Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Дигар:
сӣ дона чилғӯза, бист дона бодоми муқашшар, понздаҳ дона хурмои сергӯшт, чаҳор мисқол касиро, чаҳор мисқол рубби ширинбаён ва шашяк мисқол заъфаронро гирифта, бо майпухта бисириштанд ва ба кор баранд.
Агар дард шиддат ёбад, бояд аз дармонҳои реш рӯй гардонида, масалан, бо доруи зерин муолаҷа кунанд: як донг тухми банг, як қирот афюн, ду дирам тухми бодранг, як дирам тухми коҳу ва як дирам тухми хурфа. Ин дору дардро филҳол фурӯ нишонад. Агар дард андак бошад, ошомидани шир ба ҷои об ва шароби бунафша онро ором кунад. Аз ҷумлаи доруҳои қавӣ қуфӣ,110 қурсҳои кокана, қурсҳои Асқлибиёдус, қурсҳои Дисқуридус, хокаи лок ва рованд111 бо тухми коканаи кӯҳӣ ба шумор бираванд. Хокаи камозариюс ниҳоят қавист. Бисёр вақт аз тариқи ҳамҷаворӣ ҳуқнаҳои зусанториё суд бахшанд. Гоҳе зимодҳои аз ин қабил доруҳо сохтаро ба кор баранд ва онҳоро бар миён, ба наздики маҳалли миёнбанд ва бар ҷойҳои холӣ биниҳанд. Масалан, бо орди говдонаи ҳамроҳи шароб ва ангубин пухта ва инчунин бо гули хушк, наск, ангубин ва мӯрддона зимод кунанд. Ин зимод гандидану васеъшавӣ низ нагузорад. Аз чарбҳо равғани ҳино, равғани дарахти мастако ва равғани биҳиро [ба кор баранд]. Гоҳе (499) бо онҳо масалан, майъа ҳамроҳ кунанд ва баъзан аз барои нармсозӣ ба мисли пиҳи мурғобӣ эҳтиёҷ афтад.
Решҳои равонро ҷуз хушконидану манъ кардан аз фасод илоҷи дигаре нест. Хушкониданро аз тариқи пайваста пок кардани тан ва ба ҳасби камият ва кайфият ба пурӣ роҳ надодан ба амал оранд. Ин миқдор аз муолаҷа барои реши равоне, ки палид нест, кифоят кунад. Аммо реши равони палидро бояд бо ҳамин [доруи ёдшуда] ва бо он зимодҳову ошомиданиҳое муолаҷа кунанд, ки аз он қавитар буда, гандидан нагузоранд. Мисоли инҳо доруҳои қабзкунандаи ёдшудаеанд, ки бидуни газанд зудоишу покӣ оваранд.
Фасли панҷум андар баёни ғизо

Бояд ғизо хубкимус ва аз гӯшти парандагони бароят маъруф, моҳии сангобӣ ва бо тараҳои хубе аз қабили сармаҷ ва дахинаҷ сохта бошанд. То даме ки решҳо баданд, бояд [ба бемор] ғизоҳои бирён дода шаванд ва аз ҳама беҳтар гӯшти бирёни паранда ва гунҷишкони кӯҳӣ ва ё зардии хояи нимбиришт буда, сипас ба тадриҷ ба мурғи фарбеҳ ва оши ришта бигузаранд. Барои чунин беморон ширҳо судманданд, ба шарте, ки гуворида битавонанд.
Вале ширҳои аз қабили шири хар, шири асп ва инчунин шири шутур буда аз барои он барои чунин беморон судманданд, ки онҳо моддаҳои решҳоро ба ислоҳ оранд, бишӯянд ва бо панирнокии хеш часпакӣ оваранд. Он ширҳое, ки аз қабили шири гов ва гӯспанданд, ба изофаи [хусусиятҳои ёдшуда] андомро қавӣ сохта, ба он ғизо бахшанд. Вале шири хар ва шири буз аз ҷиҳати ислоҳ сохтани мизоҷ ва шӯяндагӣ ва аз ҷиҳати хосият беш аз дигарон судманданд ва ин хусусан [ҳангоме хуб аст], ки ба ин [ҳайвонҳо] аз гиёҳҳои пеш тавсифшуда ва мувофиқи решҳо алаф дода бошанд. Бояд ба ширҳо ва ғизоҳое, ки ба ин гуна [беморон] медиҳанд, баъзе доруҳои аз барои решҳо

созгор, масалан, касиро, нашоста ва инчунин доруҳои хушконанда, самғҳо ва ягон доруи пешобтозонандаи тухмиеро ҳамроҳ кунанд. Ин ширҳо бояд баъд аз пок сохтани [тан] ба бемор дода шавад ва ӯ ҳар гоҳ ки шир ошомид, аз паси он то фурӯ рафтан ягон чиз нахӯрад. Агар фуруд омаданаш дер мекашида бошад, бояд бо онҳо каме намак ҳамроҳ кунанд. Гоҳе андар онҳо намак ва ангубин афкананд. Шир аз барои ӯ ба ҷои ҳам об ва ҳам таом бувад.
Ҳангоми омадани рим [беморро] шири шутур судманд аст, зеро он решро бибандад, часпакӣ оварад ва қувват бахшад.
Бояд ӯ ба ҳангоми ташнагӣ шир биошомад.
Аз нуқл ва меваҳо барои ӯ харбуза, бодранги расида, амруд, дӯлона, анори ширин, биҳӣ ва себ ва аз нуқлҳои хушк бодоми хусусан бирён, писта, фундуқ, хусусан мағзи чилғӯза ва хурмои қасб созгоранд. Бояд аз анҷири хушк парҳез намуд, зеро аз барои решҳо бад буда, онҳоро бизудояд, хориш оварад ва ангезиш бидиҳад, чаро, ки каме хусусияти растаниҳои ятӯъиро дорост. Бояд аз ҳар гуна чизи сахт туруш, [257] тез, шӯр ва бисёр ширин дурӣ ҷуста шавад.
Фасли шашум андар баёни гари гурда ва маҷроҳо

Ин аз ҷинси решҳои гурда аст ва сабабҳояш аксар вақт табишҳоест, ки аз сабаби хилтҳои зардавӣ ва буранок бар гурда падид оянд ва реш шаванд.
Нишонаҳо. Ба изофаи нишонаҳои решии андар чизи беруноянда ҷойдошта андар маҳалли гурдаҳо дағдағаву хорише ҳис карда шавад, ки омехта бо сих задан бувад.
Гоҳе ба ҳангоми гар дарди зиёд ба амал ояд. Ба ҳангоми гари андар маҷроҳо падидоянда чизи пардамонанд берун ояд.
Илоҷ. Агар тамоми тан пур бошад, задани раги босалиқ аз барои ин [беморӣ] суд дорад, вале задани раги софин ба ҳама гуна ҳолат аз ин ҳам беҳтар бувад. [Инчунин], аз фурӯсӯви маҳалли гурда ҳиҷомат кунанд, пайваста ба пок сохтани тан хусусан бо ёрии қай бипардозанд, ҳаббҳоро бо миқдори баробаре аз гили арманӣ ва рубби ширинбаён [ба кор баранд], ё ғизоҳои хушгувору хушкимусе аз қабили зардии хоя ва ғизоҳои сардиовару тарифизоеро аз қабили [гӯшти] чӯҷаҳо бо қатаф, дахинаҷ, каду, исфонох, меваҳои тар ва хусусан бо анори ширин ва тараҳои сабз [бихӯранд]. (500) Илоҷи гари маҷроҳо миёни илоҷҳои гари гурда ва гари обгаҳ биистад ва ба ҳар дуи он муроҷаат бикун.
Фасли ҳафтум андар баёни санги гурда

Гурда ва обгаҳ андар сабаби падидорандаи санг бо ҳам
анбозӣ доранд. Аз баҳри он ки падид омадани санг аз тариқи моддаи корпазир ва қувваи коргар анҷом ёбад. Модда рутубати часпаки ситабр аз қабили балғам, ё хуноба ва ё
хунест, ки андар омоси думмалӣ ҷамъ шавад, вале [намуди
ахир] хеле нодир аст. Қувваи коргар гармиест, ки аз ҳадди
иътидол берун баромада бошад. Моддаро ду сабаб аст: яке
мададгори модда ва дуввумӣ бандсозандаи модда. Мададгори модда инҳост: ғизоҳои ситабре аз қабили ширҳо, хусусан ширҳои ситабр; панирҳо, хусусан панирҳои тоза; гӯштҳои ситабре чун гӯшти парандаҳои наистонӣ ва парандаҳои бузургҷусса; гӯшти шутур, гов, нарбуз ва ҳайвонҳои ваҳшии ситабргӯшт; моҳии ситабр; ҳамаи таомҳои тобагӣ; нони часпак, хом ва фатир; оши ришта; локиша; ширбиринҷ; нони майда (самиз); нони сафеди часпак; ҳалвоҳои часпак; меваҳои хоми душворгувор ва меваҳое, ки хилти часпак падид оваранд, масалан, себи хом, шафтолуи хом; инчунин, дилаи турунҷ; дилаи амруд; аз ошомиданиҳо обҳои тира, хусусан обҳои ноошнои ҳархела ва шаробҳои сиёҳранги ситабр.

пешина
аз 1215
навбатӣ