Қонуни тиб

Давраи навини тиб бар асари устувор шудани муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ дар Аврупо бо муборизаҳои шадид барои ба даст овардани ҳуқуқи комили тасарруф кардан дар ҷисми инсон оғоз меёбад.
Ба даст овардани чунин ҳуқуқ ба табиб имконият дод, ки аз тариқи ҳаматарафа омӯхтани ҷисми инсони чӣ солим ва чӣ ғайри солим ва чӣ зинда ва чӣ ғайри зинда сабабҳои бемориҳо ва роҳҳои муолаҷаи онҳоро ба таври дақиқ муайян кунад. Ин нафақат боиси он шуд, ки соҳаҳои гуногуни тиб ба таври инқилобӣ инкишоф ёфта, ҳар кадом ба дараҷаи як илми мустақил бирасад, балки гузашта аз ин, алоқаи тобеии онҳо бо тиб сифатан дигар шуда, табиати демократӣ гирифт ва дар натиҷа тиб мавқеи сарвариро дар миёни соҳаҳои хидматрасони худ аз даст дода, дар баъзе ҳолатҳо тобеи умдатарини онҳо – физиология шуд. Сифатан дигаргун шудани муносибатҳо дар дохили илмҳои тиббӣ ногузир дар ташаккулёбии муносибати табиби нав низ нақши муассире бозидааст.
Илова бар ин, чун ҳадафи асосии инқилоби тибби навин аз байн бурдани усули кӯҳан ва ба тарзи нав таҳқиқ кардани сабабҳои беморӣ буда, таҷрибаро бар ҳадсу тахмин бартарӣ дод, шубҳае нест, ки ин ҷиҳат дар ташаккулёбии тафаккури табиб тағйироти сифатӣ ба амал овард ва ӯ дар зеҳни худ тадқиқоти сабабҳоро аз ҳама ҷиҳат ва дар ҳама ҳолат бар муолаҷа муқаддам меҳисобидагӣ шуд.
Азбаски ҳокими тадқиқи сабабҳо асосан физиолог аст ва ё ҷанбаи физиологии тафаккури табиб ин амрро бар уҳда дорад, тиб ба майдони тадқиқотҳои физиологӣ табдил ёфт ва табиб ба бемори худ ҳамчун ба объекти физиологӣ менигаристагӣ шуд. Акнун табиб аксар вақт дар назди бемор масъул нест, балки дар назди физиолог масъул аст. Ӯ кӯшиш мекунанд, ки на бемории воқеии дар тани зинда вуҷуд дошта, балки он бемориеро муолаҷа кунанд, ки дар озмоишгоҳи физиологӣ дар зери микроскоп ба назари физиолог намудааст. Аз ин ҷо агар бемор ба сабаби маълум бимирад, боке нест, вале агар ба сабаби номаълум зинда монад, вой бар ҳоли табиб, ки дар назди физиолог чӣ ҷавоб мегуфта бошад ва ин амр боиси ба ташвиш афтидани ҳам табиб ва ҳам физиолог хоҳад шуд.
Як хусусияти тибби имрӯза аз он иборат аст, ки дар натиҷаи амиқии тақсими меҳнат ду ҷиҳати раванди ягонаи тадқиқи сабаби беморӣ ва тадбирҳои дармонии он аз ҳам ҷудо ва бисёр дур аст. Ин ҳол низ боиси паст шудани масъулияти табиб гардидааст, зеро чӣ гуна анҷом ёфтани муолаҷаи ӯ аз фаъолияти дигарон вобастааст ва дар сурати тавфиқ наёфтан метавонад ин масъулиятро ба дӯши дигарон бор кунад. Гузашта аз ин, раванди тадқиқи сабабҳо чандоне мураккаб ва дуру дароз аст, ки ба дараҷаи тақозои муолаҷа мувофиқат намекунад ва ҳарчанд ин протсесс аксар вақт бомуваффақият анҷом меёбад ва сабаби беморӣ ба таври дақиқ муайян карда мешавад, вале ба иллати ниҳоят тӯл кашидан имконият намедиҳад, ки беморӣ сари вақт муолаҷа карда шавад.
Хулоса, имконияти комилан ҳокими ҷисми инсон будан, боло рафтани нуфузи соҳаҳои тобеи тиб, таҳти таъсири таҷриба қарор гирифтани тафаккури тиббӣ, амиқтар шудани тақсими меҳнат дар дохили тиб ва муқаддам доштани беморишиносӣ бар дармоншиносӣ дар ташаккули тафаккури табиби имрӯза таъсири бузург дошта, рӯз ба рӯз боиси маҳдуд шудани истиқлолияти андешаи фардии ӯ, паст шудани қобилияти эҷодӣ ва суст шудани ҳисси масъулият мегардад.
Мо ба қобилияти фавқулодда эҷодӣ ва андарёбандагии инсон боварӣ дорем. Ин қобилият танҳо дар масофаи муайян аз объект зоҳир мешавад ва дар ин сурат инсон ба басирати худ метавонад чизҳоеро дарк кунад, ки ба ягон асбоби дақиқ дарёфтани он мумкин нест. Вале камтарин тағйирёбии ин масофа ба ҷиҳати манфӣ ва ё мусбат боиси гум шудани ин қобилияти фавқулоддаи инсон мегардад.
Пас, табибе, ки имрӯз ба ҷисми инсон хеле наздик ва андар он сахт фурӯ рафтааст, бисёр баид ба назар мерасад, ки қобилияти эҷодӣ ва андарёбандагии худро ба харҷ дода тавонад. Дар ҳақиқат, ӯ бар асари саргарми таҷрибаҳои физиологӣ будан кайҳост, ки дар миёни ҳуҷайраҳову молекулаҳои бешумори ҷисм соҳиби он инсони зинда ва ягонаро гум кардааст.
Ба ҳамин тариқ, омилҳои мазкур кори муолаҷаро душвор кардаанд ва ба мардум имконият намедиҳанд, ки аз қудрати беназири тиб ба хубӣ истифода баранд.
Азбаски ин мушкилӣ ҳамсафари ҷудонашавандаи тараққиву пешравӣ буда, рӯзафзун, воқеӣ ва бартарафношуданист, бинобар он, инсон танҳо аз тариқи тағйир додани тарзи муомалаи худ ва ба равиши буҳрон рафтор кардан оқибатҳои бади онро бартараф карда метавонад. Акнун муваффақияти тиб дар кори муолаҷа ва нигаҳдории тандурустӣ ба чигунагии тафоҳум дар байни табиб ва бемор вобаста аст ва танҳо тафоҳуми комил метавонад нақси қобилияти фаросатии табибро ҷуброн кунад. Дар ин асос нақши пурсиши бемор дар маълум сохтани беморӣ ва сари вақт муолаҷа кардани он рӯз ба рӯз меафзояд ва табиб имрӯз беш аз ҳар вақт муҳтоҷ ба ёрии бемор аст.
Бемор набояд ҳамчун бемори асримиёнагӣ дар панҷаи беморӣ моту мабҳут монда, табибро дар мубориза бо беморӣ танҳо гузорад ва кори муолаҷаро танҳо ба масъулияти ӯ ҳавола кунад. Балки зарурат тақозо дорад, ки унсури фаъол бошад, бо маълумотҳои дақиқи худ табибро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, дар ҷабҳаи табиб истода, ба муқобили беморӣ биҷангад ва дар ҳама ҳолат ёр, мададгор ва дасти рости табиб бошад. Бемор вақте табибро ёрӣ расонда метавонад, ки аз ҳоли тани худ огоҳии комил дошта бошад, дарди худро сари вақт ба таври дақиқ ва ба забони бурро ифода карда тавонад ва табибро бо маълумотҳои дурӯғу иғроқомез гумроҳ насозад. Тафоҳум на фақат барои шинохтани беморӣ зарур аст, балки барои муолаҷаи бемориҳои асрӣ, ки сабаби аксари онҳо эҳсосотӣ-иҷтимоист, ягона доруи безарари ҳамагонист.
Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳӣ пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?
Дар ҳақиқат тиббу табиб дигар шуда бошад ҳам, вале тасаввури як қисми мардум оид ба тиб чандон дигар нашудааст. Онҳо ҳоло ҳам мавқеи худро дар кори муолаҷа хуб нашинохтаанд, танҳо табибро масъули он медонанд ва пайваста дар суроғи табибеанд, ки муъҷизакор, донандаи зоҳиру ботин ва Ибни Сино аср бошад, то тақдири худро комилан ба дасти ӯ супоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё