Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шароби ширин андар ҷигар судда падид оварад, вале айни он чизи андар синабударо бизудояд. Сабаб он аст, ки шароби ширин аз ғайри тадриҷӣ ба сӯи ҷигар кашида бигардад, зеро вай аз он ҷиҳат, ки ширин аст, дӯстдоштаи ҷигар ва аз он чиҳат, ки шароб аст, гузаранда бувад. Вай на мисли истодани чизҳои ситабр ба андозае биистад, ки дурдаш аз он ҷудо бигардад, балки бо ситабрии хеш вориди ҷигар шавад ва роҳро ба сӯи он омода биёбад, аз баҳри он ки роҳҳои миёни меъдаву ҷигар ба қиёси он рагҳое, ки ба сӯи ҷигар рафта, андар он паҳн гардидаанд, фарохтаранд. Сипас, чун андар ҷигар ҳосил шуд, ба андозаи аз ҳам ҷудо шудану гуворидан наистад, балки бахши латифи он ба сабаби зудгузарии худ андар рагҳои танги ҷигар биравад ва ба иллати тангии роҳ дурдаш боқӣ бимонад. Аммо андар шуш кор бар хилофи ин аст, зеро шароби ширин ба сӯи он андар ҳоле ворид шавад, ки ё аз тариқи гузаргоҳҳои сурхной ба таври полидан аз гузаргоҳҳои танг ва гузаргоҳҳои фарох пок шуда бошад ва ё аз тариқи раги дарунтиҳӣ тоза шуда, дурди худро андар [роҳи] пасгузошта боқӣ монда, худ равшан гардида бошад. Вай чун андар гузаргоҳҳои танг гардиш карда, ба гузаргоҳҳои фарох бигузарад, бори дигар полида бигардад. Ҳамаи ҳолатҳои дигар низ ба қиёси шуш ҷигарро мавҷуд нестанд.
Фасли ҳаштум андар баёни чизҳое, ки ҷигарро созгоранд

Аз доруҳо онҳое ҷигарро суд доранд, ки дорои талхии суддакушо ва ё дигар қувваи суддакушой буванд ва ба изофаи он қабзкунанда буда, ҷигарро қавӣ созанд ва дорои атрияти муносиби гавҳари рӯҳ буда, гандиданро боз дорад. Мисоли ин дорчинӣ, шукуфаи гӯргиё, мурр ва монанди инҳост. [Низ] ҳар чи, ки дорои хусусияти шӯяндагӣ ва поксозӣ буда, зардоби бадро бизудояд ва андар ковоксозӣ на ба андозаи ангубин бирасад, [аз барои ҷигар созгор аст].
Ҳар чи, ки дорои пазандагию нармсозист ва хусусан мисли заъфарон қабзкунандаю қависозанда аст ва ҳар чи, ки ба изофаи он мисли мавиз лазиз ва мисли шароби райҳонӣ зудгузар аст, аз барои бештари ҷигарҳое созгор бувад, ки дорои гармии сахт нестанд. Агар дору ба изофаи хосиятҳои ёдшуда лазиз бошад, мисли мавиз, анҷир ва фундуқ, бо ҷигар боз ҳам бештар наздику дӯстдоштатар ва бағоят судманд хоҳад буд. Агар пазирои фасод ва гандидан набошад, аз ҳама бештар судманд бувад. Талхчакук, коснии бӯстонӣ ва баррӣ ҷигарро сахт созгоранд. (356) [Коснӣ] бо хосият ва кайфияти зидд аз бемории гарми ҷигар суд дорад,7 вале гурӯҳе ниҳоят талхи онро гарм шуморанд ва он ба сабаби он, ки бо ёрии талхии хеш судда кушояд ва бо ёрии қабзсозандагии худ покӣ оварад, судманд аст. Вай бемории сардро бо хосият ва бо хусусияти суддакушоию тақвиятбахшӣ доштаи худ нофеъ аст. Ҳар гоҳ сардӣ андар ҷигар ба ифрот бирасад, яке аз ду намуди онро бо ангубин ва ё бо оби ангубин биомезанд. Ангубин ба сардсозӣ, агар аз он бим бошад, то андозае муқовамат кунад ва дигар феълҳои онро ёварӣ бахшад. Гоҳе ҳарду намуди онро хушконида бо ангубин ва оби он ба бемор биошомонанд ва ё агар бо ангубин биҷӯшонанд, сахт судманд буда, судда бикушояд ва хилти сардро бо пешоб берун кунад.

Аз ғизоҳо онҳое созгори ҷигаранд, ки кимусашон хуб бошад. Шириниҳо бо ҷигар созгоранд ва онро фарбеҳ намуда, бузургу боқувват созанд, лекин онҳо зуд судда падид оваранд, аз баҳри он ки ҷигар онҳоро сахт ба хеш бикашад ва ҳамроҳи онҳо хилтҳои дигар [низ] кашида шаванд. Бинобар ин ҳар киро, ки андар ҷигар омос аст, бояд аз шириниҳо дурӣ ҷӯяд, зеро онҳо зуд ба талха табдил ёфта, низ суддаҳо падид оваранд. Зиёновартарини шириниҳо ситабри онҳост, зеро судда оварад ва тези онҳост, зеро ба талха табдил ёбад. Писта ба сабаби хушбӯӣ, гирандагӣ, суддакушоӣ ва маҷроҳои ғизоро пок сохтани худ судманд аст, лекин ниҳоят гармиоваранда бувад. Фундуқ аз барои ҳамаи ҷигарҳо созгор аст, аз баҳри он ки чандон гарм нест, суддакушой аст ва кимусаш хуб бувад. Ҷигари гург ва гӯшти лесакҳо ба иллати хосияти хеш аз барои ҷигар мувофиқанд.
Фасли нуҳум андар илоҷи бадмизоҷии гарми ҷигар

Бояд ба нармӣ онро сард сохт ва ба ғоят нарасонд, бояд эҳтиёт кард, ки ба ёрии доруҳои тариоварандаи обӣ ниҳоят ковокӣ оварда нашавад ва ё бо ёрии доруҳои сардифизояндаи ситабр суддаҳо падид оварда нашаванд. Бояд ҳангоми [муолаҷаи] он аз карахтсозии беандоза эҳтиёт кард, балки бояд доруҳои сардиовар ба изофаи сардиоварӣ зудоянда, суддакушой, гузаронандаи ғизо ва начандон қабзкунандаю қувватбахшанда бошанд. Оби ҷав ҳамаи ин хислатҳоро дорост ва коснии баррию бӯстонӣ андар ин маънӣ ба ғоят [хубанд], зеро мизоҷи ҳар дуи он моил ба сардӣ буда, чандон ба ифрот сард нестанд, дорои талхиеанд, ки аз ғайри гармиоварӣ судда бикушояд ва дорои ба таври муътадил қабзкунандагию қувватбахшандагиянд. Гузашта аз ин манфаати онҳо ба андозаест, ки ҷигари сардро низ зиён нахоҳанд овард. Онҳо андар таркиби доруҳои [ҷигар] бидароянд, чунонки мо онҳоро андар [Китоби] доруҳои сода андар лавҳҳои доруҳои ҷигар овардем. Гоҳе онҳоро пухта, хусусан бо кашнизи тару хушк бихӯранд ва гоҳе бо сирко. Зиришкро низ хосияти бузург аст ва тамри ҳиндӣ низ чунин бувад. Ҳар гоҳ агар андар ҷигар судда ҳис карда шавад, бо изофа кардани карафс ба ҳар дуи онҳо [бемор метавонад] суд бигирад, зеро [карафс] суддаро аз кадом сӯе набошад, бикушояд ва ӯ яке аз чизҳои зудгузар аст. Сикангубин низ чунин бувад.
Яке аз доруҳое, ки аз барои ин гуна [ҷигар] судманд аст, доруи зерин бувад: аз фишурдаи коснӣ, фишурдаи кокана ва фишурдаи рӯбоҳразак ду уқиягӣ ва аз фишурдаи кашнизи тар ва аз фишурдаи бодиён яқуним уқиягӣ гирифта, бо онҳо ним дирам заъфарон биомезанд ва [ба бемор] бидиҳанд. Гоҳе ба бемор равғани хуби гул ва равғани себро бо оби сард биошомонанд ва ин гармии ҷигарро муьтадил бигардонад.[183] Яке аз чизҳои барои ҷигари дорои бадмизоҷии гарм судманд ин аст, ки ду мисқол асфиюшро бо шакари табарзад ва оби сард гирифта ба кор баранд. Агар [ба бемор] фишурдаи оби кадуи кабобкарда ва хиёри дароз, оби анор, дӯғи маскааш баргирифтаи говӣ, оби себ, амруд ва бунафша ва фишурдаи гули тоза бидиҳанд, низ [судманданд].
Агар таб набошад, оби панир бо сикангубин нофеъ аст.
Онро ҳар рӯз бо се дирам ҳалилаи зард, як дирам локи шусташуда ва ним дирам тухми карафс биошоманд.

пешина
аз 1215
навбатӣ