Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни ҳафтдаҳум
АНДАР баёни
иллатҳои мақъад,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни
иллатҳои мақъад

Бидон, ки иллатҳои мақъад ба душворӣ беҳ шаванд, аз баҳри он ки вай ҷомеъи якчанд хусусиятҳост: (479) мақъад гузаргоҳ аст; вай сарнагун буда, аз зер ба барсӯ биравад; сахт ҳассос аст; ва аз ҳама зертар ҷой гирифтааст.
Азбаски гузаргоҳ аст, ҳамеша ба сӯяш бироз омада, онро ба ҳаракат орад, дардашро афзоиш диҳад ва оромии онро, ки пазируфтани манфаатҳои доруҳо бад-он вобаста аст ва ба ёрии он табиат имконияти ислоҳсозӣ пайдо кунад, аз байн бибарад. Азбаски он сарнагун аст, истодани дору андар он душвор бувад. Азбаски сахт ҳассос аст, аксар вақт ба дард ояд ва бисёрии дард ҷазбкунандаи [газандҳост]. Азбаски аз ҳама фурӯтар ҷой гирифтааст, фазлаҳо хусусан ҳангоме ба осонӣ ба сӯи он фуруд оянд, ки вай ба иллати нотавонии аз ягон офат расида омодаи пазируфтани онҳо бошад.
Фасли дуввум андар баёни бавосир

Бидон, ки бисёр вақт чун бавосир гумон карда шавад, вале ба ҳақиқат решҳое бошанд, ки андар рӯдаи рост ва боло аз он воқъ шудаанд. Бинобар он бояд андар ин [беморӣ] тааммул кард. Бавосир ба гунае аз қисмати машҳур ба озахӣ, ки бадтарини намудҳост, ба «ангурӣ» ва ба «тутӣ» тақсим бигардад. Бавосири озахӣ шабеҳ ба озахҳои хурд аст, бавосири «ангурӣ» сербари гирд ва арғавониранг ва ё моил ба арғавонист. Бавосири «тутӣ» ковоки хунист. Гоҳе аз миёни намудҳои бавосир бавосире падид ояд, ки мисли ҳубобҳо бувад. Бавосирро ба гунаи дигаре аз қисмат метавон ба баромада ва фурӯрафта (пинҳон) тақсим кард. [Намуди фурӯрафта] ва хусусан оне, ки ба ноҳияи нара пайвастааст, аз ҳама бад бувад ва гоҳе аз тариқи омос падид овардан пешобро бибандад.
Бавосири баромадаи намоён яке аз се намуди [ёдшуда] аст, вале фурӯрафта бархе хунист ва бархе ғайри хунӣ.

Бавосирро [боз] метавон ба бавосири кушодаи равон, ки гоҳе ба иллати боз шудани рагҳои зиёд чизи бисёре аз он ҷорӣ шавад ва ба бавосири сарбаста ва кӯр тақсим намуд, ки ягон чизе аз он ҷорӣ нагардад. Аксар вақт ки бавосир зода шавад, аз савдо ва хуни савдовӣ ва гоҳе аз балғам зода шавад. Чун аз балғам зода шавад, чунон зода шавад, ки гӯӣ обилаҳо ва ё ғӯзаҳои андар шиками моҳӣ будааст. Бавосири озахӣ бештар ба савдои поку холис ва «тутӣ» ба хун наздикӣ дошта, «ангурӣ» миёни ин ду биистад.
Ба гуфтаи Ҷолинус бавосир аз ғайри кушода шудани даҳони рагҳо андар мақъад наметавонад, ки падид ояд.
Бад-ин сабаб вай бештар баробари бодҳои ҷанубӣ ва андар кишварҳои чанубӣ ба амал ояд. Ба ҳангоми бавосири кушодаи равон хуни аз он раванда то агар ба беҳолӣ, нотавонии зонуҳо ва боло гирифтани хафақон бурда нарасонад ва ранги хун ғайри сиёҳ нагардад, онро нашояд баст. Аз ҳама беҳтар он аст, ки хун андак-андак ояд, на ба якборагӣ. Ҳар гоҳ хуни бавосир андар занон ба сӯи заҳдон гароида, бо хуни ҳайз берун ояд, эшонро суд бахшад. Низ, бояд ин корро аз тариқи сунъӣ ба амал оварда, хуни ҳайзро битозонд. Бештари худовандони бавосирро ранги хоссест, ки он зарди моил ба сабзист. Бисёр бошад, ки чун худовандони бавосирро хуни бинӣ ояд, бавосир аз байн биравад.
Илоҷ. Нахуст бояд аз ислоҳи тан оғоз намуда, хуни бадро истифроғ кунанд ва ҳатто софин ва рагеро бизананд, ки аз паси пошна (ақаб) аст, вале задани раги зери зону (мобиз) аз ҳар дуи онҳо қавитар бувад. Аз миёни ҳар ду сурин ҳиҷомат кардан барои бавосир хеле суд дорад ва хилтҳои савдовии онро берун кунад. Аз барои ислоҳи бавосире, ки аз хун падид омадааст, агар лозим ояд, испурч ва ё ҷигарро муолаҷа кунанд. Сипас, агар ягон дард, омос ва ё дамидагӣ ҷой надошта бошад, чандон ба муолаҷаи бавосир ҳоҷат нест, чаро ки муолаҷаи он мумкин аст боиси падид омадани носурҳо ва даридан бигардад. Баъд, бояд андар нарм сохтани табиат кӯшид, то сахтии бироз мақъадро озор дода, дардро бузургтар насозад. Аз ҳама беҳтар он аст, ки доруҳои ши каморанда ва нармкунанда аз доруҳои барои бавосир судманд, масалан, аз ҳабби муқл, ё ҳабби филзаҳра, ҳабби додӣ ва ҳаббҳои дигари ёдшуда иборат бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ