Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Доруҳои шикаморандаи андар ин бобат созгор. Ҳар гоҳ эҳтиёҷ ба исҳол афтад, ҷуз ба ҳангоми зарурати зиёд аз қавии онҳо набояд ба кор бурд, балки бояд сабук бошад, зеро модда ба дору наздик ҷойгир шудааст ва низ аз баҳри он ки агар андомро андак қувват бошад, камтарин чизи ёридиҳанда барои рондани [модда] ӯро кифоят аст.
Доруҳои аз барои ин ғараз хуб ёраи фиқро, баспоя, ғориқун ва афсинтин мебошанд. Аз ёраи фиқро барои каси қавӣ то якуним мисқол ва барои каси камқувват то як мисқол бидиҳанд. Он бо равғани беданҷир қавитар ва хуб амал кунад. Доруи кӯфтаи турбид бо гесугуна, ки андар Қарободин ёд шудааст, сахт судманд аст, зеро он ҳам судда кушояд ва ҳам шикам орад. Ҳар гоҳ ба доруҳои исҳоловари қавитаре эҳтиёҷ афтад, аз истеъмоли, масалан, ҳабби устумахиқун ва ҳабби сакбина чора нест. Гоҳе эҳтиёҷ, масалан, ба сиёдаритус ва луғозиё биафтад.
Аз зимодҳо, масалан, зимодеро [ба кор баранд], ки аз гесугуна, орди боқилии мисрӣ ва тухмиҳои пешобтозонанда сохта шудааст ва [низ] зимодеро [ба кор баранд], ки аз ангужад, уша, афсинтин, камофитус, мастако ва заъфарон бо равғани нордин ва мум сохта бошанд.
Тадбири ғизо. Бояд аз ҳар гуна чизи ситабри аз қабили гӯштҳо, фатир, нони аз орди сафеди часпаки ғоздор сохташуда, (367) шароби ситабр ва ширин, гуринҷ, говарс, каллапоча, қаляҳои хушкиоваранда ва кабобҳои хушкиоваранда парҳез кард. Баръакс, чунин [беморонро] чизи ҷӯшонида созгортар аст. [Низ бояд] аз хурмо, ҳамаи намудҳои ҳалвоҳо ва хусусан аз он ҳалвоҳои часпаки ситабр, масалан, аз офруштаҳо, ширбиринҷ, полуда ва лавзинаҳо парҳез кунанд. Бояд [бемор] аз ҳамаи он чи ки мо ёд кардем ва аз ҷумлаи чизҳои суддаоваранда аст, дурӣ ҷӯяд ва аз паси таом гармоба накунад, зеро табиат таомро ба ҷои чизи ба таҳлилрафта ногуворида хоҳад кашид. Низ бояд аз паси таом на ҳаракат кунад, на варзиш кунад ва на [оби] зиёд биошомад. Бояд миёни хӯрдану ошомидан ва хусусан ошомидани шароб фосилаи зиёде ҷой дошта бошад, чунки шароб таомро ногуворида ба сӯи ҷигар бибарад. Хамири нони чунин [бемор] бояд сермоя, сернамак ва расида бошад. Ҷав, хандарус, нахӯд, гандуми сабуксанг ва боқилӣ ҳама барои ӯ хубанд. Шароби куҳани тунуки холис бад нест. Бояд андар ғизоҳои ӯ гандано ва монанди он биомезанд. Морчӯба ва кабар аз барои ӯ судманданд.
Фасли севвум андар баёни дамиш ва бод андар ҷигар

Гоҳе андар бахшҳои ҷигар ва зери бахшҳои пардаи
ҷигар бухорҳо фароҳам оянд. Ҳар гоҳ инҳо банд гардида, фишурда шаванд ва ба бодҳои дамишоваранда табдил ёфта, ё ба иллати бисёрии худ ва ё ба иллати суддаҳои ҷигар роҳи гузар наёбанд, ин [ҳол] дамиши ҷигар
хоҳад буд. Гоҳе баробари ин азҳамкашидагии зиёде ҳис
карда шавад, вале на он гаронии зиёде, ки ҳангоми омос

ва судда ба амал ояд ва на он табе, ки ҳангоми омос рӯй диҳад, ҳангоми ин [дамиш] ба амал нахоҳанд омад. [Дамиш] ё ба сабаби заъфи қувваи гуворанда ва ё ба сабаби моддаи ғизоӣ ва ё хилтие падид ояд, ки хусусияти бодангезӣ доранд. Гоҳе мумкин аст ин бод андар зери ҷигар ба тавре банд бошад, ки андар зери испурч банд шавад ва ҳангоми даст-даст кардан ба ҷунбиш омада, қароқур кунад. Чизе ки аз ҳама бештар бар бод далолат кунад, азҳамкашидагиест, ки оғоз ёбад, сипас рӯ ба афзоиш ниҳад ва дорои хусусияти аз як ҷой ба ҷои дигар гузаштан бошад, вале бар асари он ҳолати намуди зоҳирӣ ва ранг тайғир ёфта, аз ҳолати муқаррарӣ берун нашаванд. Гоҳе ғаммозӣ кардан мумкин аст дамишро фурӯ нишонда ҳал кунад ва моддаи онро аз байн бибарад.
Илоҷи дамиш ва боди ҷигар. Илоҷи ин ба илоҷи суддаҳо наздикӣ дошта, онро бо ёрии доруҳои латифиоварандаи ҳалкунандае, ки андар [боби хоси он] ёд карда шудаанд ва бо маъҷунҳои ёдшуда муолаҷа кунанд. Аз барои ин ношито гармоба кардан, ношито шароби холис ошомидан, кам ошомидани оби сард ва бо пораҳои гармкарда, бо дегафзорҳои ҳалкунанда, бо зимоди аз мастако, гӯргиё, сунбул ва донаи бон сохташуда ва бо марҳами аз мисли равғани нордин, мастако ва бо тухмиҳо сохташуда гармибандӣ кардан судманданд. Агар гармибандӣ [бодро] ба ҷунбиш меоварда бошад, бояд ҷониби анбозӣ риоя карда шавад. Агар дард ба ноҳияи рӯда давида равад, нахуст исҳол оваранд, сипас бодро ҳал кунанд. Агар ба сӯи ҳиҷоб ва сари паҳлуҳо ва сӯи пушт давида равад, низ нахуст доруҳои пешобтозонанда, сипас доруҳои ҳалкунандаи бодҳоро ба кор баранд.
Фасли чаҳорум андар баёни дарди ҷигар

Ҷигарро ё аз сабаби бадмизоҷии мухталифе, ки андар ноҳияи пардаи он ба вуҷуд ояд, ё аз сабаби боди дамишоваранда, ё аз сабаби суддаҳо ва аз сабаби омосҳои гарм ва ё сахт дард падид ояд. Агар омосҳо сарди балғамӣ бошанд, боиси дард нахоҳанд шуд. Гоҳе дард ба сабаби ҳаракати хилтҳо ба ҳангоми бӯҳронҳо ба амал ояд ва ҷиҳати [буҳронҳоро] аз тариқи далелҳое тавон донист, ки андар [Китоби] огоҳиҳо ёд шудаанд. Гоҳе дард аз сабаби заъфи [ҷигар] падид ояд ва бинобар он ҷигар ғизои ба сӯяш расидаро таҳаммул кардан натавонад ва болопӯши ҷигар аз он ранҷ бинад. Гоҳе [сустӣ] ҳангоми ҳаракатҳои моддаҳои буҳронӣ ба амал омада, боиси андар ноҳияҳои ҷигар падид омадани гаронӣ ва дард бигардад. Дарди ниҳоят сахт танҳо ё аз сабаби омоси сахт гарм ва ё аз сабаби бод бихезад. Бинобар он агар таб мавҷуд набошад, вале дарди сахт ҷой дошта бошад, пас, сабаби он бод бувад. Бад-ин сабаб, чунонки Буқрот ёд кардааст, ҳар гоҳ аз паси он таби ногаҳонӣ ба амал ояд, дардро ҳал хоҳад кард.
Аз забони Буқрот андар китоби ба ӯ мансуб, ки онро ба гуфтаи мардум аз қабраш ёфтаанд, чунин оварда шудааст: «Ҳар гоҳ ба изофаи хориши сахти барҷастагии болотари паси гардан, бахши пасини сар ва нарангуштони пой андар ҷигар дард ориз бигардад ва андар паси гардан табишҳои шабеҳ ба боқилӣ бароянд, бемор андар рӯзи панҷум пеш аз баромадани офтоб бимирад.

пешина
аз 1215
навбатӣ