Қонуни тиб

Инчунин: бахшҳои баробаре аз зира, қантуриюн ва саътар гирифта, ду дирам аз онро бо оби гарм [биошоманд].
Низ: аз мӯрддона, булут, пӯсти кундур ва зираи кирмонӣ як бахшӣ бигиранд. Як ошомидании он се дирам ва бо шароби куҳан бувад. Дигар: ҳафт дирамӣ аз ҳалилаи кобулӣ, балила ва омулаи бирён, панҷ дирам пӯсти кундур ва даҳ дирам мӯрддона бигиранд ва [ин маҷмӯъ] ҳар бор, ки хушк шавад, бо обе тар кунанд, ки андар он оҳани тофтаро якчанд бор хомӯш карда бошанд. Сипас онҳоро бо рубби мӯрд маъҷун бисозанд.
Як маъҷуни дигар: як бахш мӯрддона, чаҳоряки як бахш лозан ва ду бахш хурмои Ҳирунро гирифта, маъҷун созанд. Як ошомидании он шаш мисқол бувад. Ё аз барги мӯрд, барги ҳино, мурр, кундур, гулнор ва булут бахшҳои баробар гирифта, ба андозаи лозимӣ аз он бо шароб биошоманд. Низ як маъҷуне, ки судманд буда, аз барои пешоб кардан андар ҷои хоб созгор бувад: аз (525) ҳалилаи кобулӣ, балила ва омула даҳ дирамӣ, аз булути як шабу як рӯз андар сирко таркарда ва танҳо бирёнкарда, сандарус, мушки замин, кундури нар, росани хушк, майъаи хушк ва буссад панҷ дирамӣ ва аз мурр се дирам гирифта, ҳамаро бо ангубин маъҷун бисозанд.
Инчунин, як доруи қавӣ: аз гунди бедастар, қусти талх, ҳошо, ҷафти булут ва оқирқарҳо бахшҳои баробар гирифта, бо оби мӯрди тар маъҷун бисозанд. Як ошомидании он як дирам буда, пеш аз хоб биошоманд. Ё як дирамӣ кундур ва равғани гулнорро биошоманд. Бархе аз муолаҷаҳои сабук чунин аст, ки як мисқол тухми қоқуларо биошоманд. Орди чилғӯза ва хусусан чилғӯзае судманд аст, ки онро андар сиркои унсул як шабу як рӯз тар кунанд, сипас бар тоба бирён карда, биошоманд. Як ошомидании он даҳ дирам бошад. Низ, анҷири андар равғани зайтун таркарда [судманд] аст. Инчунин, аз мушки замин ва кундур бахшҳои баробар гирифта, ҳар пагоҳ ношито аз он як мисқол ба шакли хока истеъмол кунанд.
Низ, аз сиёҳдона ва тухми судоб бахшҳои баробар бигиранд ва як ошомидании он то як дирам бувад. Росан аҷаб доруи хубест ва равғани беданҷир ҳам. Инро ба шакли ошомиданӣ ва чарб ба кор баранд. Аз барои ин [беморӣ] пайваста тановул кардани ангубин судманд аст.
Аз барои пирон як доруи судманд: гунди бедастар, афюн, тухми банг ва тухми судобро гирифта, як мисқоли онро бо як уқия тило биошоманд. Агар мумиёи андар равғани занбақ гудохтаро андар шарми пас бидароранд ва ё агар андар сӯрохи нара бичаконанд, [бемор] пешобро [нигоҳ доштан] битавонад. Хӯрдани анҷир бо равғани зайтун низ ҳамчунин бувад.
Фасли даҳум андар баёни чакмезак
Чакмезак ин аст, ки пешоб нохост бирезад. Аксар вақт
ин ба сабаби сардии беандоза, ба сабаби истирхои мушак
ва нотавоние рӯй диҳад, ки мушак ва обгаҳро ориз бигардад, чунонки андар поёни бемориҳо ин гуна [нотавонӣ]
рӯй диҳад. Гоҳе ин ба сабаби бисёр истеъмол кардани чиз
ҳои пешобтозонанда, аз ҷумла шароби тунук ва хусусан ба ҳангоми фарох шудани маҷроҳои гурда ва қавӣ будани қувваи кашанда ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст ба сабаби гармии бисёре рӯй диҳад, ки [бахши обиро] ба сӯи обгаҳ бикашад ва онро аз тан ба берун битаровонад. Яке аз сабабҳои он бе ҷой шудани муҳраҳост, ки бинобар он андар мушак офат падид омада, худро фишурдан натавонад. Гоҳе мумкин аст чакмезак на ба сабаби ба обгаҳ, мушакҳо ва пешоб алоқаманд, балки ба сабабе падид ояд, ки ба чизи фишордиҳандаи тангиоваранда алоқаманд буда, ин чиз ҳар соат фишор оварда, зер кунад ва пешобро берун созад, чунонки занони обистан, касони андар шикам бори бисёр гарон дошта ва худовандони омосҳои бузургеро, ки ин омосҳо андар андомҳои барсӯи обгаҳ ҷой дошта бошанд, чунин ҳолат пеш ояд. [270] Баъд аз он, ки мо инро ба тафсил баён кардем, дигар ба баёни нишонаҳои он эҳтиёҷе нест. Бо ёрии он чи, ки гуфта шуд, метавон ба осонӣ аз [ҳоли нишонаҳо] огоҳӣ пайдо кард.
Илоҷ: Чакмезаки аз сабаби гармӣ бударо, ки ин ба нудрат рӯй диҳад, доруҳои сардиоварандаи қабзкунанда ва аз ҷумла хокае ба сифати зерин суд бахшад: панҷ дирамӣ аз кашнизи хушк ва гули сурхи кулоҳакҳояш барканда, даҳ дирам табошир, понздаҳ дирамӣ тухми коҳу ва тухми хурфа, панҷ дирам гили арманӣ, як дирам гулнор, ним дирам кофур ва ду дирам самғро гирифта, бо оби анори туруш маъҷун созанд. Инчунин: ду дирамӣ аз каҳрабо, гили арманӣ, ҳалилаи сиёҳ, мағзи чилғӯза ва наски муқашшар ва як дирам кашнизи бирёнкарда ва сиркозада бигиранд. Як ошомиданӣ аз хокаи инҳо се дирам бувад. [Инчунин чакмезакро] бо дармони зиёбетус муолаҷа кунанд. Ташнагиро бо гирифтани тарф (мусл), тутум, донаи хурмои ҳиндӣ ва донаи анор андар даҳон бишикананд.
Чакмезаки аз сардӣ бударо бо дармонҳое муолаҷа кунанд, ки дар боби чакидани пешоб ёд шуданд. Инчунин: ду дирамӣ аз ваҷ, мушки замин, росани хушконида ва мағзи чилғӯза ва се дирам мурр бигиранд ва ҳамчун хока [ба кор баранд. Маъҷуни] зирагӣ, хусусан агар растаниҳои доругии андар он дарояндаро нек совида бошанд, ниҳоят судманд аст. [Маъҷуни] зирагӣ ба тариқи тило кардан низ аз барои ин [беморӣ] суд дорад ва умуман он аз барои ҳар гуна [беморие] нофеъ бувад, ки аз сардии сахт андар андомҳои пешоб падид ояд. Яке аз доруҳои судманд ин аст, ки ба бемор чаҳор дирам кундур биошомонанд ва ин чакмезакро бибандад ва ё ду дирам маҳлаб ва равғанҳои гармеро бидиҳанд, ки андар онҳо мушк, ангужад, (526) гунди бедастар, фурбиюн ва ғайра пора карда бошанд.
Сифати як ҳуқнаи хуб: як ратл хори хасак, бист дирам мушки замин ва даҳ дирам маҳлабро гирифта, ҳамаро якҷоя андар чаҳор ратл об ва баъд аз як шабу як рӯз тар кардан биҷӯшонанд. Ҳар гоҳ аз об ба қадри як ратл боқӣ бимонад, онро биполанд ва бар он ним баробари он равғани кунҷид рехта, биҷӯшонанд ва ин равғанро ҳамчун ҳуқна ба кор баранд. Ё аз об як бахш ва аз равғани даҳмаст, бон, фундуқ, писта, сақиздона ва маҳлаб бахшҳои баробар [ва ё] чандоне, ки тахмин тақозо кунад, бигиранд ва андар онҳо миқдоре аз мушк пора карда, сипас ҳамчун ҳуқна ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор