Қонуни тиб

Чун аз ин ду ҳафта бигзарад, аз як ратл сар карда то ду ратл шири шутур биошоманд ва андар он доруҳои пешобтозонандаи суддакушои гузаронандае аз қабили фишурдаи алафи гулӯдард, ё тухми коснӣ ва ё тухми зарпечак биафкананд. Гоҳе эҳтиёҷ ба шукуфаи гӯргиё биафтад ва гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба бемор доруҳои карахткунанда, маъҷунҳои афюнӣ ва бангӣ ва филуниё бидиҳанд, вале агар имконияти аз ин рӯ гардондан бошад, ман истеъмоли онро савоб намедонам. Ҷавони боқувватро [ба ҳангоми ин беморӣ] гоҳе ношито ошомидани оби сахт сард кифоят бошад. Аз барои ин беморӣ (357) қурсҳои табошир, қурсҳои сарди зиришк ва қурсҳои кофур суд доранд. Яке аз қурсҳои аз барои чунин беморон судманд қурси ба сифати зерин будааст: аз гули бед ва гули нилуфар даҳ дирамӣ, аз гули сурх бидуни кулоҳакҳо дувоздаҳ дирам, аз кофур дуним дирам, аз сандали сурх ва аз локи бо дегафзорҳо шусташуда, чунонки сабрро ҳамчунин бишӯянд, ҳафт дирамӣ, аз фуфил ҳашт дирам, аз заъфарон се дирам, аз рованд панҷ дирам, аз гили қубрусӣ, мастако ва пари сиёвушон се дирамӣ гирифта, ҳамаро бо оби ангури сагак ва оби коснӣ бисириштанд ва қурсҳои якмисқолӣ бисозанд. Ҳар рӯз аз он [ба бемор] як қурсро бо оби рӯбоҳразак бидиҳанд. Гоҳе зимодҳои ба сифати зерин буда аз барои ин ғараз нофеъанд: Бунафшаро гирифта бикӯбанд ва бар вай равғани гул рехта, сард созанд ва онро зимод кунанд. Ё як уқия аз ҳар ду навъи сандал, ним уқиягӣ аз фуфил ва бунафшаи хушк, якуним уқия аз гул, ним уқия аз заъфарони шусташуда, чаҳоряк уқия аз афсинтин ва ду дирам кофурро гирифта, ҳамаро бо мумравғане ҷамъ созанд, ки аз равғани бед сохта шудааст. Сипас онро бар ягон чизи паҳне, хусусан бар барги каду, барги туруша ва барги чугундар тило намуда, бо он зимод кунанд. Гоҳо бо фишурдаҳои тараҳои сарде аз қабили фишурдаи каду, хиёри дароз ва дигар чизҳое зимод кунанд, ки андар боби ошомиданиҳо ёд кардем. Андар онҳо писти ҷав ва писти наск ниҳода аз болои онҳо равғани гул бирезанд ва бо он зимод кунанд. Гоҳе андар онҳо чизе аз ҷинси сандал, фуфил ва кофур биафкананд. Гоҳе андар онҳо чизе аз ҷинси атриёт ва обҳои меваҳои муаттар афзоянд, бад нахоҳад буд. Баъзан бар онҳо андаке майсавсан бипошанд.
Ғизоҳое, ки [ҳангоми ин беморӣ] бояд бихӯранд, масалан, инҳост: оби ҷав; ҷӯшонидаи тараҳои ёдшуда; худи ин тараҳо ба шакли пухташуда; коснии пухта бо кашнизи пухта; чугундари пухта; дӯғи туруш; оби шири туруш; гӯштҳои лесакҳо; аз меваҳо дӯлона, биҳӣ ва амруд.
Аз инҳо бисёр надиҳанд, зеро ба ифрот қабз оварда, судда бизоянд. Низ себ, анори майхуш ва ғӯраи туруш ба кор баранд, вале қабзкунандагии [ғӯраро] бо ягон чизи нармиоваранда шикананд. Тути шомӣ, чукурии [қувваташ] шикасташуда, сирко, равғани зайтуни бо оби анор гирифташуда ва донаи анор пеш аз таом ва тарбузи на беандоза ширин ва хусусан тарбузҳои бо номи «раққӣ», «фаластинӣ» ва «ҳиндӣ» маъруф баъди таом [хубанд].
Аз ин доруҳо онҳоеро, ки ба изофаи сардиоварӣ қабзкунандаанд, набояд пайваста тановул кард, зеро онҳо хусусияти суддаоварӣ доранд. Харбузаи сахти начандон ширин, ангури сахтдилаи камтар ширин ва хусусан ангури
ширинтуруш бад нестанд.Чунин [беморонро] мошво, қатафво, кадуво, исфанохво ва насквои чи турушкарда ва чи ғайри турушкарда суд доранд. Бархе аз [пизишкон] барои эшон мавизро иҷозат додаанд, вале он бояд андаке туруш бошад. Фундуқ дорои гармифизоии зиёде нест ва он кушояндаи судда буда, хубғизост ва бояд онро бо чизе биомезанд, ки як андоза сардифизоӣ дошта бошад.
Аз гӯштҳо барои чунин [бемор] моҳии хурди бо сапедбо ва ё бо сирко ҷӯшонидашуда, масусҳо ва қарисҳои аз гӯштҳои латифи аз қабили гӯшти бузғола сохташуда ва [гӯшти] парандаҳои осонгувориш аз қабили гӯшти кабк, кабӯтари саҳроии начандон фарбеҳ ва фохта нофеъанд.
Низ рӯдаву шикамбаи мурғобӣ, ғоз ва мурғ, ки турушӣ афканда бошанд, судманд аст. Гунҷишкони турушиафканда низ чунин бошанд. Ин гуна беморонро ҷигар, испурч, дил, гӯшти ситабр, гӯштҳои нарбузҳо, гӯсфандон ва ҳайвоноти серасаби сахтгӯшт зиён доранд. Аммо гӯшти ҷавонагов ба шакли қарис касони меъдаашон қавӣ ва қавигуворишро нофеъ аст. Бояд аз хояе парҳез кунанд ки то сахт шудан ҷӯшонида ва ё бирён карда бошанд.
Низ бояд (358) аз чизҳои ба ифрот равғанӣ дурӣ ҷуст.
Шароб чунин [беморонро] сахт зиён дорад, вале агар ба сабаби одат ва ё заъфи гувориш аз истеъмоли он чора набошад, ба бемор андак аз шароби тунуки рангаш моил ба сафедӣ бидиҳанд.
Тадбири мизоҷи сард. Яке аз чизҳое, ки ин гуна беморонро нофеъ аст, ошомидани шароби афсинтин бо сикангубини ангубинист. Каси ҷигараш сард агар шаб қурсҳои афсинтин истеъмол карда бихобад, суд хоҳад дид.
Тухмиҳои гармиафзояндаи маъруф аз ҳама беш судманданд. Ҳамчунин метавон аз истеъмоли шири шутури арабӣ, на дигар чиз, ҳамроҳи аз панҷ дирам то даҳ дирам шакари ушар фоида бурд. Ин дар ҳақиқат ҷигарро муътадил бисозад, хилтҳои сардро чи аз тариқи исҳол ва чи аз тариқи тозондани пешоб берун кунад ва суддаҳоро бикушояд. Аз ин ҳам қавитар он аст, ки аз паси истеъмоли доруи куркум, доруи лок ва асоносиё хобида шавад ва ё шомгоҳӣ доруи қуст ва занҷабили парварда бо оби карафс ва қурсҳои қусту лок, ки андар Қарободин ёд шудаанд, ба кор бурда шаванд. Ношито ду дирам аз алафи гулӯдард ва асорун ошомида, сипас аз болои он хамр биошоманд. Аз чизҳои ҷӯшонида ҷӯшонидаи қуст ва афсинтинро, ки андар Қарободин ёд шудааст, бо ду дирам равғани бодоми ширин ва ду дирам равғани писта биошоманд.
Аз ин қавитар он аст, ки агар онро бо равғани нордин, равғани бодоми талх ва равғани беданҷир биошоманд. Низ ҷӯшонидае [хуб аст], ки ба сифати зерин бувад: аз тухми бодиён, тухми карафс, анисун ва мастако ду дирамӣ, аз пӯстҳои бехи карафс ва пӯстҳои бехи бодиён даҳ дирамӣ, аз алафи гулӯдард ва афсинтини румӣ панҷ дирамӣ, аз лок, наи бӯё, қусти ширин ва талх ва рованд се дирамӣ ва шукуфаи гӯргиё чаҳор дирам гирифта, бо чаҳор ратл об то ним шудани он биҷӯшонанд. Аз он ҳар рӯз чаҳор уқия гирифта, бо якуним дирам равғани писта ва ду дирам равғани бодоми ширин биошоманд.
Гоҳе чунин [беморонро] ба кор бурдани зимодҳои гарме аз қабили марҳами устумахиқун, ё зимоди Филағриюс, ё зимоди шоҳафсар ва зимодҳое судманд буванд, ки масалан, аз қуст, мур, сунбул, нордини румӣ, ваҷ, шанбалит8 ва монанди инҳо сохта шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор