Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз доруҳои аз барои ҳамаи намудҳои заъфи ҷигар муштарак ва ба хосият амалкунанда ҷигари хушконида ва совидаи гург бувад: як кафча аз онро бо шароб биошоманд. Ҳар гоҳ ҷигар чун бо илоҷҳои зарурӣ муолаҷа карда шуд, бояд рӯ ба истеъмоли шири шутури арабӣ ниҳода шавад. Яке аз доруҳои аз барои заъфи ҷигар хуб доруи зерин аст: аз локи [186] шуста ва рованди чинӣ се [дирамӣ], аз фишурдаи алафи гулӯдард, тухми бодиён ва тухми сармаҷ панҷ [дирамӣ], аз афсинтин шаш дирам, аз тухми коснӣ даҳ дирам, аз тухми зарпечак ҳашт дирам ва аз тухми карафс чаҳор дирам гирифта, аз инҳо қурсҳо ва ё доруи кӯфта бисозанд.
Яке аз доруҳои сутуда ва бар дигар доруҳо пешӣ дошта доруи зерин аст: бисту панҷ мисқол мавизи донааш ҷудо карда, як ва андар бархе аз нусхаҳо ним мисқол заъфарон, ду мисқол наи бӯё, дуним мисқол «бӯи ҷуҳудон», як мисқол дорчинӣ, ним мисқол салиха, се мисқол сунбул, дуним мисқол гӯргиё, чаҳор мисқол мурр, чаҳор мисқол сақизи хинҷак, ду мисқол доршишиғон, шонздаҳ мисқол ангубин ва ба андозаи кофӣ шароб бигиранд. Гоҳе андар он афюн ва тухми банг [низ] биафзоянд. Ҷолинус чунин тасдиқ кунад, ки ин дору аз доруҳои бо хосияти худ созгори ҷигар таркиб ёфтааст. Бархе аз онҳо ба изофаи пазонандагӣ ба таври муътадил қабз кунад, бархе аз онҳо хушкӣ оварда, зардоби бадро пок созад, бархе мизоҷи бадро ислоҳ кунад ва бархеи дигар доруҳое бошанд, ки ба муқобили гандидан истодагӣ кунанд. Бештари онҳо хушбӯиҳои атрие аз қабили дорчинӣ ва салиха буванд.
Ин ду дору зидди гандидан буда, мизоҷро ба ислоҳ оранд, сабаби табаҳсозандаро аз байн бибаранд, рими бадгавҳарро хушконида биронанд ва бо доруҳои марговару заҳрҳо бикӯшанд. Дорчинӣ қавитар аз салиха бувад, вале ҳар ду дору аз ҳамаи доруҳои атрии дигар аз қабили сунбул ва ғайра буда андар ин бобат қавитаранд. Доршишиғон ва заъфарон ба изофаи қабз дорои пазонандагӣ, нармсозӣ ва ба ислоҳ овардани гандагӣ буванд. Аз мавиз ба қадри ниҳоят кам бигиранд, зеро он ширин аст ва то (363) созгортар бувад. Вай яке аз доруҳои дӯстдоштаи ҷигар ва ҳамшакли он аст. Ин гуна дӯстӣ яке аз беҳтарин хосиятҳои доруи судманд бувад. Мавиз низ дорои пазонандагӣ ва муътадилгардонии хилтҳост ва он зуд ба фасод шудан нагарояд.
Шароб ба шарте яке аз доруҳои созгор аст, ки агар ягон монеаи пешёдшуда андар миён набошад ва андар он хусусияти зидди уфунатист.
Он чи ки ангубин дорост, ҳамедонӣ. Муқл нармкунанда, пазонанда ва ҳалкунанда бувад. Сақизи хинҷак низ чунин буда, дорои кушояндагӣ ва зудоиш аст. Агар заъфи ҷигар қарини ҳарорат бошад, доруҳое, ки андар таркиби онҳо афюн ва тухми банг бидароянд, низ сахт судманданд. Бинобар ин, филуниё ба ҳасби нусхаҳои хеш аз барои намудҳои гуногуни заъфи ҷигар аз ҷиҳати судмандӣ муштарак аст.
Яке аз доруҳои судманде, ки чандон гармиоваранда нест, [ба сифати зерин] аст: аз нордин се бахш ва аз

афсинтини румӣ ду бахш гирифта, ҳамаро бисованд ва бо ангубин якҷоя сохта, аз он ба бемор бидиҳанд. Аз ҷумлаи доруҳои барои гармибандӣ доруҳои атрии маъруфеанд, ки онҳоро бо шароби райҳонии қабзкунанда пухта бошанд. Гоҳе бо онҳо нони кок биомезанд ва андар онҳо равғани нордин ва монанди он биафзоянд. Сипас андар пашминае гирифта бо онҳо гармибандӣ кунанд.
[Низ] зимодеро, ки андар Қарободин ёд шудааст ва андар таркиби он ғӯра, сарнавдаҳои нарми ток ва гул бидароянд, ҳамаи зимодҳову лахлахаҳоеро, ки андар боби заъфи меъда ёд шудаанд, зимодҳоеро, ки аз мушки замин, мастако, сунбул, кундур, сукк, мушк, гавзи сарв, шукуфаи гӯргиё ва тухмиҳои маъруф таркиб ёфта, бо майсавсан ва дигар чизҳои бад-он монанд омехтаанд, зимодҳоеро, ки баъди онҳо оянд ва низ зимодеро, ки аз сабр ва мастако сохта шудааст, [ба кор баранд].
Агар заъфи ҷигар ба сабаби гармӣ бошад ва ин яке аз ҳолатҳоест, ки кам, на ба таври аксарӣ, рӯй диҳад, бояд ба чунин беморон хӯрдани биҳӣ, себи шомӣ, амруди чинӣ ва агар судда зиёд набошад, [хӯрдани] анори нордон ва туруш, оби коснӣ ва оби ангури сагак бифармой. Низ ба эшон хӯрдани оби сикбое фармоянд, ки онро аз равған пок карда ва бо кашниз сохта бошанд, вале агар гармӣ сахт қавӣ набошад, андар он дорчинӣ, сунбул ва мастако биафкананд. Эшонро масусҳои пур аз кашнизи тар ва бо андаке аз наъно буда созгоранд.
Агар гармӣ чандон қавӣ набошад, андар онҳо дегафзорҳои ёдшударо биафкананд. Ҳар гоҳ бубинӣ, ки таъсири заъфи ҷигар рӯ ба қувваи гуворанда дорад, ҷигарро бо чизе қавӣ бигардон, ки дорои як андоза гирандагӣ, хушбӯӣ ва пазонандагист. Мисоли ин доруҳоест, ки андар таркиби онҳо сунбул, басбоса, гавзи бӯво, кундур, мастако, наи бӯё, мушки замин ва монанди инҳо бидароянд. Агар [заъф] майл ба қувваи нигоҳдоранда дошта бошад, хусусияти қависозандагӣ ва қабзкунандагии [доруҳоро] афзоиш бидеҳ ва аз гармиоварии онҳо бикоҳ ва ё бад-ин гуна доруҳо доруҳоеро ҷуфт соз, ки мисли гулнор, гул ва таросис аз ҷиҳати сардиоварӣ зидди онҳо буванд. Агар заъф андар қувваи кашанда афтида бошад, [ҷигарро] бо чизе қавӣ соз, ки дорои гирандагии ниҳоят кам бувад, балки бо доруе қавӣ гардон, ки гирандагияш ба андозаи нигоҳ дошта тавонистани қувваи ҷигар бошад, лекин хусусияти хушбӯӣ ва гармиоварӣ дошта бошад. Бикӯш, ки бо зимодҳо, тилоҳо ва чарбҳо муолаҷа кунӣ, зеро инҳо аз барои ин ҷойгоҳ ниҳоят созгоранд ва низ андар кушодани суддаҳо бикӯш. Агар нотавонӣ андар қувваи ронанда афтида бошад, онро қавӣ бигардон, гурда ва андомҳои даруниро бо он чизҳое гарм соз, ки андар боби хоси он хоҳӣ донист ва масомҳоро бикушой.
Бидон, ки гоҳе ҳар гуна заъф аз ҳар гуна бадмизоҷие падид ояд. Гоҳе ҷигарро сард кардан лозим ояд, то ки он [кимусро] гуворида, [ғизоро] бикашад. Бинобар он пеш аз мулоҳаза кардани заъф ба бадмизоҷии ғолиб диққат бидеҳ. Лекин бештари кӯтоҳие, ки ба сабаби [бадмизоҷӣ] андар гувориш биафтад, аз сабаби сардист. Андар кашиш низ чунин бувад. Созгортарини ғизоҳо онест, ки ситабру часпак набошад. Мисоли ин гӯштҳои сабук, ган думи беғоз, оби ҷав (аз барои гарммизоҷон ба шакли холис ва аз барои сардмизоҷон бо ангубин), зардии хояи нимбиришт ва дигар чизҳое буванд, ки бад-инҳо монанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ