Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар суддаҳо андар бари фурӯрафтаи [ҷигар] бошанд, он доруҳоеро ба кор бибар, ки кушояндаи [табиат] бошанд, вале агар андар бари кӯжии [ҷигар] падид омада бошанд, он чизеро ба кор бибар, ки пешобтозонанда бувад. Хуб мешуд, ки пеш аз ҳар ду навъи дору ягон чизи кушоянда, буранда ва зудоянда ба кор бибарӣ.
Ҳар гоҳ суддаҳо доманадор бигарданд, ба задани раги босалиқ ва ба доруи исҳол эҳтиёҷ биафтад. Вақти дорудиҳӣ ва он чи ки баъд аз додани доруҳо, масалан, пас аз додани оби бехҳо ва ғайра риояи он шарт аст, андар қонуни ҳамагонӣ ёд шудааст. Ин гуна доруҳои зудояндаро гоҳо андар [ҷӯшонидаи] бехи коснӣ ва оби он, ё андар шири шутури арабие афканда бидиҳанд, ки ба он, масалан, бодиён, коснӣ, дермана, бобуна, бобунаи говчашм, гӯргиё, зарпечак ва шоҳтара хӯронида бошанд. Ё ин ки андар шароб, ё андар ҷӯшонидаи тухмиҳо ва ё андар ҷӯшонидаи афсинтин афканда бидиҳанд. Агар андар пешоб таҳшини ошкоро ва нишонаи пухтагӣ мушоҳада нашавад, набояд ба бемор [доруҳои] қавӣ дод. Агар сабаб омос ва ё боде бошад, бояд ин сабабро бо чизе муолаҷа намуд, ки андар боби хоси он ёд хоҳем кард. Андар мисли ин гуна ҳолат ба бемор додани шири шутур, аз паси он бо ёрии тараҳо, хиёршанбар ва монанди он исҳол овардан ва бо ёрии доруҳои ғайри бодангез ва гарм, ки мо онҳоро андар боби худашон ёд хоҳем кард, ба оҳистагӣ тозондани пешоб судманд аст. Агар сабаб тангии сириштӣ ва фасодии ниҳоди ин рагҳо бошад, ба ин тадбири касеро бифармой, ки ҷигараш хурд бувад.
Агар [судда] ба иллати ягон қабзи рӯйдода ва ягон хушкие ба амал омада бошад, онро бо доруҳои нармкунандаи пазонандае аз қабили ширҳо ва дигар чизҳое, ки андар боби тарифизоии ҷигар ёд шудаанд, тадбир кун.
Бархе аз доруҳои суддакушой доруҳои сард, бархе наздик ба муътадилӣ ва бархе гарм буда, ҳангоми суддаҳои доманадор бад-онҳо ниёзмандист. Мисоли доруҳои сард коснии бӯстонӣ ва баррӣ, талхчакук, оби «забони барра» бо баргу бехи он ва ҳамаи он чизе бошад, ки баробари сардифизоӣ пешобтозонанда бувад. Зарпечак кушояндаи хуб аст ва чандон гарм нест. Рованд ҳамчунин аст. Афсинтин низ чунин бувад ва ҳарчанд дорои як миқдор гармист, вале ба ҳангоми суддаҳои ҳам гармӣ ва ҳам сардиро қаринсозанда ба кор бурдани он бад нест.
Бояд он ва ё ҷӯшонидаи онро хусусан андар оби зарпечак, оби коснӣ ва [оби] алафи гулӯдард ва [ё] бодоми талхро пеш аз хоб бихӯранд. Ҳамаи инҳо ба якдигар наздиканд. Ба ҳамин наздик фишурдаи бодиёни тар ва фишурдаи карафс бо сикангубини қавии бузурӣ мебошанд.
Агар эҳтиёҷ ба гармии зиёдтаре биафтад, бояд онро бо ангубин, оби он ва бо сикангубини ангубинӣ бихӯранд.
Аммо доруҳои ба иътидол наздик: яке аз онҳо боқилии мисрист; агар суддаи ҷигарро аз ғайри гармӣ ва ё сардӣ овардан кушодан бихоҳанд, ин яке аз доруҳои беҳтарин бувад. Камофитус ба он наздик буда, вале андаке гармтар аст ва агар бо оби коснӣ ошомида шавад, муътадил бигардад. Сиркои унсул, сикангубини унсулӣ, морчӯба ва бехи савсан аз ҳамин қабиланд. Лок низ чунин

бувад. Инҳоро ба ҳасби зарурат, масалан ё бо оби коснӣ, ё оби зарпечак вақте ба бемор бидиҳанд, ки агар мизоҷ ба гармӣ бигарояд. [Агар не], мумкин аст бо шароб, оби тухмиҳо, оби боқилии мисрӣ, ҷӯшонидаи афсинтин ва монанди инҳо ва низ бо намудҳои гуногуни сикангубини бузурӣ, сиркои сир, сиркои ангудон, сиркои калоғак ва сиркои кабар бидиҳанд. Доруҳои моил ба гармӣ доруҳои пешобтозонандаи қавии аз ин қабиланд:
асорун; салиха; фатросолиюн; зарованди гирд; рӯян; бехи савсани осмонгун; писта; ағориқун; афитимун; унсул; гесугуна; қантуриюни борик ва фишурдаи он; ҷентиёно; боқилии мисрӣ; сикангубини ангубинӣ; сикангубини унсулие, ки бо рӯян ва дигар чизҳо сохта бошанд; ва анҷири андар равғани бодом таркарда.
Аз доруҳои мураккаби қавӣ якчанд намуди қурсҳост, ки нусхаҳои онҳоро андар Қарободин ёд кардем. Мисолашон инҳост: (366) қурсҳои лок ва афсинтин; қурсҳои усқулуфандариюн; доруи лок; доруи куркум; амрусиё; асоносиё; тарёки чаҳор [дору]; саҷазаниё; аристун; маъҷуни ҷентиёно; маъҷуни рованд бо маҳмуда ва бе маҳмуда; маъҷуни фанаҳористус; маъҷуни ангудони сиёҳ; [маъҷуни] шаҳриёрон; маъҷуни мурчӣ; ва хусусан [маъҷуни] пудинагӣ; филуниё; доруи талхи мушк; маъҷуне, ки андар Қарободин ёд кардаем ва онро аз мушк бисозанд. Низ доруҳои кӯфта ва ҳаббҳое, ки андар он ҷой ёд кардаем ва доруҳоеанд, ки андар боби сахтии ҷигар ва испурч зикр намудем.
Маъҷуни зерине, ки андар кушодани суддаҳои ҷигар ва испурч қавист, ба ғоят аҷиб бувад: Як уқия уша, панҷ карамагӣ аз мастако ва кундур, чаҳор карамагӣ аз қуст ва алафи гулӯдард, шаш драхмигӣ мурч ва дорфилфил, ҳашт карама сода ва нуҳ карамагӣ сунбули хушбӯй ва саргини харгӯшро гирифта, ҳамаро бо ангубини кафкаш баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як кафча буда, онро бо шаробе, ки андар он баъзе доруҳои суддакушой тар карда бошанд ва ё бо оби бехҳо биошоманд. Яке аз доруҳои аз он сабуктар доруи зерин аст: се бахш аз сунбули румӣ ва аз афсинтин як бахш гирифта бикӯбанд ва бо ангубин маъҷун сохта, ба бемор бидиҳанд. Дигар ин ки ғориқун бо фишурдаи алафи гулӯдард сахт судманд аст. Аз ин ҷумла он бошад, ки бехи фовониёро бо сикангубин ба бемор бидиҳанд.
Ҷӯшонидаи зерин аз барои суддаҳои ҷигар ва испурч судманд аст: Аз унсул, пари сиёвушон, бодоми талх, ҳулба ва сарнавдаҳои [188] афсинтин бахшҳои баробар гирифта, биҷӯшонанд ва ҷӯшонидаи онро бо ангубин ба кор баранд.
Маъҷуни зерин аз барои суддаҳои нав падидомадаи ҷигар судманд аст: якуним уқия мурч, аз сунбули хушбӯй ба ҳасби ихтилофи нусхаҳо се ва ё шаш карама, аз ҳулба, қуст, уша ва асорун шаш карамагӣ ва аз ангубин якуним ратл гирифта, маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як кафча буда, онро бо баъзе аз шаробҳои мувофиқи ин ҳол [биошоманд].
Аз ошомиданиҳои [барои ин ғараз созгор ошомиданиҳои зерин аст]: сикангубини шакарии бузурӣ; сикангубини унсулӣ; оби ангубине, ки андар он дегафзорҳои хушбӯйи қабзкунандаро хуб ҷӯшонида бошанд; ҷӯшонидаи боқилии мисрӣ ва мурр, ки андар он фишурдаи алафи гулӯдард афзуда бошанд; ҷӯшонидае, ки андар он бехи кабар, бехи бодиён, бехи карафс, гӯргиё, лок, рӯян ва шанбалит афканда бошанд; матбухи алафи гулӯдард; шароби афсинтин ва оби таркардаи он; ва обе, ки андар он сабр, анисун ва бодоми талх тар карда бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ