Қонуни тиб

Гоҳе андар бархеҳо [234] бе ягон сабаб фарошо ба амал ояд. Агар аз шиками каси ба қулинҷ гирифтор ба ҳила чизе берун оварданӣ шаванд, рутубатҳо ва бирозе ба саргини шутур монанд ва мисли фундуқҳои хурду бузург берун оянд ва низ чизе ояд, ки бар сари об бигардад. Думодум қаи зардавӣ ва балғамӣ ояд ва андар бештари ҳол нахуст балғамӣ, сипас заҳравӣ ва баъди он мумкин аст чизи ганданоӣ ва зангорие гардонида шавад.
Гоҳе чизе аз ҷинси савдо ва ба шакли бурида бигардонад, зеро хилтҳо мумкин аст, ки аз сабаби дарду бехобӣ ва доруҳои гарм табаҳ бигарданд ва бисӯзанд. Қай маҳз ба иллати анбозии меъда бо рӯдаҳо, ба иллати бисёрии модда ва ба фурӯсӯ роҳ наёфтани он думодум ояд. Чунки роҳи бироз ба сӯи рӯдаҳо аксар вақт баста бувад ва он аз барсӯ бигардад. Бинобар ин ҳангоми қулинҷ пешоб сурх шавад, аз баҳри он ки бештари талха ҳар гоҳ (455) ба сӯи заҳраи аз сабаби судда ниҳоят пуршуда роҳ наёбад, рӯ ба сӯи гурда ниҳад, аз баҳри он ки дард пешобро сурх созад ва низ аз баҳри он ки гурда андар дард анбозӣ кунад ва бинобар ин пешоб низ гоҳе баста гардад. Пешоб мумкин аст ба оғози [беморӣ] ба ранги оби нахӯд ва оби панир ояд. Гоҳе чунон хафақони бузурге ба амал ояд, ки синаи беморро ба даст доштан лозим ояд ва гоҳи дигар ҳол ба арақи сард ва беҳушӣ бикашад.
Нишонаҳои қулинҷи беосеб. Беосебтарин қулинҷ онест, ки ҳангоми он баста шудани шикам ниҳоят сахт набошад, дард аз як ҷой ба ҷои дигар бигузарад, гоҳе он ниҳоят кам ҳис карда шавад, вале боз дубора авҷ гирад ва худованди ин гуна [қулинҷ] баъд аз баромадани бод, бироз ва ба кор бурдани ҳуқнаҳо осудагии намоёне дарёбад. Ҳамчунин акси ин қулинҷи аз ҳама душвор бувад.
Нишонаҳои бади қулинҷ. Онҳо чунинанд: дард шиддат ёбад; пайдарпай қай ва арақи сард оянд; дасту пойҳо ба иллати шиддат ёфтани дарди шикам ва ба сӯи он майл намудани хуну рӯҳ сард бигардад. Агар [қулинҷ] ба ҳукаки пайдарпай, парешонии ақл ва кузоз бикашад ва чизи берун шуданаш лозимро ба тавре бибандад, ки ҳатто ба тариқи ҳила ҳам берун наояд, ин гуна [қулинҷ] беморро бикушад. Андар «Ғароиби нишонаҳо»91 чунин омадааст, ки ҳар киро шикамдард гирифта, андар абрӯвонаш табишҳои сиёҳе мисли боқилӣ падид ояд ва реш шуда, то рӯзи дуввум ва беш аз он боқӣ бимонанд, бемор бимирад. Ин гуна одамро андар оғози беморияш субот ва серхобӣ рӯй диҳад. Хубии дам, ки бар наҷот ёфтан кам далолат кунад, чи ҷои бадии он.
Фарқ миёни қулинҷ ва санги гурда. Гоҳе ҳангоми санги гурда аразҳои қулинҷӣ, ки бештари онҳо ёд шуданд, зоҳир бигарданд, аз баҳри он ки худи қулун бо гурда анбозӣ кунад ва дарди хосси [қулинҷ] андар он ориз шуда, ӯро аразҳои муносиби ин дард падид оянд. Лекин фарқи миёни ин дуро аз роҳи ҳолати дард, аз роҳи қаринаҳои хос, аз роҳи он чи ки мувофиқ ояд ва он чи ки мувофиқ наояд, аз роҳи он чи ки берун ояд, аз роҳи андозаи аразҳо ва аз роҳи сабабҳо ва далелҳои пешгузашта метавон муайян кард.
Аммо ҳолати дард ҳангоми ин ду намуд аз ҷиҳати миқдор, ҷой, замон ва ҳаракат гуногун бувад. Миқдори дар
де, ки ҳангоми санг ҷой дорад, кам буда, мисли халидани хор аст ва оне, ки ҳангоми қулинҷ бошад, зиёд бувад.
Аммо аз ҷиҳати ҷой дарди қулинҷӣ аз фурӯсӯви паҳлуи рост оғоз ёфта, ба барсӯ ва бари чап гузарад ва чун ҷойгир шавад, ба росту чап густариш ёбад. Ба наздики гурӯҳе қулинҷ аз чап оғоз намеёбад, вале ин дуруст нест ва мо хилофи онро ба санҷиш дарёфтаем. [Ҳангоми қулинҷ] дард ба сӯи пеш ва зиҳор бештар аз он бигарояд, ки ба сӯи пас гароида бошад. Вале дарди гурдагӣ аз барсӯ оғоз ёфта, аднаке фуруд ояд ва андар он ҷой қарор гирад. Вай бештар ба сӯи пас бигарояд.
Аз ҷиҳати замон дарди гурдагӣ ҳангоми тиҳӣ будани шикам шиддат ёбад ва дарди қулинҷӣ андар ин ҳангом сабук бигардад, вале ҳангоми ягон чиз хӯрдан шиддат ёбад.
Дарди қулинҷӣ ба якборагӣ андар замони кӯтоҳе оғоз ёбад, вале дарди аз санг буда оҳиста-оҳиста оғоз ёфта, ба охир шиддат ёбад. Ҳангоми дарди гурдагӣ нахуст андар пушт дард падид омада, пешоб ба сахтӣ берун ояд, сипас нишонаҳое зоҳир бигарданд, ки қулинҷ андар онҳо анбозӣ дорад. Аммо ҳангоми қулинҷ нахуст ин нишонаҳо ва сипас дард ба амал оянд.
Аз ҷиҳати ҳаракат чунин аст, ки дарди қулинҷӣ ба ҳар сӯ ҳаракат кунад, вале дарди гурдагӣ собит бимонад.
Аз ҷиҳати қаринаҳои хос чунин аст, ки ҳангоми дарди гурдагӣ аксар вақт фарошо падид омада, ба қулинҷ муносибате нахоҳад дошт.
Аммо фарқе, ки онро аз ҷиҳати чизи мувофиқ ва номувофиқ бигиранд, бад-ин гуна аст, ки ҳуқна рехтан ва берун омадани бироз ва бод дарди қулинҷро сабук кунанд, вале дарди гурдаро аксар вақт чандон сабук накунанд. Доруҳои сангро хурдкунанда дарди гурдаро сабук сохта, вале дарди қулинҷро сабук насозанд.
Аз ҷиҳати чизи беруноянда [бад-ин гуна тавон фарқ кард], ки ҳангоми дарди гурдагӣ мумкин аст ягон чиз банд нагардад ва [бироз] чун берун ояд, на мисли саргини шутур ва фундуқҳо ва на мисли саргини гов ва бар сари [об] гарданда нахоҳад буд ва гоҳе мумкин аст банд шудани [бироз], қароқур ва монанди инҳо аслан рӯй надиҳанд, вале дарди қулинҷӣ аз ин гуна ҳолатҳо холӣ нест.
Аз ҷиҳати миқдори аразҳо [бад-ин гуна тавон фарқ кард], ки ҳангоми дарди гурдагӣ дарди соқҳо ва пушт ва фарошо бештар бигарданд, вале афтидани (456) иштиҳо, омадани қайи зардагӣ ва балғамӣ, кам аз худ шудани ғизо, шиддати дард ва боиси беҳушию омадани арақи сард шудани он ва инчунин суд дидан аз қай камтар хоҳанд буд.
Аз ҷиҳати сабабҳо ва далелҳои пешгузашта [бад-ин гуна тавон фарқ кард], ки думодум хом мондани ғизо, хӯрдани ғизоҳои бад, пайваста рӯй додани печиши ноф ва қароқур ва баста шудани бироз пешомадҳои қулинҷанд, вале пешоби регнок ва хилтӣ пешомади дарди гурдагӣ буда, ба ҳангоми он нахуст пешоби тунук, сипас хилти ситабр ва баъд аз он пешоби регнок ояд.
Нишонаҳои тафсилии қулинҷ. Аз ҷумла нишонаҳои қулинҷи балғамӣ. Бар балғамӣ будани қулинҷ мумкин аст пеш омадани сабабҳои муҷиби балғам аз қабили хом мондани ғизо, [хӯрдани] намудҳои гуногуни ғизо, синну сол, кишвар, фасли сол ва дигар чизҳои бароят маъ лум далолат кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор