Қонуни тиб

Бештари касоне, ки заъфи ҷигар доранд, ба таври доимӣ ва хусусан ҳангоми гузаштани ғизо як дарди нарме ҳис кунанд, ки то ба [паҳлуҳои] кӯтоҳ рафта бирасад. Бар мизоҷҳои [ҷигар] аз тариқи аслҳое огоҳӣ пайдо кунанд, ки андар [боби] шинохтани бадмизоҷии ҷигар ёд шудаанд. [Мизоҷи] гарм хилтҳоро ба намуди сӯхтагӣ бигардонад, [мизоҷи] сард онҳоро ситабр ва сустҳаракат, [мизоҷи] хушк онҳоро каму ситабр ва [мизоҷи] тар онҳоро обакӣ созанд.
Бар [заъфи ҷигаре], ки ба сабаби заҳра аст, гоҳе ранги ярақонӣ далолат кунад ва гоҳе агар судда миёни заҳрадон ва рӯдаҳо бошад, мумкин аст баробари ин бирози сафед ояд. Бар заъфе, ки ба анбозии испурч падид омадааст, бо ёрии бемориҳои испурч ва ба воситаи ранге огоҳӣ пайдо кунанд, ки савдо бар он ғолиб бошад. Аммо бар [заъфи ба анбозии] меъда вобастабуда аз тариқи далелҳои офатҳои меъда ва ба воситаи бадгуворӣ огоҳӣ ёбанд. Бар заъфи рӯдагии [ҷигар] аз тариқи печиши ноф, бодҳо, қароқур, кулинҷ ва дигар чизҳои ба ҳамин монанд огоҳӣ пайдо кунанд. Заъфи гурдагӣ ва обгаҳии ҷигарро бад-ин гуна бишиносанд, ки ҳолати пешоб аз намуди табиии хеш бигардад ва андар намуди зоҳирӣ майл ба сӯи бадпазирии ғизо ва истисқо мушоҳада шавад. Бар заъфе, ки ба сабаби андомҳои синагӣ вобаста аст, бадии нафас ва сурфаи хушк далолат кунанд. Гоҳо худованди он андар меълоқҳо гаронӣ ва азҳамкашидагӣ ҳис кунад. Аммо ҳар кадом аз нишонаҳои омосҳо, сахтӣ, реш, порашавӣ ва ғайраро мо андар ҷои худаш ёд хоҳем кард ва бояд бад-он ҷой муроҷаат карда шавад.
Далелҳои нотавонии қувваи гуворанда чунинанд, ки ғизои ба сӯи андомҳо гузаранда ё ногуворида ва ё кам гуворида бувад ва ё гуворишаш табаҳ шуда, ба кайфияти баде табдил ёфта бошад. Бисёр бошад, ки чунин [беморро] чашму рӯй бидаманд. Хуне, ки ба ҳангоми раг задан берун ояд, ба намуди обӣ ва балғамӣ бизанад ва ин ба шартест, ки агар аз сабаби заъфи қувваи нигоҳдоранда набошад, зеро он андар ин ҳолат [ғизоро] ба қадри гуворида шудан нигоҳ доштан натавонад. Бадтарини намудҳо онест, ки [ғизо] гуворида нагардад, сипас онест, ки андак гуворида гардад ва баъд аз он онест, ки ба шакли бад гуворида бигардад. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст: «Баъди ду ҳолати аввала шикамрави бирозаш гуногунаҷзо рӯй диҳад ва баъд аз ҳолати севвум шикамраве ояд, ки бирозаш мисли хуни ситабр бошад». Ин гуфта беҳуда аст. Шикамрави шабеҳи оби гӯштшуста бар заъфи гуворише далолат кунад, ки бо андак гуворидагӣ ҳамроҳ бошад. Шикамрави сафеди холис далолат бад-он кунад, ки қувваи кашанда сахт заиф аст ва қувваи гуворанда, хусусан агар ғизо ҳамон тавре берун ояд, ки даромада буд, албатта, нагуворида истодааст. Агар чизҳои гуногун берун оянд, ин бар фасоди гувориш далолат кунад. Пешоб андар ин маъниҳо аз ҳама бештар бар қувваи гуворанда ва бироз бар қувваи кашанда далолат кунанд. Аммо далелҳои нотавонии қувваи кашанда бисёрии бироз, нармӣ ва сафедии он мебошанд. Агар ба изофаи инҳо пешоб рангин бошад ва хусусан агар ан
дар меъда ягон офате набошад, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки офат танҳо андар қувваи кашанда ҷой дорад. Нотавонии қувваи кашандаро лоғарии тан таъйид кунад. Далелҳои нотавонии қувваи нигоҳдоранда далелҳои нотавонии қувваи гуворандаанд, зеро ин ба норасоии нигоҳдорӣ вобаста буда, боиси он бигардад, ки ба сӯи андомҳо ғизо хуб нопухта бигузарад. [Дигар нишонаҳо низ] ба ҳамин тарзанд, вале онҳо аз қувваи гуворанда бештар ва аз нигоҳдоранда камтар вобастагӣ доранд. Он далеле, ки хоси қувваи нигоҳдоранда аст, ин аст, ки баъд аз гузаштани ғизо пурии аз тариқи гаронии андак ҳис карда шуда, аз ҷигар зуд нест шавад. Нишонаи нотавонии қувваи ронанда ин аст, ки ҷудо шудани фазлаҳои сегона камтар бигардад, пешоб бикоҳад ва баробари он рангинии ӯ ва рангинии бироз камтар шаванд, эҳтиёҷ ба берун рафтан камтар афтад, (362) савдо ба сӯи испурч ронда нашавад ва иштиҳои таом бикоҳад. Бинобар ин андар ранги рӯй ба изофаи фурӯҳиштагӣ зардӣ ва сиёҳие фароҳам оянд, ки омехта ба сафедӣ бошанд. Бисёр бошад, ки ин боиси истисқо бигардад ва гоҳе боиси қулинҷи балғамӣ низ бигардад.
Илоҷи заъфи ҷигар. Бояд нахуст сабаби заъфи ҷигарро бо ёрии нишонаҳои ёдкардаам муайян кард, ки оё он ба иллати мизоҷ аст ва ё ба иллати ягон беморӣ ва ё чизи дигаре, сипас ҳар кадомро бо илоҷи андар боби он ёдшуда бояд муолаҷа кард. Бештари заъфи ҷигар ба сабаби ягон сардие, рутубате, ё хушкие ва моддаҳои бади андар ҷигар бандгардида падид ояд. Бинобар ин аксар вақт онро бо гармифизоии латиф ва ба изофаи он бо суддакушоӣ, пазонидан ва нармсозии омехта бо қабзкунандагии қавигардонанда ва бо боздоштани гандагӣ муолаҷа кунанд. Бештари ин аз тариқи ба кор бурдани доруҳои атрие иҷро карда шавад, ки мисли заъфарон дорои хусусияти кушояндагӣ,11 пазонандагӣ ва қабз сохтананд. Гоҳе чизҳои нордоне низ суд бахшанд, ки андар онҳо андаке қабзкунандагист. Ин гуна чизҳо бо турушии худ [ҷигарро] қавӣ сохта, [хилтҳоро] бибуранд ва бо ширинии худ зудоишу кушояндагӣ оваранд. Мисоли ин донаи анор бувад. Сипас ба ҳасби тақозои мизоҷ ҷониби гармию сардӣ бояд риоя шавад ва ягон чизи гармиоваранда ва ё сардифизоянда ҷуфти ин [доруҳо] гардонида шавад. Мавизи бо дона баъд аз нек хоидан аз ҳамин қабил бувад. Агар ягон сабабе аз ту тақозои ҳал кардан кунад, ҳангоми чи омосҳо, чи суддаҳо ва чи ғайри инҳо бидуни қабзоварӣ ба чунин кор напардоз ва ин ба шартест, ки агар мизоҷ сахт хушк набошад. Гоҳе ба сабаби андар ҷигар банд гардидани моддаҳо моро ба раг задан ва исҳоле эҳтиёҷ афтад, ки миқдори он ба ҳасби модда муайян карда шавад.
Агар модда сарди часпак бошад, масалан, бо ағориқун исҳол оварем ва агар қивомаш моил ба тунукӣ буда, то андозае гарм бошад ва андар ин ҳангом судда ҷой дошта бошад, масалан, бо фишурдаи алафи гулӯдард ва афсинтин, ки бо ҳар ду чизҳои ёварикунанда омехта бошанд, исҳол оварем.
Гоҳе мумкин аст исҳол ва табоҳии меъда ба андозае фузун оянд, ки пизишк зуд ба истеъмоли доруҳои қабзкунанда пардохта аз тариқи онҳо зиёни бузурге бирасонад.
Баръакс, андар ин гуна ҳолат бояд доруҳоеро ба кор бурд, ки бо қабзкунандагии муътадил ва кушояндагии дуруст [судда] бикушоянд ва [ҷигарро] қавӣ созанд ва хусусан доруҳои атрӣ ва алалхусус онҳоеро [бояд ба кор бурд], ки андар шароби райҳонии дорои қабзкунандагӣ ҷӯшонида шуда бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор