Қонуни тиб

Далели ин он бошад, ки пеш аз қулинҷ ҳамроҳи бироз ва ҳангоми қулинҷ баъди ҳуқна рехтан балғам берун ояд, андомҳои фурӯсӯви тан сард бигарданд, гаронӣ ҳис карда шавад, бастагии табиат ниҳоят шиддат ёфта, ягон чизе аз бироз, ё хилт ва ё бод берун наояд, вале агар ягон чиз берун ояд, мисли саргини гов дамида бошад. Чунонки ҳангоми қулинҷи бодӣ ин гуна [бироз] берун ояд, лекин сабуктар бувад. Ҳангоми ин қулинҷ дард муддати дароз бимонад. Аз шиддатёбии ташнагӣ ва афрӯхтагӣ ва аз сурхии пешоб набояд саргарм шуда, чунин пиндошт, ки иллат гарм аст, зеро ин ҳолатҳо барои ҳамаи намудҳои [қулинҷ] муштараканд.
Нишонаҳои қулинҷи бодӣ. Нишонаҳои қулинҷи бодӣ пеш омадани сабабҳои маълуми он мебошад, ки мисолашон инҳост: бисёр ошомидани оби сард ва шароби омехта; [хӯрдани] тараҳои дамишовар ва меваҳо; вуҷуд доштани таоми ногуворида, қароқур ва андар рӯдагон банд шудани бироз; азҳамкашидагию шӯридагии сахте ба амал омадан, ки гӯӣ рӯдаҳоро бо дарафш сӯрох мекарда бошанд ва гӯӣ ба рӯдаҳо чуволдӯз мехалида бошанд. Ин ҳолат низ ба ҳангоми қулинҷи балғамие рӯй диҳад, ки бодро баста ва ё зода бошад, валекин андар кулинҷи бодӣ сахттар бувад. Ҳангоми қулинҷи бодӣ гаронии сахт ҳис карда нашавад. Қароқури зиёд ва бодҳои пешомада ҳангоми қулинҷи бодӣ ором гиранд ва акнун на қароқур кунанд ва на берун шаванд, вале мумкин аст ба вақти гармибандӣ кардану фишурдан аз нав қароқур кунанд. Гоҳе дард андар як ҷой қарор бигирад ва ҳаракат накунад. Гоҳе аз тариқи даст-даст кардан дамиш ҳис карда шавад. Аксар вақт фишурдан дамиш оварад ва гоҳе гармибандӣ онро суд бахшад ва гоҳе не. Ин ҳангоме бувад, ки моддаи баамаловарандаи бод ором бошад, вале он ҳар гоҳ ки гармӣ дарёбад, бод ба амал хоҳад овард. Бар [қулинҷи бодӣ] гоҳе бирози ковоке гувоҳӣ диҳад, ки ба иллати андар таркиби худ боди зиёд доштан бар сари об бигардад. Ё мумкин аст ҳангоми ин қулинҷ шикам нарм бошад ва ё гоҳе ба исҳол омада, хилтҳоро берун кунад, вале ин суде надорад, аз баҳри он ки андар табақаҳои [рӯда] боди ситабр банд гардида бошад. Он қулинҷи бодие, ки ба ҳангоми он дард аз ҷое ба ҷое биравад, беосебтар ва оне, ки ба ҳангоми он шикам чун нағора бидамад, бад хоҳад буд.
Нишонаҳои қулинҷи бирозӣ. Нишонаҳои қулинҷи бирозӣ пеш омадани ҳолатҳои зерин аст: Бироз хеле пеш аз падид омадани дард банд бигардад, андар ин ҳол гаронии ниҳоят сахте ҳис карда шавад, ки гӯӣ рӯдагон аз ҳам пора бигарданд. Ҳар гоҳ [бемор] ба қазои ҳоҷат нишинад, чизе берун наояд, балки баъзан чизи часпаке берун ояд, ки сипас ситабр бигардад. Ҳангоми қулинҷи бирозии зардавӣ рангинии бироз, бисёрии миқдори зардаи берун омада, сӯзишу афрӯхтагӣ, газанд, озурдагии пеш аз исҳоли зарда ба амал оянда ва хушкии забон бад-он далолат кунанд. Бар қулинҷи бирозие, ки аз сабаби ковокии тан ба амал ояд, пеш омадани камбирозӣ, нармии тан ва аз гармию сардии беруна зуд озурда шудани он гувоҳӣ диҳанд. Бар кулинҷи бирозие, ки аз сабаби гармии шикам ва хушкии он бархезад, вуҷуд доштани афрӯхтагӣ андар мароқ, хушкию хушкидагии ма
роқ, бадбӯии бироз ва сиёҳию ба сурхӣ гароидани он далолат кунанд. Далели қулинҷи бирозие, ки аз сабаби таҳлиловарии ҳаво, варзиш, арақ кардан ва ғайра ба амал ояд, чунин бошад, ки пеш аз он ба изофаи ҷой доштани сабабҳои ёдшуда бироз бикоҳад. Нишонаҳои қулинҷе, ки аз сабаби банд шудани сафрои ба сӯи рӯдагон рехташаванда падид ояд, гаронӣ, дамиши шикам ва сафедии ранги бироз буда, [235] бироз ба изофаи дарди азҳамкашанда ва музоҳамат овардан низ ба сахтӣ берун ояд. Гоҳе (457) ярақон қарини ин [намуди қулинҷ] бигардад. Нишонаи баста шудани шикам, ки ба сабаби сардии ҷигар ва ғайра падид ояд, ин аст, ки [бирозро] бадбӯӣ набошад ва рангаш ба сабзӣ бигарояд. Нишонаҳои қулинҷи бирозии аз савдо ба амал оянда турушии оруғ, сиёҳии бироз, дамиши шикам ва ба изофаи он камии дард буванд.
Нишонаҳои қулинҷи омосӣ. Нишонаҳои қулинҷи аз сабаби омоси гарм падидоянда инҳост: дарди азҳамкашандаи андар як ҷой истодаи бо гаронию ҷаҳиш ва бо афрӯхтагӣ, таби сахт, ташнагии зиёд, сурхии ранг, дамидагии чашм, баста шудани пешоб, ки он нишонаи бисёр қавист ва озурдагӣ аз исҳол. Гоҳе ин гуна дард баробари нармии табиат ҷой дошта бошад ва гоҳе боиси он бигардад, ки дасту пойҳо сард шаванду шикам ниҳоят гарм бошад. Мумкин аст маҳалли андар баробари омосбудаи шикам сурх шавад. Агар омос сафровӣ бошад, азҳамкашидагӣ, ҷаҳиш ва гаронӣ камтар ва таб, афрӯхтагӣ ва сӯзиш шиддатноктар буванд. Нишонаҳои қулинҷи аз омоси сарди балғамӣ падид омада, ки ин бисёр кам рӯй диҳад, чунинанд, ки дарди пайваста ҷой дошта, он андар як ҷой ва хусусан ҳангоми фуруд омадани ягон чиз аз шикам зоҳир бигардад. Бо даст дамиши нарм ҳис карда шавад ва намуди зоҳирии [бемор] мисли намуди зоҳирии касони танашон фурӯҳишта бинамояд. Мумкин аст пеш аз ин [қулинҷ] ягон чизи муҷиби он аз қабили хӯрдани ширҳо, моҳӣ, гӯштҳои ситабр, меваҳо ва тараҳои сарди тарифизоянда рӯй дода бошад. [Низ] манӣ [ҳангоми ин беморӣ] сарди тунук бигардад ва ин нишонаи мувофиқи ин гуна ҳолат аст. Бироз андар ин ҳангом балғамӣ бувад.
Нишонаҳои қулинҷе, ки аз сабаби печидагӣ ва фатқи [рӯда] ба амал ояд. Нишонаи қулинҷи печидагӣ ин аст, ки баъд аз ягон ҳаракати сахти зерин якбора ба амал ояд:
масалан, сахт ҷаҳидан; ё афтидан; ё кӯфта шудан; ё давидан; ё гӯштӣ гирифтан; ё бори гарон бардоштан; ё рӯй додани фатқ; ва ё ба боди сахт [дучор омадан]. Дард ба ҳангоми он шубҳаовар буда, на чунин бошад, ки нахуст падид омада, сипас камкам афзоиш ёбад. Фатқ гоҳе бар қулинҷи фатқӣ далолат кунад.
Нишонаи намудҳои боқимондаи қулинҷи сабук, масалан, онҳое, ки ё аз сардӣ, ё аз сустии ҳис, ё аз кирмҳо ва ё аз фатқ падид оянд. Нишонаҳои қулинҷи аз сардии рӯдагон баамаломада камии ташнагӣ, бар сари об гардидани бироз ва дамидагии он, ҳис кардани сардӣ андар рӯда ва сабукии дард буванд ва гоҳе ба ҳангоми он манӣ сард бигардад. Нишонаҳои қулинҷи аз сабаби талхаи зард ба амал омада сабабҳои пешомада, синну сол, кишвар, намуди зоҳирӣ, фасли сол ва монанди инҳо буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор