Қонуни тиб

Илоҷ: Хориши аз кирмҳо баамаломадаро бо дармонҳои кирмон ва аз решҳо ба вуҷуд омадаро бо дармонҳои решҳо дармон кунанд. Вале ҳангоми хориши аз хилтҳои бандгардида баамаломада бингаранд: агар ин [хилтҳо] аз барсӯ оянд, ғизоро дуруст карда, хилтро истифроғ кунанд ва агар андар он ҷой банд шуда бошанд, онҳоро бо ёрии шиёфҳои маъруфе истифроғ созанд, ки аз барои пок сохтани рӯдаи рост аз хилти балғамӣ ва заҳравӣ тавсиф шудаанд. Ин (488) андар боби заҳир ёд карда шуд. Гоҳе [хо
ришро] бо доруҳои ба зер баргирифтании муътадилсозанда ва бо доруҳои ба зер баргирифтании карахткунанда муолаҷа кунанд. Бо сиркои хамрӣ пок сохтан ва инчунин ҳиҷомат кардани думғоза аз барои хориш судманд аст.
Решҳои мақъад. Инҳоро бо доруҳои хушкиоварандаи қавие муолаҷа кунанд, ки андар боби саҳҷ ёд шудаанд. Агар дард ниҳоят сахт бошад, маҳалли [бемориро] карахт кунанд. Аз барои [решҳо] «марҳами сиёҳ» ва марҳами аз зангор сохташуда судманданд ва ҳар кадоми инҳоро андар пашминае бар сари мил гирифта, ба зер баргиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор