Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Доруҳои қабзкунандаи аз барои ин ғараз созгор онҳоеанд, ки мисли мастако ва гул дорои атрият буванд ва низ мозу, сукк, гулнор ва сарнавдаҳои дарахтон аз ҳамин қабиланд. Аз равғанҳо, масалан, равғани биҳӣ, равғани мастако, равғани нордин, равғани [169] себ ва равғани зайтуни норасида [ба шумор бираванд]. Балки гузашта аз ин андар тобистон ва ҳангоми оғози [беморӣ] бояд андар таркиби марҳамҳо равғани гул, равғани зайтуни норасида, равғани биҳӣ ва равғани себ, андар зимистон ва ҳангоми марҳалаи ҳал кардан равғани нордин ва андар миёни ин ҳолатҳо равғани шибит, равғани бобуна, равғани савсан ва равғани мастакоро ба кор баранд.
Сифати зимодҳое, ки андар оғоз, ҳангоми афзоиш ва андар поёни [беморӣ] хубанд: Сифати зимоди андар ин ҳангом ва пеш аз он судманд: як уқиягӣ аз орди ҷав, фуфил ва нилуфар, якуним уқия гул, ним уқия заъфарон, понздаҳ [уқия] бунафша, панҷ [уқия] касиро, даҳ [уқиягӣ] аз хитмӣ ва бобуна, понздаҳ [уқия] сандал, панҷ уқиягӣ мастако, ақоқиё ва гулнор ва аз мум ва равғани гул ба андозае бигиранд, ки онҳоро ҷамъ созад. Яке аз зимодҳои андар оғози омос хуб [зимоди зерин аст]: бехи савсан, шоҳафсар, мум ва равғани бунафша. Ҳангоми ниҳоят нарм будани шикам набояд зимод ниҳод, балки бояд нахуст онро муътадил сохта, сипас зимодро ба кор баранд. Яке аз зимодҳои ҳангоми ба анҷом расидани омос ва то паст шудани он судманд зимодест, ки нусхааш чунин аст: шукуфаи бобуна,363 шоҳафсар, афсинтини румӣ, сунбул, бехи хитмӣ, сандал, фуфил, заъфарон, донаи даҳмаст ва монанди инҳоро гирифта, онҳоро андар ибтидо бо доруҳои гиранда изофа кунанд ва ба охир бо доруҳои ҳалкунанда.
Дигар аз зимодҳое, ки аз барои пазонидани омосҳо ва мошарои ҳал шуданашон мурод хуб аст, зимоди зерин бувад: аз шохаҳои гул, шохаҳои афсинтин, шохаҳои ҳамешабаҳор, пӯсти беруни турунҷ, мастако ва кундур якуним бахшӣ, аз биҳӣ ва хурмои буср як бахшӣ, аз заъфарон, сабр ва мурр як бахшӣ ва аз мум, равғани бобуна ва равғани нордин даҳ бахшӣ бигиранд.
Агар сабаби падид омадани омосҳо дардҳои пешгузаштае бошанд, ки бояд бо доруҳои латифсозанда муолаҷа шаванд ва агар боиси омосидан гардида бошанд, бояд ба кор бурдани доруҳои латифсозандаро аз онҳо қатъ кунанд ва танҳо бо доруҳои оромкунандаи дардҳо аз қабили пиҳҳои мурғобию мурғ кифоят кунанд. Агар омос куҳан гардида бошад, [ба бемор] қурсҳои сунбул бидиҳанд ва бо зимоди муқл ва донаи бон, ки андар Қарободин ёд шудааст, зимод биниҳанд. Яке аз чизҳои андар ин ҳолат судманд мумравғанест, ки бо равғани баласон, сабр ва муми сафед сохта бошанд. [Низ] бояд мумравғани ҷолинусиро, ки андар боби заъфи меъда ёд шудааст, ба кор баранд. Зимоди шоҳафсар низ сахт судманд аст. Дигар ин, ки бобуна, тухми катон, гулнор, шоҳафсар ва хитмиро гирифта, аз инҳо зимод кунанд, гармибандӣ созанд ва бо пухтаковҳои онҳо дорурезӣ кунанд.
Яке аз доруҳое, ки аз барои ин [ғараз] биошоманд, чунин аст: даҳ [дирам] гул, ду дирам уд, се дирам мастако ва се дирамӣ аз тухми коснӣ ва зарпечак гирифта, ҳангоми омоси афрӯхта бо кофур биошоманд. Ё се истор хиёршанбарро гирифта, андар (330) як ратл об то ним шудани он биҷӯшонанд. Сипас онро биполанд ва бар вай як сукарраҷа оби рӯбоҳразак ва кокана афзуда, як сар биҷӯшонанд. Баъд ба он ним дирам ёраи фиқро ҳамроҳ карда, ба каси қавӣ ҳамаи онро ва ба каси заифҳол ними онро биошомонанд. Агар ба доруи аз ин қавитар эҳтиёҷ пайдо кунӣ, андар он шибит, тухми катон ва шанбалит биафзой. Агар ниёзманди аз он ҳам қавитар бошӣ, қадре аз тухми каранб, уша, мағзи устухони гавазн ва пиҳи мурғ ҳамроҳ кун. Гоҳе мумкин аст туро ба зимоди Филағриюс364 ва «зимоди зард» эҳтиёҷ афтад. Андар ин ҳангом гоҳе туро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба бемор қурсҳои муқл бидиҳӣ.
Яке аз марҳамҳои андар ин ҳангом судманд марҳамест, ки бад-ин сифат бувад: як уқиягӣ аз мум ва равғани нордин, як мисқолӣ аз мастако, сабр, мушки замин ва гӯргиё ва се дирам аз муқли андар шароб гудохтаро гирифта, ин доруҳоро ба тариқи марҳамсозӣ бо ҳам биомезанд. Агар андар ин миён исҳоле ҷой дошта бошад, мумкин аст туро эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо инҳо фишурдаи ғӯра, ё фишурдаи афсинтин ва ё ҳар дуро ҳамроҳ созӣ.
Яке аз хатоҳои бузург ин аст, ки замони ранҷоварии омосро ба дарозо кашида, онро ҳангоме пайваста бо доруҳои сардифизоянда муолаҷа кунанд, ки рӯ ба хуроҷ шудан оварда бошад ва онро аз пухтан боз доранд. Инро бояд ба эътибор гирифт. Гуфтаанд, ки агар шаддаи аз сангҳои босалис кашидаро ба гардан андозанд ва ба ҳадде бошад, ки ба меъда бисовад, ҳангоми дардҳо ва омосҳои он суди азим бахшад. Аммо агар омос ба реши ғарбелак ва ё хуроҷ табдил ёфта бошад, мо барои он боби ҷудогонае овардаем. Агар омос сафровӣ бошад, андар оғоз бояд бо зимодҳои сардиоварандаи маъруф ва омехта бо сандал, кофур, гул ва ғайра ниҳоят сардифизоӣ карда шавад ва [ба бемор] оби ҷав бо оби анори майхуше бидиҳанд, ки андар он харчангҳоро ҷӯшонида бошанд.365 Сипас баъди якчанд рӯзи ин корҳо оби ангури сагак ва оби коснӣ ба кор баранд. Баъд ҳангоми наздик расидани марҳалаи ахир бо оби ангури сагак ва оби коснӣ андаке оби бодиён ҳамроҳ кунанд.
Фасли дуввум андар баёни омосҳои сарди балғамӣ

Ин омосҳо, чунонки аз гуфторҳои гузашта медонӣ, аз рутубат, бадгуворӣ, кам варзиш кардан ва аз дигар сабабҳое бихезанд, ки зояндаи моддаҳои тар буда, онҳоро андар рӯдаҳову пардаҳо нигоҳ бидоранд.
Нишонаҳо: Ҳар гоҳ нишонаҳои омосро, ки аз қабили дарди ба ҳама гуна ҳолат устувор ва баромадагии меъда мебошанд, дарёбӣ ва сипас на таб, на афрӯхтагӣ ва на васваса ҷой надошта бошанд, балки даҳон об кушояд, ранги рӯй арзизӣ бигардад ва кам ташна шудан, бадгуворӣ ва камиштиҳоӣ ҷой дошта бошанд, пас, ин омос омоси балғамист.

пешина
аз 1215
навбатӣ