Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе аз барои кушодани суддаҳо ба доруи исҳоловари қавие, ки моддаҳои ситабри суддаоварро бикашад ва ба хуқнаҳои сахт кашандаву суддакушой эҳтиёҷ биафтад. Андар ин бобат ба шаҳодати Буқрот яке аз судмандтарини чизҳо қаест, ки худ ба худ падид ояд. Худованди ин иллатро савоб он аст, ки ғизояшро якчанд бор бихӯрад, на як бора ва ҳар боре бояд миқдори барояш созгоре аз ғизоро хӯрда, сипас аз хӯрдан боз истад. Бояд аз паси ғизо чизе бихӯрад, ки барои зуд гузаштани он ва кушодани суддаҳои аз ғизо баамаломада ёварӣ кунад. Ба наздики Ҷолинус аз ҳама беҳтар [маъҷуни] пудинагист. Аз он ба миқдори як мисқол пеш аз таом [ба бемор] бидиҳанд ва чун таом, ки гуворида шуд, низ боз ним дирам бидиҳанд. Агар миқдори каме аз шароби куҳани қавии тунук баъд аз таом истеъмол шавад, ниҳоят хуб бувад. Тарёк нофеътарини чизҳо аз барои ин [беморист]. Ҳар гоҳ гувориши таом ба таври дуруст ба анҷом расид, бояд гармоба намуд. Аммо даллокӣ бошад, на пеш аз таом ва на баъди он набояд онро тарк кард. Ҳар гоҳ тан лоғар бигардад, эҳтиёҷ бадон бошад, ки пушт ва шикамро бо пораҳои дурушт сахт даллокӣ кунанд. Гоҳе [беморро] бад-он эҳтиёҷ биафтад, ки танашро бо зифт ва доруҳои сурхиоваранда тило кунанд. Судда кушоданро бошад, донистӣ ва набояд лоғарии [тани] бемор туро аз ин кор боз дорад. Ҳар гоҳ муолаҷаро ба охир расонидӣ, суддаҳоро кушодӣ ва хилтҳои суддавиро ба исҳол берун овардӣ, ғизо ба сӯи тан бигузарад, баъди он дигар шикамрав ориз нагардад ва тани бемор нерӯманд бигардад.
Фасли даҳум андар илоҷи исҳоли гудозишӣ

Ба ҳангоми диққ, сил ва дигар бемориҳои ба ҳамин равиш буда андар муолаҷаи исҳол на чунин умеде бошад, ки ба ҳангоми муолаҷаи сабаби ин [бемориҳо] ҷой дорад.
Аммо андар ғайри ин ҳолатҳо танро бо доруҳои сардиоварандаи тар, бо бодҳо (ҳавоҳо) ва пухтаковҳои муносиби он муолаҷа кунанд. [Тафсро], масалан, бо қурсҳои табошир, қурсҳои кофур ва бо андуданиҳо ва зимодҳои сардсозандае хомӯш кунанд, ки бар [ноҳияи] дил, сина ва ҷигар бимоланд, ғизои [беморро] аз гӯштҳои сабук сохта, [ба ӯ] ҳуломҳо, қарисҳо, масусҳо, гӯшти моҳии ба шакли сикбо ва бо сирко пухта ва нони сафеди хамираш хуб сохташудаи расида бидиҳанд. Гоҳе аз барои ӯ аз нони бирён ошоме бисозанд, ки бо самғ ва нашоста омехта бошад.
Ҳамчунин барояш турушаво ва монанди он бисозанд. Исҳолро на якбора, балки ба тадриҷ бо ёрии, масалан, ҳамин гуна муолаҷаҳо, хусусан бо қурсҳои табошири исҳолбоздоранда ва бо ёрии қурсҳое бибанданд, ки ба сифати зеринанд: гили арманӣ, табошир, шоҳбулут, тухми муқашшари туруша, зиришк, гул, самғи бирён ва харчангҳои сӯхтаро гирифта, ҳамаро бикӯбанд ва бо оби биҳӣ маъҷун созанд.
Фасли ёздаҳум андар илоҷи исҳоле, ки аз фишурда шудани [хилтҳо] падид ояд

Мо ба муолаҷаи он ҳангоме ишора намудем, ки чи гуна
ба зоҳири тан кашидани моддаҳои пури баамаловаранда

ро ёд додем. Аз ҳама беҳтар он аст, ки хилтҳо аз тариқи раг задан ва исҳоли муносибе берун оварда шаванд, ки мо аз баёни он фориғ шудем. [Низ] бо обҳои суддакушое, ки андар онҳо доруҳои суддакушой ҷӯшонида бошанд ва бо доруҳои шустании суддакушой гармоба кунанд. Агар фишурдагии [хилтҳо] ниҳоят қавӣ бошад, обзанҳои аз барои ярақон созбударо бештар ба кор баранд. Бо ёрии рӯймолҳои дурушт ва ё лиф молиш доданро ба кор бурда, пӯстро ба ҳадди сурх шудан бирасонанд ва сипас аз болои он оби гарм ва обҳоеро бирезанд, ки дорои қувваи суддакушой буда, мо онҳоро ёд кардем.
Фасли дувоздаҳум андар илоҷи ҳайза

Аз барои ҳайза як тадбире ҳангоми оғози ба ҳаракат омадани он, як тадбире андар миёни ҳаракати он ва тадбири дигаре ба ҳангоми авҷи (445) хеле бад, тӯғёни палидонаи он ва ҳангоми зоҳир шудани аразҳои бимноки он ба кор баранд. Ҳар гоҳ нишонаҳои ҳайза падид омада, оруғ аз ҳоли табиияш бигардад, андар меъда гаронӣ ва андар рӯдагон хала ҳис карда шавад ва гоҳе ба изофаи он маниши гаштан низ ба амал ояд, андар ин ҳангом зинҳор на аз болои он ва на баъди ин ҳол ягон чизе набояд тановул кард, вале агар бими афтодани қувват ба миён ояд, он гоҳ тадбире ба кор баранд, ки мо баъд ёдаш хоҳем кард. Нахустин коре, ки бояд кунанд, [229] ин аст, ки агар таом ба қарибӣ [хӯрда шуда], ба барсӯ наздик бошад, аз тариқи қай онро бигардонанд, вале агар чунин набошад, аз паси [таом] чизеро бифиристанд, ки онро фурӯ бурда, аз ҷумлаи чизҳои нармкунандаи шикам бувад. Доруи қайовар ва доруи нармкунанда бояд ба андозае бошанд, ки он миқдор [таомро] берун оранд, вале ягон чизе беш аз он ва ё бегона аз онро берун накунанд.
Бояд [таомро] бо чизе бигардонд, ки дорои ду хусусият набошад: нарм сохтани [ҷирми] меъда ва суст намудани қуввати он, чунонки андар равғани кунҷид, равғани зайтун ва оби гарм бувад. Низ, ин гуна чиз мисли оби ангубин ва сикангубини ширин бо оби гарм набояд ғизобахш бошад, зеро чунин [беморон] ба чизҳои зидди ғизобахш ниёзманданд. Баръакс, масалан, оби гарми холис ва ё бо андаке аз бура, ё оби намаки нафтӣ ва ё оби гарм бо каме зира [созгоранд].
Ҳамчунин, агар [беморонро] худ ба худ қай ояд ва аз ғайри гардонидан маниши гаштан ҳис карда шуда, эшонро азоб диҳад, инро низ бояд [аз тариқи қай] муолаҷа кунанд, зеро Буқрот гуфтааст, ки гоҳе қайро бо қай, гоҳе исҳолро бо исҳол, гоҳе қайро бо исҳол ва гоҳе дигар исҳолро бо қай боз доранд.
Исҳоли онро бояд бо ёрии [шиёфи] сабуки аз тарангубин, шакар ва намак сохташуда ва ё бо ҳуқнаи сабуке ба амал овард, ки аз шаст дирам оби чугундар, як мисқол бура, даҳ дирам шакари сурх ва ҳафт дирам равғани гул ва ё равғани кунҷид сохта бошанд. Ё бо ягон чизи ошомидание аз қабили [маъҷуни] зирагӣ исҳол оваранд, зеро ин андар ин гуна муносибат сахт судманд аст. Ҳар гоҳ бидонӣ, ки моддаҳои андар тан буда сафровии ба шӯр омадаанд ва онҳо эҳтимоли аз барои падид омадани ҳайза ёрирасонандагиро доранд ва бим на тамоман аз сӯи ғизост, ногузир бояд меъдаро аз берун аз тариқи бо ягон чизе сард сохтан, ҳеҷ набошад, бо барф тадбир кунӣ ва пеш аз ин, агар [бемор] майл дошта бошад, ба қадри таҳаммулпазир бояд қай овард.

пешина
аз 1215
навбатӣ