Қонуни тиб

Ба муҷиби вақт ва ҳолат маъҷунҳои бузургро ба кор бар ва зимодҳои ҳалкунандаро аз берун бинеҳ.
Фасли даҳум андар баёни хурдии ҷигар
Ҷигар андар бархе аз одамон хурд аст ва гоҳе хурдияш ба андозае бошад, ки мисли гурда бувад. Ба сабаби хурдии ҷигар чунин одам ҳар гоҳ миқдори барояш зарурии ғизоро бихӯрад, ҷигар онро гунҷондан натавонад ва меъда ба сӯи он чандоне [ғизо] бифиристад, ки андар он ҷой тангӣ оварад. Ин боиси падид омадани суддаҳо, дардҳои гарону азҳамкашанда гардида, қувваи кории ҷигар нотавон шавад, чаро ки ин қувваи фаъоли ӯ андар зери фишори қувваи чизи мунфаили аз берун воридшуда қарор бигирад. Бинобар ин, андар ҳолатҳои гувориш, кашиш, нигоҳдорӣ, ҷудосозӣ ва рондан халал биафтад.
Гоҳе мумкин аст аз ин пайваста табоҳии меъдаву ши
камрав рӯй диҳад, аз баҳри он ки аксарияти бахши софии килус ба сӯи ҷигар кашида нахоҳад шуд.
Нишонаҳо: Далелаш ин бошад, ки ба наздики ҷигар суддаҳову бодҳои зиёд падид оянд, ғизои ба миқдори муътадил буда ӯро гаронӣ оварад ва тан ба иллати эҳтиёҷи ба ғизо доштан нотавон бигардад. Заъфи гувориш ба таври доимӣ давом кунад ва суддаҳову омосҳо зиёд бигарданд. Яке аз чизҳое, ки ин ҳолатро тасдиқ кунад, ба офариниш кӯтоҳ будани ангуштон аст. Шахсеро танаш ягон ғизо намепазируфт ва ба вай ягон чизи қобили эътиборе намерасид. Ҷолинус чунин ҳадс бизад, ки ин шахс ба [иллати] хурдии ҷигар ва тангии маҷроҳо гирифтор аст ва муносиби он тадбири ғизо фармуд.
Тадбир: Тадбири чунин шахсон ин аст, ки бо ғизоҳои камҳаҷму серғизо ва зудгузар мудоро кунанд, ғизоро баҳра-баҳра якчанд бор бидиҳанд ва доруҳои пешобтозонанда, шикаморанда, поккунандаи ҷигар, латифсозанда ва суддакушой ба кор баранд.
Мақолаи дуввум
АНДАР баёни заъфи ҷигар,
суддаҳо, дардҳо ва дамиши он
Фасли нахустин
андар баёни заъфи ҷигар
Ҷолинус гуфтааст, ки каси ба бемории ҷигар гирифтор шахсест, ки андар корҳои ҷигараш аз ғайри ягон ҳолати зоҳирие аз қабили омос ва ё реши ғарбелаке заъф ҷой дошта бошад. Лекин ба ҳақиқат заъфи ҷигар аз паси бемориҳои он хезад ва он ё ба иллати бадмизоҷии содаи бе модда ва ё бо модда ба амал омада, мабдаи он [185] ё аз худи ҷигар аст ва ё аз андомҳои дигаре, ки миёни онҳову ҷигар ҳамсоягӣ доранд. Мисоли он заҳрадонест, ки аз сафро кашидан боз монда бошад, ё испурчест, ки аз савдо кашидан боз монда бошад, ё гурда ва обгаҳест, ки бахши обиро накашанд, ё заҳдон аст, ки ба сабаби беҳад хун рафтан ҷигарро сард кунад ва ё ба иллати ниҳоят баста шудани хуни ҳайз хуни ҷигарро табаҳ созад ва ё меъдаест, ки ба сӯи ҷигар килуси хубгувор нафиристад, балки ба сӯи он килуси сустгувор ва ё табаҳшударо фиристода бошад.
Ё мумкин аст сабаби [заъфи ҷигар] рӯдагон буда, онҳо дардманд шуда бошанд ва ё андар онҳо хилти часпак зиёд гардида, миёни онҳо ва заҳрадон судда ба амал оварда бошад. Бинобар он талха аз ҷигар ҷудо нагардад ва ҷигар пур боқӣ монда, он хуни ба сӯяш ҷудо шуда омадаро пазируфтан натавонад. Ин ҳолат аксар вақт ҳангоми қулинҷ ба амал ояд. [Заъфи ҷигар] ё ба сабаби анбозии андомҳои синагӣ ва ё тамоми тан ба амал ояд, чунонки ҳангоми табҳо ҳамин гуна бувад. Гоҳо мумкин аст он на танҳо ба сабаби бадмизоҷӣ, балки ба сабаби омоси хунӣ, ё сурхбод, ё [омоси] сахт, ё саратон, ё фурӯҳиштагӣ, ё ба сабаби реше ва порашавие ва ё ба сабаби гандагие вобаста бошад, ки ҷигарро ориз бигарданд. Заъфи ҳамагонии ҷи
гар заъфи ҳамаи қувваҳои онро дар бар бигирад. Гоҳе мумкин аст заъф на ҳамагонӣ, балки ба ҳасби яке аз чаҳор қувваи ҷигар бошад. Аксар вақт қувваи кашанда ва қувваи гуворанда аз сабаби сардӣ ва рутубат, қувваи нигоҳдоранда аз сабаби рутубат ва қувваи ронанда аз сабаби хушкӣ нотавон бигарданд.
Нишонаҳо: Ба ҳақиқат ранг яке аз чизҳоест, ки андар бештари ҳолатҳо бар ҳоли ҷигар далолат кунад. Ранги каси ба заъфи ҷигар гирифтор аксар вақт ба зардӣ ва сафедӣ бизанад ва гоҳе мумкин аст ба сабзӣ ва тирагӣ бигарояд, чунонки мо инро андар [боби] далелҳои мизоҷҳо ёд кардем. (361) Ҳар киро бибинӣ, ки рангаш бар ғояти тандурустӣ далолат кунад, ҷигари ӯро ҳеҷ иллате нест.
Пизишки ботаҷриба ҳар кадом аз касони макбуд (заъфи ҷигар) ва маъмуд (заъфи меъда) бударо ба ёрии ранги рӯяшон бишиносад ва ӯро, масалан, ба далели дигаре эҳтиёҷ набошад. Аз барои ин гуна ранг ягон номи хоси муносибе нест, ки бад-он далолат кардан битавонад.
Бирозу пешобе, ки оби гӯштро монанд, андар бештари ҳолатҳо бар ҷигаре далолат кунанд, ки андар тавлиди хун чандон тасарруфи қавӣ надорад ва на моддаи хунро аз килус ва на бахши поки онро аз бахши обӣ ҷудо кардан битавонад. Ин андар бештари ҳолатҳо бар заъфи ҷигар далолат кунад. Ин шикамрави шабеҳи оби гӯштшуста андар поёни [беморӣ] ба намудҳои дигар бигардад. Вай андар каси гарммизоҷ нахуст риммонанд, сипас мисли дурди шароб ва чун хуни сӯхта бигардад. Андар ин ҳангом пеш аз ин аксар вақт сафрои холис ба исҳол ояд.
Андар шахси сардмизоҷ мисли хуни гандида бигардад.
Ҳар дуи ин ҳолатҳо ва хусусан ҳолати сардмизоҷӣ бои си берун омадани чизҳои гуногункайфият ва гуногунқивом хоҳанд шуд ва ҳол бад-он гуна бошад, ки ҳангоми заъфи гувориши меъда низ чунин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор