Қонуни тиб

Гоҳе аз барои решҳои меъда филуниё суд бахшад
ва низ қурсҳои каҳрабо хусусан ҳангоми хун қай кардан
нофеъ буванд. Аз барои ин [реш] ҳамаи руббҳои меваҳои қабзкунанда судманданд. Гоҳе рубби алафи гулӯдард ва рубби афсинтин нофеъ бошанд. Агар андар
меъда решҳо бошанд ва агар ба ягон сабаби тақозокунандае аз исҳол овардан чора набошад, бояд ба мисли
хиёршанбар барин чизҳо исҳол оварда шавад. Ҳар гоҳ
аз сабаби решҳо исҳол ба амал ояд, бояд бо қурсҳои табошир ва руббҳои қабзкунанда ва оби писти ҷӯшонида
муолаҷа кунанд. Агар хӯра ҷой дошта бошад, онро бо
чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар [боби] илоҷи хунпартоӣ ёд кардем.
Фасли шашум андар илоҷи табишҳои меъда
Онҳоро баъд аз поксозии эҳтиёткорона аз тариқи исҳол овардан бо чизҳое, ки ҳангоми решҳои меъда иҷозат аст, донаи анор бо мавиз ва шире суд бахшад, ки онро бо оҳани тофта пухта бошанд.
Ҳукми шикофтагии меъда: Аз касоне, ки меъдаашон шикофта бошад, ҷуз қисми каме ва он ҳам ба шарти камии шикофтагӣ наҷот нахоҳанд ёфт.367
Мақолаи панҷум
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ МЕЪДА АЗ ҶИҲАТИ ОН ЧИ КИ ФАРО
БИГИРАД ВА ОН ЧИ АЗ ОН БЕРУН ОЯД. БАЪЗЕ ЧИЗҲОИ ОИД БА
ҲОЛАТҲОИ МАРОҚ ВА ОН ЧИ КИ БАД-ОН ПАЙВАСТА АСТ
Фасли нахустин
андар баёни дамиш
Дамиш гоҳе ба сабаби он таоме падид ояд, ки рутубати бегона дошта, ин [рутубат] ба бод табдил ёбад ва гармӣ, агарчи муътадил бошад ҳам, он рутубатро аз ғайри
ба бод табдил додан ҳал кардан натавонад. Гоҳе ба сабаби гармии гуворандае ба амал ояд, ки нотавон бувад, зеро ғизо агарчи ба табъ ғайри дамишоваранда бошад ҳам,
вале агар гармӣ заиф бошад, онро бухор карда, бод падид орад. Бинобар ин моддае, ки андар гавҳари хеш чандон хусусияти дамоварӣ надорад, андар шикам дамиш
нахоҳад овард, магар гармиро кӯтоҳӣ бошад, ки онро биҷунбонад, вале нагуворад. Ҳамчунин ҳангоми тамоман
набудани гармӣ, агарчи чизи дамоваранда мавҷуд бошад
ҳам, дамиш ба амал наояд. Ҳар чизе, ки аз он дамиш ба
амал наояд, ё аз он сабаб аз он дамиш наояд, ки андар
гавҳари хеш аз он хусусият пок аст ва ё ин ки [дамиш наоварданаш] ба ду сабаби аз ғайраш буда вобаста аст: яке
фармонравоии гармӣ бар вай ва дигар сардие, ки ягон
чизро ба ҷунбиш наоварад. Гоҳе мумкин аст гармӣ барои
гувориш омода ва модда пазирои [гувориш] бошад, вале
гармӣ ба чизе аз қабили ошомидани (334) оби бисёр аз
болои [таом] ва ё ҳаракати [таомро] ҷунбонанда дучор
омада, ба сабаби онҳо аз уҳдаи гувориш баромадан натавонад. Гоҳе мумкин аст мизоҷи ғизо дамоваранда бувад,
чунонки лӯбиё, наск ва дигар чизҳо ҳамин тавранд. Андар ин ҳолат қавӣ будани қувват ва бартараф кардани
монеаҳои гувориш суд бахшидан натавонанд, магар ин
ки гармӣ сахт қавӣ ва модда ниҳоят кам бошад. Аз шаробҳо шароби ситабри ширин дамоваранда аст, вале на
шароби ширини тунук, зеро аз он боди латифе падид
ояд, ки ситабр нахоҳад буд. Гоҳе мумкин аст сабаби дамиш табиатан гарм будани таом бошад. Чунки ин гуна
[таом] ҳангоме ки ба вақти гувориш гарм мешавад ва аз
ҳоли билқувва гарм будан ба ҳоли билфеъл гарм будан
бармегардад, агар бо моддаи сарди таре дучор ояд, онро
ҳал карда, бухор бисозад. Гоҳе мумкин аст сабаби дамишу қароқур он бошад, ки шикам тиҳӣ буда, ба изофаи
ин андар меъда ва рӯдагон рутубати хоми обгинагуне вуҷуд дошта бошад. Ҳар гоҳ гармии табиӣ онро тарк карда ба [гуворидани] ғизоҳо машғул шавад, он [рутубат] ором хоҳад ёфт, вале агар як бахш гармӣ бо он машғул шавад, вайро ҳал карда, бод бигардонад. Гоҳе сабаби он чунин бошад, ки ҳар гоҳ табиат халое ёбад ва қувваҳо ҳаракат карда ҳавои андар фазоҳо рехтаро ба ҳаракат оранд ва баробари он боқимондаҳои бухорҳои рутубатҳо ҳаракат кунанд, ин монанди бодҳо хоҳад буд. Ё мумкин аст сабаби он бисёрии савдо ва бемориҳои испурч бувад.
Бисёр бошад, ки сардии аз берун ба тан воридшуда сабаби дамиш ва бодҳое бигардад, ки тан аз онҳо пур шавад, аз баҳри он ки [ин сардӣ] гармии андар модда коракунандаро заиф созад ва кори онро нимкора бигардонад.
Кори он пазонидани рутубатҳо ва ними он бухор сохтани онҳост. Ҳар гоҳ андар тиҳигоҳҳои касони нав аз беморӣ бархоста дамиши зиёд ба амал ояд, аз кандашавӣ огоҳӣ диҳад.
Бештари иллати мароққӣ ба сабаби шиддати гармии меъда ва банд гардидани роҳҳои ғизо ба сӯи тан падид ояд, ки бар асари ин [бандшавӣ ғизо] пас гашта, андар ноҳияҳои меъда ҳабс шавад ва хусусан, агар ба анбозии испурч бошад, оруғи туруш оварда, боиси падид омадани кундии дандон бигардад. [Низ] бироз тар ва хун ситабр бигарданд. Гоҳе мумкин аст андар он ҷой омосе ҷой дошта бошад, ки бухори сӯзандаи савдовӣ бароварда, боиси падид омадани молихулиё шавад.
Нишонаҳо: Агар сабаби зода шудани боду дамиш гавҳари таом бошад, рӯ овардан ба шинохтани гавҳари чизи хӯрда шуда, чандон зиёд набудани дамиш, гоҳ-гоҳ ба амал омадани он, ҳангоми ғизои хуб тамоман ба амал наомадан ва бо як-ду бор оруғ овардан паст шудани шиддати он аз онҳо далолат хоҳанд кард. Ҳамчунин, агар сабаби он хато дар тадбири ғизо буда, аз болои он об ошомида бошанд, ё ҳаракати меъдаро ҷунбонанда карда бошанд ва умуман агар ягон кори мухолифи қувваи гуворанда карда бошанд, ҳамаи инҳо аз тариқи вуҷуд доштани сабаб ва баробари тағйир ёфтани тадбир аз байн рафтани дамиш шинохта шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор