Қонуни тиб

Ё масалан, рӯда андар дарди аз санг падидомада бо гурда анбозӣ кунад ва кори хилтронии ӯ заиф гардида, хилтҳо андар он банд шаванд ва ба сабаби анбозии андар санг қулинҷ ба амал ояд, вале дарди санг ба дарди қулинҷ монанд аст ва ин ҷуз ба касони борикбин ошкор нашавад. Мо фарқи миёни ин дуро андар зимни нишонаҳо баён хоҳем кард.
Гоҳе қулинҷ ва иловус ба тариқи ориз шудани бемориҳои вабоии гузаранда рӯй дода, аз як шаҳр ба шаҳри дигар ва аз як одам ба одами дигар бигузаранд. Инро яке аз пизишкони пешин ёд кардааст ва ӯ низ гуфтааст, ки қулинҷ андар бархеҳо ба саръ бигардад ва ин саръи кушанда бувад ва андар бархе дигар боиси беҷо ва нотавон шудани рӯдаҳои қулун бигардад, вале ҳисси он солим бимонад. Ҳангоми ин гуна қулинҷ умеди халосист ва бештари ин ҳол ҳангоми иловус рӯй диҳад ва ё иловус аз тариқи гузариши шабеҳ ба буҳрон ба қулинҷ табдил ёбад. Он [пизишк] гӯяд: «Бархе пизишкон ин гуна беморонро ба таври аҷиб муолаҷа кунанд. Эшон ба инҳо коҳу, коснӣ, гӯшти ситабри моҳӣ ва гӯшти ҳама гуна ҷуфтсумҳо ва почаи гӯспандро сард карда, бидиҳанд ва оби сард ва турушиҳо биошомонанд ва бо ҳамин ба эшон шифо бахшанд. Ҳатто касоне, ки қулинҷашон ба саръ ва фалаҷи ёдшуда нагузашта бошад, шифо ёбанд ва низ баъзе касоне шифо ёбанд, ки эшонро нав саръ оғоз ёфта бошад». Гоҳе қулинҷ худовандони азҳамкашидагиро рӯй диҳад ва эшон аз рондани бироз ва хилтҳо аз рӯдагони барсӯвин оҷиз оянд, ҳамчунон ки эшон аз нигоҳ доштани он чи ки андар рӯдагони фурӯсӯвин аст, оҷиз буванд.
Гоҳе сардии мизоҷи эшон сабаби қулинҷ бигардад.
Аксар вақт, ки қулинҷ падид ояд, аз сабаби балғами ситабр ва сипас аз сабаби боде падид ояд, ки ё банд бигардад ва ё андар қабатҳои рӯдагон ва лифҳои онҳо гузашта, пайвастагии онҳоро бигсилад. Бод андар меъда ба сабаби гунҷоиши он, ба сабаби гармии он ва наздикии андомҳои гарм бад-он ва андар рӯдагони забарин ба сабаби тунукии онҳо паҳн бигардад, вале андар рӯдагони дигар ба сабаби сифатҳои зидди онҳо аз қабили сардию тангии ин рӯдаҳо, пурпечухамии онҳо ва фишурдагии табақаҳои онҳо банд бигардад. Қулинҷи бодӣ ҳарчанд аз моддаи ба бод мададрасонанда холӣ нест, вале вай ба он модда нисбате надорад, зеро он модда ба танҳоӣ роҳи чизеро, ки бояд берун ояд, баста наметавонад ва на низ ба зоти хеш дард ба амал оварад, балки бо ёрии чизи аз хеш ҳосилшуда дард оварад. Аммо қулинҷи балғамӣ ба зоти хеш дард ва ба зоти хеш судда оварад. Аммо дигар бахшҳо камтар аз ин ду бахш буванд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки рӯдагонро аз барои қулинҷ ва хусусан қулинҷи бодӣ омода созанд, шароби ниҳоят омехта, тараҳо, хусусан каду, меваҳои тар, хусусан (454) ангур ва аз паси онҳо ошомидани об ва ҳаракату ҷимоъ кардан, бодро нигоҳ доштан ва ба рӯдагон асар кардани сардии сахте, ки онҳоро сарду афсурда бисозад, ба шумор бираванд.
Он чи, ки рӯдаҳоро аз барои пазируфтани қулинҷи би
розӣ омода созад, инҳост: хӯрдани хояи бирён; амруд, биҳии гиранда, нони хушки суда, пист, говарс, гуринҷ ва монанди инҳо. Инчунин, нигоҳ доштани бироз мумкин аст ба ин гуна [қулинҷ] гирифтор кунад ва муҷомаати зиёд хусусан аз паси таоми ситабр низ чунин бувад. Ҳангоми ҳама гуна қулинҷе, ки аз сабаби хилти ситабр ва ё аз сабаби дурди ғизо ба амал омадааст, аксар вақт нахуст кӯррӯда аз ин модда пур бигардад ва сипас ба сӯи ғайри он бигузарад. То даме, ки моддаи андар кӯррӯда буда берун наояд, шифои пурра ҳосил нахоҳад шуд. Гоҳе мумкин аст [моддаи] қулинҷ аз боло расида биистад ва ҳар боре, ки ҳуқна бирезанд ва ё гармибандӣ кунанд, модда аз боло фуруд омада, дард дучанд бигардад. Таб ба ҳангоми ҳар гуна дарди қулинҷе, ки сабабаш боди ситабр, ё балғам ва ё бадмизоҷии сард аст, судманд хоҳад буд. Ин аз барои қулинҷи бодӣ яке аз беҳтарин чизҳои шифобахш бувад.
Бисёр бошад, ки қулинҷ ба фалаҷ бигузарад ва ба миёнчии он буҳронӣ бигардад. Ин ҳангоме бошад, ки моддаи тунук ба атроф ронда шавад ва мушакҳо онро ба худ бикашанд. [Қулинҷ] инчунин аз тариқи дардҳои пайвандгоҳҳо буҳронӣ шавад. Гоҳе [қулинҷ] ба дарди балғамӣ ва ё хунии пушт табдил ёбад, ки раг задан аз барои онҳо судманд аст, аз баҳри он ки гармии дардӣ ва доруҳои қулинҷӣ моддаҳои хомро бипазонанд. Агар қулинҷ ба васваса, молихулиё ва саръ бигузарад, бад хоҳад буд. Вай гоҳе бад-ин гуна ба истисқо гузарад, ки мизоҷи ҷигарро табаҳ созад. Ҳар гоҳ қулинҷ бо дардҳои пайвандгоҳҳо ва монанди онҳо мувофақат кунад, он дардҳо ба се сабаб зоҳир нашаванд: дарди қавитар дарди заифтарро фаромӯш кунонад; моддаҳо рӯ ба сӯи сӯзиши рӯда ниҳанд; дард, гуруснагӣ ва бехобӣ фазлаҳоро ҳал кунанд. Ҳар гоҳ банд гардидани бироз дер давом бикунад, шикамро дамиш оварда, беморро бикушад. Агар андомҳои ба қулинҷ гирифтор қавӣ бошанд, фазлаҳоро напазиранд ва бисёр вақт фазлаҳо афзоиш ёфта, сардард ба амал оваранд. Бисёр вақт қулинҷ аз паси шикамравиҳое падид ояд, ки [хилтҳои] ситабрро аз худ ба ҷой бигузоранд. Бисёр бошад, ки муолаҷаи қулинҷ ва печиши ноф боиси ҳукак бигардад.
Нишонаҳои мутлақи қулинҷ. Аммо аразҳои қулинҷи ростин, ки ҳанӯз устувор нашудааст, чунинанд, ки миқдори берунояндаи бироз кам бошад, навбати бироз дер бикашад, иштиҳо бикоҳад, балки тамоман аз байн биравад ва худованди он аз чизҳои равғанӣ ва ширин рӯй бигардонад, вале андаке майл ба чизи туруш, ё тез ва ё шӯр дошта бошад. Хусусан агар чизи равғанӣ бихӯрад, ё чизи равғанӣ ва ё ширинро бӯй бикашад, майлаш ба қай ва маниши гаштан бошад. Ғизоро ниҳоят суст аз худ кунад, ҳар соате печиши ноф ҳис кунад, майлаш ба ошомидани об хеле зиёд бошад ва андар пушт ва соқ дард ҳис кунад. Сипас ин аразҳо устувор гардида, шиддат ёбанд ва табиат баста гардад ва қариб ҳеҷ чиз, ҳатто бод ҳам набарояд. Гоҳе оруғ низ баста гардад ва печиши ноф шиддат ёфта, чунон шавад, ки гӯё шикамашро бо дарафш мешикофта бошанд ва ё гӯё андар рӯдааш ҷуволдӯз халида бошанд, ки ҳар боре ҳаракат кунад, ӯро ба дард орад.
Ташнагӣ шиддат ёфта, худованди он ҳарчанд ки оби бисёр ошомад ҳам, ҳеҷ сер нашавад, аз баҳри он ки чизи ошомида ба сабаби падид омадани судда андар даҳона ҳои мосориқои аз сӯи шикам буда ба сӯи ҷигар гузаштан натавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор