Қонуни тиб

То ҳангоме, ки хуншории рӯдаҳо нест нашавад ва зоҳири онҳо пок нагардад, набояд аз истеъмоли доруҳои часпакиоваранда ва қабзкунанда ба дигар доруҳо гузашт. Бархеҳо гуфтаанд, ки агар ҳангоми ин иллат хун наояд, андар таркиби ҳуқнаҳо ақоқиё нашояд афзуд, вале ин ақида ҳеҷ аст. Сипас, агар реш аз паси худ ҷароҳат ба ҷой монад, бояд доруҳои хушккунандаи қабзкунанда бо доруҳои часпакиоварандаву равғаннок ва баъд, андар поёни беморӣ, агар он боиси хӯра гардида бошад, доруҳои поккунанда ва доғниҳанда [ба кор бурда шаванд].
Бархеҳо андар баъзе фишурдаҳо ва ҳуқнаҳои беосеб андаке фалдафиюн81 ҳамроҳ кунанд ва ин суди азим бахшад. Лекин агар зарурат тақозои чизи тез ва чизи туруш накунад, беҳтар он аст, ки ин гуна [чизҳо] ба кор бурда нашавад. Бояд нахуст ба истеъмоли доруҳои туруш ва сипас ба доруҳои тез гузашт. Агар зарурат ва хӯра тақозо кунанд, ҳатто аз фалдафиюн ҳам парво накун ва онро ба қадри ҳоҷат ба кор бар. Гоҳе агар бемор таҳаммули ҳуқнаҳои тез кардан натавонад, беҳтар он бошад, ки нахуст муолаҷаро бо ягон доруи карахткунанда оғоз намуда, сипас онҳоро ба кор барӣ. Ин ҳуқнаҳои тез ва ҳуқнаи зирнихӣ бими онро доранд, ки қабатҳои [ҷирми рӯдаро] паси ҳам канда, рӯдаро сӯрох хоҳанд кард. Бинобар ин, ба истеъмоли онҳо ҳангоме бояд шитофт, ки фасод гардидани реш туро маълум гардад ва ин корро чандоне ба таъхир наандоз, ки ба сабаби густариш ёфтани реш ва сахт фурӯ рафтани он бими сӯрох шудан ба миён ояд. Бидон, ки пиҳи буз бар ҳамаи он чизҳои часпакиоварандае, ки ба ҳуқнаҳо афзуда мешаванд, бартарӣ дорад, аз баҳри он ки вай сардӣ оварда, сӯзишро ором кунад ва бар маҳалли иллат зуд баста бигардад. Бад-ин низ андар оғози иллат ниёзмандӣ бувад. Ҳар гоҳ иллат ба рим кардан бирасад, туро нахуст ба пок сохтан, сипас ба истеъмоли ягон доруи қавитаре эҳтиёҷ биафтад ва лозим аст аз истеъмоли равғанҳо ва чизҳои часпакиоварандае, ки миёни дору ва иллат ҳоил биафтанд, дурӣ ҷӯӣ.
Ҳар гоҳ бидонӣ, ки решҳо чиркноканд, онҳоро, масалан, бо оби ангубин пок соз ва аз ин ҳам қавитар намакоб, обе, ки андар он зайтуни намакинро парваридаанд ва пухтакови моҳии намакин буванд. Ба ҳангоми рим кардани [реш] туро аз истеъмоли масалан, қурсҳои зирних чора нест. Онҳоро ночор ҳангоме ба кор бибаранд, ки агар иллат аз ҳадди тозагӣ гузашта бошад ва ягон монеае пеши онро гирифтан натавонад. Бидон, ки ҳуқнаҳои равғании часпак дарди касеро фурӯ нишонанд, ки андар рӯдааш реш хӯра гардида бувад, вале [решро] беҳ накунанд. Онро [ҳуқнаҳое] беҳ кунанд, ки ба маҳалли хӯрашуда доруҳои аз барои хӯра судмандро бурда расонидан битавонанд ва он доруҳо ба изофаи хушкифизоию қабзкунандагӣ поксозандаю зудоянда буванд. Ҳар кӣ аз ин гуна доруҳо қурсҳо бисозад, набояд доруҳои часпак ва равғанӣ миқдоран бар онҳо фузунӣ дошта бошанд, аз баҳри он ки онҳо миёни доруҳо ва хӯра ҳоил
хоҳанд шуд. Доруҳои аз барои хӯра судманд гоҳе дарду алам биангезанд ва ба ин набояд эътибор дод.
Бидон, ки ҳар гоҳ бо ҳуқнаҳои тез [решро] пок сохтӣ, баъди он бояд ҳуқнаҳои решфароҳамоварандаеро ба кор барӣ, ки аз доруҳои гиранда ва часпонанда сохта шудаанд. [227]. Ин корро ҳангоме бикун, ки аз падид омадани гӯшти дуруст огоҳӣ пайдо карда бошӣ. Агар таб, нотавонӣ ва хӯрда шудани реш ба ҳам ҷамъ шуда бошанд ва ҳарорат ҷой дошта, бемор ба истеъмоли қурсҳои зирнихи танҳо ҷасорат накунад, воҷиб аст, ки онҳоро андар обҳои меваҳои қабзкунандаю сарде аз қабили ғӯра, тутум, чукурӣ, гул ва монанди инҳо бигудозанд, сипас онҳоро хушк сохта, якчанд бори дигар аз нав чунин кор кунанд ва баъд аз он ба кор баранд. Гоҳе ногузир ба [қурсҳо] банг ва афюн биомезанд ва ё пеш аз онҳо доруҳои карахткунандаро ба кор бурда, ба бемор андаке таоми сутуда бидиҳанд. Андозаи аз ҳама беше, ки аз ин қурсҳо [ба кор баранд], аз ним дирам то ду дирам бувад. Баъзан агар онҳоро андар обҳои чизҳои сардиоварандаю қабзкунандае аз қабили [оби] наск ва ҷафти булут бигудозанд, беҳтар хоҳад буд ва ин кор андар падид омадани хушкреша кумак бирасонад. Яке аз тадбирҳое, ки ҳам дардро сахттар кунад ва ҳам суд бахшад, ба ҳангоми хунобаи ниҳоят ситабр берун омадан ҳуқна рехтан бо қурсҳои зирнихест, ки андар намакоб гудохта бошанд.
Гоҳе касони ба таб гирифтор, камқувватон ва касонеро, (441) ки ҳиссашон зиёд буда, бардошти ҳуқнаҳои тез надоранд, тадбири зерин кифоят бувад: нахуст эшонро бо оби ангубин, сипас баъди чаҳор соат бо намакоб ҳуқнарезӣ карда, баъд аз он ба эшон гили набишта ва сиркои бо об омехта бидиҳанд. Ин кор эшонро беҳ хоҳад кард.
Яке аз тадбирҳои андар боби ҳуқнаҳо ҷойдошта ин аст, ки [беморро] кам-кам ва якчанд бор ҳуқна бирезанд. Агар сӯзиш шиддат ёбад, онро бо равғани гул ва аз тариқи ҳуқна рехтан бо он чорабинӣ кунанд. Ҳуқнаҳое, ки аз барои бастани хун ва манъ сохтани исҳоли он ба кор баранд, дигаргун буда, ба ҳуқнаҳои боздорандаи исҳол наздикӣ доранд. Аз барои ин ҳуқнаҳо низ қурсҳое сохтаанд, ки андар бахши обии он гудохта шаванд.
Акнун мо бояд нусхаҳои ҳуқнаҳо, шиёфҳо ва қурсҳоеро ёд кунем, ки андар таркиби ҳуқнаҳо бидароянд. Яке аз ҳуқнаҳои сабуки ҳангоми ин [беморӣ] ва ҳангоми исҳоли гарм ба кор раванда ин аст, ки бо оби «забони барра»-и танҳо ва ё ҳамроҳи баъзе қурсҳое баъд ёдшаванда ҳуқнарезӣ кунанд ва ё бо нони сафеди хамираш норасидае ҳуқнарезӣ кунанд, ки андар ягон фишурдае онро гудохта бошанд. Дигар аз ҳуқнаҳои сабук ин аст, ки оби ҷав, равғани бодом, зардии хоя ва оби гуринҷи бо пиҳи гурдаи бузи яксола ҷӯшонида ва равшан кардаеро бигиранд, ки андар он гили набишта афканда бошанд. Бо ҷӯшонидаи гуринҷи бирёнкарда ва бо пиҳи буз ҷӯшонидашуда ҳуқна рехтан низ чунин бувад. Гоҳе андар он пӯсти анор ва мозу афкананд. Бо оби пист ва гили набишта ҳуқна рехтан низ [судманд] аст. Ба ҳангоми гармии сахт ҳуқнаи зерин судманд аст: шираи фишурдаи тарошаи каду, хурфа, «забони барра», садпайванд, мӯрддона ва наскеро бигиранд, ки аз он ду бор об рехта бошанд.82 Ин шираҳои фишурдаро бо ҳам ҷамъ сохта, ба онҳо равға ни гул, сафеда, гили арманӣ, ақоқиё ва тӯтиё ҳамроҳ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор