Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фарқи миёни дамиши савдовӣ ва дамише, ки аз хилтҳои тари хом падид ояд, ин аст, ки дамиши савдовӣ хушк бувад ва дигарӣ бо рутубатҳо. Нишонаҳои дамиши аз дигар сабабҳо падидоянда вуҷуд доштани худи он сабабҳост.
Илоҷ: Агар сабаби дамиш таоми дамишоваранда бошад, онро ба қасди дигараш тарк кунанд, тартиби минбаъдаи ғизоро беҳ кунанд ва гуворишро ҳеч халале нарасонанд. Пеш аз он ки [дамиш] ба амал ояд, бояд худованди он шикамро бар болои болине монда бихобад, ки бо ягон чизи гармкунанда аз қабили пунба оганда бошад. Агар сабаби он сардии меъда ва заъфи он бошад, бо доруҳои лозимие муолаҷа кунанд, ки андар боби он ёд кардем ва бо равғане равғанмолӣ кунанд, ки андар он доруҳои латифсозандаи шиканандаи бодҳо аз қабили нонхоҳ, кошим ва зира ҷӯшонида бошанд. Агар ба доруи аз ин ҳам қавитар эҳтиёҷ бошад, судобу тухми он, донаи даҳмаст, ангудон ва сисолиюс ба кор баранд ва бояд равғанаш равғани даҳмаст, равғани беданҷир ва монанди инҳо бошанд. Гоҳе агар нахуст ба андом368 равғане бимоланд, ки бо вай шибит ва дигар чизҳои ба ҳамин равишбуда омехта бошанд ва сипас марҳами сахт ҳалкунандае ниҳанд, ки аз зуфо, шибит, оби хокистар ва монанди инҳо сохта бошанд, инро кифоят кунад. Ё мумкин аст ба ҳуқнарезӣ кардан бо ҳамин гуна равғанҳо эҳтиёҷ афтад ва гоҳе андар он зифт биафзоянд. Агар сардӣ аз сабаби моддаи ситабр бошад, ин гуна доруҳоро ба бемор наошомонанд, зеро инҳо мумкин аст боиси бодангезӣ шаванд, балки бояд нахуст моддаро пок кунанд ва сипас онҳоро ба бемор бидиҳанд. Агар сардӣ сода бошад ва ё модда кам бошад, ба ин парво накунем, балки доруҳоро ба бемор додан бигирем. Яке аз чизҳое, ки ба [бемор] бидиҳем ва он суди бузург дорад, ин аст, ки як даста (335) гесугунаро гирифта, андар об сахт биҷӯшонанд ва сипас аз он ба бемор бидиҳанд. Ё ҷӯшонидаи пудинаи рӯдиро бо ангубин омехта, аз он биошоманд. Ҷӯшонидаи хуланҷон ва худи он, чунонки ҳаст, сахт судманд бувад. Хуланҷони омехта бо сикангубине [низ хуб аст], ки аз он мисли нахӯд ҳаббҳо сохта бошанд.
Як ошомидании он як мисқол ва бо оби гарм бувад. Ин яке аз доруҳоест, ки бодро бештару рутубатро камтар биронад. Яке аз чизҳое, ки ҳангоми дамиши ниҳоят сахт суди бузург бахшад, гунди бедастар аст, ки онро бо сиркои омехта бо оби гул ва равғани зайтуни куҳан ва хусусан бо сиркои ангудон ва ё унсул ба бемор бидиҳанд. Гуфтаанд, ки шитоланги сӯхтаи хук аз барои ин хуб аст. Гоҳе андар муолаҷаи намуди сабуки он мумкин аст туро чунин тадбир кифоят бошад, ки ба бемор аз болои таоми андак шароби холис бидиҳӣ. [Бемор] онро ошомида, бихобад ва чун аз хоб бихезад, аз газанд раҳо ёфта бошад.
Як чарбе, ки аз барои [дамиш] судманд аст: Сиёҳдона, донаи даҳмаст ва судобро андар шароб хуб биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас ба андозаи ними шароб андар он равған афканда, то боқӣ мондани равған онҳоро биҷӯшонанд ва баъд онро гирифта, чарб кунанд. Равғани сиёҳдона низ чунин [таъсир] дорад. Бархе гуфтаанд, ки ҷамисфарам аз барои кӯдаконе, ки шикамашон дамиш меоварад, сахт судманд аст. Дамиши доманадори савдовиро, масалан, бо саҷазаниё, фандодиқун ва нонхоҳ муолаҷа кунанд. Агар ба истифроғи қавӣ эҳтиёҷ афтад, ҳабби «бадбӯй»-ро ба кор бар ва бар [меъда] исфанҷи андар сиркои ниҳоят тез таркардаро бинеҳ. Аз ҳама беҳтараш сиркои ангудон аст.
Фасли дуввум андар баёни қароқури [шикам]

Айни ҳамаи сабабҳои дамиш сабабҳои қароқур буванд. Ҳар гоҳ ин сабабҳо дамиш ба амал оваранд ва табиат бикӯшад, [172] ки он бодҳоро биронад, вале онҳо гардан наниҳанд ва на боло ва на ба фурӯсӯ ронда нашаванд, балки андар рӯдаҳо ҷунбида биистанд, қароқур ба амал хоҳад омад. Ин хусусан ҳангоме рӯй диҳад, ки он бодҳо андар рӯдагони борики танггузар ҷой дошта бошанд. Ҳар гоҳ аз он рӯдаҳо ҷудо шуда ба фазои рӯдагони ситабр гузаранд, қароқур паст шуда, коҳиш ёбад.
Лекин садои он андар ин ҳолат гаронтар ва ба изофаи он камтар бошад, вале андар рӯдагони борик садо ба иловаи зиёд будан борик ояд. Ҳар гоҳ он бодҳо бо рутубатҳо биомезанд, [садои] онҳо равшан набошад, вале агар онҳо фазои кушод ёбанд ва пухта шуда, [ғизоро] ҷунбонидан гиранд, [садои] бақ-бақ хоҳанд баровард.
Равшании садо бар покии рӯдаҳо ва хушкии бирози онҳо далолат кунад. Илоҷи қароқур қавитар аз илоҷи дамиш бувад. Ҳар кӣ андар шикам бод ҳис кунад ва ба изофаи он андаке таб бошад, ба ҷои пониз оби зираро бо тарангубин биошомад.
Фасли севвум андар баёни ҲАМВОРӢ ва лағжонии меъда

Ин гоҳе ба сабаби мизоҷи гарми бо моддаи тез будае ба амал ояд, ки он [модда] ба сабаби меъдаро сӯзонданаш таомро билағжонад. [Лағжонӣ] ба нудрат аз сабаби бадмизоҷии гарми содае ба амал ояд, ки қувваи нигоҳдорандаро афсурда карда бошад. Гоҳе мумкин аст ба сабаби бадмизоҷие ба амал ояд, ки бо моддаи лағжонанда бошад ва ё аз ғайри моддаи [лағжонанда] бувад.
Ё мумкин аст ба сабаби решҳои меъда буда, аз чизҳои ба сӯяш расида озор бинад ва барои рондани он ҳаракат кунад. Гоҳе аз сабаби заъфе бошад, ки қувваи нигоҳдорандаро расида бошад. Ҳар гоҳ баъд аз лағжонии меъдаву рӯдаҳо ва ҳамвории онҳо оруғи туруш ояд, чунонки Буқрот гуфтааст, ин нишонаи хуб аст ва гувоҳӣ аз он диҳад, ки гармии хомӯшшуда баланд шуда истодааст, зеро агар гармӣ набошад, бод ба амал наояд ва оруғ ҳам нахоҳад буд.
Нишонаҳо: Нишонаҳои ин машҳуранд ва ба такрори онҳо эҳтиёҷ нест.
Илоҷ: Агар сабабаш бадмизоҷии гарми бо модда бошад, бояд хилтро ба нармӣ берун кард ва баъди он руббҳои меваҳои гиранда ва оби писти ҷавро бо говарс ҷӯшонида, ба кор баранд. Агар ин ҳол дер давом кунад, ба ошомидани мисли дӯғи говие эҳтиёҷ афтад, ки онро ҷӯшонида бошанд ва ё андар он оҳану сангчаҳои [тофтаро] хомӯш сохта бошанд. Онро омехта бо доруҳои қабзкунандае аз қабили табошир, гул, каҳрабо, гулнор, қараз ва таросис [ба кор баранд].

пешина
аз 1215
навбатӣ