Қонуни тиб

Боди нохост барояндаро бо илоҷи фалаҷи мақъад ва ё аз тариқи тановули тарёк ва равғани калкалонаҷ муолаҷа кунанд. Агар сабаби он рӯдаи тиҳӣ бошад, ба барсӯи ноф равғани қуст ва ғайра бимоланд.
Фасли севвум андар баёни қулинҷ ва банд гардидани бироз
Қулинҷ бемории рӯдагии дардоварест, ки ҳангоми он чизи ба табъ берун оянда ба душворӣ берун ояд. «Қулинҷ» ба ҳақиқат номи он чизест, ки сабаби он андар рӯдагони ситабр, қулун ва маҳаллҳои бад-он пайваста ҷой дорад, яъне дарди тамаддудие бувад, ки андар ин ҷойҳо ба сабаби хунук хӯрдану фишурда шудани онҳо бисёр рӯй диҳад. Бинобар хунук хӯрдани онҳо пиҳи зиёде рӯи онҳоро пӯшидааст. Агар ин гуна [дард] андар рӯдагони борик падид ояд, номи ба ҳасби қоидаи дуруст махсуси он буда «иловус» аст, лекин гоҳе андар бархе аз китобҳо ба иллати мушобаҳат «иловус» гуфта, қулинҷро хонанд.
Сабабҳои қулинҷ ё ба таври махсус андар қулун биафтад ва ё андар дигар [рӯдагон] афтида, сипас ба тариқи анбозӣ ба сӯи он гузаранд. Сабабҳои хосси андар он воқеъшаванда бадмизоҷии содаи ё гарм, ё сард ва хушк буванд. [Мизоҷи] гарм аз тариқи хушкиоварӣ ва ба шиддат фиристондани ғизо ба сӯи ҷигар таъсир кунад. [Мизоҷи] сард аз тариқи афсурда сохтани хеш ва ё бадмизоҷии дарднок ба амал овардан таъсир карда, аксар вақт андар кишварҳои сард ва ҳангоми вазидани бодҳои шимолӣ ба амал ояд. Сардӣ гоҳе аз тариқи бар мушакҳои шикам фишор овардан ин гуна таъсир бирасонад ва бар асари он гармии [шикам] ба андарун рафта, бирозро бихушконад ва мушакҳои мақъадро бикашад. Бинобар он бироз ва ҳар чи, ки бо ӯст, ба барсӯ ронда шавад. Бадмизоҷии хушк ба сабаби набудани чизи бирозлағжонанда ва мавҷуд будани чизи онро хушккунанда таъсир кунад. Бадмизоҷии тари сода аз барои қулинҷ сабаби зотӣ намебошад, вале мумкин аст ягон оризе аз он падид омада, сабаби ба амал омадани қулинҷи сард ва ё тари моддӣ бигардад. Аммо бадмизоҷии бо модда ё гарм буда, афрӯхтагӣ, сӯзиш ва гусастагии пайвастагӣ оварад ва аз ҳадди печиши ноф ба ҳадди қулинҷ бигузарад ва ё сард буда, ё ба иллати бадмизоҷии гуногуни сард ва ё ба иллати он гусастагии пайвастагие, ки ҳангоми мурури он падид меояд, боиси дард бигардад, вале ин қулинҷи ростин [нест]. Гоҳе [мизоҷи] сард ба сабаби андар ҷирми рӯда ҳар як соат бод зодан [қулинҷ] ба амал оварад. Гоҳе хилте, ки ин гуна дард ва ба ҳамин монанд ба амал меоварад, савдост. Мумкин аст [дард] ба таври навбатӣ ва ҳангоми ҳар як ғизохӯрӣ рӯй диҳад ва гоҳе ин бо гардонидани чизи туруши савдовӣ ором ёбад, вале аксар вақт ин гуна чизи гардонида ҳангоми ин гуна дард балғаме бувад, ки аз сардии андомҳо, бадгуворӣ, ғизоҳо, меваҳо ва тараҳо зода шуда бошад.
Ё мумкин аст сабаби хосси қулинҷ суддае бошад, ки бироз, хилтҳо ва бодҳоро гузаштан намонад ва онҳо фи
шурда шуда, дард ва азҳамкашидагии азиме ба амал оранд. Агар ягон омосе набошад, бештари ин суддаҳо баъд аз пур шудани кӯррӯда ба амал ояд ва сипас ба сӯи қулун бигузарад. Вале ин гуна судда ё омосе андар рӯдаҳо буда, бештар гарм бошад ва ё аз сабаби хилти балғамии часпаке рӯй диҳад, [233] ки фазои [рӯдаро] пур карда, боиси судда гардида бошад. Маҳз ҳамин судда аст, ки аксар вақт ба амал ояд ва ҳамон чизест, ки табро суд бахшад.
Ё мумкин аст [қулинҷ] аз сабаби боди оризшуда, ё аз сабаби печидагие, ки ба иллати бод рӯдаро ориз гардида бошад, ё даридани пайвандак, ё фатқи хоя (қайла) ва ба ноҳияи пайғула ва хоя фурӯд омадани рӯда ва ё ба сабаби фатқи болотар аз он рӯй диҳад. Ё мумкин аст сабаби он кирмҳои рӯи ҳам ҷамъшуда ва ё бирози хушк бувад. Ин гуна бироз ё аз он сабаб бихушкад, ки дурди ғизоҳои хушк аст ва ё аз сабаи он, ки муддати дароз боқӣ монда, хушкида аст ва сабаби дер боқӣ монданаш нотавонии қувваи ронандаи рӯдагон бувад. Бисёр бошад, ки сабаби ин боқӣ мондан ошомидани ягон чизи карахткунанда буда, ин гуна чиз қувваҳои андар бироз таъсир расонандаро карахт созад ва ба изофаи он [бирозро] бифишорад. (453) Ё мумкин аст сабаби он нотавонии қувваи фишордиҳандаи мушакҳои шикам бошад, чунонки каси бисёр ҷимоъкунандаро ин гуна ҳол рӯй диҳад. Ё сабаби ин мумкин аст бекор шудани ҳисси рӯдаҳо ва ё кам рехтани талхае бувад, ки ронанда ва шӯянда аст. Ё мумкин аст [бироз аз он сабаб бихушкад], ки мосориқо рутубати зиёдеро аз он кашида бошад ва сабаби ин ё ба ифрот рехтани [пешоб], ё варзишҳои арақоваранда ва ё ба иллати бадии мизоҷ ковок шудани тане бувад, ки ба рутубаткашии ҳавои гарми атроф муқовамат кардан натавонад. Бинобар ҳамин бо оби гарм оббозӣ кардан яке аз чизҳоест, ки табиатро бибандад. Ё мумкин аст [сабаби хушкии бироз] ҳавои ба андозае гарм бошад, ки ҳатто аз ғайри ковок будани тан ва ё ҳангоми ковокии носурӣ низ рутубатҳоро бикашад.
Гоҳе сабаби он аз қабили обгинасозӣ, оҳангарӣ ва оҳанрезӣ пешаҳое буванд, ки ба таҳаммули ранҷи беандозаи гармӣ маҷбур кунад. Ё мумкин аст он ба мизоҷи ниҳоят гарми худи шикаме вобаста бошад, ки бо гармии хеш [бирозро] бихушконад. Андар ҳолатҳои бисёр кам сабаби ин гармӣ бисёрии зардаи гарме бувад, ки андар шикам бирезад ва чун бирозро ба иллати камӣ ва ё хушкии гавҳараш пазирои сӯхтан дарёбад, онро бисӯзонад. Ин ҳолат бисёр кам рӯй диҳад, вале аксар вақт он табиатро бикушояд. Агар андар ин гуна ҳолатҳои кам рӯйдиҳанда қулинҷ ба амал ояд, рӯдаро ранҷу дарди таҳаммулнопазире бирасонад. Гоҳе сабаби он гармӣ ба шиддат гарм будани ҳавои беруне бувад, ки гармиро андарун банд созад ва ба изофаи он пешобро тозонда, мақъадро фишурда созад ва бирозро ба сӯи боло бигардонад. Ё мумкин аст ба мизоҷи хушки рӯдаҳову шикам вобаста буда, ин [мизоҷ] бирозро бихушконад. Ё ба заҳир ва омоси рӯдаи рост вобаста буда, аз он бироз бихушкад.
Бархеҳо чунин гуфтаанд, ки гоҳе бирози бандгардида санг шавад ва ба шакли сангчаҳо берун ояд.
Аммо қулинҷе, ки ба анбозист, бад-ин гуна рӯй диҳад, ки масалан, андар ҷигар, ё андар обгаҳ ё андар гурда ва ё андар испурч ягон омосе падид ояд ва азбаски ин омос ба гавҳари рӯда фишор оварда, онро қабзу кашида ҳамесозад, бинобар ин рӯда бо ин [андомҳо] анбозӣ варзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор