Қонуни тиб

Қай бузургтарин василаест, ки бо он решҳои гурдаро муолаҷа кунанд, зеро он пок созад, истифроғ оварад ва хилтҳоро бар хилофи ҷиҳати гурда бикашад. Гоҳе мумкин аст ба кор бурдани қаи думодум илоҷи кифояткунанда буда, аз дигар тадбирҳо бениёз бигардонад. Беҳтар он аст, ки нахуст бо тухмиҳо чораҳои эҳтиётӣ бибинанд ва сипас рӯ ба қай оваранд. Бояд қай аз паси таом ва бо чизҳои онро осонсозанда, хусусан бо харбузаю донаи он ва якҷоя бо шароби ширин ва ё масалан, бо сикангубин ва оби гарм ба амал оварда шавад, вале набояд бо шӯриши шадид ва қавӣ бошад. Яке аз василаҳое, ки хилтҳоро ба иътидол оварад, хӯрдани, масалан, тарбуз, хиёри дароз, кокана ва хашхош бувад. Яке аз қоидаҳои асосӣ, ки бояд риоя шавад, чунин аст: ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, бояд нахуст дард ва сипас реш муолаҷа карда шавад. Агар реш тоза бошад ва омос навакак кафида бошад, илоҷи онҳо саҳлтар аст ва мумкин аст донаи хиёри дароз бо шароби бунафша кифоят кунад. Вале агар куҳан бигардад, кораш душвор хоҳад шуд.
Бояд зуд ба поксозӣ пардохта, ба ҳангоми [реши] сабук доруҳои пешобтозонандаи сабук, масалан, тухми кокана, хитмӣ ва ҳатто бодиён ва ба ҳангоми [реши] бади палид, масалан, пари сиёвушони муътадил гардонида, бехи савсани осмонгун, фаросиюн ва орди говдона ба кор бурд. Агар иллат палид бошад, туро бад-он эҳтиёҷ биафтад, ки дору ошомидану зимод карданро якҷоя ба кор барӣ. Гоҳе андар зимни доруҳо зуфо, судоб ва монанди инҳо бидароянд. Ҳар гоҳ поксозиро ба анҷом расонидӣ, ба ҷамъ сохтани [реш] бипардоз, то хӯра ба амал наояд.
Бояд [беморон] пайваста оромӣ гузинанд ва ҳар қадар ки битавонанд, худро гирифтори мондашавӣ накунанд, балки аз варзишҳо бояд фақат бо молиши андомҳои атрофӣ кифоят кунанд ва бояд он чиро, ки аз тариқи варзиш берун меояд, бо ёрии гармибандии хушк берун оранд.
Ин гуна [беморон] ва хусусан онҳоеро, ки одати варзиш кардан доранд, ҳатто роҳ рафтан ва дигар корҳо кардан нагузоранд. [256] Сипас, чун шифо ёфтанд, аз варзиши сабук оғоз карда, варзиш кунанд ва ба тадриҷ то ба ҳаракатҳои одатияшон оянд.
Илоҷи худи реш бад-ин гуна аст, ки ба ҳангоми он нахуст аз ҷимоъ парҳез кунанд, зеро он ниҳоят зиён дорад ва ҳаракату варзиши зиёд накунанд ва танҳо ба молиш кифоят кунанд, чаро ки молиш судманд буда, хунро ба [зоҳири] тан бикашад. Аммо тадбир намудани он бо доруҳо бояд аз тариқи ба кор бурдани доруҳои бидуни газанд хушксозандаи зудоянда ба амал оварда шавад. Агар реш чандон бад набошад, доруи андар зудояндагию хушксозӣ муътадил кифоят бувад, вале агар палид бошад, эҳтиёҷ ба доруе биафтад, ки аз ҷиҳати поксозию зудоиш ва чиркшӯӣ қавитар ва аз ҷиҳати хушксозандагӣ чандон шадидтар бошад, ки чиркро боз дорад. Баъд аз он доруҳои бештар қабзкунандаю боздорандаеро аз қабили ақоқиё ва фишурдаи «риши буз» ба кор баранд. Гоҳе аз барои боз доштани таровиши хилтҳои бад, масалан, ба шибит эҳтиёҷ афтад. Ҳар гоҳ [реш] пок шуда бихушкад ва таровиши моддаҳо ба сӯи он боздошта шавад, беҳӣ падид хоҳад омад. Бояд ба ҳамаи доруҳои реш дору
ҳои часпакиоварандае аз қабили нашоста, касиро ва самғҳои сард биомезанд, зеро часпандагӣ яке аз василаҳоест, ки (498) решҳоро аз тарошидани чизи аз болои онҳо гузаранда эмин дорад. Он доруҳое, ки аз миёни инҳо мисли лок равғаниянд, аз барои гӯшти андом ва аз барои он ҳамроҳ кунанд, ки то ба он матонат, истодагӣ ва қобилияти сабзиш бахшад. Низ, бояд бо онҳо доруҳои пешобтозонанда ва доруҳои латифсозанда биомезанд, то онҳо доруҳои беҳкунандаву гӯштрӯёнандаро бурда бирасонанд, ҳарчанд ин гуна доруҳо худ ба худ зиёнвару дардангезанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо онҳо доруҳои карахткунандаеро аз қабили хашхош, банг, луффоҳ, афюн ва шавкарон ҳамроҳ кунанд ва ғараз аз ин ором сохтани дард, хушкӣ овардан ва пас гардонидани [модда] бувад. Агар бидонӣ, ки решҳо чирк доранд, [ба бемор] ягон доруи зудояндаеро биошомон, ки дорои қувваи пешобтозонандагӣ бошад. Масалан, оби шакар ва оби ангубинро бо баъзе тухмиҳо [бидеҳ], то пешоб тозонида чиркро бишӯяд ва баъди он доруҳои хушкиоваранда ба кор бибар.
Доруҳои ошомидание, ки бо онҳо решҳои начандон палиди гурдаро муолаҷа кунанд, масалан, тухми хитмӣ, тухми марв ва бехи он бо оби ангубин, тухми кокана, оби ангури сагак ва хусусан намуди кӯҳии он, инчунин тухми хиёри дароз, гили арманӣ бо гулоб ва пари сиёвушон бо оби ангубин ба шумор бираванд. Бехи савсан дорои хусусияти хушккунандагӣ, поксозӣ, пазиш ва часпакиоварандагӣ мебошад. Инчунин, аз тухми катон ва касиро як бахшӣ ва аз нашоста ду бахш гирифта, бо оби ангубин ба кор баранд. Ё аз хокаи чилғӯза ва тухми бодранг як думушта бихӯранд. Низ, аз тухми хашхоши бирёни суда якуним дирам гирифта, бо обе биошоманд, ки андар он гӯргиё ва бехи савсан ҷӯшонида бошанд. Қавитар аз он чи ки ёд кардем, фатросолиюн ва ё тухми газари даштист, ки бо шароби райҳонӣ ва каме гили арманӣ ба кор баранд.
Гоҳе ба бемор додани муқле судманд бошад, ки ба қадри баробар бо сақизи хинҷак ва гили набишта гудохта бошанд. Як ошомидании он то як мисқол ва бо шароби ширин бувад. Инчунин, орди говдона ба таври қавӣ ҳам қувват бахшад ва ҳам хушкӣ. Агар бо он, масалан, гили набишта, ақоқиё ва фишурдаи «риши буз» ҳамроҳ кунанд, судаш тамомият ёбад. Бехи савсани осмонгун низ қавӣ буда, ҳамин гуна ва ё ба ҳамин наздик таъсир кунад.
Доруҳои мураккаб бад-ин гунаанд: Масалан, сивупанҷ дона тухми муқашшари хиёри дароз, даҳ дона чилғӯза, панҷ дона бодом ва аз заъфарон ба андозае бигиранд, ки кӯфтагии ин доруҳоро рангин кунад. Ҳамаи инҳоро ношито биошоманд. Агар гармӣ шадид бошад, ба ҷои чилғуза донаи бодранг бигиранд. Дигар: бист дона чилғӯза, чил дона тухми хиёри дароз ва якуним дирам нашостаро гирифта, бо якуним ратл обе ба бемор бидиҳанд, ки андар он ба қадри ҳашт дирамӣ аз нордин ва тухми хитмиро то чаҳоряк боқӣ мондан ҷӯшонида бошанд. Инчунин: ба миқдори баробар гили набишта, хуни сиёвушон, кундур, нашоста, тухми харбуза, тухми карафс, тухми хиёри дароз, тухми каду, рубби ширинбаён, лок, рованди чинӣ, мағзи чилғӯза, хашхош ва тухми бангро гирифта, аз ин маҷмӯъ ба қадре, ки мушоҳада тақозо кунад, бо майпухта ба бемор бидиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор