонаҳои худи онҳо гувоҳӣ диҳанд.
Илоҷ: Агар заъфи гувориш аз сабаби сабуке ва пурии пеш гузаштаи начандон бисёр рӯй дода бошад, хоби дароз рафтан, тарки варзиш кардан, дод назадан, гармоба накардан, бо оби нимгарм қай овардан ва тадбири ғизо латиф кардан онро кифоят кунанд. Агар [заъф] аз ин қавитар ва бузургтар буда, баъд аз хӯрдани таом сӯзиш, маниши гаштан ва оруғи бӯи таом диҳанда ба амал оянд, бояд қай овардан бо оби нимгарм якчанд бор иҷро карда шавад ва то ҳамаи чизи фосидро гардонидан такроран қай оварда шавад. Сипас бар сари [бемор] равған бирезанд, шикам ва ду барашро бо пораи гармкарда гармибандӣ кунанд, дасту пояшро бо равғани зайтун ва равғани гул молиш диҳанд ва бар онҳо оби гарм бирезанд. Ӯро хоби дароз фармуда, он рӯз аз таом хӯрдан боз доранд. Чун рӯзи дигар аз хоб ҳушёру қавӣ бархест, ба гармоба барандаш, агар не, дубора хоб рафтан ва ғизои латифи ками сабук хӯрдан фармоянд. Бояд се рӯз пайдарпай то баргаштани меъдааш ба ҳоли худ бихобад. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ ба исҳол афтад. Мурч беш аз ҳамаи доруҳо бар гувориш ёварӣ диҳад. Ҳама гуна хоб ёридиҳандаи гувориш аст, лекин хобидан бар дасти чап ба сабаби меъдаро хуб фаро гирифтани ҷигар гуворишро ниҳоят кумак расонад. Хоб бар дасти рост боиси зуд фурӯ хамидани таом бигардад, зеро рост истодани меъда муҷиби он бувад. Бидон, ки тамоми шаб бачаи қариб ба балоғат расидаро ба оғӯш гирифта, хобидан яке аз ёвартарини чизҳо барои гувориш аст, вале набояд ӯ арақ кунад, зеро арақ сардӣ оварда, аз гармии модарзодии ӯ гармӣ гирифтан нагузорад. Ба изофаи ин бояд андар дили вай ягон шубҳае набошад, зеро шубҳа ва ҷунбиши шаҳват андар ҳаракатҳои қувваи ғизогирӣ ошуфтагӣ падид оварад. Бархе аз мардумон сагбача ва ё гурбаи сиёҳи нарро ба оғӯш бигиранд.
Ҳангоми заъфи гуворише, ки ба сабаби гармии бо модда ба амал ояд, яке аз чизҳои судбахш сикангубини биҳигӣ, ғизоҳои қабзкунандаи туруш ва ҳуломию қарисӣ ва чизҳои сарди шабеҳи инҳо ба шумор бираванд.
[Низ] ду дирам аз доруи кӯфтаи [зерин ба кор бурдан судманд аст]: даҳ дирам гул, се дирам табошир ва панҷ дирам кашнизи хушкро гирифта, бо оби анор ва ё андар сикангубини биҳигӣ карда, бидиҳанд.
Фасли панҷум андар баёни далелҳои табоҳии гувориш
Далеле, ки табоҳии гувориш аз он холӣ нест, бадбӯии
бироз аст. Аммо далелҳое, ки мумкин аст ҳамроҳи он бошанд ва мумкин аст набошанд, инҳост: қароқур, оруғ ва сӯзиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор