Қонуни тиб

Омос аз дамиш бо он фарқ кунад, ки [ҳангоми дамиш] гаронӣ нахоҳад буд.
Омос аз даст расонидан ба дард ояд, вале дамишро гоҳе молидан фурӯ нишонад, дардашро бибарад ва қароқуру оруғ оварад. Омосҳои гарми испурч бо аразҳои [ҳангоми баёни омосҳои ҷигар] ёдшуда андар афрӯхтагӣ, таб ва ташнагӣ анбозӣ доранд, лекин ҳангоми омоси сафровӣ афрӯхтагӣ шадидтар, ташнагӣ қавитар ва гаронӣ камтар буванд, дард аз азҳамкашидагӣ дида бештар ба афрӯхтагӣ моил бувад ва ранг ба сурхӣ бизанад.
Ба ҳангоми омосҳои сахти испурч (412) нафс ғуссаманд бигардад ва андар баъзе вақтҳо андӯҳу васваса авҷ гиранд. Аммо парешонақлии зиёд ҷуз ба ҳангоми фузун будани моддаи ғолиб ориз нагардад, аз баҳри он ки моддаи савдовӣ ба сӯи ғайри сар равона бувад, вале ин [ҳолат] гоҳе аз тариқи дигар, яъне ба анбозии испурч бо ҳиҷоб, сипас [ба анбозии] хиҷоб бо мағз рӯй бидиҳад.
Бисёр бошад, ки аз сабаби сахтии испурч забон сиёҳ бигардад, ранг ба сиёҳӣ бизанад ва ба ҳангоми фишурдан аз ғайри қароқур сахтӣ дарёфта шавад ва ин ба шартест, ки бо он дамиш ҳамроҳ нашуда бошад. Баробари [омосҳои испурч] на таби доимӣ, балки мумкин аст таби бетартибона вуҷуд дошта бошад. Гоҳе ба ҳангоми чунин [омосҳо] решҳои соқҳо, хӯраи дандонҳо ва вораҳо зиёд шаванд, аз баҳри он ки хуни ба сӯи соқҳо фурудоянда ситабр ва бухори ба сӯи вораҳо бароянда табаҳ буда, ноҳияҳои вораю дандонҳоро бихӯрад. Бинобар он гоҳе андар решҳои соқҳо буҳрон зоҳир бигардад, чунки бисёр касони гирифтори бемории испурчро ҳар гоҳ варзишҳои сахт кардан лозим меояд, моддаҳо ба сӯи соқҳо кашида шуда, ба табишҳо табдил ёбанд ва андар соқҳо табишҳое бирӯянд, ки «бутм» ном доранд.
Пешоби бемори испурч аксар вақт андар шиша солим бинамояд, лекин агар ӯ варзиш кунад, савдояш ҳал шуда, ба пешоб гузарад ва ба он ранги сиёҳи пеш набударо бахшад. Агар сабаби ин гурдаҳо мебуд, ин ҳол ҳамеша ва ҳатто ҳангоми осудагӣ низ давом мекард. Раг задани зиёд испурчро бештар гирифтори омос кунад. Хазон душмани он бувад. Агар сахтӣ баъд аз омоси гарм падид ояд, пеш аз он аразҳои [омоси] гарм зоҳир бигарданд ва сипас онҳо бекор шуда, ба аразҳои сахтӣ табдил ёбанд.
Бисёр бошад, ки испурч худ ба худ ва ё бо ёрии ягон чизи қависозанда якбора қавӣ шавад ва бинобар он бар зидди ҳамаи моддаҳои бади андар хеш буда иқдом кунад ва дурдеро ба сони дурди равғани зайтун ба исҳол берун оварад. Далели он, ки ин дурд аз испурч аст, на аз ҷигар, ин аст, ки ҷигар аз иллатҳо пок бувад, испурч аз барои онҳо азоб бикашад ва ба сабаби ӯро ориз шудани баъзеи ин [иллатҳо] пажмурда бигардад. Аммо ҳангоми омосҳои сарди балғамӣ бошад, нишонаҳои омос, ба изофаи онҳо эҳсоси нармӣ ҳангоми ламс кардан ва баробари сафедии ранг андаке сиёҳӣ ҷой хоҳанд дошт.
Дардмандони испурч беш аз дигарон иштиҳои таом доранд, вале қай кардан барои эшон ниҳоят душвор бувад ва аксар вақт табиаташон баста буда, ҳангоми қай ва исҳол ба доруҳои сахт қавӣ эҳтиёҷ дошта бошанд.
Фасли чаҳорум
андар муолаҷаи омосҳои
ниҳоят гарми испурч
Муолаҷаи инҳо ба муолаҷаи амсоли андар ҷигар будаи онҳо монанд аст, вале лозим нест, ки ҷиҳати қабзкунандагӣ чандоне риоя карда шавад. Лекин бояд аз гармиоварии зиёд эҳтиёт шуд, то ки модда зуд ситабру сахт нагардад. Аз ин ҷиҳат низ [испурч] бо ҷигар анбоз аст ва ҳар ду омодаи онанд, ки омосҳои гарм ба омосҳои сахт табдил ёбанд. Лекин бояд бо [доруҳои испурч] доруҳоеро аз қабили шибит биомезанд, ки ба изофаи гармии муьтадил, қабзкунандагӣ ва қувваи сардӣ доштан то андозае буранда буванд.
Бидон, ки сирко андар таркиби дармони ҳамаи иллатҳои испурч хеле бисёр бидарояд ва бояд ҳангоми муолаҷаи [испурч] ҳамаи доруҳо бо сирко ба кор бурда шаванд. Бояд муолаҷаро нахуст аз задани раги босалиқ оғоз намуда, сипас ба бемор фишурдаҳо ва обҳои [212] андар боби иллатҳои ҷигар ёдшударо бидод. Он чи, ки бештар ба испурч хос аст, оби барги газ, оби барги бед, оби барги ғарб (маҷнунбед), оби хурфа ва оби пари сиёвушони тар мебошад. Яке аз чизҳои андар ин бора судманд ин аст, ки ба бемор ду дирам тухми хурфаро бо сирко бидиҳанд, зеро ин хосияти ҳал кардани омосҳои испурч ва сахтии онро дорад. Низ бояд ҳар рӯз ба андозаи як кафча доруи кӯфтаи «забони барра»-и хушконида бидиҳанд. Ғизо аз чизе кунанд, ки андар боби ҷигар ёд кардем. Зиришкво хусусан ҳангоме хосияти судманд дорад, ки агар хушкии онро бо шакар ва тарангубин шикаста бошанд.
Фасли панҷум андар баёни муолаҷаи сахтиҳои испурч
Агар бидонӣ, ки сабаби он расидани хуни бисёри савдовист, бояд босалиқ ва усайлим бизад ва усайлим агар пеш аз афтидани қувват баста мешуда бошад, бояд гузошт, то худ ба худ баста бигардад. Гоҳе туро зарурат водор кунад, ки видоҷи чапро бизанӣ ва гоҳе чунин эҳтиёҷ афтад, ки аз паси он бо ёрии доруҳои савдоберункунандае аз қабили он чи ки андар боби ярақони сиёҳ гуфта шуд, ба истифроғи савдо бипардозӣ. Қонуни аз паси ҳар як ҳалсозӣ ба кор бурдани нармсозӣ, ки андар боби муолаҷаи сахтиҳо ёд шудааст, набояд фаромӯш шавад (413) ва ин аз барои он аст, ки то хилт санг нагардад.
Хар гоҳ аз ин тадбир фориғ шудӣ ва ё ҳар гоҳ агар ба ин туро эҳтиёҷе набошад, туро воҷиб аст доруҳои зудояндаи бурандаеро ба кор барӣ, ки чандон дорои гармӣ нестанд. Гоҳе метавонӣ ин ғаразҳоро аз доруҳои сода ҳосил кунӣ ва гоҳе туро ба доруҳои мураккаб эҳтиёҷ афтад. Доруҳои содае, ки чунин корҳо кунанд, он доруҳоеанд, ки андар онҳо талхию гирандагӣ ва ё тезии муътадилу гирандагӣ дарёбӣ. Гоҳе чунин доруҳои содаеро биёбӣ, ки ҳар чанд андар онҳо ҳолати [сифатҳои] мо ишоракарда зоҳир нест, вале бо хосияти хеш амал кунанд.
Ҳар гоҳ доруеро дарёбӣ, ки танҳо дорои талхист, онро бо сирко ва миқдоре аз замч биомез, зеро замч ба он хусусияти қувватдиҳӣ ва латифсозандагӣ ҳамебахшад. Доғмонӣ, ки аз барои [муолаҷаи] бемориҳои испурч ёд шу дааст ва ҳарчанд он нисбат ба он чи ки мо ишора кардем, чандон таъсири ошкоро надорад, вале бар раге бояд гузошта шавад, ки андар бахши дарунии бозуи чап ҷой дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор