Қонуни тиб

Бар мизоҷи сард суст кашидани он, афтодагии иштиҳо, тирагии табақаи пайвасткунандаи чашм ва қароқуру оруғи зиёд далолат кунанд. Бар мизоҷи хушк сахтии испурч, лоғарии тан, ситабрии хун ва ниҳоят сиёҳ будани ранг гувоҳӣ диҳанд. Далели мизоҷи тар нармии бари чап, фурӯҳиштагии тан ва сиёҳии ранге бувад, ки ба сафеди арзизигун бизанад.
Муолаҷаи ин: Дармонҳои ин ба дармонҳои ҷигар наздикӣ доранд, вале эҳтиёҷ барон бувад, ки бояд доруҳо қавитар ва гузаротар бошанд. Гузарандагии онҳоро ба ҳила бо ёрии [доруҳои] онҳоро гузаронанда ва бо ёрии он чизҳое ба амал оваранд, ки қуввати [он доруҳоро] то ба анҷом расидани кори онҳо нигоҳ доранд.
Бидон, ки фарқи миёни дармонҳои испурчӣ ва дармонҳои ҷигарӣ андар қуввату нотавонӣ ва сахтию нармамалии [онҳост]. Ҷигарро беҳтар он аст, ки ба нармӣ дармон карда шавад ва ба ҳангоми қавӣ сохтани доруи мавриди муолаҷа набояд ба ифрот рафт ва набояд ҷуз ба зарурат [211] бар вай доруҳои ниҳоят тезеро аз қабили сиркои қавӣ афзуд. Испурч бар хилофи ин аст. Вай эҳтиёҷ бад-он дорад, ки доруҳояш бо василаҳои нигоҳдорандаи қувваи онҳо ва ба чизҳои онҳоро гузаронанда тақвият дода шаванд. Испурчро доруҳоеанд, ки танҳо хоси ӯ мебошанд, масалан, пӯсти бехи кабар, сақулуфандариюн, уша ва сири саҳроӣ. Ба ҳангоми бемориҳои испурч гоҳе ба задани раги босалиқи бузург, задани софин ва гузашта аз ин, ба задани ҳар ду видоҷ ниёзмандӣ биафтад.
Фасли севвум андар баёни омосҳои гарм, сард ва сахти испурч ва сахтии испурч, ки ғайри омос бувад
Бидон, ки кам рӯй бидиҳад, ки андар испурч омосҳои гарм падид оянд ва пойдор бимонанд, балки ҳар гоҳ испурчро омосҳои гарм ба амал оянд, онҳо зуд ба (411) сахт шудан бигароянд, аз баҳри он ки он хуне, ки аз барои ғизо додан ба сӯи испурч ҳамеояд, хуни ситабр аст ва андар омос рӯи ҳам рафта, сахт бигардад. Бештари омосҳои испурч омосҳои сахтанд. Аз омосҳои сард андар он бештар намуди сахти онҳо падид ояд ва омосҳои ковок гоҳгоҳе рӯй диҳанд. Аксар вақт чизе, ки аз омоси гарм ориз бигардад, ин омоси [гарми] хунист, вале омоси сафровӣ аҳёнан падид ояд, чунонки бештари он чи, ки аз омоси сард андар вай рӯй бидиҳад, омоси сахт бувад. Ин ба иллати гаронии модда андар зери испурч ба амал омада, чаҳор намуд дорад: гирда; паҳн; дарози ситабр; ва дарози борик. Омоси балғамӣ ба нудрат ориз бигардад.
«Бемори испурч» (матҳул) касест, ки ё ба иллати ситабрии гавҳари испурч, агар ба дараҷаи омос нарасида бошад ва ё ба иллати омоси сахт андар испурчаш сахтие ҷой дорад. [Иллати] нахустин сабуктар аст. Буқрот гуфтааст: «Агар гирифтори бемории испурч дарди даруние ҳис кунад, пас, ин беосебтар бувад, аз баҳри он ки испурч ҳанӯз ҳис дорад». Ӯ гӯяд: «Агар ин беморро дарунрави хунӣ бирасад, ба хайр аст». Яъне умед аст, ки баробари он моддаи испурчаш ҳал бигардад, вале агар [дарунрав] давом кунад, ӯро лағжонии рӯдагон ва истисқо падид омада, ба ҳалокат бирасад. Сабаби ин бар
мизоҷ фармонраво гардидани сардист. Гуфтаанд, ки ҳар киро назла бошад, ба бемории испурч гирифтор нахоҳад шуд. Вале ин [масъалаи] баҳснок аст ва шояд бисёрии назла бар тарии мизоҷ далолат кунад, ки андар ин ҳолат вай қарина бувад, на сабаб. Андар китоби аз гӯри Буқрот ёфтшуда чунин омадааст: «Ҳар киро андар испурч дард буда, аз ӯ хуни сурх биравад ва бар танаш решҳои сафеди бедард падид оянд, андар рӯзи дуввум бимирад ва пеш аз он иштиҳояш биафтад».
Гоҳе омосҳои испурч аз тариқи омадани хуни бинӣ, хусусан аз тарафи чап ва аз тариқи падид омадани омосҳои паси гӯш, ки ба иллати ситабрии модда ба душворӣ рим карда кушода шаванд, буҳронӣ бигарданд. Сутудатарин пешоби ин гуна [беморон] пешоби ситабри хунист ва он пешобе, ки дорои дурди густаришёфта (муташаббис) аст, гоҳе бар дурустии испурч ва намнокии он гувоҳӣ диҳад. Гуфтаанд, ки агар андар пешоб моддаи ба хуни баста шабеҳ ҷой дошта бошад ва бемори табро иллати бузургии испурч бувад, испурчаш пажмурда хоҳад шуд. Гоҳе баъзе касонро чунин иттифоқ афтад, ки бо испурчи бузург зода шаванд ва бо ҳамин ҳол боқӣ монанд ва бархеҳоро бузургии испурч ориз бигардад ва бо ҳамин ҳол муддати дарозе зиндагӣ кунанд ва ба шаҳодати ҳолатҳои зоҳирӣ тамоми умр саломат боқӣ монанд, вале аз сабаби бузургии испурч мумкин аст офатҳои зиёде падид оянд, ки инҳо низ ба моддаи баамаловаранда ва ба қувваи испурч вобастагӣ доранд. Бидон, ки испурч гоҳе ба тариқи гузариш аз паси ҷигар ба омос гирифтор шавад ва ин беҳтар аз он аст, ки омоси испурч ба ҷигар бигузарад.
Нишонаҳо. Ҳамаи омосҳои испурч андар гаронӣ бо ҳам анбозӣ доранд. Ҳангоми омоси бузург дард то ба бахши тарафи чапи ҳиҷоб рафта бирасад ва гоҳе ба боло баромада, то охурак ояд ва пайвандгоҳи чапи бозу ба анбозии охурак дард кунад. [Омос] гоҳе нафасро дучандӣ ва бар ҳайъати нафасе бигардонад, ки ҳангоми гиряи кӯдак ба амал ояд, аз баҳри он ки омос ҳиҷобро нагузорад, ки ҳаракати нафасгириро пайваста давом диҳад. Бинобар он вай ба иллати дард андаке аз ҳаракат боз истад, сипас аз нав ҳаракат кунад. То даме ки омос бузург нашавад, ҳиҷобро тангӣ нахоҳад овард. Анбозии испурч бо ҳиҷоб хеле камтар аз анбозии ҷигар бо ҳиҷоб ва камтар аз анбозии меъда бувад. Ба ғайр аз ин ҳангоми лоғар будани тан дамиши испурчро ба ҳис тавон дарёфт. Гоҳе аз сабаби омосҳои испурч ва хусусан агар онҳо андар бахши фурӯсӯви он ҷой дошта бошанд, мумкин аст хунро тунукӣ ориз бигардад, аз баҳри он ки бахши дурдии хун ва тираи онро испурч ба шиддат ба худ бикашад. Гоҳе [худованди ин омосро] чунин ориз бигардад, ки кафи пойҳо, зонуҳо ва кафи дастҳояш таб кунанд ва ин аз баҳри он бошад, ки даҳони меъда ба бахши фурӯсӯви испурч анбозӣ дорад, зеро аз он ҷой вариде ба барсӯ биравад, ки гузаронандаи хилти савдовист. Бинобар ин, ҳар гоҳ ягон чизе гармии модарзодиро шикаст бидиҳад, ӯ ба сӯи андомҳои атрофии қавӣ бигурезад.
Гоҳе сари бинӣ ва гӯшҳои [беморро] чунин рӯй диҳад, ки онҳо сард бигарданд, аз баҳри он ки хунро тунукӣ ва зуд мутаассир шудан аз сардӣ ориз шуда бошад ва ба изофаи он [хун] кам буда, ин андомҳо аз чизҳои сардиовар сахт мутаассир бигарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор