Қонуни тиб

Ҳуқнаи ситабр андар шикам бимонад ва зиёни бисёре бирасонад ва ҳуқнаи тунук бефоида ва андар ҳукми ҳуқнаи миқдоран кам бувад.
Андар тадбири ошомондани равғани беданҷир ба ҳангоми муолаҷаи қулинҷи сард мар касеро, ки бад-он одат карда бувад. Агар [чунин кас] ба миқдори лозима сари вақт ва бо оби тухмиҳо равғани беданҷир хӯрдан битавонад, ба ӯ додани ин равған яке аз судмандтарин чизҳост. Онро танҳо баъд аз пок сохтани тан бо ёрии, масалан, ҳабби сакбина ва ё дигар ҳаббҳо ба бемор бидиҳанд.
Рӯзи якум ба миқори ду мисқол ошомонида, рӯзи дуввум ним мисқол бешар бидиҳанд ва ҳамин гуна то рӯзи ҳафтум ҳар рӯзе ним мисқолӣ биафзоянд. Сипас ин миқдорро агар оҳиста-оҳиста коҳиш дода, то ба ду мисқол оваранд, боке надорад ва андар рӯзи ҳафтум равған доданро бас кунанд. Ҳар бор, ки онро бар оби тухмиҳо бирезанд, бо кабча хуб омехта созанд. Ҳар он рӯзе, ки андар он ин [равғанро] меошоманд, бояд ғизо хӯрданро аз шаш то қариб даҳ соат ва то ҳангоме ба таъхир андохт, ки аз оруғ дигар бӯи он наояд. Сипас ба бемор сапедбоҳо ва агар дилаш турушӣ бикашад, зирабоҳо бидиҳанд ва шаробашро аз оби ангубин кунанд. Бояд баъд аз ошомидани [ин дору] аз барои муҳофазати дандонҳо ба онҳо намаки бирён ва баъди он равғани холиси гул бимоланд. Ҳар гоҳ аз истеъмоли ин [дору] фориғ шавад, баъди он ёраи фиқрое биошомад, ки бо дилаи ҳанзал ва монанди он тақвият дода шуда бошад ва ё агар бад-ин эҳтиёҷе набошад, тақвият надодаи онро ба кор барад. Чунки ёраи фиқро зиёни бар сар ва чашм расидаи [ин равғанро] аз байн бибарад.
Сифати доруҳое, ки ба тариқи гувориш, ислоҳсозӣ ва хосиятнокӣ, на ба тариқи истифроғ, худовандони қулинҷи сардро суд доранд. (465) Ин доруҳо ба шакли ошомиданиҳо, гармибандиҳо, зимодҳо, чарбҳо ва намудҳои дигаранд. Яке аз ошомиданиҳо сир аст, ки он аз барои ором сохтани дардҳои қулинҷи сард хосияти хубе дорад ва ба изофаи он вай на мисли пиёз ташнагифизоянда бувад. Гоҳе шахси ба қулинҷ гирифтор агар ҳангоми ҳис кардани оғози қулинҷ аз он тановул карда, аз хӯрдани таом тамоман парҳез кунад, [239] сахт ба варзиш машғул шавад, ҳеҷ чиз нахӯрад, балки бо як бор ошомидани шароби холис бихобад, рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, шифо ёбад. Дигар аз доруҳои ошомидании оромкунандаи дарди [чунин қулинҷ] ин аст, ки ба миқдори баробар ба бемор афсинтин ва зира биошомонанд, ё гиёҳи говширро танҳо ва ё бо зира бидиҳанд. Ё аз анисун, мурч ва гунди бедастар бахшҳои баробар гирифта, якуним дирам аз онҳоро ба бемор бидиҳанд. Ё агар ягон монеае мавҷуд набошад, ба бемор саҷазаниё, [гувориши] зирагӣ ва тарёк бидиҳанд. Гунди бедастар бо пудина бисёр аҷиб аст.
Яке аз доруҳои санҷидашуда ин аст, ки ба бемор чаҳор дирам бехи савсанро андар оби бо фаросиюн ҷӯшонида ва ё андар оби панир афканда бидиҳанд. Худи савсанро низ ба ҳамин миқдор [ба кор баранд]. Инчунин, ба бемор панҷ дирам тухми сипандонро андар оби понизи санҷарӣ ва як уқия равғани кунҷид бидиҳанд. Низ, чаҳор
дирам пӯсти бехи ғарб, се дирам занҷабил, шаш дирамӣ гавз ва хурмо ва як қист оби хушро гирифта, доруҳоро хурд кунанд ва андар об то сеяки он мондан биҷӯшонанд. Ҳангоми омезиш додан аз шохи судоб истифода кунанд. Сипас ҳар рӯзе аз ин ду уқия [ба бемор] бидиҳанд. Инчунин, пусти бехи ғарб, шохаҳои судоб ва занҷабилро гирифта, андар чаҳор чанди онҳо аз об то сеяки он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Аз он [ба бемор] ҳар рӯзе ду уқия бидиҳанд ва ин корро се рӯз давом дода, се рӯзи дигар [беморро] осуда бигузоранд. Ҳар гоҳ ба бемор оби ангубин бидиҳанд, бояд он сахт ҷӯшонида шуда бошад, чаро ки суст ҷӯшонидаи он дамиш хоҳад овард.
Яке аз он доруҳое, ки таъсири онҳо аз сабаби хосияташон аст, оби шӯрбои97 ҳудҳуд ва худи гавҳари он бувад. Низ харотини хушк кардашуда, чунонки ёд кардаанд, аз барои дардҳои қулинҷ судманд аст. Аммо саргини гург бояд ҳосили устухони хӯрдашуда бошад ва нишонаи он ин аст, ки сафед бошад ва ягон ранги дигаре бо он омехта набошад. Хусусан он саргине, ки бар сари хорҳо афканда аст, судмандтарин чиз бувад. Онро андар шароб ва ё андар оби ангубин афканда, ба бемор бидиҳанд. Ё онро бо ду кафча ангубин ба ҳасби қоидаи расмшуда бисириштанд ва ё ба он намак, мурч ва каме хушбӯиҳо зада, [ба бемор] билесонанд. Агар андар таркиби [саргини гург] устухон, чунонки ҳаст, мавҷуд бошад, ин низ аҷиб бошад. Чунин даъво кунанд, ки [саргини гург] ба ғайр аз ошомидан боз аз тариқи овехтан низ судманд аст ва фармудаанд, ки бояд онро андар [тасмае аз] пӯсти гавазн98 ва ё андар пашми баррае биовезанд, ки гург ба он дарафтида, вале барра аз даҳони он раҳо ёфта бошад.
Ҷолинус шаҳодат додааст, ки агар онро ҳатто андар сим гирифта биовезанд, суд бахшад. Гуфтаанд, ки агар ҷирми рӯдаи гургро хушконида бисованд, манфааташ расотар аз саргини ӯ бувад ва ин аз ҳақиқат дур нест. Яке аз чизҳое, ки бад-ин равиш бошад, каждумҳои бирёнкарда мебошад ва онҳо аз барои қулинҷ сахт судманданд. Инро бояд бар қулинҷи ростин бисанҷанд, то чунин набошад, ки касони санҷанда онро бар қулинҷи дурӯғин санҷида бошанд ва он тобеъ ба санги гурда бувад. Андар ин ҳол вай барои санги гурда зотан ва барои қулинҷ аразан судманд хоҳад буд. Яке аз василаҳои аз барои дарди қулинҷ ва шиддат ёфтани он сутуда ин аст, ки [ба бемор] шохи сӯхтаи гавазн бидиҳанд ва чунин тасдиқ кунанд, ки ин [дору] худи ҳамон соат дардро фурӯ нишонад.
Андар баёни зимодҳои қулинҷи сард. Аммо аз миёни зимодҳо бархе зимодҳоеанд, ки як миқдор хусусияти исҳоловарандагӣ доранд ва мисоли инҳо зимодҳои аз дилаи ҳанзал бо мағзи хасакдона сохташуда ва тилоҳои аз талхаи гов, дилаи ҳанзал ва монанди инҳо сохташуда мебошад. Бархеи дигар аз онҳо зимодҳоеанд, ки мурод аз онҳо исҳол нест. Масалан, зимод кардан бо тухми газна ва мағзи хасакдона ва зимод кардан бо тухмиҳо ва гиёҳҳои ёдшудае, ки андар таркиби ҳуқнаҳо бидароянд, аз ҳамин қабил буванд. [Низ], бо донаи дахмасти танҳо зимод кунанд.
Нусхаи як зимод. Ҳашт карама мум, шаш карама сақизи хинҷак, се карама турбид, якуним карама мавизак, якуним карамагӣ оқирқарҳо, марзангӯш, донаи даҳмаст, тухми газна, боқилии мисрии хушк ва дилаи ҳанзал, як уқия ва се карама маҳмуда, ба миқдори кифоят талхаи гов ва ба миқдори кифоят равғани даҳмастро гирифта, аз онҳо тилои ситабр бисозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор