Қонуни тиб

Даровардани гунди бедастар ва ангужад андар таркиби ҳуқнаҳои чунин [беморон] сахт суд дорад. Гоҳе бо бист дирамсанг равғани зайтуне ҳуқнарезӣ кунанд, ки андар он даҳ дирамсанг майъаи моеъ гудохта бошанд ва ин нофеъ бувад. Гоҳе бо бураи бисёре ҳуқна бирезанд, ки андар фишурдаи судоб ҳал карда бошанд. Маблағи он то даҳ дирам бошад ва ё аз намак то понздаҳ дирам бигиранд. Мумкин аст бо равғани судоб, равғани нордин, равғани бобуна, равғани турб ва равғани беданҷир ҳуқна бирехт.
Сифати доруҳои аз барои бодҳо ба зер баргирифтанӣ. Судобро бо оби ангубин то мисли «халуқ» шудан бисованд, ба андозаи ними он зира ва чаҳоряки он натрун андар вай афкананд. Аз инҳо чилғӯзае ба дарозии шаш ангушт бисозанд. Низ доруи ба зер баргирандаи дигарест, ки аз тухми судоб, гунди бедастар, ангубин, талхаи гов ва бура ним мисқолӣ гирифта, бисозанд. Инчунин, сакбина, муқл, бура, ҳанзал ва хитмиро гирифта, аз онҳо чилғӯза бисозанд.
Андар баёни ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтании худованди сардии бе моддаи рӯдаҳо. Аммо ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтании касе, ки ба қулинҷи аз сабаби сардии бе модда падидомада гирифтор аст, мисли ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтании худовандони қулинҷи бодӣ буванд. Гоҳе агар ба миқдори ду дирамсанг қатрони танҳоро андар равғани зайтун карда, ҳуқна бирезанд, эшонро судманд хоҳад буд. Ҳамчунин, агар як худи саргини кабӯтарро андар фишурдаи пудина ва равғани беданҷир афканда, ҳуқна бирезанд, низ судманд бувад.
Андар баёни обзан, гармобаҳо ва пухтаковҳо. Обзане, ки хусусан андар оби он доруҳои қулинҷӣ ҷӯшонида бошанд, аз дардҳои қулинҷ сахт суд дорад, чаро ки он бо гармии аз оташ ва бо қувваи аз доруҳо ситонидаи худ сабаби омосро бибурад ва бо рутубату гармии хеш андомро ковок сохта, пароканда шудани сабаби ба амаловарандаи дардро осон кунад ва мушакҳои мақъадро нарм созад. Вай яке аз чизҳоест, ки аз барои ронда шудани чизи бандгардида ёрӣ диҳад. Лекин обзан аз тариқи нотавон сохтани қувват тосаю маниши гаштан оварад. Бинобар ин, каси камқувват бояд онро бо эҳтиёт ба кор барад ва ҳангоми ба кор бурдани он чизҳои қависозандаи қувват аз қабили меваҳои хушбӯй, атрҳо, [кабоби] гарданоҷ, нони гарм ва чизҳои барояш лаззатбахшу оромкунанда андар наздаш мавҷуд бошанд ва бояд кӯшид, ки об синаву дилашро напӯшонад. Обҳои гармчашма, агар андар онҳо нишинанд, аз барои қулинҷи сард сахт созгоранд, чунонки ба обҳои гарми хуш беҳтар он аст, ки наздикӣ накунанд. Агар бархе аз ҷогаҳҳоро бо обҳои гармчашма ва ё бо обҳои андар онҳо доруҳои қулинҷӣ ҷӯшонида пур кунанд, зери он ҷогаҳро ба таври бисёр ва ниҳоят танги ба зӯр дидашаванда сӯрохҳо кунанд, беморро бар пушт хобонида, он ҷогаҳро баробари як қади одам баланд нигоҳ доранд, то аз он қатраҳои парешону думодум бар шиками ӯ бирезанд, ин сахт судманд хоҳад буд.
Гуфтор андар баёни чигунагии хуқнаҳо ва афзор
ҳои онҳо. Беҳтарин шакли найчаи ҳуқна, ки пешиниён ёд кардаанд, ин аст, ки бояд доираи найча ба сеяк ва аз се ду ҳисса бахш карда шавад ва миёнаи ин ду бахшро аз моддае девор созанд, ки найча аз он сохта шудааст ва онро ба найча сахт кафшер кунанд ва бо ҳамин андар миёни ду бахши гуногун деворе бошад. Машкро бо даҳони бахши бузург ошно кунанд ва даҳони бахши хурд кушода боқӣ бимонад, вале агар машкро бо тамоми найча ошно карда бошанд, (464) даҳони бахши хурдро бо даҳонбанди қавие бибанданд, то андар он ҳаво надарояд ва онро аз зери машк аз маҳалле, ки андар мақъад намедарояд, гузаргоҳе бошад, ки аз он бод берун ояд. Ҳар гоҳ ҳуқнаро ба кор бурдӣ ва он ба муқовимати қувваи бод дучор ояд, бод баргашта аз тариқи бахше, ки андар он ҳуқна нарафта бошад, берун ояд ва бинобар ин, ҳуқна ба таври хуб ҷойгир шавад. Чунки маҳз бод аст, ки онро пас бигардонад ва зарурати зуд ба қазои ҳоҷат бархостанро ба миён орад. Сипас бояд тааммул кард, ки агар дард моил ба ноҳияи миён бошад, беморро бар пушт хобонида, ҳуқна бирезӣ ва ин шакл барои касоне аз ҳама беҳтар аст, ки қулинҷашон ба анбозии гурда ба вуҷуд омада бошад. Вале агар дард моил ба сӯи пеш бошад, беморро ба зону ниҳода, ҳуқна бирезӣ. Умуман, ҳангоми ба зону ниҳода ҳуқна рехтан ҳуқна то ба хамгаштҳои рӯдагон беҳтар рафта бирасад. Гоҳе беморро бар паҳлуи чап хобонида, ҳуқна бирезанд ва ба зери сурин оринҷашро ниҳода пои росташро кашида ба синааш бичаспонанд ва пои чапашро кушода доранд. Чун ҳуқна рехта шуданд, беморро бар пушт бихобонанд. Бо ҳар каси ҳуқнарехташуда чунин кунанд, вале баъзеҳо бад-ин кор ниёзманд нестанд. Бархеро беҳтар он аст, ки ангушти худро мумравған молида, якчанд бор андар мақъад бизананд, то он фарох гардад ва найча хубтар ҷойгир шуда битавонад, вале бархеи дигарро бад-ин эҳтиёҷ набошад. Ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки ҳуқна бирезӣ, ҳар шаклеро, ки аз инҳо муносиб бинӣ, ба кор бибар. Сипас найча ва мақъадро мумравған бимол ва найчаро андар мақъад тавре бидарор, ки ба девораи рӯдагон рафта нарасад, балки раво нест, ки он аз рӯдаи рост бигузарад. Агар чунин ҳолат ба миён ояд, ҳуқна андарун нахоҳад рафт. Ҳар гоҳ найчаро андар ҷои лозимияш рост карда, доруро андар машк рехта, бо ҳар ду даст хуб ва пайваста, вале начандон сахт, фишор бидеҳ. Бисёр вақт ҳангоми сахт фишурдан чунин иттифоқ афтад, ки ҳуқна дуртар ва ба маҳалли боло аз маҳалли зарурат рафта бирасад. Андар ин гуна ҳолат ва ҳангоми ба боло рафтани ҳуқна мӯи сари беморро бикашанд, бар рӯяш оби сард пошанд ва барои ба фурӯсӯ кашидани ҳуқна кумак кунанд.
Бидон, ки ҳар гоҳ ҳуқна ба кор баранд ва андар шикам боқӣ бимонад, аз ба кор бурдани доруҳои ба зер баргирифтанӣ чора нест, то ки онро якҷоя бо [моддаи] иллат фуруд оранд. Ба ғайр аз ин ҳуқна фиристонданат набояд чандоне борик бошад, ки ҳуқна ба маҳалли ҳоҷат расидан натавонад. Ҳар гоҳ ҳуқна беморро бетоқат намуда, майли ба берун рехтан дошта бошад, ба ин кор монеъ нашав, балки худи ҳамон соат, чунонки буд, онро дубора бирез. Набояд ба бемор андар ҳолате ҳуқна бирезанд, ки ташна бошад ва ё бисурфад. Бидон, ки суди ҳуқнаи ба миқ дори муътадил буда то ба рӯдагони забарин нахоҳад расид, вале агар миқдораш зиёд бошад, зиёнаш низ зиёд буда, бими расидани газандҳо аз он ба миён ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор