Қонуни тиб

Буқрот гуфтааст: «Дарунрави куҳани савдовӣ беҳ нахоҳад шуд». Ва ӯ низ гуфтааст: «Агар истифроғ нахуст чун об буда, сипас чун марҳам бигардад, бад бувад.
Агар баъди истисқо ва хусусан истисқое, ки аз сабаби омоси ҷигар падид омадааст, исҳол биафтад, бад аст ва он ба зараб табдил ёфта, ғайри бахши обиро берун орад ва қатъ нагардад». [Буқрот низ] гӯяд: «Ҳар дарунраве, ки баъди беморӣ ногаҳон ориз гардад, далели наздик будани марг аст». Ӯ гӯяд: «Гоҳе баробари истисқо зараб ба вуҷуд омада, қатъ нагардад ва на низ [суде] бахшад, зеро он на бахши обӣ, балки он чизеро ба исҳол оварад, ки ба сабаби он тан заиф бигардад. Гоҳе саҳҷ ва решҳои рӯдагон ба истисқо анҷоманд. Ҳар киро ба изофаи печиши ноф кузоз, ҳукак ва тирагии ақл рӯй дода бошад, ин далели марг аст». Андар китоби аз гӯри Буқрот [ёфтшуда чунин омадаст]: «Ҳар киро зусанториё бувад ва андар паси гӯши чапаш чизи сиёҳе шабеҳ ба говдона падид ояд ва ба изофаи он ӯро ташнагии шадиде фаро бигирад, андар рӯзи бистум бидуни таъхир бимирад ва наҷот нахоҳад ёфт».
Бидон, ки таби мушкили бар бузургии омос далолаткунанда, инчунин афтидагии иштиҳое, ки бар марги қувваи андар даҳони меъда ҷойдошта далолат кунад ва исҳоли сиёҳ ба ҳангоми решҳои рӯда ҳама баданд. Он [дарунраве], ки ба рӯдаҳо вобаста буда, аз ғайри саҳҷу хун ва аз ғайри сабаби аз боло буда ба амал ояд, аз ҷиҳати сабабҳо бо лағжонии меъда анбозӣ дорад. Лекин [дарунраве], ки аз сабаби гудозиши решҳои [рӯдаҳо] ба амал меояд, бештар аз оне рӯй диҳад, ки аз [гудозиши решҳои] андар меъда буда ба амал ояд ва гузашта аз ин чунин ба назар бирасад, ки гӯё ҷуз андар рӯдаҳо ба амал намеояд. Агар ин [решҳо] қулоӣ бошанд ва моддаи онҳоро баамаловаранда беист бирезад, ин ночор ба саҳҷи хунӣ ва шикамрави хунии сахт бурда расонад. Аз ҷиҳати сабаб бо ин [шикамрав] боқӣ мондани қувваи доруи исҳоловар андар даҳони рагҳои рӯда ва сатҳи онҳо, ки боиси исҳол бигардад, анбозӣ кунад. Он [дарунраверо], ки аз сабаби заъфи рӯдаву меъда ба амал ояд, «моддаи шикам» хонанд. Бештари сабабгори ин нотавонӣ решҳо ва гудозиш аст. Гоҳе қисме аз ин хуни андар шикам рехта баста бигардад ва бар ин ба якборагӣ сард шудани дасту пойҳо, дамиш овардани шикам, афтидани набз ва ба ҳолати беҳушӣ гирифтор шудани [бемор] гувоҳӣ диҳанд.
Он [шикамраве], ки ба рӯдаи рост, яъне рӯдаи шашум, вобаста аст, бархе аз он бо дард ба амал омада, онро «заҳир» номанд ва он дарди тамаддудӣ ва инҷиродӣ (тарошидашавӣ)-и рӯдаи рост бувад ва бархе дигар бедард ба амал ояд. Сабаби заҳир инҳост: ё омоси гарме, ки аз он ягон чизе сайлон кунад; ё омоси сахт; ё бод; ё истирхои мушакҳо, ки баробари он мақъад берун ояд; ё тамаддуди оризшуда ва кузозе, ки мушакҳои бирознигоҳдорандаи ноҳияи мақъадро аз кор боз дорад; ё фазлаи шӯр ва ё буранок; ё кимуси ситабр; (425) ё талхаи омезишёфта; ё натиҷаи зусанториё; ё сардие, ки андомро расида бошад; ё муддати дароз бар чизи сахт нишастан; ё ситабрӣ ва ё сахтии бирозе, ки берун ояд; ё хилтҳои тез; ё носурҳо; ё бавосир; ё кафидагӣ; ё решҳо ва хӯра шудан; ва ё бирози бандгардида.
Аксар вақт [заҳир] аз сабаби хилти мухотие ба амал ояд, ки он нахуст мухотӣ буда, сипас тарошамонанд ва баъд аз он ба доначаҳои хун табдил ёбад. Гоҳе ҳамроҳи заҳир чизи сангмонанде берун ояд, чунонки инро бархе аз [пизишкон] ҳикоят кардааст, вале Ҷолинус дур аз ҳақиқат шуморидааст. Аксар вақт заҳир худовандони балғами гандаро рӯй диҳад, аз баҳри он ки асари ин [балғам] ба иллати уфунати он ҳар вақт ҳангоми гузаштан андар рӯдаи рост боқӣ бимонад ва изофа ба ин вай часпак, андармоншаванда ва сӯзонанда бувад. Гоҳе ба иллати буранокии ин [хилт] бемор чунин гумон кунад, ки андар мақъадаш намак пошида бошанд. Заҳири беш аз ҳама ба осонӣ беҳшаванда онест, ки баъди зусанториё набошад ва аз он падид наомада бошад.
Бисёр бошад, ки маъқад ва рӯдаи ростро кузоз рӯй диҳад ва ё азҳамкашидагӣ ба амал ояд. Бинобар он [ҳангоми азҳамкашидагӣ] мушакҳояшро чунин ҳолат ориз бигардад, ки чизи ба сӯи он расидаро нигоҳ доштан натавонанд, вале ҳангоми кузоз чунин рӯй диҳад, ки чизи бар фарозаш бударо фуруд овардан натавонад. Шикамраве, ки ба мақьад вобаста буда, бе дард бувад, танҳо ба шакли хуноӣ зуҳур кунад, на дигар хел. Бештари ин аз тариқи фазлаҳои танро рондани табиат ба амал ояд. Ин [фазлаҳоро] сабабҳои фазлаоваре аз қабили ғизоҳо, баста шудани сайлон, ё бурида шудани ягон андом, ё тарки варзиш ва ё дигар чизҳое, ки ба ҷои хеш гуфта шуданд, андар тан гирд созанд. Ин гуна [шикамравро], модом ки бими афтидани набз ва қувват набошад, набояд баст.
Ин буд намудҳои сайлони заҳирие, ки аз рӯдаҳои шашгона вобастаанд. Аммо он шикамраве, ки ба тамоми тан вобаста аст, ё ба тариқи буҳрон ва қавӣ будани қувваи ронанда ба амал ояд ва ё ба тариқи афтидани қувваи нигоҳдоранда, чунонки каси тарсидаву ҳаросида ва каси андар поёни умр ба бемории сил ва ё диққ гирифторро чунин рӯй диҳад; ё ба тариқи гудозиш ба амал омада, нахуст тунук бувад, сипас дурушт бигардад, гуруснагӣ шиддат ёбад ва баъди он иштиҳо афтида, табҳо ориз гарданд ва гоҳе маниши гаштан, ба душворӣ омадани пешоб, бодҳо, қароқур, тирагии ранг, сардии дасту пойҳо ва хушкии забон рӯй диҳанд; ё ба тариқи табаҳ гардидани хилтҳо, ки иллати ин табҳои бад ва заҳрҳои зиёнвар буванд, ба амал ояд; ё ба тариқи ронда шудане ба амал ояд, ки ба пурии ниҳоят зиёд вобаста буда, иллати ин [пурӣ], чунонки маълум аст, тарки истифроғ, ё баста гардидани сайлони одатӣ, ё бурида шудани ягон андоме, ё тарки варзиш, ё кам таҳлил ёфтани [хилтҳо] аз тариқи тан ва дигар чизҳое бувад, ки худ ҳамедонӣ ва ё мумкин аст сабаби он якчанд бор болои ҳам рӯй додани хоммонии [ғизо андар меъда] буда, он ба тариқи бемории зудрав берун ояд ва ин яке аз намудҳои ҳайза бувад; ва ё ба тариқи нагузаштани ғизо ба амал ояд, ки ин аз сабаби судда доштани рагҳо ва ғайра рӯй дода бошад.
Ҳайза ин ҳаракати моддаҳои фосиди ногуворидаест, ки андар зери фишори тунду тези қувваи ронанда аз тариқи рӯда гаштаву баргашта майли аз тан берун шудан кунанд. Чунки агар ғизоҳо ниҳоят гуворида нашуда бошанд, ба хилтҳои мухолифи тан табдил ёбанд ва чун бар табиат гаронӣ оваранд, табиат онҳоро аз ҳар сӯ, гоҳе ба намудҳои гуногуни қаи зардагӣ, қаи обӣ ва қаи зангорӣ ва [гоҳи дигар] ба намудҳои гуногуни исҳол берун ронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор