Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бисёри он эҳтиёҷ ба доруҳои маниши гаштан дорад. Агар тоса аз сабаби гармӣ ва хилти гарм бошад (ин аз ҳама бештар рӯй диҳад), доруҳои сардгардонандаи тар ва тилоҳои аз онҳо ва аз сандал, кофур ва гул сохташуда онро фурӯ нишонанд. Яке аз [177] чизҳои андар ин бобат санҷидашуда зимодест, ки аз пӯсти каду, хурфа ва писти ҷав бо сирко ва об созанд. Инро бар меъда ва ҷигар зимод кунанд. Ҳар гоҳ агар тоса ба ифрот бирасад, бо сандал, гули сурх ва монанди инҳо зимод ниҳанд. Барои чунин беморон оби бодранги зарди пӯсташ гирифтаеро тавсиф кардаанд, ки онро бо гулоб, андаке табарзад ва як дирам табошир ба кор баранд. Яке аз чизҳое, ки тосаи меъдавиро шифо бахшад, писти [ҷави] далида, хусусан бо донаи анор мебошад ва бояд он ношуста бошад. Фуққоъи аз донаи анор бе дегафзорҳо сохташуда ва рубби биҳӣ [низ хубанд]. Агар маниши гаштан набошад, шаробро тамоман ба кор набар. Оби [ба бемор медодаро] бо хурмои ҳиндӣ ва ё бо шароби куҳани себ, ки он фазлаҳоро ҳал кунад, биомезанд.
Хуне, ки андар меъда ва рӯдаҳо банд гардидааст:
Ду ва ё се дирам сипандони бобулии сафедро гирифта, бо оби гарм [ба бемор] бидиҳанд. Агар хун баста шуда бошад, ба бемор оби ҳошо ва инчунин панирмояи харгӯш бидиҳанд.
Илоҷи баста шудани шир андар меъда: Ба бемор ба миқдори ду уқия панирмояи харгӯш ва ё оби наъное бидиҳанд, ки андар он ду дирам намаки нимкӯфта афканда бошанд.
Фасли даҳум андар баёни ҳукак

Ҳукак ҳаракати гуногунест, ки аз ҳаракати ташаннуҷии дарҳам кашидашаванда ва ҳаракати кашидашавии аз ҳам бозшаванда иборат буда, андар даҳони меъда, ё ҳамаи ҷирми он ва ё сурхной падид ояд. Ҳар гоҳ ягон озордиҳандае вуҷуд дошта бошад, [меъда] андар хеш ҷамъ шуда, гӯё аз он мегурехта бошад ва барои ҳаракати якборае, ки баъди он ба амал ояд, омода бигардад. Ин мисли он аст, ки агар ягон кас ҷастан бихоҳад, [нахуст] ба ақиб рафта, сипас биҷаҳад. Ҳукак ба ваҷҳе ба ҳаракати сурфае шабеҳ аст, ки андар шуш ва ҳиҷоб барои рондани хилт ба амал ояд. Агар ягон озордиҳандае набошад, балки аз тариқи ба ифрот расидани хушкӣ ба амал ояд, хушкӣ ҳаракати шабеҳ ба ташаннуҷ ва табиат ҳаракати шабеҳ ба аз ҳам бозшавӣ ба амал оваранд ва [табиат] ба он итоат накарда, бо он рӯбарӯ шавад.
Аксар вақт ҳукак ба ягон сабаби озордиҳандае даҳони меъдаро ориз бигардад, чунонки даҳони меъдаро ба сабаби озордиҳанда ва хусусан ҳангоме паридан ориз гардад, ки агар меъда хушк бошад ва таҳаммули камтарин озурдагиро надошта бошад.
Гоҳе ҳукак ба анбозии [дигар андомҳо] ба амал ояд ва гоҳе аз паси қай бад-он сабаб падид ояд, ки қай даҳони меъдаро зиён расонида бошад ва ё хилти каме аз он андар даҳони меъда боқӣ монда, бо қай берун нашуда бошад. Ҳамчунин мумкин аст ҳукак ба сабаби банд шудани қай ва бар чунин ҳол сабр кардан падид ояд. Андар ин ҳол ҳаракати ихтиёрӣ ва ҳаракати бештари бахшҳои меъда қатъ шаванд, вале ҳаракати даҳони меъда ба сабаби ҳисси қавӣ доштан ва аз моддаи ангехташуда сахт

озор дидан боқӣ бимонад. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки ҳаракати ҳукак қавитар аз ҳаракати қай аст, зеро қай чизи андар тиҳигоҳи меъда рехтаро биронад ва ҳукак чизи часпидаро биронад. Вале ин дуруст нест, зеро на ҳар гуна қай ва таҳаввуъ аз сабаби чизи рехташуда ба амал ояд ва низ (346) ҳар чизе, ки ягон чизро биронад, набояд аз чизе, ки наронад ва аз чизе, ки бикӯшад, вале рондан натавонад, сусттар бошад. Баръакс, ҳукак ҳаракатест, ки сусттар аз ҳаракати қай бувад ва он гӯё ҳаракати рӯ ба қай овардан буда, вале заиф бошад. Бинобар ин андар бештари ҳол нахуст ҳукак ба амал ояд ва сипас ба қай табдил ёбад. Мисли ин аст, ки ҳаракат ҳангоми расидани сабаби ҳукак камтар аст, зеро сабаб камтар озордиҳанда бошад ва ҳар гоҳ ҳолат ба шитоб афтад ва ҳаракат шиддат ёбад, [ҳукак] ба қай табдил шавад.
Аммо тафсили он чи ки ба сабаби расидани ягон озоре ба даҳони меъда боиси андар он падид омадани ҳукак мегардад, ба таврест, ки мо бигӯем: Ин ё мумкин аст ба сабаби чизе ба амал ояд, ки бо сардии худ даҳони меъдаро озор диҳад, чунонки бархе аз ҳукак ҳангоми табларза, ҳангоми ҳавои сард, аз хилтҳои сардиоваранда ва ё аз ягон сардие ориз шавад, ки андар мизоҷи даҳони меъда устувор гардида, қабзу ташаннуҷ оварад ва ин гуна ҳукак бисёр вақт бачагону кӯдаконро падид ояд. Сардӣ аз се рӯй боиси ҳукак бигардад: якум аз ҷиҳати боқӣ мондани моддаи хеш; дуввум аз ҷиҳати сӯзиши сардии худ ва зиддият нишон додан бо кайфияти аз ҳадди иътидол гузаштаи худ; ва севвум аз ҷиҳати он, ки масомро қабз ва фишурда карда, андар фароғиҳои лиф чизеро банд бисозад, ки мебоист аз тариқи таҳлил берун шавад.
Ҳукак ё мумкин аст аз чизе падид ояд, ки бо гармии худ озордиҳанда аст, чунонки ҳангоми табҳои сӯзон аз сабаби ташаннуҷи даҳони меъда ба амал ояд. Ё мумкин аст аз сабаби чизе падид ояд, ки ба сабаби газандагии худ озордиҳанда аст, чунонки аз ошомидани хардал ва [маъҷуни] мурчӣ (фалофилӣ), рехтани хилтҳои римӣ, ошомидани доруҳои сӯзонандае мисли [маъҷуни] мурчӣ бо шароб, хусусан ҳангоми дуруст будани ҳисси меъда ва ё заъиф будани гавҳари даҳони он чунин ҳукак ба амал ояд. Аз ҳамин қабил озордиҳандагон [низ] таоми табаҳшудаест, ки ба кайфияти сӯзонанда табдил ёфта бошад. Ин гуна [ҳукак] кӯдаконро бисёр рӯй диҳад. Аз рехтани заҳра андар даҳони меъда низ [ҳукак] падид ояд, чунонки ҳар гоҳ заҳра ҳангоми буҳронҳо ба сӯи сари меъда барояд, то ки табиат онро аз тариқи қай берун оварад, [чунин ҳол ориз бигардад]. Ё мумкин аст аз сабаби боде ба амал ояд, ки андар даҳони меъда ва табақаҳои он ва ё андар сурхной банд гардида бошад ва аз гармии бухоркунандае падид омадааст, ки онро ҳал кардан натавонистааст. Ё ҳукак мумкин аст аз сабаби чизе ба амал ояд, ки бо гаронии худ озордиҳанда бошад, чунонки аз пурӣ чунин ҳол рӯй диҳад. Ин намудҳои он ҳукаке буданд, ки аз сабаби озордиҳанда ориз гардад.
Аммо ҳукаке, ки аз хушкӣ ба амал ояд, гоҳе мумкин аст аз хушкии зиёди ташаннуҷоваранда падид ояд, чунонки ҳангоми табҳои сӯзон, истифроғҳои хушконанда ва гуруснагии дуру дароз чунин бошад. Ин гуна [ҳукак] далели хатар аст. Гоҳе мумкин аст аз хушкие ба амал ояд, ки мустаҳкам нашудааст ва инро камтарин тарӣ суд бахшад ва бартараф кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ