Қонуни тиб

Ҳар гоҳ ба каси шикамдард ва заиф ғизо бидиҳанд ва набзаш афзоиш наёбад, ин гуна [одамро] муолаҷа накун. Ҳангоми мурдани каси ба шикамдард гирифтор набзи он андак-андак биафтад ва ба кирмӣ ва мӯрчагӣ табдил ёфта, бо вуҷуди ин [худи ӯ] ҳанӯз зинда ва бо ҳуш бошад. Сипас набзаш андар ҳоле бекор гардад, ки зинда бувад ва баъди он бимирад. Бидон, ки ҳар гоҳ [аз шиками] бемори дарунрав чизҳои гуногуне аз қабили зарда, кафк ва дигар чизҳои нохуш берун оянд ва ӯ нотавонӣ ҳис накунад, ин гуна [дарунравро] набояд нигоҳ дошт, чаро ки он боиси падид омадани бемориҳои душвор ва омосҳои бади палид хоҳад шуд.
Нишонаҳо. Гуфтаанд, ки ҳар гоҳ ҳангоми табҳои сафровӣ пешоб сафед буда, ба изофаи он далелҳои дуруст, яъне баҷо будани ақл, набудани сардард ва монанди инҳо ҷой дошта бошанд, пас, чашмдори падид омадани саҳҷи рӯдаҳо мебояд буд. Фарқи миёни [шикамрави] мағзӣ ва [шикамрави] меъдавӣ он аст, ки шикамрави меъдавиро ҳеҷ тартибе нест ва на низ андар вақтҳои муайян, балки ба ҳасби тадбири [ғизо] хуруҷ кунад. Агар қувваи гуворанда заиф бошад, [ғизо] худ ногуворида берун ояд ва агар қувваи нигоҳдоранда заиф бошад, ғизо зуд берун равад. Агар ҳам қувваи нигоҳдоранда ва ҳам қувваи ронанда заиф бошанд, (427) ғизо зуд берун шавад, вале якбора ба миқдори зиёд наояд, балки думодум ба қазои ҳоҷат бархоста шуда, андак-андак берун ояд. Аксар вақт ин аз сабаби сардӣ бувад. Агар нотавонӣ андар ғайри қувваи гуворанда ҷой дошта бошад, ҳар чи ки берун ояд, тамоман ногуворида берун наояд, балки ба ҳоле берун ояд, ки ба ҳасби замони таваққуф карданаш андар меъда як андоза гуворида бошад. Он [шикамраве], ки аз сабаби лағжонии рутубатӣ падид ояд, баробари он рутубатҳои [гуногун] берун шаванд. Он [шикамраве], ки аз сабаби лағжонии решӣ ва ё табишӣ ба амал ояд, ҳамроҳи он нишонаҳои решҳои меъда, аз қабили қаи қишрӣ, [дамидани] табишҳо андар даҳон ва [ҳис кардани] дард низ ҷой хоҳанд дошт. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро лағжонии рӯдагон бувад, қай ӯро бад хоҳад буд».
Ин ҳукмест, ки иллаташ пинҳон бувад.
Аммо [шикамрави] мағзӣ аксар вақт баъд аз хоби тӯлонӣ ба амал ояд, навбатнокияш нигоҳ дошта шавад ва баробри он нишонаҳои назла ва табоҳии мизоҷи мағз ҷой дошта бошанд. Андар «Китоби ғариб»60 чунин омадааст:
«Ҳар гоҳ ба ҳангоми лағжонии рӯдагон бар рӯи паҳлуҳо табишҳои сафеди нахӯдмонанд падид оянд ва пешоб ба фаровонӣ бирезад, бемор худи ҳамон соат бимирад». Нишонаҳои [шикамрави] ҷигариро мо андар бобҳои бемориҳои ҷигар ёд кардем ва шикамрави мосориқоиро низ ҳамчунин. Аммо [шикамрави] испурчӣ: бештари он савдовӣ буда, мо инро андар боби худаш ёд кардаем ва [гоҳе] дурдро монад. Мо ҳар чи аз нишонаҳои баду некро, ки мансуб ба ин [беморӣ буд], овардем, фарқи онро аз [шикамрави] ҷигарӣ ёд кардем ва андар боби бемориҳои испурч андар худи боби ҳозир ва ҳангоми зикри чизҳои аз ҷигар хориҷшаванда нишон додем, ки ин [шикамрави мазкур] ҳангоми дардҳои [гуногуни испурч] ва ҳолатҳои ғайритабиии он ба амал меояд.
Бар шикамрави рӯдагии чи хунӣ ва чи ғайри хунӣ, дарди рӯдаҳо ва печиши ноф далолат кунанд ва чунонки донистӣ, ин аз ҷигарӣ бо он фарқ дорад, ки ҷигарӣ бештар рӯй дода, дорои навбатҳову таваққуфот аст, ҳар навбат бадтар аз навбати пешин ва бадбӯйтар буда, зиёни он барои пуррагии тан бештар бувад ва баробари ин [шикамрав] нишонаҳои табоҳии ҷигар зоҳиртар гарданд. Бидон, ки асосан бар ҳолати дард, печиши ноф ва тарошагии [исҳол] бештар диққат диҳанд ва агар инҳо вуҷуд дошта бошанд, бидонанд, ки ин [шикамрав] ночор аз рӯда аст, вале ҳангоми набудани ин [нишонаҳо] низ гоҳе аз рӯдаҳо падид ояд. Бар саҳҷ ва исҳоли хуне, ки хоси рӯдагон аст, низ дард ва печиши ноф далолат кунанд. Гоҳе мумкин аст исҳоли хун аз сабаби боз шудани рагҳо падид ояд, вале агар реш шаванд, баробари [чунин дарунрав] саҳҷ низ ба амал ояд. Гоҳе нахуст решшавӣ ориз гашта, сипас дар натиҷаи он исҳоли хунӣ ояд. Бар рӯдагӣ будани он тарошанокию пӯстлохии [исҳол] гувоҳӣ диҳад. Гоҳе реш мумкин аст қулоӣ буда, танҳо баъд аз гузаштани муддате чанд тароша зоҳир кунад, лекин андар ҷойгоҳи муайян лағжиши дардноке ҳис карда шавад ва чизи беруноянда андак, пайваста ва дероянда бувад. Берун омадани қишрҳо ба ҳангоми исҳоли бе саҳҷ далели он аст, ки онҳо аз [220] меъда ва маҳаллҳои бад-он алоқаманд ҳамеоянд ва дарди меъда ва [дигар нишонаҳое] аз ин гувоҳӣ диҳанд, ки андар боби худ дониста шуданд.
Бидон, ки тарошаву чизи харошидашуда ҳар ду далели қатъии решҳост. Агар ба изофаи онҳо бадбӯии бод низ ҷой дошта бошад, ин бар хӯрагии [реш] далолат кунад ва агар ба изофаи бадбӯӣ [исҳол] савдонок бошад, бими он дорад, ки захм саратонист. Макони реш, офат ва сарчашмаи баромади хунро аз тариқи аз ноф боло ва ё поин будани макони дард ва аз тариқи қавӣ будани он бидонанд, зеро дарди рӯдаҳои борик сахт буда, андомҳои болоиро низ фаро бигирад. Низ онро аз тариқи тунукию ситабрии қишрҳо муайян кунанд, зеро қишри ситабр ҳамеша аз рӯдагони ситабр ва қишри тунук аксар вақт аз рӯдагони борик берун омада, бузурги он бештар аз рӯдагони ситабр ва хурди он аз рӯдагони борик бувад. Агар бо чизи беруноянда сахт омехта бошад, далели он аст, ки реш андар [рӯдагони] барсӯвин ҷой дорад ва агар ҷудо бошад, далели он аст, ки реш андар [рӯдагони] фурӯсӯвин аст. Аксар вақт хуни реше, ки андар рӯдагони фурӯсӯвин ва мақъад ҷой дорад, пеш аз бироз берун ояд. [Маҳалли решро] низ аз тариқи замоне бишиносанд, ки миёни падид омадани дарду ба қазои ҳоҷат бархостан бигузарад. Агар ин замон дарозтар бошад, пас, реш андар рӯдагони борик бувад. [Дигар маҳалли решро] аз тариқи ҳолати он бироз бишиносанд, ки баробари он берун ояд. Агар бироз килусӣ буда, оби гӯштшустаро монад, пас, [реш] андар рӯдагони борик аст. Дигар аз тариқи бадбӯӣ [бидонанд], зеро он чи, ки аз рӯдагони борик фуруд ояд, бадбӯйтар бувад. Дигар аз тариқи дард [бишиносанд], чаро ки дарди [рӯдагони борик] беш аз ҳама шиддатнок аст. [Маҳалли решро] низ аз тариқи хуне бидонанд, ки гоҳе берун ояд, чунки хуни аз рӯдагони борик оянда ғолибан худ ба худ бо бироз омехта намегардад.
Бидон, ки ҳар гоҳ беморӣ аз сабаби реш бошад, дер рав бошад ва чизи беруноянда ба андозаи қобили эътибор буда, сипас ба ҳасби он дарде ҳис карда нашавад, пас, реш серчирк аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор