Қонуни тиб

Моддаро бо ёрии масалан, оби шӯр, оби намакзада ва ҳанзал истифроғ кунанд. Инчунин, он чизеро тааммул бикун, ки андар боби сипаси ин боб, яъне [андар боби] баромадани мақъад оварда шавад.
Фасли понздаҳум андар баёни баромадани мақъад
Ин гоҳе ба сабаби ниҳоят нотавон шудани мушаке рӯй диҳад, ки мақъадро бидорад ва ба барсӯ бикашад ва ё мумкин аст ба сабаби омосҳои бозгунасозандаи [мақъад] ба амал ояд. Илоҷи [баромадагии] баргарданда саҳлтар аз баромадагии омосиест, ки бар нагардад. Илоҷи ҳар як маълум аст. Беҳтар он аст, ки бо чизи онро муолаҷакунанда муолаҷа кунанд ва сипас баргардонда, бибанданд. Агар барнамегашта бошад, доруҳои сусткунанда ба кор бибар.
Бояд мо доруҳои мустаҳкамкунандаи мақъад ва қабзкунандаи онро ба хотир оварем, зеро бештари ниёзмандӣ ба амсоли онҳо биафтад, чаро ки ҳар гоҳ ин доруҳо ба кор бурда шаванд ва баъди он агар мақъад баргарданда бошад, онро баргардонида бибанданд, судманд хоҳад буд. Аз ҷумла обҳоест, ки беморро андар он нишонанд ва оберо бар [мақъад] бирезанд, ки андар он доруҳои қабзкунанда ҷӯшонида бошанд. Аз ҳама созгортар он аст, ки ин об шароби қабзкунанда бошад. Аз он ҷумла: гул, наск, ангури сагак ва тутумро гирифта, андар об биҷӯшонанд ва ба кор баранд. Ин ба ҳангоми будани омос ҳам судманд аст. Бархе аз ин доруҳо хокаҳои пошиданист. Аз ҷумла, агар гармии қавие ҷой надошта бошад, [доруи зеринро ба кор баранд]: ҳашт дирам пӯсти дарахти хинҷак, ду дирам гавзи сарв ва як дирам сафедаро гирифта, [хока бисозанд]. Бахши беруншудаи [мақъадро] бо шароби қабзкунанда тар кунанд ва бишӯянд, сипас бар вай ин хокаро бипошанд.
Инчунин, ҳашт дирамӣ аз кӯфтаи кундур ва мурдосанг ва ду дирамӣ аз гавзи хушки сарв ва сафедаи арзизе бигиранд, ки аз тариқи совидани як пора арзиз бо пораи дигаре андар шароби қабзкунанда сохта бошанд. (487) Инҳоро [бар мақъад] бипошанд. Низ, чаҳор дирамӣ аз рими арзиз ва тутум, як дирам мурр ва чаҳор дирам тухми гул [ба кор баранд]. Инчунин, [баромадагиро] шуста, бо равғани хоми гул равған кунанд, сипас замч, мозу, сурма ва сафедаи арзизро бар вай пошида, агар баргарданда бошад, баргардонда бибанданд. Агар мақъад баргардондан нашавад ва ба иллати омоси бузург бар нагардад, беҳтар он аст, ки омосро тадбир кунанд ва баромадагиро аз тариқи нишастан андар оби гарме суст созанд, ки андар он доруҳои оромкунандаи дард ва доруҳои нармкунандаи омос ҷӯшонида бошанд ва [ин доруҳо] андар боби худ ёд шудаанд. Баъд аз он бо равғани шибит ва равғани бобуна чарб кунанд, зеро инҳо нармкунандаанд. Сипас, баргашта бо он чизе муолаҷа кунанд, ки гуфта шуд. Яке аз чизҳое, ки андар ин ҳангом судманд аст, доруҳои дармонкунандаи ёдшуда ва хусусан доруи нилуфарии мазкур ва доруе бувад, ки андар таркиби он наск105 бидарояд.
Фасли шонздаҳум андар баёни носурҳои мақъад
Ин носурҳо гоҳе аз сабаби хуроҷҳои мақъад ва шикофтани он ва гоҳе аз сабаби бавосири хӯрдашуда ба амал
оянд. Бархе аз носурҳои мақъад гузора надоранд, ки беосебтаранд ва бархе гузора доранд, ки ин бисёр бад бувад.
Оне, ки ба тиҳигоҳи [мақъад] ва ба даромадгоҳ наздиктар аст, беосебтар бувад, зеро ҳангоми шикофтан офат на тамоми мушакҳо, балки бархеро фаро бигирад ва боқӣ кори нигоҳ доштанро давом диҳад. Аммо [носури аз даромадгоҳ] дур ҷойгиршударо агар шикофанд, ки илоҷаш ҳамин аст, мушаки бирознигоҳдоранда ё тамоман ва ё бештари он буридашуда бахши бузурги кори бастан аз байн равад ва ин боиси нохост берун омадани бироз бигардад. Гоҳе мумкин аст носур ба рагҳои варидӣ ва асабҳо пайваста бошад, ки ин хатарнок аст.
Фарқи миёни носурҳои гузорадор ва бегузораро бо даровардани мил андар реш ва ангушт андар мақъад бидонанд. Бо ангушт то куҷо расидани милро ламс кунанд ва гузорадору бегузора будани [омосро] дарёбанд. Гоҳе бар гузорадор берун омадани бироз гувоҳӣ диҳад. Инчунин, ба тамоми мушак ва ё бархеи он расидани шикофтагиро бо ёрии тадбире бидонанд, ки бархе пизишкони пешин ва нахустин фармудаанд ва бархе аз пизишкони пасин онро пазируфтанд. Он [тадбир] бад-ин гуна аст, ки ангуштро андар мақъад ва милро андар реш бидароранд ва беморро фармоянд, ки мақъадашро фишурда ба барсӯ бикашад. Сипас, бо ламс кардан бахши фишурдаи мушак ва бахши баромадаи он, бешию камии миқдори паҳноии мушаки ба дарозои тан буда ва масофа миёни сари мил ва миёни бахши барсӯвини паҳноии онро, ки ба дарозои тан аст, муайян кунанд. Носури гузорадор гоҳе дорои як даҳона ва гоҳе дорои даҳонаҳои бисёр бувад.
Илоҷ: Ба ҳангоми носури бегузора агар сайлони зиёд азоб надиҳад ва бадбӯии беандоза ҷой надошта бошад, ба ҳоли хеш гузоштани он бад нест, вале агар азоб диҳад, бар вай шиёфи ғарб ва дигар доруҳои ба ин равиш будаи носурро санҷида бинанд. Агар онро дуруст кунад ва ё фасодашро коҳиш диҳад, [хуб] ва агар не, доруи тезро ба кор баранд, то бахши забарини носурро ки он гӯшти мурда аст, нест кунад ва гӯшти солимро бинамояд. Дардро бо ниҳодани равғани зард ва равғани гул чора кунанд. Сипас, ҷароҳатро бо марҳамҳои решфароҳамоваранда ва хусусан бо «марҳами паямбарон» фароҳам оваранд. Ин марҳам ин гуна носур ва низ носуреро беҳ кунад, ки баъд аз буридан якбора ва зуд муолаҷа нашавад. Лекин [беҳ карданаш] ба оҳистагӣ ва дер бикашад.
Яке аз чизҳое, ки ин гуна носурро фароҳам оварад, «марҳами сиёҳ» аст. Аммо илоҷи носури гузорадор буридан аст. Ҳангоми буридан бояд он чизе риоя шавад, ки ёд кардем. Яке аз тариқаи хуби буридан ин аст, ки бо мӯи тофтаи борик ва ё бо абрешими тофта онро сахт бибанданд ва ба ҳоли хеш бигузоранд. Агар дарди сахт ба амал оварад ва бими падид омадани ташаннуҷ ва дигар аразҳои бад ба миён ояд, риштаро аз он боз кунанд ва бо доруҳои дардоромкунанда муолаҷа созанд. Сипас, дубора онро бибанданд.
[251] Фасли ҳафтдаҳум андар баёни хориши мақъад
Ин гоҳе аз сабаби кирмҳои хурди андар мақъад зодашуда, гоҳе аз сабаби хилтҳои буранок ва зардавие, ки мақъадро бисӯзонанд ва гоҳи дигар ба сабаби решҳои чиркноки он ба амал ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор