Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ба афюн эҳтиёҷ бошад, андар он ба ҳасби ҳоҷат ва ҳолат афюн афкананд. Нусхаи ҳуқнае, ки низ аз барои саҳҷ созгор аст: бодом, пӯсти анор, мозу, тутум, барги марвиҷон ва бехи янбутро гирифта, бо шароб то ситабр шудан биҷӯшонанд, сипас биполанд. Баъд, баъзе аз қурсҳои ҳуқнаҳоро совида, бо равғани мӯрд андар он кунанд.
Оид ба шиёфҳои аз барои саҳҷбуда бошад, [бояд гуфт, ки] доруҳои асосии онҳо аз мурр, кундур, заъфарон, сандарус, замч, майъа, гунди бедастар ҳангоме, ки андар онҳо афюн бошад, ҳузаз, қиртоси сӯхта, хуни сиёвушон, шохи сӯхтаи гавазн, гили қимулиё ва гилҳои дигари ба равиши он буда, иқлимиёҳо, мурдосанг ва аз дигар чизҳои бад-инҳо монанд иборатанд. Гоҳе эҳтиёҷ ба зогҳо ва зангор биафтад. Як шиёфе оид ба саҳҷ ва заҳир: мурр, кундур, заъфарон ва афюнро гирифта, бо сафедии хоя маъҷун созанд. [Шиёфи] дигаре: сандарус, майъа, мурр, заъфарон ва афюнро бо оби «забони барра» маъҷун созанд.
Дигар: афюн, гунди бедастар, самғ ва ҳузазро бо оби фишурдаи «забони барра» ба ҳам биомезанд.
Гоҳе аз ин гуна доруҳо бо равғани гул ва сафеда марҳамҳо созанд. [Низ] онҳоро бар порае ва лахте аз пунба ниҳода ба кор баранд ва бо мил ба андаруни мақъад бидароранд. Ҳар гоҳ милро ба андаруни [мақъад] дароварданд, онро битобанд, то [доруҳо] баробар бирасанд ва боқӣ монанд.
Мисоли қурсҳои аз барои ҳуқнаҳои саҳҷибуда инҳост:
қурсҳои ситора; қурсҳои зирнихие, ки аз барои хӯра буванд ва бояд онҳоро андар кунҷораи83 ангур нигоҳ дошт, то ки қувваташон боқӣ бимонад; ва қурсҳои қиртоси сӯхта. Нусхаи яке аз қурсҳо: даҳ дирам қиртоси сӯхта ва дувоздаҳ дирамӣ аз ҳар ду навъи сӯхтаи зирних, пӯсти мис, замчи яманӣ, мозу ва оҳаки ношукуфтаро гирифта, аз онҳо бо шираи фишурдаи «забони барра» қурсҳое созанд, ки миқдори ҳар яки он чаҳор дирам бувад. Каси хурдсол аз он як дирам ва каси бузург як қурси пурра истеъмол кунанд. [Нусхаи] қурси дигар: аз ҳар кадоми тутум, кулоҳаки анор, сумфутун,84 [ки он як намуди ҳамешабаҳор аст]85 гулнор, ғӯраи ангур, қалқанд, қалқатор, арзизи сӯхта ва санги сурма як бахшӣ ва аз зангор ним бахш гирифта, аз ҳамаи ин қурсҳо бисозанд. Қурси [дигари] қавӣ: оҳак, ишхор, ақоқиё, мозу ва зирнихро гирифта, якчанд рӯз андар сирко парваранд ва баъд қурсҳо созанд. (442) Қуввати онҳо ба ҳаддест, ки гоҳе бо оби «забони барра» аз онҳо ҳуқна рехтан кифоят бошад.
Аммо зимодҳо ва тилоҳои андар ин бобат судманд, [худи ҳамон] зимодҳоеанд, ки андар боби илоҷи исҳоли мутлақ ёд шуданд. Қурсҳои ситораро бо оби мӯрд тило кардан санҷидашуда аст ва ин кор сахт судманд бувад.
Агар дард паст нашавад, беморро андар обзане бинишон, ки андар оби он доруҳои қабзкунандаи маълумро бо андаке аз шибит, ҳулба ва хитмӣ ҷӯшонида бошанд.
Агар ташнагӣ ва тоса ба ҳангоми саҳҷи сафровӣ боло гиранд, роиби ҷӯшонида ва оби писти ҷавро ба шакли сардгардонида ба кор бар. Агар дард ба ҳадде шиддат ёбад, ки [бемор] қариб беҳуш бигардад, аз истеъмоли доруҳои карахткунанда чора нест, вале пеш аз он бо пиҳи

гов86 ва оби писти ҷав бидуни таъхир ҳуқна бирез. Гоҳе [ин гуна тадбир] дардро ором кунад ва беморӣ ба сабаби муьтадил гардидани хилт қатъ шавад. Агар аз ин дард ором наёбад, бо он чизе муолаҷа бикун, ки салоҳ ҳамебинӣ ва агар бихоҳӣ андар ин гуна ҳолат бо ҳуқнаи зерин ҳуқнарезӣ бикун: оби кашки ҷав, гуринҷ, пиҳи гурдаи буз, равғани гул, самғи арабӣ, сафеда ва зардии хояро гирифта, ҳамаро андар як ҷогаҳ бишикананд. Агар бихоҳӣ, андар он афюн афзуда, сипас ба кор бар. Агар саҳҷ балғамӣ бошад, бояд муолаҷаро бо доруҳое оғоз намуд, ки балғамро бурида, берун оранд ва аз он осудагӣ бахшанд. [Ба бемор] аз ин гуна чизҳо ва инчунин аз моҳии шӯр, хӯришҳо, хардал, чугундар, обкома ва дигар комаҳо ғизо бидиҳанд ва хӯришҳояшро, масалан, аз донаи анор бо мавизу дегабзорҳо ва аз хардал ва чизҳои буранда бигиранд. Агар бемор хурмои бусри бирёнкардаро ба тариқи ғизо бисёр истеъмол кунад ва агар пеш аз он аз миёни доруҳо доруҳои моил ба гармӣ, масалан, [гувориши] хузистонӣ ва [маъҷуни] мурчӣ хӯрда бошад, ӯро судманд хоҳад буд. Бархе аз [пизишкон] чунин ёд кардаанд, ки яке аз касони ба реши рӯдагон гирифторро говшир суд бахшидааст. Чун ба ӯ ҳар рӯзе говширро бо судоб ошомонда, сипас аз хурмои бусри бирён ғизо додаанд ва ин корро рӯзгоре чанд такрор намудаанд, шифо ёфтааст. Чунин ба назар бирасад, ки он [дору] аз ҳамин қабилҳо будааст. Чунин ёд кардаанд, ки марде зусанториёи куҳанро ба тарзе дармон мекардааст, ки ё мекуштааст ва ё андар як рӯз аз он осуда месохтааст.
Вай беморро аз нону пиёзи тез ғизо дода, он рӯз ӯро бисёр [об] ошомидан намегузоштааст ва рӯзи дигар нахуст бо намакоби гарм, сипас аз паси он бо доруи қавитаре аз ҳуқнаҳои решфароҳамоваранда ӯро ҳуқнарезӣ мекардааст. Ҳар гоҳ бемор таҳаммули чунин дард мекардааст, ӯро ба ин [усул] муолаҷа менамудааст ва он ё шифо меёфтааст ва ё мемурдааст. Яке аз ҳуқнаҳои чунин [беморон], масалан, ҳуқнаи зерин аст: аз ҳар кадоми марзангӯш, зира, намак, барги сабзи даҳмаст, замч, судоб ва шоҳафсар як уқиягӣ ва ду қист равғани зайтун гирифта, ҳамаро андар ин равғани зайтун то рафтани сеяки он биҷӯшонанд ва сипас он равғанро полида, ҳамчун ҳуқна ба кор баранд. Низ, эшонро бо ҷӯшонидаи гуринҷе ҳуқна рехтан судманд аст, ки андар он моҳии шӯр афканда бошанд.
Мумравғане, ки аз барои ин намуди иллат тавсиф шудааст: дуним ратл хурмои сергӯшт, як уқия мастако, шаш уқия шибити тар, як уқия сабр, даҳ уқия мум, ба андозаи кофӣ шароб ва равғани гул бигиранд. Аз доруҳои тухмӣ сипандонро хусусан ҳангоме биафзоянд, ки агар бемор сармо ҳис кунад ва балғами обгинагун вуҷуд дошта бошад. Ҳангоми саҳҷи савдовӣ нахуст ба тавре ки мо пеш аз ин андар ҷойҳои дигар ёд кардем, тадбири савдо ва испурч кунанд. Баъд аз ин гуна тадбири ислоҳоваранда [ба кор бурдани] хокаи гилӣ суд бахшад.
Ин гуна [беморонро] ҳуқнаҳои гуринҷе судманданд, ки андар онҳо дегабзорҳои хушбӯй, тухмиҳои тези нарм ва сардиоварандаву гиранда афканда бошанд. [Низ], андар онҳо равғани гул ва зардии хоя биафзоянд. Ғизои эшонро аз чизҳое дуруст кунанд, ки зодани хунро беҳ созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ