Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Тафсили ҷиҳатҳои ин далелҳо: Огоҳие, ки аз тариқи басовандагӣ бигиранд, бад-ин гуна аст, ки гармии ба ҳис андарёфтаи ноҳияи [ҷигар] бар мизоҷи гарм, сардӣ бар мизоҷи сард, сахтӣ бар сахтии ҷигар ва ё омоси сахти он, дамидагии он бар омос ва ё дамиш, ҳилолшакл будани дамидагии аз он дарёфта бар будани ин дамидагӣ андар худи ҷигар ва дарозрӯягӣ ва бар дигар шаклҳо будани дамидагӣ бар будани ин дамидагӣ андар ғайри ҷигар ва будани он андар мушакҳои шикам далолат кунанд. Мисоли огоҳӣ пайдо кардан аз дардҳо ин аст, ки агар азҳамкашидагие бо гаронӣ ҷой дошта бошад, пас, андар он ҷой ё судда ва ё омос ҷой дорад ва ё агар бидуни гаронӣ бошад, пас, андар он ҷой бод бувад. Агар гаронӣ бидуни ҳис бошад, пас, модда андар ҷисми ҷигар ё омос аст ва ё судда ва ё агар [гаронӣ] бо сихзанӣ бошад, пас [модда] ба наздики пардаи ҷигарро пӯшида ҷой дорад.
Аммо мисоли огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи феълҳои аз тарафи [ҷигар] падидоянда ин огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи гуворидан, кашидан ва рондани хун ба сӯи тан, бахши обӣ ба сӯи гурдаҳо, зарда ба сӯи заҳрадон ва савдо ба сӯи испурч бувад ва аз ҳолати ташнагӣ [низ огоҳӣ бигиранд]. Ҳар гоҳ яке аз инҳо халалдор шавад ва ба сабаби андоми бо ҷигар анбоз буда набошад, пас он аз ҷигар бувад. Мисоли огоҳӣ пайдо кардане, ки аз тариқи анбозиҳост, ташнагист. Агар ин аз меъда бошад, бисёр вақт бар ҳолатҳои ҷигар огоҳӣ диҳад. Мисоли [дигари] он ҳукак, иштиҳо ва гувориш низ мебошанд. Ё масалан, баднафасӣ ҳарчанд ба сабаби шуш ва ҳиҷоб аст, вале гоҳе мумкин аст ба сабаби ҷигар бошад. Намудҳои гуногуни бироз ва намудҳои гуногуни пешоб бар ҳолатҳои ҷигар далолат кунанд ва онҳоро хоҳӣ донист. Ё масалан, ҳолатҳои гуногуни сардард, бемориҳои сар ва ҳолатҳои бемориҳои испурч [низ] бар [ҳолати ҷигар] далолат кунанд. Ё масалан, аз тариқи ҳолатҳои ҳамворӣ ва ё дуруштии забон, ранги он ва лабон бар [ҳолатҳои ҷигар] метавон огоҳӣ пайдо кард. Миёни кайфиятҳои дил ва ҷигар гоҳе мухолифат, муқовамат ва бар зидди якдигар зуҳур намудан ба амал меоянд, ки мо онҳоро андар боби мизоҷҳои ҷигар ёд хоҳем кард.
Мисоли ба сабаби ҳолатҳои ҳамагонӣ огоҳӣ пайдо кардан далолати ранг бар [ҳолатҳои] ҷигар бад-ин гуна бувад, ки агар он сурх ва ё сафед бошад, ин далели дурустии ҷигар аст, ё агар зард бошад, (352) бар гармии он, ё агар арзизиранг бошад, бар сардӣ ва ё агар тираранг бошад, бар сардию хушкии он огоҳӣ диҳад. Ё масалан, ярақон бар он далолат кунад. Инчунин, масалан, фарбеҳии гӯштӣ аз гармию рутубати ҷигар, фарбеҳии равғанӣ аз тарию сардии он ва лоғарӣ аз хушкии он гувоҳӣ диҳанд. Агар гармии ҳамагонии тан ба сабаби шиддати гармии дил набошад, бар гармии ҷигар далолат кунад ва баробари он далелҳои ёдшудаи гармии онро [низ] бояд шинохт.

Огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи ҳайъати андомҳои дигар бад-ин гуна аст, ки масалан, аз тариқи бузургии варидҳо ва фарохии онҳо бар бузургии ҷигар ва фарохии маҷроҳои он ва аз тариқи кӯтоҳӣ ва дарозии ангуштон бар хурдӣ ва бузургии [ҷигар] огоҳӣ ёбанд. Огоҳӣ ҷустан аз тариқи мӯи бар ҷигар баромада мисли онест, ки ҳангоми дигар андомҳо аз тариқи он огоҳӣ ҷӯянд ва мо онро ёд кардем. Огоҳӣ ҳосил кардан аз тариқи он чи ки аз ҷигар бирӯяд, яъне варидҳо, бад-ин гуна аст, ки агар онҳо ситабр, бузург ва намоён бошанд, мизоҷи аслӣ гарм ва агар борики ноаён бошанд, мизоҷи аслӣ сард бувад. Аммо гармию сардӣ ва нармию сахтии онҳо гоҳе ба мизоҷи аслӣ ва гоҳе ба ягон оризе вобаста аст.
Огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи он чи ки андар вай зода шавад, бад-ин гуна аст, ки масалан, агар сафро бизояд, далели гармии ӯст. Савдо бар гармии ниҳоят зиёд ва ё бар сардии хушки он далолат кунад, чунонки инро андар ҷои хеш хоҳӣ донист. Зода шудани хуни хуб далели дурустии ҷигар аст. Он ҷигаре, ки аз вай хуни хуб [андар тан] паҳн гардида, хуб ҳамранги тан ҳамегардад, тандуруст аст. Он ҷигаре, ки хунаш сафровӣ, ё савдовӣ, ё тунук аст ва ин аз тариқи паҳншавии он андар тан маълум бигардад ва ё обии ғайри қобили пайвастан бо тан бувад, чунонки ҳангоми истисқои гӯштӣ чунин бошад, [ин гуна ҷигар] ба ҳасби далолати ҳолати чизи аз он паҳн гардида дардманд бувад. Аммо аз чизҳои мувофиқ ва мухолиф бад-ин гуна огоҳӣ ҳосил кунанд, ки чизи мувофиқ ҳамшакли мизоҷи табиист ва зидди мизоҷи аразӣ. Аз тариқи синну сол, одат ва чизҳои ба равиши онҳо буда [чи гуна] огоҳӣ пайдо кардан андар Куллиёт3 дониста шуд.
Андар баёни мухолифати кайфиятҳои дил ва ҷигар.
Бидон, ки гармии дил сардии [ҷигарро] ба таври қавӣ4 мағлуб кунад, вале рутубаташ хушкии онро фурӯ нанишонад ва хушкияш гоҳе мумкин аст андаке рутубати онро мағлуб созад. Гармии ҷигар сардии дилро ба таври заиф фурӯ нишонад ва тарияш низ ба таври заиф хушкияшро мағлуб созад, вале сардияш гармии онро камтар ва хушкияш рутубати онро пайваста фурӯнишонанда буванд. Сардии дил гармии ҷигарро бештар аз он фурӯ нишонад, ки хушкияш рутубати онро фурӯ нишонад ва гармии дил рутубати ҷигарро беш аз он мағлуб созад, ки хушкияш рутубати онро мағлуб сохта бошад. Сардияшро низ то андозае фурӯ нишонад.
Фасли севвум андар баёни нишонаҳои мизоҷҳои табиии ҷигар

Мизоҷи гарми табиӣ. Нишонаҳояш инҳост: фарохии рагҳои варидӣ ва намудории онҳо; гармии хун ва тан ба шарте, ки агар дил мухолафат надошта бошад, зеро гармии дил сардии ҷигарро ба таври қавӣ мағлуб ҳамесозад; бисёр таваллуд шудани сафро андар поёни синни барноӣ ва савдо баъди ин [син]; бисёрии мӯй андар [маҳалли] сарҳои паҳлуҳо; қавӣ будани иштиҳои хӯрдану ошомидан.
Мизоҷи сарди табиӣ. Нишонаҳояш зиддҳои он нишонаҳост. Сардии дил гармии ҷигарро на ба андозае мағлуб созад, ки гармияш сардии онро мағлуб бисозад.Аз баски хуни худованди ин гуна мизоҷ тунуки обӣ ва қувваташ заиф аст, бисёр бошад, ки [181] ӯро табҳо ориз бигарданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ