Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳангоми оруғи дудӣ,
агар он бо модда бошад, афсинтин ва ёра судманданд,
вале агар бемодда бошад, чизе суд дорад, ки сардӣ овар

да, [гармиро] хомӯш кунад ва фишурда созад. Масалан,
руббҳои меваҳои сард ва ғизоҳои сардиоваранда аз ҳамин қабиланд. (328)

Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ БЕМОРИҲОИ АФЗОРӢ
ВА МУШТАРАКЕ, КИ МЕЪДАРО ОРИЗ БИГАРДАНД
Фасли нахустин
андар баёни омосҳои гарми меъда

Меъдаро омосҳои гарм ориз бигарданд ва ин ба сабабҳое вобаста аст, ки андар падид овардани омосҳои гарм маъруфанд ва яке аз ин сабабҳо дардҳои доманадор бувад. Омосҳои гарми меъда гоҳе хунӣ ва гоҳе сафровӣ бошанд.
Нишонаҳои омосҳои гарми меъда: Ҳар гоҳ меъдаро ягон дарде дер давом кунад ва бо беҳ сохтани тадбири [ғизо] нест нашавад, пас, ҳадс бизан, ки андар он омосе ҳаст. Аммо далели омоси гарм ин аст, ки ба изофаи он афрӯхтагии зиёд, сӯзиши қавӣ, ташнагӣ, таби доманадор, дарди сихзананда ва баромадагии [меъда] мушоҳада шаванд. Гоҳе ин боиси падид омадани ошуфтагии ақл, сарсом ва молихулиё бигардад. Ҳар гоҳ тан лоғар бигардад, чашмон фурӯ раванд, табиат ҳал бигардад, дарунраву қай бисёр рӯй диҳанд, таб канда шавад, пешоб бикоҳад ва сахтии меъда ба ҳадде бирасад, ки андар зери ангушт пахш нашавад, пас, [омос] ба хуроҷ табдил ёфта бошад. Агар ба изофаи дарди меъда сардии дасту пой ҷой дошта бошад, ин далели бад хоҳад буд.
Илоҷ: Ҳар гоҳ ба сабаби шиддати сӯзишу афрӯхтагӣ гумон барӣ, ки меъдаро ягон омоси гарме падид омадааст ва ё меояд, андар ибтидо барои эҳтиёт аз ҳама хуб ин аст, ки зуд ба тадбири пас гардонидани [модда] пардохта, меъдаро, масалан, бо равғани биҳӣ равғанмолӣ кун ва бар вай аз биҳӣ, пӯсти каду, хурфа, орди ҷав ва дигар чизҳои бад-ин равиш буда зимод бинеҳ, вале аз ғизо боз доштан, ғизоҳои нарм ба кор бурдан ва тадбирро нарм кардан барои чунин [беморон] беш аз ҳама судманд бувад. Ҳар гоҳ омосҳои гарми меъдаро муолаҷа кардӣ, зинҳор ба бемор доруи исҳоловарандаи қавӣ ва ё доруи қайоваранда надеҳ, зеро ба кор бурдани қай хатарнок аст. Аммо рагзанӣ бошад, андар бештари ҳолатҳо аз он чора нест. Аз исҳоли ба ситам ва қай эҳтиёт бош. Бар доруҳо ва ғизоҳои нармкунандае мисли ҷав, мош, қатаф ва каду кафоят кун. Бигузор доруҳои нармсозанда, масалан, аз қабили хиёршанбар бошанд, зеро бо ёрии хиёшанбар андар ин ҳангом истифроғ намудан боке надорад ва он омосро суд дошта, моддаро бихушконад. Гоҳе бо он аз як донг то ним дирам ёра ва сабр биомезанд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки хиёршанбарро бо оби коснӣ бидиҳанд. Гоҳе андар он андак афсинтин афкананд, зеро ин ба сабаби қабзоварандагияш судманд бувад. Баъзан гурӯҳе ҳангоми [омос] ҳалила ба кор баранд, вале ман ба он майл надорам, магар ба ҳангоме ки омос ҳанӯз зери шубҳа бошад. Аммо ҳар гоҳ ки омос ошкор шавад, онро ба кор бурдан нашояд. Гоҳе ба чунин [беморон] сикангубин бо маҳмуда бидиҳанд, вале ман инро бад мебинам. Агар аз истеъмоли ин гуна чиз чора набошад, бояд ба миқдори як ва ё қариб як мисқол сабрро бо сикангубин бидиҳанд, вале агар битавонанд, тарки он фозилтар бувад.
Яке аз доруҳои исҳоловар, ки андар оғози [беморӣ] судманд аст, [доруи зерин] мебошад: ду уқиягӣ аз оби ангури сагак ва оби коснӣ, се дирам дилаи хиёршанбар ва ду дирамӣ аз равғани каду ва равғани бодом гирифта, ба бемор бидиҳанд ва агар табиат хушк бошад, бояд бо ёрии ин [дору] то рӯзи ҳафтум онро пайваста нарм кунанд. Набояд ба ошомидани оби сарди бисёр ва ё холис иқдом намуд, балки бояд онро бо гулоб ва рубби меваҳо шикананд. Аз таом худдорӣ намудан яке аз василаҳои сахт судманд аст. Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, ба [бемор] ба қадри се дирам тухми хиёри дарозро бо оби сард ва ё бо барфоб бидеҳ. Низ ба ӯ оби табарзад биошомонанд, зеро он ниҳоят судманд аст ва оби коснии даштӣ низ чунин бувад. [Инчунин:] зимодҳоеро [ба кор баранд], ки аз хурмои ғӯра (балаҳ), най,362 гулнор, ҳибуқистидос ва афсинтин сохта бошанд. Ҳар гоҳ инҳоро зимод кунанд, омосро аз густариш ёфтан андар ҳамаи бахшҳои меъда боз доранд. Модом, ки гармӣ боқист, агарчи баъд аз рӯзи ҳафтум ҳам бошад, оби коснӣ, оби ангури сагак, оби арӯси андар парда ва оби коснии даштиро канда накун ва ҳар гоҳ [беморӣ] аз рӯзи ҳафтум бигузарад, ба онҳо то ним дирам қурсҳои гул, андаке фишурдаи афсинтин ва мастако ҳамроҳ кун. Инчунин бо онҳо оби бодиён ва карафс биомез. То рӯзи ҳафтум бояд ғизои [бемор] аз моши муқашшар, қатаф, сармаҷ ва каду бо равғани бодом ва ё равғани зайтуни норасида ва шаробаш аз гулоб, оби олу, фишурдаи коснӣ ва коснии даштӣ иборат бошад ва ба охири ин давра бо инҳо мастако ва фишурдаи афсинтин биомезанд. Аммо баъд аз рӯзи ҳафтум бо онҳо чизҳоеро биомезанд, ки аз қабили чугундар ва печак буда, зудоянда ва андаке пазонанда буванд. Он гоҳ [ба бемор] сикангубин бидиҳанд. Ё мумкин аст (329) инро якчанд рӯз пеш аз ин биошомонанд ва ё агар маниши гаштани зиёд ва ранҷовар набошад, онро метавон бо бунафшаи парварда [ба бемор] бидод. Ин корро то рӯзи чаҳордаҳум давом диҳанд. Ҳар гоҳ афрӯхтагӣ паст шавад ва омос нарм бигардад, вақти ҳалсозӣ фаро расад. Ҳар гоҳ омос андаке паст шавад, андар таркиби зимодҳо, масалан, мастако ва афсинтин бидароранд ва сикангубинро бе ҳарос бидиҳанд. Гоҳе мумкин аст то охир ба бемор додани хиёршанбар бо оби бодиён, карафс ва равғани бодоми ширин кифоят кунад. Дурусташ ин аст, ки ҳар гоҳ ҳангоми муолаҷа вақти ковок кардану ҳал сохтан фаро расад, бо [доруҳои] холис ба ин корҳо иқдом накун, балки доруҳои ковоккунандаро бо доруҳои қабзкунанда биомез, зеро фақат ба як доруҳои ковоккунанда кифоят кардан хатари бузург дорад ва гоҳе ин доруҳо хоҳ ошомиданӣ бошанд, хоҳ аз берун молиданӣ, мумкин аст худованди [бемориро] ба сарҳадди марг бирасонанд ва меъда аз инҳо беш аз ҷигар зиён бинад.

пешина
аз 1215
навбатӣ