Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли ҳафтум
андар баёни оҳиста ва зуд фуруд омадани
таом аз меъда ва шикам

Як бахш аз таом андар меъда ҳангоми тандурустӣ қариб то понздаҳ ва ё дувоздаҳ соат боқӣ бимонад ва ин [муддат] ба ҳасби сабукию ситабрии ғизо ҳар гуна бувад. Далели [боқӣ мондани таом] ин аст, ки аз даҳон ва ҳангоми оруғ бӯи он ояд. Андар меъда банд шудани таом ба сабаби дер гуворида шудани он аст ва ин ҳол то анҷом ёфтани гувориш давом кунад. Ронда шуданаш ба сабаби он аст, ки ҳангоми ҳосил шудани гувориш қувваи ронанда ба рондан бипардозад ва ё аз сабаби ягон ҳаракатдиҳандае бошад, ки қувваи ронандаро ба ҷунбиш оварад.
Мисоли он сӯзиш овардани сафро, ё савдои туруш ва ё яке аз чизҳое бошад, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард. На чунон аст, ки гурӯҳе пиндоранд: гӯё ҳамаи сабаб ҳангоми нигоҳ доштани таом ин тангии гузаргоҳи фурӯсӯвин бувад. Агар чунин мебуд, дираму динори фурӯбурда ҳеҷ гоҳ берун намеомаданд ва шаробу шир андар меъда истодан наметавонистанд ва андар меъдаҳои заиф бар сари меъда баромада, боиси қароқуру дамиш намегардиданд.
Баръакс, сабаби фурудоии табиӣ гувориш ва қувваи ронандаи меъда аст ва ин чандоне ба дигар чизҳои аз қабили ҳолати таом вобастагӣ надорад, ба шарте ки агар меъдаро ягон газанде нарасида бошад.
Меъдаи солим таомро то ҳангоми гуворида шудан фаро бигирад ва гузаргоҳи фурӯсӯвини худро сахт бибандад. Ҳар гоҳ вақти рондан фаро расад, гузаргоҳ фарох бигардад ва меъда бо ёрии лифи бар паҳно буда чизи андар хеш бударо биронад. Гувориш ҳар андоза зуд гузарад, фурудоӣ низ зуд ба амал ояд ва агар он дер бикашад, ин низ дер бикашад, вале агар баъзе сабабҳои таомро аз меъда фурӯ оваранда ба миён оянд, чунонки ҳамедонӣ, таомро ногуворида [ба фурӯсӯ рафтан маҷбур кунанд]. Миқдори муътадили [вақти миёни] боқӣ мондани таом андар меъда ва берун шудани он аз дувоздаҳ соат то бисту ду соат аст. Таоми бисёре, ки агар ба сабаби бисёрӣ гуворида нагардад ва низ таоме, ки кайфияти бад дорад, ҳар кадом андар меъдаи солими қувваи ронандааш қавӣ дер наистанд, балки зуд ба фурӯсӯ ронда шаванд ва гоҳе мумкин аст боиси шикамраву ҳайза бигарданд. Агар меъда заиф буда, таом ӯро гаронӣ оварад, ё агар ба решҳову табишҳо гирифтор шуда бошад ва ё агар андар он ягон хилти часпаки лағжонанда бошад, (327) хоҳ қувваи нигоҳдорандааш заиф бошад ва хоҳ гуворандааш, таом андар он дер напояд. Ту метавонӣ нишонаҳоеро, ки бояд бидонӣ, аз сабабҳои инҳо бидонӣ, ки андар бобҳои гузашта бароят оварда шудаанд.
Илоҷи касе, ки таом аз меъдааш дер фурӯ равад ва касе, ки таом бар сари меъдааш бигардад: Аз ҷумлаи илоҷи он хоб рафтан бар дасти рост аст, зеро ин барои зуд фуруд омадани таом аз меъда кумак кунад, вале барои гувориш чандон ёвар нест. [Барои гувориш] нарм роҳ рафтан, дасту пойро молиш додан ва бо чизҳои андар боби он донистаат бодҳоро шикастан ёварӣ кунанд.
Илоҷи касе, ки таом аз меъдааш зуд фурӯ равад:
Гурӯҳе аз пешиниён ин гуна одамонро «маъмуд» мехонданд, вале ахиран исми «маъмуд» бар ғайри ин ҳолат воқеъ шуд. Яке аз чизҳои барои эшон санҷидашуда ин аст, ки зимоди аз орди шанбалит, тухми катон ва ангубин сохташударо ба кор баранд ва низ аз он ба бемор биошомонанд. Дигар [чизи санҷидашуда доруи зерин] аст:
зардии хояи бирёнкарда, як кафча ангубин ва ду донг мастакои сударо гирифта, ҳамаро андар қишри хояи мурғ ҷамъ созанд ва бар хокистари тафсон пухта истода пайваста то расидан биҷунбонанд ва сипас бихӯранд. Онро се рӯз бояд истеъмол кунанд. Умуман, бояд пеш аз [168] таом, агар [худованди беморӣ] гарммизоҷ бошад, чизҳои қабзкунандаи сардро ва агар мизоҷаш моил ба сардӣ бошад, омехта бо чизҳои гарм ба кор баранд ва ту ҳамаи ин доруҳоро донистӣ. Бояд баъди таом хӯрдан бихобанд ва албатта, ягон ҷунбишу варзише накунанд ва бояд андомҳои атрофии бахши барсӯвинро бандпеч кунанд.
Фасли ҳаштум андар баёни дуруштӣ ва сахтии меъда

Гоҳе андар меъда сахтие падид ояд, ки омосро монад, вале омос набошад. Сабаби он сардии афсурдакунанда ва ё савдои ситабре бошад, ки [андар гавҳари меъда] даромада, вале омос наоварад.
Нишона: Нишонааш ин аст, ки сабаби онро бидонӣ ва ягон нишонаи омосе наёбӣ.
Илоҷ: [Меъдаро] бо шоҳафсар, заъфарон, мастако, баласон, кундур, муқл, сунбул, қардамоно, муғос, мум ва равғани гул зимод кунанд. Инчунин ҳамаи муолаҷаҳои аз барои омосҳои сахт ёдшуда ва хусусан он чиро, ки андар боби заъфи меъда ба сабаби сахтӣ ёд карда шудааст, [бояд ба кор баранд]. Нусхаи зерин аз барои ин ғараз хуб аст: шаш уқия мум, се уқия сақизи набатӣ, ду уқиягӣ аз занҷабил ва говшир, се уқиягӣ аз сабр ва борзад ва бистучаҳор уқия равғани савсанро гирифта, аз онҳо зимод ва ё марҳам бисозанд.
Фасли нуҳум андар баёни он чи ки оруғ ангезад

Ҳар гоҳ андар меъда бодҳо ба амал омада, фурӯ нараванд ва андар даҳони меъда банд гардида, озор бидиҳанд, бояд бо оруғ берун карда шаванд, чунонки фазлаҳои бар сари меъда гардандаро бо қай берун оваранд, вагарна гуворишро табаҳ карда, ғизоро бар сари меъда бароранд.
Вале ин корро ба шарте кунанд, ки агар рутубатҳо ва балғамҳои қобили бод гардидан бисёр падид наоянд, зеро андар ин ҳол раҳоӣ аз он нест, ки ба ифрот оруғ овардан яке аз омилҳои падид омадани ҳолати мушкил хоҳад шуд. Яке аз чизҳои оруғангез ин хоидан ва ё ошомидани саътар, барги судоб, анисун, каравиё, пудина, наъно, нонхоҳ, мехак, мастако ва кундур бувад.
Илоҷи оруғи беандоза зиёд: Сабабҳои оруғ ва бар ҳолатҳо далолат кардани онро мо андар боби роҳҳои донистани [ҳолатҳои меъда] ёд кардем. Ҳангоми оруғи туруш худованди онро ошомидани фалофилӣ (маъҷуни мурчӣ) бо шароб суд дорад. Гоҳе мумкин аст барои чунин касон ошомидани як мисқол кашнизи хушк ҳангоми таоми пагоҳӣ ва бегоҳӣ ва сипас баъди он ошомидани шароби холис нофеъ бошад. Яке аз чизҳои оромкунандаи оруғ ба ақидаи бархеҳо ин аст, ки меъдаро бо оҳак ва саргини мурғ марҳамбандӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ