Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Он ҳайзае, ки сабабаш як бор табаҳ шудани таом аст, беосебтар аз он ҳайзаест, ки ба сабаби думодум табаҳ шудани [таом] падид омада бошад. Ҳайзаи бад нахуст ба таври сабук оғоз ёфта, сипас андар шикаму рӯдаҳо дард ва печиши ноф падид омада, густариш ёбад ва ин [дарду печиш] ба иллати хилтҳои тези рӯ ба меъда дошта ва газандаи он ба сӯи меъда барояд. Андар бештари ҳол исҳол ва қай якҷоя ба амал оянд. Ҳар гоҳ ин [хилтҳо] берун ронда шаванд, ба сабаби медонистаат, хилтҳои тан низ аз паси онҳо бираванд. Бинобар ин [ҳайза] бо исҳоли заҳравӣ оғоз ёфта, сипас ба шакли обии холис ва гандаи бадбуй берун ояд. Баъд аз он гоҳе боиси шикамраве шавад, ки мисли оби [219] гӯшти тоза шусташуда буда, бӯи пиҳ диҳад ва андаке тарошамонанд бувад. Сипас, боиси сустии набз, ташаннуҷ ва падид омадани арақи сард гардида, ба марг бикашонад.
Худовандони ҳайзаро бисёр ташнагӣ рӯй диҳад ва ҳар боре, ки об биошоманд, об андар меъдаи эшон гарм шуда, қай карда шавад. Шикебоӣ бар ташнагӣ эшонро судманд аст. Бисёр бошад, ки ба тариқи фишору ранҷ ва ба сабаби аразҳои ногаҳонӣ набзи эшон бекор гардад ва ҳар гоҳ ки аразҳо фурӯ нишинанд, набз боз ояд. Ҳар киро (426) одати ҳайза бошад, ӯро чандон хатаре нахоҳад буд, ки каси одати ҳайза надоштаро бошад. Вай андар кӯдакон бештар рӯй диҳад. Ҳайза аксар вақт ки ориз бигардад, ба тобистону хазон зоҳир бигардад, аз баҳри он ки андар ин ду [фасл] гувориш суст аст ва андар зимистону баҳор кам рӯй диҳад. Бисёр вақт ношито аз болои ғизои ситабр оби сард ошомидан хусусан ҳангоми ифтори рамазон ҳайза падид орад. Зардолу ва харбуза ҳар ду аз чизҳои ҳайзаангезанд. Бисёр вақт чун ҳайза баста шавад, бақияи моддааш ба сӯи андомҳои пешоб гароида, ба ҳангоми пешоб сӯзиш ба амал оварад.
Исҳоле, ки ба сабаби номумкинии гузариши ғизо биафтад, яъне исҳоли суддавӣ, исҳолест, ки онро «исҳоли ба таври даврӣ баамалоянда» хонанд. Аз баҳри он ки рагҳои суддаовар андар як муддати муайян ба андозаи таҳаммулнопазир пур шуда, сипас дубора тиҳӣ шаванд.
Андар миёни ин ду ҳол як ҳолатест, ки шабеҳ ба ҳолати саломатист. Навбати аз ҳама дарозтар бист рӯз аст, вале он ба сабабҳои маълум мумкин аст гоҳе пештар ва гоҳе дертар ба амал ояд.
Аммо шикамраверо, ки ба сабаби ғизоҳо рӯй диҳад, мо як бор андар боби [шикамрави] меъдавӣ ёд кардем ва агар онро бори дигар зикр карда, шарҳи бештаре диҳем, ҳеҷ боке надорад. Мо бигӯем: Шикамрави аз ғизоҳо падидоянда ё ба камии онҳо вобаста буда, ин [миқдор ғизо], чунонки донистӣ, андар меъдаи гарм табаҳ гардад ва дар натиҷа табиат онро напазируфта, берун ронад; ё ба бисёрии онҳо вобаста буда, дар натиҷа дамишу гаронӣ оварда, гуворишро напазирад ва табаҳ бигардад; ё ба гаронии ғизоҳо низ вобаста буда, бинобар ин ғизо [зуд] фуруд ояд; ё ба сӯзандагии онҳо вобаста бошад, чунонки пиёз ҳамин гуна аст; ё ба қувваи заҳрии онҳо вобаста бошад, чунонки саморуғ ҳамин гуна аст; ё ба зуд табаҳ шудани онҳо вобаста бошад, чунонки шир

ҳамин гуна бувад; ё ба ниҳоят тунук будани онҳо вобаста буда, бинобар ин онҳо битарованд ва ба наздики дарвоза банд нагарданд; ё ба рутубат ва лағжонии онҳо вобаста буда, онҳо билағжанд; ё ба бисёр ҳаракат кардан аз паси ғизо вобаста аст; ё ба бисёр ошомидани об аз болои ғизо вобаста буда, ин [об] ё дамиш оварад ва ё [ғизоҳоро] билағжонад; ё ба хилтҳое вобаста бувад, ки чун балғам лағжонанда ва ё чун зарда зудоянда бувад; ё ба ғизои дурӯғин будани онҳо вобаста аст, яъне онҳо аз ҷиҳати камият зиёду аз ҷиҳати ғизобахшӣ кам буванд, масалан, тараҳо ҳамин гуна буванд; ва ё ба тартибе вобаста бошад, ки ба муҷиби он лағжиши ғизо ба амал ояд, масалан, нахуст ғизои нарми сабукҳазми лағжонанда ва сипас ғизои қабзкунандаи фишурдакунанда хӯрдан ҳамин гуна аст ва ё ба охир хӯрдани чизи зуд табаҳшаванда боиси он бигардад, ки худ табаҳ шавад ва чизи андар зераш бударо низ табаҳ карда, табиатро ба рондан маҷбур созад.
Шикамрави ба сабаби ҳавои муҳит баамалоянда бадин гуна аст, ки ҳавои гарм нахуст ҳал карда, сипас хушк созад, ҳавои сард нахуст фишурда сохта, сипас хушк созад ва боди ҷануб, боронҳои зиёд ва [ҳавои] кишварҳои ҷанубӣ шикамро бикушоянд. Гоҳе бодҳо аз тариқи табаҳ сохтани гувориш ва ба ҳаракат овардани ғизо сабабгори исҳол бигарданд. Буқрот гуфтааст: «Касони шикастазабонро аксар вақт дарунрав ориз шавад». Ӯ «забоншикаста» гуфта, касонеро дар назар дорад, ки овози «ре»ро дуруст талаффуз кардан натавонанд. Сабаби ин чунин аст, ки бар андомҳои асабнок ва бар меъдаҳои эшон аз тариқи анбозии мағз рутубат фармонраво гардидааст ва ё ин ба ягон сабабе вобастагӣ дорад, ки мағз ва дигар [андомҳоро] фаро гирифта бошад. Ин гуна [беморонро] низ бояд ба оҳистагӣ исҳол овард. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро андар барноӣ табиат нарм ва ё сахт бувад, ба пирӣ баръакси он хоҳад буд, лекин агар ҳар киро ҳангоми барноӣ табиат ҳамеша нарм бошад, пайваста давом кардани ин ҳангоми пирӣ ӯро созгор нахоҳад буд». Ҳар шикамраве, ки баъд аз бемории зудрав ногаҳон ба амал ояд, далели марг бувад, аз баҳри он ки ин гуна [шикамрав] бар якбора табаҳ шудани хилтҳо гувоҳӣ диҳад.
Бар фарқи миёни шикамрави аз лағжонӣ ба амал омада ва лағжонии меъда гувориши андаке далолат кунад, ки андар таом ҷой дошта бошад. Чунки ҳар гоҳ [чунин таом] аз меъда фуруд ояд, андар рӯдагон таваққуф накунад, балки зуд ба берун барояд. Агар сабаби он решҳо бошанд, далели ин саҳҷ ва он чизи беруноянда аст, ки аз ҷумлаи далелҳои решҳо буванд. Агар андар ин ҳол балғами часпак ҷой дошта бошад, далели ин низ он балғами ҳангоми [шикамрав] беруноянда, бодҳо ва қароқур мебошад. Ҳангоми [шикамрави] балғамӣ лағжиши ягон чизи гароне ва ҳангоми [шикамрави] решӣ андар зери маҳалли меъда дард ҳис кунанд. Агар лағжонӣ на аз сабаби решҳо ва на аз сабаби балғам, балки аз сабаби бадмизоҷӣ бошад, адами беруноии нишонаҳои решҳо ва балғам бад-ин гувоҳӣ диҳад.
Ҳар гоҳ худованди шикамдард ва хусусан худованди заҳирро ҳукак падид ояд, ин далели бад буда, бар хуш кии пажмурдасозанда далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ