Қонуни тиб

Сипас онро полида, ба тариқи ҳуқна ба кор баранд. Гоҳе андар он ангудон ва нашоста низ ҳамроҳ кунанд, вале ман бад-ин гуна тадбир чандон майли зиёде надорам.
Доруи ба зер баргирифтании оромкунандаи дард, ки ба тариқи ҳуқна ба кор баранд ва ба бархе аз пешиниён мансуб буда, хуб аст. Як уқиягӣ аз сабр, гунди бедастар, майъа ва сақизи набатӣ, ду уқия фишурдаи бахури Марями тоза ва якуним уқия афюнро [шиёф сохта], нигоҳ доранд ва ба вақти ҳоҷат ба андозаи як боқилло аз он ба кор баранд. Гоҳе инро андар баъзе ҳуқнаҳо ҳамроҳ кунанд ва гоҳе онро андар бархе аз пиҳҳои гудохта ва равғанҳо афканда, бо он ҳуқнарезӣ кунанд.
Як ҳуқнаи қавӣ. Агар бироз носозгор ва бо балғами ниҳоят часпак якҷоя бошад ва қуввату носозгорияш беандоза зиёд бошад, бояд бо оби ушнони тар ҳуқна бирезанд. Бинобар он ним ратл аз ин обро бо як уқия равғани кунҷид ва панҷ дирам бура бигиранд. Аз ин ҳам қавитар он бошад, ки миқдоре аз ҳабби шибрам, барги мозариюн, кирмдонаи муқашшар, бахури Марям, [яъне]92 артанисо, пӯст ва дилаи ҳанзал, хиёри даштӣ, турбид ва баспояро гирифта, ҳамаро андар об ба тариқае биҷӯшонанд, ки андар ин гуна ҳолат расм шудааст. Сипас, андар ҷӯшонидаи онҳо равғани беданҷир, ангубин ва талхаи гов ҳамроҳ карда, бо он ҳуқнарезӣ кунанд. [Гоҳе] ин доруҳоро андар ягон равғани гарм ҳамроҳ карда, бо онҳо ҳуқнарезӣ кунанд. Агар бо равғани хиёри даштӣ ҳуқна бирезанд ва агар аз паси он якчанд соат сабр кунанд, балғами часпаки зиёдеро берун хоҳад овард. Равғани турб, калкалонаҷ ва беданҷир низ чунин буванд. Гоҳе (462) ба ҳангоми шиддат ёфтани дард эҳтиёҷ ба он бошад, ки андар ин гуна ҳуқнаҳо ангужад, уша ва хусусан саргини кабӯтарро93 аз он ҷиҳат ки андомро гармкунанда аст ва баъзан уфурбиюнро ҳамроҳ кунанд. Гоҳе бо қатроне ҳуқнарезӣ кунанд, ки онро андар оби ангубини дорои хушбӯиҳои зиёд шикаста бошанд ва дард фурӯ нишинад. Фишурдаи бахури Марям ниҳоят аҷиб аст. Гоҳе ба маҳмуда ё уфурбиюн ва ғайра эҳтиёҷ афтад. Доруеро сутудаанд, ки «дунби муш»-аш хонанд ва агар андар таркиби ҳуқна бидарояд, судманд бошад. Гоҳе ба миқдори ду дирам гунди бедастарро андар равғани зайтун афканда, ҳуқна резанд. Низ, се дирам зифтро гирифта, аз болои он як сукарраҷагӣ тило, равғани судоб ва равғани зард рехта, ба кор баранд. Гоҳе андар ҳуқнаҳои қавӣ барги анҷир ва пӯсти беруни дарахт (лиҳо) ҳамроҳ кунанд.
Сифати доруҳои ошомидание, ки балғамро ба исҳол оваранд. Аз ҷумла ҳаббҳои андар ин бобат ниҳоят судманд, ҳабби шибрам бо сакбина, низ ҳабби сакбина бо шақоқул ва ҳабби сакбина бо испанд мебошанд. Инчунин, аз турбид, сабри сақутарӣ ва дилаи ҳанзал бахшҳои баробар ва аз маҳмуда як севвуми як бахш гирифта, онҳоро бо ангубине, ки кафкашро баргирифта бошанд, ҷамъ сохта, ҳабб созанд.
Ҳаббе, ки аз барои қулинҷи балғамӣ хуб аст. Як донг дилаи ҳанзал, як дирам турбид, ним донг фишурдаи хи
ёри даштӣ, як донг гунди бедастар, як донг занҷабил ва ду севвуми як дирам ёраи фиқроро бигиранд. Агар онро бо маҳмуда қавӣ сохтан бихоҳӣ, равост. Аммо аз дигар доруҳои шикаморанда, масалан, гувориши усқуфӣ, [гувориши] хурмоӣ, [гувориши] шаҳриёрон, ёрае, ки бо дилаи ҳанзал қавӣ гардонида шуда ва дорои равғани беданҷир аст ва ё масалан, [гувориши] биҳигиро [ба кор баранд]. Агар бирозу балғам омехта бошанд ва бироз бисёр ва ба шакли фундуқакҳо буда, баромадан натавонад, зарурат ба истеъмоли доруҳои шикаморандаи қавӣ водор кунад. Аз он ҷумла ҳаббест, ки ба сифати зерин бувад: аз уфурбиюн, донаи поккардаи мозариюн ва маҳмуда ба миқдори баробар бигиранд, Як ошомиданӣ аз он як дирам бувад.
Доруи шикаморандаи дигаре, ки сахт қавист. Як қафиз саргини кабӯтар, як даста шибит, як даврақ обро гирифта, то ним шудан биҷӯшонанд ва сипас полида, ду уқия аз он ба бемор бидиҳанд. Шири ҳамаи исфидакширҳо, масалан, [шири] лоғия, шибрам ва монанди он қулинҷро бикушояд. Ҳабби [шибрам]94 бо номи «ҳабби бодбарор» маъруф аст. Як намуде аз растаниҳои исфидакширӣ ба мисли гӯши муш [баргҳо] дошта, ба марзангӯш монанд ва бузургбарг аст. Бо он каси каждумгазидаро муолаҷа кунанд ва шири зиёд дорад. Мо онро андар [Китоби] доруҳои сода ёд кардем95.
Сифати доруҳои ба зер баргирандаи қавие, ки бирози зиёдро якҷоя бо балғами часпак берун оваранд.
Аз ҷумла сангнамакро ёфта, онро ба шакли чилғӯза ба зер баргиранд ва бояд дарозии он шаш ангушт бошад. Дигар, чилғӯзаи бузурге бувад, ки аз саргини муш созанд. Ё аз турб фатила сохта, бо ангубин биолоянд ва ба зер баргиранд. Ё аз дилаи ҳанзал, ё аз хиёри даштӣ, дилаи ҳанзал, талхаи гов, натрун ва ангубин ва ё аз дилаи ҳанзали танҳо бо понизи санҷарӣ чилғӯзаҳо созанд. Инчунин, аз дилаи ҳанзал, анзарут ва пониз, ё аз ангубин, рахбин, дилаи ҳанзал ва намаки нафтӣ бахшҳои баробар гирифта, [чилғӯза созанд]. Инчунин як чизе, ки аз барои қулинҷи балғамӣ, бирозӣ ва бодӣ муштарак аст: аз ҳар кадоми дилаи ҳанзал ва гунди бедастар ба андозаи як нувот ва аз қатрон ду кафча гирифта, бо каме ангубин ба кор баранд.
Фишурдаи бахури Марям сахт қавист ва бад-он ҳангоме ниёзмандӣ бувад, ки агар ягон чизе суд бахшидан натавонад. Бисёр бошад, ки ба маҳмуда, тухми газна ва гузашта аз ин ба уфурбиюн эҳтиёҷ афтад.
Сифати ҳуқнаҳои хосси [қулинҷи] бодӣ. Як ҳуқнаи хуб: аз ҳошо, зуфо, судоби хушк, саътар, ваҷ, тухми судоб, тухми панҷангушт, донаи хурдкардаи беданҷир, бобуна, хори хасак, (463) қантуриюн, шибит, тухмиҳои сегона,96 ангудон ва фатросолиюн бахшҳои баробар гирифта, андар фишурдаи судоб ва ё пудина сахт биҷӯшонанд [238] ва ё андар шираи фишурдаи бисёр то миқдори каме аз он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас як бахш равғани зайтун ва ду бахш аз фишурдаи ҷӯшонидашударо гирифта, ҳар дуро то як худи равғани зайтун боқӣ мондан биҷӯшонанд. Баъд аз он ба андозаи як ҳуқнаворӣ гирифта, андар он пиҳи мурғобӣ ва буз, каме говшир ва сакбина ҳамроҳ карда, ҳуқна бирезанд. Агар худи фишурдаро гирифта, андар он самғҳо ва пиҳҳои ёдшударо бигудозанд ва бо он даҳ дирам ангубин ҳамроҳ карда, ҳуқна бирезанд, судманд хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор