Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас бар вай панҷ дирам афитимун афканда, нарм биҷӯшонанд. Баъд онро полида, бо ду севвуми як дирам ёраи фиқро мураккаб созанд. Ҳаббҳои аз ҳалилаи сиёҳ, афитимун, намаки ҳиндӣ, ғориқун ва пӯсти бехи кабар сохташуда низ ҳамин гуна буванд. Баъд аз истифроғ [ба бемор] шири шутур бидиҳанд ва агар шири шутур ёфт нашавад, оби панири аз сикангубини тухмигӣ, изхир ва гесугуна сохта шуда, доруҳои испурчии аз қабили сақулуфандариюн, бехи кабар ва монанди он буда, обе, ки андар он баргу бехи газ ҷӯшонида бошанд ва оби барги кабар ва оби барги турб бо сикангубин бидиҳанд. Инчунин [ба бемор бояд] оби ангури сагак, агар ҳарорат бошад, оби карафс ва сикангубине [бидиҳанд], ки андар он сақулуфандариюн, барги кабар, самари газ ва гесугуна ҷӯшонида бошанд. Агар андар испурч омоси гарм бошад, доруҳои гармиоварандаро набояд ба ифрот ба кор бурд. Агар андар он судда ба амал омада бошад, доруҳои суддакушояндаи қавие, ки андар боби ҷигар ёд шуданд, андар ин бобат низ судманд буванд. Мо андар боби суддаҳои испурч доруҳои хоси онро ёд хоҳем кард.
Агар [ярақони сиёҳ] ба сабаби нотавонии [қувваи] кашандаи испурч ба амал омада бошад, воҷиб аст, ки бар [испурч] бидуни бурриш миҳҷама гузошта шавад ва варзишу зимодҳое ба кор бурда шаванд, ки испурчро қавӣ бисозанд. Масалан, аз афсинтин, қардамоно, шукуфаи изхир, ҳошо, қантуриюн ва бехи кабар як бахшӣ, аз гул ду

бахш, аз муқл якуним бахш ва аз уша ҳафт бахш ва даҳяк гирифта, бо онҳо зимод кунанд. Агар [испурчро] шустан бихоҳанд, онро бо сиркои қавие бишӯянд, ки андар он шибит, бура, намак, судоб ва пудина ҷӯшонида бошанд.
Агар сабаби ярақони сиёҳ гармии ҷигар бошад, ҷигарро бо доруҳои гармихомӯшкунанда муолаҷа кунанд, вале агар [сабаб] сардӣ бошад, бояд онро хусусан бо тарёки бузург ва бо доруҳои маълуми хоси он муолаҷа кунӣ.
Агар сабаби он тамоми тан бошад, нахуст кореро бикун, ки аз барои ҷигар воҷиб аст, то ки рагҳо аз он мунфаил бигарданд,48 сипас [он кореро бикун, ки аз барои] тан [воҷиб аст]. Аммо худи ярақони [сиёҳро] бо чизе бояд муолаҷа кунӣ, ки бо он худи ярақони зардро муолаҷа кунанд, вале бо қавии он. Ҳар гоҳ ҳар ду ярақон бо ҳам ҷамъ шаванд ва агар пурӣ ҷой дошта, эҳтиёҷ ба раг задан бошад, аз ҳар ду даст хун бигир ва миёни ду [хунгирӣ] якчанд рӯз бояд гузарад. Ҳар ду тадбирро якҷоя ба кор баранд ва андар миёни ду [рагзанӣ] ба бемор матбухи афсинтин ва афитимун бидиҳанд. (410) Низ обҳои зеринро бо ҳам ҷамъ созанд: аз оби барги турб, газ ва бед яку ним уқиягӣ, аз оби ангури сагак се уқия ва аз оби барги кабар ду уқия гирифта, ба ҳам ҷамъ созанд ва онҳоро бо даҳ дирам хиёршанбар биҷӯшонанд. Бар вай ду севвуми як дирам ёраи фиқроро бо ду донг заъфарон ва се қирот маҳмудаи андар биҳӣ бирёнкарда афкананд. Сипас [аз ошомидани он] ду рӯз сабр кунанд ва баъд аз он оби панир ва сикангубин биошоманд. Андар ҳамаи ин ҳолатҳо [ба бемор] ғизоҳои сабуки маълум, моҳии сангобӣ, оби шӯрбои мурғчӯҷаи фарбеҳ ва аз тараҳо хусусан коснии парварда ва карафси парварда ва низ кабари андар сирко хобонда бидиҳанд.

Мақолаи дуввум
АНДАР баёни дигар ҳолатҳои испурч

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ
андар баёни бемориҳои испурч

Испурчро ҳамаи намудҳои иллатҳои ёдшуда аз қабили бемориҳои мизоҷ ва таркиб, масалан, судда, гусастагии пайвастагӣ ва монанди инҳо ва [ҳамаи] намудҳои омосҳо рӯй ҳамедиҳанд. Бидон, ки ҳар гоҳ испурч фарбеҳ шавад, тан лоғар хоҳад шуд, аз баҳри он ки нахуст [испурч] қувваи ҷигарро аз тариқи зиддият нишон додан сахт нотавон сохта, бинобар он афзоиши хун бикоҳад ва дигар ин ки [испурч] ба иллати бузургии худ миқдори зиёде аз хуни шахси беморро ба сӯи хеш бикашад. Умуман, лоғарии испурч далели хубии хилтҳост ва фарбеҳии он далели бадии хилтҳо. Гоҳе бемориҳои испурч боиси табҳои омехта бигарданд, чунонки худи [табҳо] низ гоҳе аз он бемориҳо падид оянд. Бинобар ин бисёр бошад, ки [бемориҳои испурч] аз таби рӯзафкани нохолис, табҳои вабоӣ ва табҳои омехта зода шаванд.

Бештари бемориҳои испурч хазонист. Ранги худованди беморӣ ба зардӣ ва сиёҳӣ бигарояд. Бисёр вақт бемориҳои испурч ба меъда гузашта, гоҳе иштиҳо биафзоянд, гоҳе онро бекор кунанд ва гоҳи дигар меъдаро ба наздики гувориш баъд аз ранҷу дард ба гардонидани чизи туруше маҷбур кунанд, ки замин аз он биҷӯшад. Андар поёни бемориҳои испурч омадани пешоби хунӣ хуб аст ва [пешоби] ситабри дорои дурди часпанда ва пешоби дорои чизи шабеҳ ба хуни баста низ чунин буванд. Гоҳе бо ҳамин яке аз табҳои аз сабаби бемориҳои испурч баамаломада кушода шавад ва гоҳе бо ҳамин [худи бемории] испурч низ кушода гардад.
Фасли дуввум андар баёни нишонаҳои мизоҷҳои испурч

Бар мизоҷи гарм ташнагӣ, афрӯхтагии тарафи чап, табоҳии қай ва ба таври қавӣ савдо кашидани [испурч] гу воҳӣ диҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ