Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас нараро ба фурӯсӯ ба ҳолати аввалии истодаш ва ё фурӯсӯтар аз он баргардонанд. Ҳар гоҳ чунин кор кардӣ, агар ягон чизро кашидан бихоҳӣ, бикаш ва агар ягон чизро аз тариқи ҳуқна даровардан бихоҳӣ, бидарор. Умуман, бояд кӯшид, ки [қосотир] пӯстрав накунад ва бояд ба осонӣ ва лағжандагӣ бидарояд, то боиси дард нагардад.
Фасли нуҳум андар баёни қатра-қатра омадани пешоб

Қатра-қатра омадани пешоб ё аз сабаби пешоб аст, ё аз сабаби афзори пешоб, ки он ё мушак бувад ва ё ҷирми худи обгаҳ ва ё ин ки аз сабаби андомҳои мабдаист. Сабаби ба пешоб вобаста ё тезии пешоб аст ва ё бисёрии он. Сабабгори чакидани пешоб будани тезӣ ё ба чизе вобастагӣ дорад, ки мо онро андар боби ба сахтӣ омадани пешоб ёд кардем. Яъне бад-ин гуна ки сар додани пешоб ба иллати тезии сахти он дардовар буда, аз тарафи дигар ҷамъ шудану гаронӣ овардани он тоқатнопазир аст. Бинобар ин ҳолате рӯй диҳад, ки миёни нигоҳ доштану сар додани пешоб бошад ва ин [ҳолат] чакидани пешоб бувад. Ё [тезӣ] аз баҳри он [сабабгори чакидан аст], ки ҳар як андозаи хурди ин гуна пешоб ба иллати бо тезии худ сӯзиши сахт овардан тақозои баромадан кунад [269] ва қувваи ронанда агарчи нохост бошад ҳам, онро берун биронад. Тезии пешоб ё ба ғизоҳо, доруҳо, мондагӣ, ҷимоъ ва ғайра вобастагӣ дорад, ё ба мизоҷи андомҳои мабдаие аз қабили ҷигару рагҳои он ва гурда вобастагӣ дошта, мизоҷ ё сода ва ё дорои ягон моддае аз қабили хуноба ва ё ғайри хуноба бувад ва ё ин ки [тезӣ] ба [мизоҷи] тамоми тан вобаста бошад, аз баҳри он ки чун фазлаҳои тез андар он афзун гардад, табиат ба рондани он бипардозад. Аммо бисёрӣ аз баҳри он сабаби чакидан бигардад, ки гаронӣ оварда, агарчи на ба дархости ирода бошад ҳам, мушакро ба андаке кушода шудан маҷбур кунад.
Сабабе, ки ба мушак ва мабдаъҳои он хос аст, масалан, истирхои ё сода, ё бо карахтӣ ва ё тамоман бе ҳис бошад, чунонки ин мақъадро низ рӯй бидиҳад, ё ба омос ва ё ба бадмизоҷии заифсозандае вобаста аст, ки андар худи [мушак] падид ояд ва ё аз мабдаъҳояш ба сӯи он гузашта бошад. Аксар вақт ин аз сабаби сардӣ рӯй диҳад ва бинобар ин, ҳар ки хунук бихӯрад, пешобаш бештар бичакад.
Агар мушакро сустӣ падид ояд, бар маҷро фишор оварданаш суст бигардад ва ба изофаи он хусусан агар мушакҳои шикам ҳам андар заъф бо он анбозӣ кунанд, худро кушодан натавонанд. Чакидане, ки ба сабаби обгаҳ аст, бад-ин гуна бувад, ки ё андар обгаҳ нотавонист ва он аз сабаби бадмизоҷии сард аст ва аксар вақт рӯй диҳад.
Бинобар ин, мо гуфтем, ки ҳар ки хунук бихӯрад, пешобаш бештар бичакад. Ин гуна мизоҷ, ки айни заъф аст, ба ду ваҷҳ боиси чакидани пешоб бувад: якум, аз баҳри он ки қувваи нигоҳдоранда заиф шуда, ҳар гуна миқдори ками [пешоби] ҳосилшударо то агар ҷамъ шуда, бисёр нагардад, нигоҳ доштан натавонад ва бинобар ин агарчи нохоҳам бошад ҳам, онро бигузорад, то бирезад; дуввум, аз баҳри он ки қувваи ронандаи он заиф шуда бошад ва

пешобро ҷуз андак-андак фишурдан натавонад. Ин як намуди чакиданест, ки бо ба сахтӣ омадани пешоб омехта бувад. Ин гуна нотавонӣ мумкин аст андар худи обгаҳ ҷой дошта бошад ва ё мумкин аст ба анбозии андомҳои боло аз он ва ба сабаби омосҳо, кафгиракҳо ва римнокиҳои гурда ва дигар андомҳои аз он болотар буда падид ояд ва обгаҳ бо онҳо анбозӣ карда, аз сабаби чизҳои аз онҳо ба сӯяш сайлонкунанда ранҷур бигардад. Ё мумкин аст сабабгори ин решҳо ва гари андар обгаҳ падидомада бошанд (524) ва бинобар он ба иллати дардмандӣ [обгаҳ] пешобро нигоҳ доштан натавонад.
Гоҳе мумкин аст пешобчакидани ба суддаҳои маҷрои обгаҳ вобаста аз сабаби омоси обгаҳ ё [омоси] заҳдон, рӯда ва сутуни пушт, ё ба сабаби санг ва ё ба сабаби ягон суддаи дигаре ба амал ояд, ки ҳанӯз пурра набошад ва табиат имконияти ба ҳила кам-кам берун кардани пешобро дошта бошад. Гоҳе ин, чунонки андар боби ба сахтӣ омадани пешоб ёд кардем, ба сабаби дарде ба амал ояд, ки аз решҳои андар обгаҳ ҷойдошта бархоста бошад. Бархе аз чакидани пешоб ба сахтӣ, бархе бидуни сахтӣ, бархе бо сӯзишу дард ва бархеи дигар бидуни инҳо бувад. Чунин ба назар бирасад, ки аксар вақт чакидани пешоб ба сабабҳои чакмезак, ба сабабҳои ба сахтӣ омадани он ва ба сабабҳои сӯзиши пешоб вобастагӣ дорад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои омосҳо, суддаҳо, сабабҳои моддӣ, дардҳо ва бисёре аз бобҳову бахшҳои дигарро донистӣ. [Инчунин], нишонаҳои мизоҷи гармро аз қабили ранги пешоб, афрӯхтагии маҳалли [бемор] ва сабабҳои пешомада ва нишонаҳои мизоҷи сардро аз қабили ранги пешоб, вуҷуд доштани сардӣ ва пеш омадани сабабҳо ҳамедонӣ. Нишонаҳои [сабабҳои] муштарак низ маълуманд ва ҳоҷати он нест, ки суханро андар ин бора ба дарозо бикашем.
Илоҷҳо: Илоҷи ҳар як бобро низ худ ба худ алоҳида ва ба таври мухтасар донистӣ. Лекин аксари он чи, ки аз ин иллат рӯй бидиҳад, ба сабаби сардӣ ва ба сабаби фалаҷ рӯй диҳад ва бештари дармони он дармони гармиоварандаи қабзкунанда бувад. Ҳар кӣ агар тоқати пешоб кардан надошта бошад, ӯро доруҳои боҳангез суд бахшанд.
Аз ҷумлаи доруҳои ошомидании андар ин бобат судманд инҳост: тарёк; масрудитус; ёраи Ҷолинус; анақардиё; итрифали бузург; гувориши кундур; ва итрифали хурде, ки бо анақардиё ва ё саҷазаниё қавӣ гардонида шуда бошад ва ё бо он бархе аз доруҳои қабзкунандаи қавиеро аз қабили мӯрддона, ҷафти булут ва монанди инҳо омехта бошанд. Инчунин, тухми сипандон судманд аст. Ба кор бурдани сир аз барои ин гуна [беморӣ] суд дорад, аз баҳри он ки пешоби қатъшударо битозонад ва ба ҳоли табиӣ боз орад. Яке аз доруҳои санҷидашуда донаи ҳошост, ки бо оқирқарҳо ба кор баранд. Яке аз доруҳое, ки мо санҷидаем, [ба сифати зерин] аст: як бахш ҳалилаи кобулии бирён, ним бахш баҳмани сафед, сеяки як бахшӣ аз ҳар кадоми пудинаи хушк, мӯрддона, сандарус, мурр, кундур, мушки замин ва басбоса, ним бахш қаранфул ва ду бахшӣ росани хушк ва донаи маҳлабро гирифта, бо ангубини омула маъҷун созанд, нигоҳ доранд ва [ба вақти ҳоҷат] биошоманд.
Як маъҷуни қавӣ: панҷ дирамӣ ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи кобулӣ ва мушк, якуним дирамӣ мурр ва гунди бедастар, дуним дирамӣ каҳрабо ва мушки замин ва даҳ дирамӣ кундур ва донаи маҳлабро гирифта, ҳамаро бо ангубин бисириштанд ва мудом аз он ду мисқол тановул кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ