Қонуни тиб

Мақъадро бо шиёфҳои заҳирӣ муҳофазат кунанд, то ба заҳир гирифтор нашавад ва меъдаро бо шаробҳову зимодҳои меъдавӣ тадбир кунанд, то заиф нагардад.Ту худ ҳамаи инро ҳамедонӣ. Гоҳе ҳуқна рехтан бо обҳои шӯр, бо обҳое, ки бо натрун ва ғайра намак карда шудаанд ва хусусан бо қатрон судбахш аст. Андар таркиби ҳуқнаҳояшон хусусан агар ҳарорат бошад, метавон фишурдаи барги шафтолу, ҷӯшонидаи бехи тут ва пӯсти анор ҳамроҳ кард.
Фасли ҳафтум андар баёни зимодҳои худовандони кирмҳо
Зимодҳоро низ аз доруҳои қавии ёдшуда бисозанд ва онҳоро, масалан, бо дилаи ҳанзал, талхаи гов, фишурдаи хиёри даштӣ ва бо қатрону сабр қавӣ бигардонанд.
Агар бо сабр ва афсинтин, ё бо сабр ва рубби биҳӣ ва ё бо рубби себ зимод кунанд, кирмҳоро бикушад ва иштиҳоро афзоиш диҳад. Агар ҳамаи инҳо якҷоя ба кор бурда шаванд, боз ҳам хубтар хоҳад буд.
Як зимоди хуб: Сиёҳдонаро бо оби ҳанзали тар ё бо ҷӯшонидаи дилаи он совида бар шикам ва ноф тило кунанд. Гуфтаанд, ки агар бо мағзи устухони гавазн нофро зимод кунанд, суд бахшад. Ҳамчунин, агар равғанҳои доруҳои ёдшуда [246] ва хусусан равғани бобуна ва афсинтинро тило кунанд, судманд бувад.
Фасли ҳаштум андар баёни ғизоҳои ин гуна беморон
Ғизое, ки ба ҳасби муқобалат нишон додан ба сабаб бошад, бояд гарми хушк ва бечаспандагӣ бошад ва бояд то андозае зудоянда буда, кирмҳоро бизудояд ва берун орад.
Андар таркиби ғизоҳои эшон оби нахӯд ва барги каранб ҳамроҳ кунанд. Гӯшти кабӯтар низ аз барои эшон
судманд аст ва ошомидани оби шӯр ҳамаи ин гуна беморонро нафъ дорад. Агар исҳол ва ҳарорат ҷой дошта бошанд, ба [беморон] ошоми бо тутум турушкарда бидиҳанд, зеро ин гуна [ошом кирмҳоро] бикушад ва [исҳолро] бибандад. Оби анори туруш низ чунин бувад. Агар исҳол беҳол кунад, эҳтиёҷ ба ғизои қавӣ биафтад. Агар бемор гуворида натавонад, ғизо аз ҷинси ошомҳо ва обҳои гӯштҳо бидиҳанд. Аммо оид ба вақт ва тартиби ғизо бояд гуфт, ки набояд бемор гурусна бимонад, зеро кирмҳо ба ҷунбиш даромада, меъдаро бигазанд ва гоҳе мумкин аст иштиҳо биафтад. Баръакс, бояд пеш аз ҳаракат кардани кирмҳо ҳангоми осудагии онҳо ғизо хӯрд. Бояд ба чунин [беморон] баҳра-баҳра ва ба миқдори кам ғизо дод. Агар бими исҳол бошад, бар шикам зимодҳои қабзкунандаеро бимоланд, ки худ ҳамедонӣ. Ғизои худовандони кирмҳои хурд беҳтар аст аз ҷинси ғизоҳои хубкимуси зудгуворанда бошад, зеро қувваи ин гуна [ғизоҳо] бар хилофи [мизоҷи кирмҳо] буда, албатта, ба онҳо нахоҳад пайваст.
[Ғизо] агар кимуси хуб бидиҳад, кимуси табаҳшудае, ки моддаи кирмҳост, бикоҳад.
Фасли нуҳум андар илоҷи афтидагӣ ва садмаи бар шикам расида
Тадбири дурусти ҳамаи инҳо ба қадри имкон хунро берун овардан аст ва баъди он аз кундур, хуни сиёвушон, гили арманӣ ва каҳрабо як дирамӣ гирифта, бо мусалласи тунук ба бемор бидиҳанд. Агар хунравӣ ба амал омада бошад, ё исҳоли хунӣ ва ё қаи хунӣ рӯй дода бошад, андар ин дору як қирот афюн ҳамроҳ кунанд. Изофа ба ин бояд ба он [тадбирҳое] муроҷаат намуд, ки мо андар китоби сипаси ин [китоб] буда,101 андар бобҳои садмаҳо ёд кардаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор