Қонуни тиб

Аз ҳама заифтари инҳо тухми хашхош ва тухми коҳуст ва пӯсти [хашхош] ва хусусан (344) [пӯсти] хашхоши сиёҳ қавитар бувад. Баъди онҳо пӯсти бехи луффоҳи баррӣ биистад ва афюн аз он қавитар аст. Андаке аз он хусусан бо доруҳои тарёкии атрие, ки ба заҳрнокии он муқовамат кунанд, судманд ва беосеб бувад.
Яке аз доруҳои мураккабе, ки аз барои [қай] хуб аст, доруи зерини мо сохта мебошад: аз ҳар кадоми пӯстҳои писта, сукк, гул ва тухми гул як бахшӣ, аз подзаҳр ним бахш ва агар ёфт нашавад, ба ҷои он як бахш зурунбод, аз афюн ду сеяки як бахш ва аз уди хом ним бахш гирифта, қурс бисозанд. Як ошомидании он то як мисқол бувад. Яке аз доруҳои ошомидании аз барои ин ғараз хуб, ки аз мост, чунин аст: аз ҳар кадоми биҳӣ ва хурмои қасб як бахшӣ, аз тухми хашхош сеяки як бахш, аз пӯсти хашхош ҳаштяки як бахш, аз пӯстҳои бехи луффоҳ сеяки даҳяк бахш, аз уди хом чаҳоряки даҳяк бахш, аз оби наъно ба андозае, ки ҳамаи инҳоро бипӯшонад, аз оби гул ба андозае, ки як ангушт боло бошад ва аз оби себ се баробари ҳар ду оби дигар гирифта, бояд ҳамаро оҳиста, нарм ва то нарм шудани қасб ва биҳӣ биҷӯшонанд. Сипас обро равшан карда, каме онро оҳиста [аз тариқи ҷӯшонидан] баста созанд ва аз он ба бемор бидиҳанд. Ҳар гоҳ [ба бемор] доруҳои карахткунанда бидиҳанд, бояд пайваста атр бибӯёнанд ва чун бихобад, хушбӯии дилкаш аз пешаш ҳеҷ дур набошад.
Агар хушбӯиро бад бинад, чизи дигаре ба кор баранд.
Қурсҳои аморисус,379 чунонки Ҷолинус шаҳодат додааст, аз барои ин ғараз судманданд ва онҳо андар таркиби хеш ҳамаи моддаҳоеро ҷамъ сохтаанд, ки аз барои муолаҷаи қай ва хусусан қаи ба сабаби хилти зардобӣ буда заруранд. Ин қурсҳо, чунонки андар Қарободин навишта шудааст, тарёки [қай] буванд. Ҷолинус гӯяд:
«Анисун ва тухми карафс аз барои хушбӯйӣ ва ғизоӣ, афсинтин аз барои зудоиш, фурӯ хамонидани хилт ва қавӣ сохтану мустаҳкам кардани даҳони меъда, дорчинӣ аз барои бо атрияти худ зидди римнокӣ будан ва онро то андозае ислоҳ кардану ҳал сохтан (зеро вай дорои атриятест, ки ҳар гуна андоми асабнокро созгор аст), афюн аз барои хоб овардану карахт кардан ва гунди бедастар барои бартараф кардани фасоди афюн ва зиёну заҳрнокии он андар таркиби [ин қурс] бидароянд». Курсҳои «ситора» андар ин гуна ҳолат ниҳоят судманданд.
Агар маниши гаштан аз сабаби сустии меъда бошад, бо гардонидан ором нахоҳад шуд ва набояд ба ситам қай овард, балки агар худ ба худ қай ояд, мумкин аст суд бахшад. Гоҳе онро писти ҷави хурдкарда380 фурӯ нишонад. Ҳар кӣ андар баҳор пайваста таҳаввуъ ҳис кунад ва қай кардан хусусан андар ин гуна фасл вайро одат шуда бошад, бигузор бо нон андаке ба миқдори чаҳор дирам пиёзи наргис бихӯрад ва сипас оби гарм ва ё сикангубин биошомад. Аз пиёзи наргис бисёр ба кор набояд бурд, зеро он ташаннуҷ ба амал оварад.
Фасли ҳаштум
андар илоҷи хун қай кардан
Агар пай барӣ, ки реш аст, онро бо чизҳое муолаҷа кун, ки медонӣ, агар пай барӣ, ки хуни бинии [ба сӯи андарун] рафта аст, сабаби онро бартараф кун ва агар пай барӣ, ки аз пурист, [хунро] коҳиш бидеҳ. Гоҳе баъд аз гирифтани ду ратл хун туро ба раг задани дигари танге эҳтиёҷ афтад. Агар [қаи хунӣ] сахт ояд ва хусусан агар сабаби он ошомидани доруи гарм бошад, дасту пойҳоро сахт бандпеч бикун. Гоҳе ҳангоми қаи ба сабаби дору буда ба бемор то чаҳор қутулӣ шароби бо шири нав дӯшида омехтаро кам-кам бидиҳанд. Сипас ба ӯ сикангубини бо барф сард гардонида ошомонанд. Яке аз доруҳои аз барои боз доштани қаи хунӣ санҷидашуда доруи мураккаби зерин аст, ки аз барои боз доштани хун ниҳоят зиёд санҷидашуда бувад: ақоқиё, тухми гул, гили набишта, гулнор, афюн, тухми банг ва самғи арабиро гирифта, бо фишурдаи «забони барра» ва ё фишурдаи садпайванд сиришта, онро бо сиркои бисёр омехта ва ё агар кашида шудани хун ба сӯи меъда зиёд бошад, бо оби «забони барра» ба бемор бидиҳанд. Як ошомидании он аз ним мисқол то як дирам бувад. Аз барои [қаи хун] ошомидани руббҳои қабзкунанда аз ҷумла рубби гавз ва доруҳои мураккабе судманданд, ки андар Қарободин ёд шудаанд. Яке аз илоҷҳои осон ин аст, ки аз мозу ва гулнор як бахшӣ гирифта, ду мисқоли онро бо як қирот афюн ва бо оби «забони барра» [ба бемор] бидиҳанд.
Фасли нуҳум андар баёни тоса ва нороҳатии меъдавӣ
Гоҳе аз сабаби меъда тоса ва нороҳатӣ ба вуҷуд омада, аз он бемор андӯҳгин шавад ва ӯро эҳтиёҷи аз як вазъ ба вазъи дигар гузаштан падид ояд. Гоҳе ӯро хафақон ёр шавад ва ё баробари он чизе ориз шавад, ки худованди он (З45) сабаби онро донистан натавонад.
Гоҳе аз паси он садар ва гижа ба амал оянд ва гоҳи дигар андар ин ҳангом рангаш бигардад. Ин ба ҳақиқат оғози маниши гаштан аст. Гоҳе ҳамроҳи он маниши гаштан ҷой дошта бошад ва гоҳе мумкин аст, ба маниши гаштан табдил ёбад. Сабаби ин моддаи маниши гаштан ва хусусан он моддаест, ки ҷабида шудааст. Ин модда то даме, ки андар ҳоли ҷабидагӣ боқист, тоса падид орад ва ҳар гоҳ ки андар даҳони меъда ҷамъ ояд, маниши гаштан ба амал орад. Меъдаро баъд аз он ки табиат андар кори ин хилт ҳайрон бимонад, рондани он душвор бошад. Гоҳе бақияи бӯйҳои моддаҳои таркиби доруҳои қайоваранда ва исҳоловаранда низ тоса оварад.
Андар ин ҳангом бояд [ба бемор] рубби биҳӣ, рубби ғӯра ва монанди инҳо дода шавад. Ҳар чи аз қабили меваҳо ва себи ширин андар меъда ба ҷӯш ояд, ин боиси тоса бигардад. Оби сарде, ки бемаҳал ошомида шавад, тоса хоҳад овард. Ҳангоми табҳо аксар вақт ин сабаби афзоиши таб бигардад ва бинобар ин ҳангоми таб набояд [чизе] ошомид, магар оби гарм.
Илоҷ: Андаки онро хамри ними баробараш об ва омехта бо ягон чизи қависозанда, ё бо оби ангубин ва ё бо ягон чизи муътадилсозандаи хилти бад бартараф кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор