Қонуни тиб

Мизоҷи хушки табиӣ. Нишонаҳои он камии хун ва ситабрии он, сахтии рагҳои варидӣ, хушкии ҳамаи тан, сахтии мӯй ва гесугунагии он буванд. Тарии дил хушкии ҷигарро ба андозаи қобили эътибор дарёфт намекунад, балки онро тамоман мағлуб намесозад, лекин хушкии ҷигар рутубати дилро ниҳоят мағлуб бисозад ва гармии дил рутубати ҷигарро ба андозаи расо фурӯ нишонад.
Мизоҷи тари табиӣ. Нишонаҳояш зидди нишонаҳои [пеш аз ин ёд] шудаанд. Дил бо хушкии худ мумкин аст рутубати ҷигарро кам саришта кунад, лекин рутубати он хушкии дилро ба таври қавӣ мағлуб хоҳад сохт.
Мизоҷи гарми хушки табиӣ. Нишонаҳояш инҳост:
хуни ситабр; бисёрии мӯи сиёҳ ба наздики сарҳои паҳлуҳо; фарохии рагҳои варидӣ (353) ва пурию сахтии онҳо; бисёрии зоиши сафро ва савдо андар поёни синни барноӣ; гармии тан ва сахтии он ба шарте, ки дил мухолифи ин [далолат] набошад.
Мизоҷи гарми тари табиӣ. Ниҳоят фузунии хун, хубии қивоми он, сахт фарох будани рагҳои варидӣ ва изофа ба ин нарм будани онҳо, бидуни зардӣ сурх будани ранг, мӯи бисёр бар сарҳои паҳлуҳо, вале камтар аз оне, ки ба ҳангоми мизоҷи гарми хушк ҷой дорад ва на бад-он андоза зичу гесугуна ва ба сабаби гармию тарии худ нарм будани тан бар ин мизоҷ далолат кунанд. Агар гармӣ ғолиб бошад, тан дуруст боқӣ бимонад, вале агар рутубат ғолибтар бошад, зуд ба бемориҳои уфунатӣ гирифтор хоҳад шуд.
Мизоҷи сарди хушки табиӣ. Камии хун, камии гармии хун ва тан, тангии рагҳо, ноаён будан ва сахтии онҳо, камии мӯй бар мароқ ва хушкии тамоми тан бар ин [мизоҷ] далолат кунанд.
Мизоҷи сарди тари [табиӣ]. Нишонаҳояш аз ҳама ҷиҳат зидди нишонаҳои мизоҷи гарми хушканд.
Фасли чаҳорум андар баёни бемориҳои ҷигар
Андар гавҳари хоси ҷигар бемориҳои мизоҷ, бемориҳои таркиб, омосҳо, хусусан ба наздики парда дамидагиҳое, ки аз назди фазои [сина], гурда ва ҳиҷоб бикафанд ва дигар [бемориҳое] рӯй диҳанд, ки мо онҳоро боб ба боб ёд хоҳем кард. Ҷигар гоҳе порашавиеро аз сар бигузаронад, ки бузургтар аз [порашавии] андомҳои дигар бувад ва агар ҳангоми он аз раги бузург хунравӣ ба амал наояд, аз ин бими зуд ҳалок шудан нахоҳад буд. Гоҳе ҷигарро бемориҳои ба анбозӣ ва хусусан [ба анбозӣ] бо меъда, испурч, заҳрадон, гурда, ҳиҷоб, шуш, мосориқо ва рӯдагони хусусан борик рӯй диҳанд. Меъда, испурч, заҳрадон, мосориқо ва рӯдаҳоро нахуст рагҳое анбозӣ кунанд, ки ба бари фурӯрафтаи ҷигар пайвастаанд, сипас зиёни онҳо ба ҷигар гузашта, гоҳе мумкин аст андар он устувор бигардад. Бо ҳиҷоб, шуш ва гурда нахуст рагҳои бахши кӯжии [ҷигар] анбозӣ кунанд, сипас [зиёни онҳо] ба ҷигар гузашта, мумкин аст андар он ҷойгир шавад.
Бештари анбозие, ки биафтад, ба сабаби фасоди гувориш аз сӯи меъда биафтад ва таом ногуворида ронда шавад.
Албатта, ин ба шартест, ки ягон сабаби дигар набошад.
Ҳангоми бемориҳои бахши кӯжӣ моддаҳои онҳо аксар вақт аз тариқи рехтани пешоб, ба амал омадани хуни бинӣ ва аз тариқи арақ кардан ронда шаванд. Ҳангоми бемориҳои бари фурӯрафта [берун рафтани моддаҳояшон] аз тариқи исҳол, қаи сафровӣ, қаи хунӣ ва аксар вақт аз тариқи арақ кардан ба амал ояд5.
Фасли панҷум андар баёни далелҳои бадмизоҷии ҷигар
Бадмизоҷии гарм. Нишонаҳояш инҳост: ташнагии сахте, ки бо ошомидани об қатъ нагардад; камии иштиҳои таом; афрӯхтагӣ; зардӣ ва рангнокии пешоб; тезӣ ва думодумии набз; табҳо; сӯхтани хуну гӯшт; аз чизҳои гарм озор дидан. Баъди он гудохташавӣ ба амал омада, нахуст хилтҳо, сипас гӯшти ҷигар [бигудозанд].
Баъди он реши рӯдаҳо ориз бигардад. Ҳангоми чунин [бадмизоҷӣ] гоҳе табиат аз ғайри дард кардани паҳлуҳо ва ё ягон гароние хушк шавад ва бисёр бошад, ки қаи зард, сурх ва сабзи ганданоӣ ояд. Баробари он, хусусан агар мизоҷ бо модда бошад, бисёр вақт бирози зарданок берун ояд, вале агар [модда] набошад, хун кам, забон дурушт ва тан лоғар бигарданд. Гоҳе аз тариқи синну сол, одат, пеша ва тадбири [ғизо] бад-ин гуна [бадмизоҷӣ] огоҳӣ пайдо кунанд. Миёнаи он сафро ва ба ифрот будаи он савдо ва бемориҳои савдовии аз қабили молихулиё, ҷунун ва монанди инҳо бизоянд. Ҳар гоҳ баробари афтодагии иштиҳо исҳоли ба оби гӯштшуста монанд оғоз ёбад, аксар вақт ин ба иллати он заъфи ҷигаре бошад, ки аз сабаби мизоҷи гарм падид ояд. Андар бештари ҳол бироз хушки сӯхта бувад, вале [бадмизоҷӣ] ба андозаи сӯхтани хун, хилтҳо ва бахши гӯштии ҷигар ва ба исҳол берун овардани онҳо нарасида бошад. Агар ба сӯзонидани хун оғоз кунад, бироз мисли дурди шароб бигардад. Ҳар гоҳ, агар андар ҷигар сӯхтагие ё омосе ва ё реши ғарбелаке ҷой дошта бошад, сипас ҳамроҳи бироз ягон чизи сиёҳи ситабр берун ояд, ин аз баҳри он чунин бошад, ки гӯшти ҷигар мумкин аст гандида бошад. На ҳар гуна чизи сиёҳи беруноянда бад бувад. Гоҳе мумкин аст [бирози] ба оби гӯштшуста монанд ва римии обакӣ ояд, сипас ситабр гардида, сиёҳи ситабр ва бадбӯй шавад, чунонки худованди ваборо чунин бошад. Гоҳе баъд аз [бирози] римӣ (354) хун, сипас савдои тунук берун ояд.
Бадмизоҷии сард. Нишонааш сафедии забону лабҳо, камхунӣ, ба душворӣ ҷорӣ шудани он, бисёрии балғам, камии ташнагӣ, табоҳии ранг ва беравнақии он бувад. Ранг гоҳе сиёҳ шуда, ба сабзӣ бигарояд ва гоҳе зард шуда, ба пистагӣ бизанад. Низ ба сабаби афсурдагӣ пешоб сафеди балғамии ситабр бигардад, набз суст шавад, гуруснагӣ шиддат ёбад, зеро гуруснагӣ танҳо аз меъда нест ва хуб дарёфтани таом кам бигардад. Ҳар гоҳ сардӣ ба ғоят бирасад, иштиҳоро нест кунад. Бироз гоҳе хушки бебӯй бошад ва гоҳе ба сабаби заъфи кашиш тар буда, ба сафедӣ бигарояд ва камбӯй бувад. Гоҳе ҳангоми [чунин бадмизоҷӣ] бироз тунук шуда тар бигардад, вале ин ҳол пайваста давом нахоҳад кард ва андар ин ҳангом дарунрав чандон зиёд рӯй надиҳад, агарчи навбатҳои он ва ориз шуданаш бисёр тӯл кашанд ва андар поёни [навбати дарунрав] чизе чун хуни гандида берун ояд, ки мисли хуни гудохта набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор