Қонуни тиб

Агар ташнагӣ бошад, ин тадбир онро фурӯ нишонад. Ҳангоми ба тундӣ омадани қай яке аз роҳҳои бастани он низ сард сохтани меъда бо ин гуна чизҳо ва бар шикам аз ғайри буриш миҳҷама гузоштан мебошад. Агар чизи сарди сардибахшанда аз қабили шираҳои фишурдаи меваҳо бошад, низ хубтар хоҳад буд. Агар бо онҳо сандал, кофур ва гул омехта, бар мароқ тило кунанд, судманд бувад. Гоҳе ба бастани дасту пои [бемор] эҳтиёҷ биафтад. Агар гармӣ қавӣ набошад, бо доруи аз гили нишопурӣ сохташуда, ки андар Қарободин ёд шудааст, муолаҷа кунанд.
Сипас бояд ба он чизе эътибор дода шавад, ки берун меояд. То даме ки килус, ягон чизи ҳамҷинси он ва ё таом берун меояд, ба ҳеҷ ваҷҳ зинҳор раво нест, ки исҳол баста шавад, зеро андар ин хатари бузург аст. Ҳар гоҳ ки он ба таври қариб хеле зиёд дигаргун шуд, бастани он воҷиб гардад. Ин ҳангоме бошад, ки [бироз] ба шакли тарошагии часпак, ё заҳравӣ ва ё ба дигар намудҳое зоҳир шавад, ки танро заиф кунанд, андар набз таъсир намуда, онро думодуми номуътадил ва паст созанд ва [низ] андар тан лоғарӣ ва андар мароқ ҳолати ташаннуҷие падид ояд. Гоҳе ташнагию таб рӯй диҳанд ва ин далели он бошад, ки исҳол ба саҳҷ гузаштааст ва бояд андар бастани он аз руббҳои қабзкунанда истифода бурд.
Гоҳе онро бо наъно барин чизҳо табобат кунанд. Агар беморон ин [руббҳоро] бигардонанд, ба эшон бори дигар ва кам-кам бидиҳанд. Набояд ба сабаби гардонидани эшон аз ошомидани доруҳои банданда ва руббҳои қабзкунанда даст кашид, балки бояд ин корро барои эшон якчанд бор такрор намуда, аз як дору ба доруи дигар гузашт ва бояд ҳамаи онҳо [ба назди пизишк] ҳозир бошанд. Оби гармкардаи гул меъдаи чунин [беморонро] қавӣ созад ва бемории эшонро суд бахшад. Турушии ин руббҳо набояд ба андозае бошад, ки низ меъдаро бисӯзонанд ва ба моддаи [исҳол] ёварӣ кунанд, балки агар андар онҳо ягон миқдор аз ин гуна [турушӣ] ҷой дошта бошад, онро бо чизе бишкананд, ки на аз ҷинси чизҳои исҳоловар ва ё қайангез бувад.
Турушиҳо боиси саҳҷ бигарданд ва он чи аз доруҳои ошомиданӣ, ки билфеъл сахт сарданд, низ чунин буда, ба сабаби меъдазанандагӣ ин гуна [беморонро] созгор нест.
Ин гуна [ошомиданиҳо] бештар исҳоли сафровиро созгоранд, вале бояд санҷид, ки бемор онро чӣ гуна мепазирад.
Шароби наъное, ки аз оби анори бо дилааш фишурдашуда ва бо миқдоре аз (446) наъно сохта шудааст, эшонро хуб буда, қаяшонро бигардонад. Оби анори туруше низ чунин бувад, ки андар он каме гили хӯрданӣ афканда бошанд. Аз миёни ин [беморон] бисёр касонеанд, ки ҳар гоҳ оби сахт гармро биошоманд, қувваи [гармӣ] андар рагҳо густариш ёфта, моддаҳои ба сӯи рагҳо рехташуда пас бигарданд. Низ, бояд ба истеъмоли гармибандиҳо ва бар сари устухонҳои паҳлу молидани равғанҳое пардохт, ки дорои хусусиятҳои қувватбахшӣ, қабзкунандагӣ, гармидиҳӣ ва латифсозиянд. Мисоли инҳо равғани нордин, савсан, наргис ва низ равғани гул бувад. Равғане, ки андар он
мастако ҷӯшонида бошанд аз барои эшон ва аз барои касе, ки аз сабаби таоми ситабр ба ҳайза гирифтор шудааст, чарби хубест. Аммо пайвандгоҳҳо ва бозуро, масалан, бо равғани гули хушбӯй, ё бо равғани бунафша ва андаке мум ва андар зимистон бо равғани нордин ва андаке мум равған кунанд. Бар меъдаҳои эшон зимодҳои ниҳоят қабзкунандаи сардифизое бимоланд, ки андар таркиби онҳо бархе аз хушбӯиҳои бароят маълум бидароянд. Агар бимнокӣ туро маҷбур кунад, ки ҳайзаро манъ кунӣ, вале ҳамаи он таоми табаҳшуда ва ё хилти бади ба шӯр омадаеро, ки истифроғашон воҷиб аст, истифроғ насозӣ, андар ин ҳол бояд ба бемор ғизоҳои онҳоро шикананда дода, баъд аз як чанд рӯз бо доруҳои муносиб истифроғ намуд.
Агар ба ҳис андарёбӣ, ки на ҳамаи сабаб аз ғизо вобаста аст, балки андар ин ҷо сардии меъда низ ёварӣ дорад, баъд аз он ки [бемор] миқдоре аз [моддаи] гардониданаш лозимро бо ёрии шароби наъноӣ омехта бо каме аз майбиҳӣ ва ё дорои қувваи уд бигардонид, барои бастани қай чора бибин. Зимодҳои эшонро бештар ба гармкунандагӣ моил соз ва ба ғизое, ки баъди он бихобанд, оби шӯрбои мурғчӯҷа ҳамроҳ кун, чандоне дегафзорҳо биафкан, ки [андар меъда] истода тавонанд ва низ нони андар набиз таркарда биафзой. Ҳар гоҳ ба худованди ин гуна ориза додани доруҳои мо ёдкарда ва зимод кардани онҳо ба анҷом расид, бояд ҳилаҳо намуда, беморро ба ҳасби он чи ки ӯро хоб меоварад, яъне бо ёрии ҳилаҳои хобоваранда, сурудхонӣ, ҷунбонидан, оҳиста сила кардан ва бо ёрии он василаҳое, ки аз барои хобонидани каси бедорхобӣ кашанда ёд хоҳем кард, бар бистари нарм хобонд ва бояд макони ӯ на чандон равшан ва сард бувад, аз баҳри он ки сардӣ хилтҳои ӯро ба сӯи андарун биронад, ҳол он ки мо ба кашидани онҳо ба сӯи берун ниҳоят ниёзмандем.
Ҳар гоҳ набз ба хурд шудан сар кунад ва ягон асаре аз ташаннуҷ ва ҳукак мушоҳада намудӣ, агар битавонӣ, зуд ба бемор миқдоре аз шароби райҳонии қабзкунандаро бо оби биҳӣ ва [нони] кок ва ё бо мағзи нони сафед гарм карда, бидеҳ. Агар ба чизе қавитар аз ин эҳтиёҷ биафтад, миқдори зиёде аз гӯшти нозуку нарми паранда ва барраро гирифта, бикӯбанд ва чунонки ҳаст, андар дег андохта, то об кушодан ва қариб аз ин ҳол баргаштан онро биҷӯшонанд. Сипас онро сахт бифишоранд ва оби аз он ҳосилшударо андаке ҷӯш диҳанд ва бо бархе аз меваҳои сардифизоянда онро туруш созанд. Беҳтари ин [меваҳо] анор ва биҳист, вале бархе аз мардумон бо он як миқдори андак шароб ҳамроҳ кунанд. Баъд, инро [ба бемор бидиҳанд], дам кашад. Агар андар он каме нон тар кунанд, бад нест. Сипас, баъд аз хӯрдани он [беморро] бихобонанд. Агар [бемор] бихоҳад, ба ӯ додани ангури дер боз овехта бад нахоҳад буд ва бояд аз он ба миқдори кам тановул қарда, бо донааш нек бихояд.
Агар ягон чизе аз инҳо ва низ дигар чизҳо андар меъдаи бемор наистад ва майл ба гардонидан падид ояд, бар фурӯсӯви шиками ӯ ба наздики ноф бидуни буриш як миҳҷамаи бузург бигузор ва агар миҳҷама андар он ҷой наистад, онро андар миёни ду китф моил ба фурӯсӯ бинеҳ. Агар ба ҳамин сурат хобонидани бемор мумкин бошад, хуб хоҳад буд. Агар майли [таом] ба фурӯсӯ бошад, беморро аз зери бағал ва бозуҳояшро бибанд ва агар битавонӣ, ӯро бихобон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор