Қонуни тиб

(466) Низ, як бахшӣ харбақ, тухми газна ва афсинтин, ним бахшӣ талхаи гов ва мум ва се бахш пиҳи ғозро гирифта, ҳамаро аз ноф то буни нара бимоланд. Агар андар он моҳудона ҳамроҳ кунанд, боз ҳам беҳтар бошад ва гоҳе андар он пӯсти мис биафзоянд.
Доруҳои аз барои гармибандии қулинҷи сард. Мисоли доруҳои аз барои гармибандӣ говарс ва арзани бирён ва ё доруҳоеанд, ки аз тухмиҳову гиёҳҳои андар боби ҳуқнаҳо ёдшуда бигиранд ва онҳоро ё ба шакли судаву гармкарда ва ё андар равғани зайтуни гарм афканда [ба кор баранд]. Аз ҷумлаи чарбҳо равғани хиёри даштӣ, равғани хардал ва ҳар гуна равғане ба шумор биравад, ки аз миёни равғанҳои гарм ихтиёр кунӣ ва андар он ба ҳасби ҳоҷат гунди бедастар ва уфурбиюн афканда бошӣ.
Илоҷи қулинҷи сафровӣ. Аз рӯи ҳақиқат бояд ин андар боби печиши ноф оварда мешуд, вале мо аз рӯи одати андар ин бора ҷойдошта амал намудем, чунки ин [беморӣ] аз ҷумлаи дардҳои ин рӯда аст. Гоҳе ба ҳангоми муолаҷаи ин ба хатои бузург роҳ дода, доруҳои латифсозанда ва доруҳои гармиоваранда ба кор баранд. Намуди аз ҳама сабуки ин [дард] он аст, ки хилт андар фазои рӯда бирезад ва пурра ҷабида нашуда бошад. Андар илоҷи ин муътадил сохтани мизоҷ ва хилтҳо ва ба кор бурдани ғизоҳои сарди тарифизо ва бист дона олуе кифоят бошанд, ки бо сӯзан шикофта ва андар гулоб тар карда шуда аст. Инчунин, ба исҳол овардани модда бо ёрии, масалан, олуи ҳамроҳи зардолу таркарда, ё оби ҳар ду намуди анор, ё тарангубин ва ширхишт, ё каме маҳмуда бо гулоб ва ё бунафша ва шароб, қурс ва парвардаи он [хуб аст]. Гоҳе хӯрдани шири хасакдона бо анҷир, ё хӯрдани равғани зайтуни намакин (зайту-л-моъ) пеш аз таом ва ё хӯрдани чугундари бо равғани зайтун ва обкома пухташуда аз барои мушкилии ин [беморӣ] кифоят бошад. Мумкин аст ҳангоми ин [беморӣ] зарурат водор кунад, ки ҳуқнаҳои аз оби печак бо бура, бунафша, обкома ва равғани бунафша гирифташуда ва ё аз оби ҷав бо равғани бунафша ва бура гирифташуда ба кор бурда шаванд.
Аммо ҳангоми моддаи ҷабидашуда, масалан, ба ёраи фиқро, ки судмандтарин дору аз барои ин [дард] аст ва ба маҳмудаву ҳабби сабр эҳтиёҷ афтад. Аз ҳуқнаҳо ҳуқнаеро [ба кор баранд], ки ба сифати зерин аст: сиҳ дирам хори хасак, як даста барги чугундар, ҳафт дирам бунафша, панҷ дирамӣ аз шанбалит, хасакдона, бехи бодиён ва донаи резакардаи харбуза, сӣ дона сапистон, сӣ дирам тарангубин ва даҳ дирам хиёршанбарро гирифта, ҳамаро ба усули андар ин ҳолатҳо расмшуда биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас бар вай дувоздаҳ дирам обкома, дувоздаҳ дирам шакари сурх, як мисқол сабр ва як мисқол бура афзуда, ба кор баранд. Гоҳе андар ин бобат ба бемор додани саргини гург ва ё андар таркиби ҳуқнаҳо ҳамроҳ кардани он созгор бувад. Доруҳои карахткунанда андар ин ҳолат аз ҳама созгортаранд, аз баҳри он ки онҳо ба изофаи ором кардани дард гоҳе тезии моддаи дардоварро фурӯ нишонда, онро ислоҳ кунанд.
Илоҷи қулинҷе, ки аз сабаби банд гардидани сафро ба амал ояд. Илоҷи ин [қулинҷ] он бошад, ки маҷроҳои талхаро бикушоянд ва он кореро кунанд, ки андар боби ярақон бад-он ишора намудем. Сипас чизҳоеро ба кор баранд, ки дорои хусусияти гузаронандагӣ ва зудоянда бувад ва мисоли онҳо мағзи хасакдона ва анҷир ва ё маъҷуни хуланҷон мебошад. Гоҳе аз барои ин ба бемор пеш аз таом додани чугундари обпазе кифоят кунад, ки ба он зайтуни парварда, обкома ва хардал афканда бошанд.
Илоҷи қулинҷи омосии гарм ва сард. Ҳангоми он қулинҷе, ки аз омоси гарм хеста бошад, агар синну сол, ҳолат, қувват ва дигар омилҳо имконият диҳанд ва ё тақозо кунанд, бояд аз тариқи задани раги босалиқ хун гирифта шавад. Агар омос ниҳоят бузург бошад ва ба андозае бирасад, ки бо гурда анбозӣ намуда, пешобро бибандад, бояд баъд аз босалиқ низ софин зада шавад. Ҳангоми илоҷи ин [қулинҷ] нахуст ба хӯрдани чизҳои сарди таре аз қабили оби бодранг, луоби аспғул ва монанди инҳо бипардозанд, вале ба ғайр аз каду, ки он аз барои бемориҳои рӯда хосияти баде дорад. Аз ҷумла, (468) аз барои нарм сохтани табиат чаҳор дирам аспғул ва як уқия равғани гули хубро гирифта, бо ду уқия об бишикананд ва биошоманд. [240] Ё оби ҳар ду намуди анор, оби барги хитмӣ, оби коснӣ ва оби ангури сагакро гирифта, андар ин гуна доруҳо ширхишт ва хиёршанбар ҳамроҳ кунанд ва биошоманд. Агар андар ин гуна ҳолат ба ҳуқнаҳо ниёзмандӣ бошад, бо оби ҷав ва миқдоре аз хиёршанбар ва ширхишт ҳуқна бирезанд. Агар андар оби ҷав сапистон ва бунафша ҷӯшонида бошанд, созгортар хоҳад буд. Агар бо оби ҷав оби ангури сагак ва кокана биомезанд, беҳад созгор хоҳад шуд. Ман аз барои ин [беморӣ] бо шири харе ҳуқна рехтанро писандам, ки андар он хиёршанбар тар карда бошанд ва равғанашро бояд аз равғани бодом ва равғани кунҷид сохт. Гоҳе моддаи сафровӣ ва гарм фаровон дарёфта шаванд ва андар ин ҳол туро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки масалан, бо маҳмуда ва сабр бо эҳтиёт исҳол оварӣ ва сипас ба ҳасби омос ба сардсозӣ, тарсозӣ ва муолаҷа бипардозӣ, то ки он бештар шифобахшу судманд бошад. Ҳар гоҳ иллат аз ин марҳала бигузарад ва нармии андаке зоҳир бигардад, воҷиб аст, ки андар ҳуқнаи оби ҷавӣ оби барги хитмӣ, тухми катон, андаке ҳулба, бобуна, шибит ва каранб, ё фишурдаи ҳар дуи инҳо ва ё равғани ин ду афканда шаванд. Низ андар [ҳуқна] мусалласи фишурдаи ангур ва оби хиёршанбар ҳамроҳ кунанд. Инчунин, андар он доруҳое, ки аз барои исҳол биошоманд, шакари сурх изофа кунанд ва ғизои [беморро] оби нахӯди бо ҷави муқашшар ҷӯшонидашуда бигардонанд. Инчунин, [ба бемор] оби бодиён биошомонанд.
Аммо зимодҳои ба ҳасби марҳилаҳои [беморӣ] бударо аз худи он доруҳое бисозанд, ки аз онҳо ба ҳасби он марҳала ҳуқнаҳо созанд. Нахуст аз зимодҳои сард ва дорои як миқдор хусусияти нармсозӣ, масалан, аз бунафша ва тухми катон оғоз кунанд, сипас ба зимодҳои бештар нармкунанда гузашта, масалан, бобуна ва мумравғанҳои, масалан, аз равғани гул, равғани бобуна, мастако ва пиҳҳо таркибёфта [ба кор баранд]. Ҳар гоҳ [омос] каме паст шавад, андар [зимодҳо], масалан, самғи хинҷак, шанбалит ва зифт ҳамроҳ бикун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор